СИЁСАТИ ҶАВОНОН (китоби дарсӣ)

Китоби дарсии мазкур фарогири масъалаҳои илмию назариявӣ, таълимӣ, асосҳои мафҳумӣ ва равишшинохтии (методологияи) ҷавонишиносӣ (ювенология) ва сиёсати ҷавонон буда, барои истифода дар фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, эҷодӣ, маърифатӣ, иттилоотӣ ва барномасозӣ дар соҳаи илмҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ пешниҳод мегардад.

Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сиёсати ҷавонон» таҳия шудааст ва ҳамчун манбаъ барои истифода ба омӯзгорон, олимон, муҳаққиқон, унвонҷӯён, маъмурон ва хизматчиёни давлатӣ тавсия дода мешавад.         

ТКБ 66.5 – М63;ТДУ 329.78–323.22/.28

Муқарризон:

Набизода В. М. – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров

Қозиён Ш. Қ. – доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Додихудоев Р. – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миралиён Қ. А., Сиёсати ҷавонон: китоби дарсӣ. – Душанбе: 2026. – 500 с.

Бо қарори Шурои илмӣ-методии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1/7 аз 28.08.2026  барои нашр тавсия дода шуд.

© Миралиён Қ. А., 2026                                  ISBN: 978-9906-9918-03

 МУНДАРИҶА

ПЕШГУФТОР. 7

ИХТИСОРАҲО ВА МАФҲУМҲОИ КАЛИДӢ.. 19

БОБИ 1. ЗАМИНАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА РАВИШШИНОХТИИ (МЕТОДОЛОГИИ) ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН.. 24

§ 1. Ҷанбаҳои назариявии омӯзиши ҷавонон ва сиёсати ҷавонон   25

§ 2. Зарурати ташаккулёбии сиёсати ҷавонон ҳамчун илм ва фанни таълимӣ.. 29

§ 3. Хусусиятҳои мафҳумии (консептуалии) сиёсати давлатии ҷавонон   51

§ 4. Иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, шуғлмандӣ ва тарзи ҳаёти солим: ҳолат ва пешомад. 69

§ 5. Шароити таҳсилот, таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷавонон.. 84

§ 6. Тарбияи ватандӯстию ахлоқӣ ва шаҳрвандии ҷавонон.. 115

§ 7. Ҷанбаҳои ниҳодсозӣ ва илмию равишии сиёсати давлатии ҷавонон   127

БОБИ II. ХУСУСИЯТҲОИ ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ ҲОКИМИЯТИ СИЁСӢ, ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ ДАР САМТИ РУШДИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН.. 135

§ 8. Вазифаҳои амалӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон.. 136

§ 9. Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқ ва рушди сиёсати ҷавонон   151

§ 10. Таҳкими имконоти мақомоти худидоракунии маҳал дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон.. 169

§ 11. Хусусиятҳои ҳамкории байни доираи тиҷорат ва ҷавонон   178

§ 12. Асосҳои рушди соҳибкории ҷавонон ва сармоягузории шаҳрвандӣ   190

БОБИ III. АСОСҲОИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАНБАҲОИ МАФКУРАВИИ (ИДЕОЛОГИИ) СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН: ХУСУСИЯТҲО ВА РАВАНДҲО.. 209

§ 13. Асосҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон: вазъи қонунгузорӣ.. 210

§ 14. Заминаҳои меъёрию амалӣ ва ташкилии сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити рушди ҷомеаи муосир. 236

§ 15. Банақшагирӣ ва лоиҳасозии иҷтимоӣ дар доираи татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон.. 255

§ 16. Барномасозии иҷтимоӣ дар доираи татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон.. 266

БОБИ IV. ҶАНБАҲОИ МАФКУРАВИИ (ИДЕОЛОГИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА МАФҲУМИ (КОНСЕПСИЯИ) «ИШТИРОКИ ҶАВОНОН» ҲАМЧУН СОЗУКОРИ (МЕХАНИЗМИ) РУШД.. 276

§ 17. Хусусиятҳои мафкуравии (идеологии) сиёсати ҷавонон.. 277

§ 18. Ҷанбаҳои мафкуравии (идеологии) сиёсати давлатии ҷавонон   298

§ 19. Рушди иштироки ҷавонон дар ҳошияи демократикунонии муносибатҳо. 318

§ 20. Иштироки ҷавонон дар таҳкими рукнҳои демократии ҷомеа  328

БОБИ V. ФАНОВАРИҲОИ (ТЕХНОЛОГИЯҲОИ) РУШДИ УСТУВОРИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИРИ ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН.. 346

§ 21. Нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва фаъолияти волонтёрӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ.. 347

§ 22. Парламентаризми ҷавонон: ҳолат, таҷриба, мушкилот ва дурнамо  361

§ 23. Аҳамиятнокии фаъолияти парламенти ҷавонон дар ҳошияи рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ… 377

§ 24. Заминаҳои назариявии рушди сиёсати ҷавонон дар ҳошияи таҳкими ҳамкориҳо байни субъектҳои асосӣ.. 387

§ 25. Тарҳи (модели) рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон: иштироки ҷавонон; шуғлнокӣ; тандурустӣ, таҳсилоти муносиб ва таъминоти иҷтимоӣ.. 395

§ 26. Тарҳи (модели) рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон: ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон; мустақилияти иқтисодӣ; ватандӯстӣ; ахлоқи шоиста ва усулҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон.. 424

АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО.. 453

САВОЛҲО БАРОИ ТАКМИЛИ САТҲИ ДОНИШ… 470

ПЕШГУФТОР

Зарурат ва аҳамиятнокии ташаккул ва рушди сиёсати ҷавонон аз мавқеъ, нақш ва эътирофгардии он дар шароити муосири Тоҷикистон ва арсаи ҷаҳонӣ асос меёбад. Сиёсати ҷавонон дар рушди самти иҷтимоии давлат ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва стратегӣ муқаррар гардидааст. Дар ин росто – «Мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем» – иброз мекунад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, 23 майи соли 2013[[1]].

Заминаҳои илмии сиёсати ҷавонон ҳамчун равиши илмии муосир ба масъалагузории моҳият, рисолат ва таъсиррсонии нав ба ҷомеа ва ҷавонон, инчунин бунёдгузорӣ ва ояндадории он асос меёбад. Вижагиҳои назариявӣ, таҷрибавӣ ва ниҳодикунонии сиёсати ҷавонон дар ҷараёни ташаккулёбӣ қарор дорад, зимнан, таҳқиқи шаклҳои гуногун ва фановариҳои (технологияҳои) рушд, устувории низом, таҳкими сохторӣ, идорӣ, илмӣ ва равишшинохтии (методологии) онҳо тақозо мегардад.

Дар доираи яке аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлкат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон мегардад. Дар ҳамин ҷо иброз менамояд, ки «Амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар меҳвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад» [[2]]. Аҳамиятнокии рушди сиёсати ҷавонон дар ҷомеаи муосир ҳамчунин, ба эътирофёбии он дар сатҳи байналмилалӣ ба сифати ниҳоди фаъоли ҷараёнҳои сиёсӣ асос меёбад…   


Добавить комментарий