(дастури таълимӣ барои субъектҳои соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ ва сиёсати ҷавонон)
Миралиён Қ. А., Ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон: Дастури таълимӣ. – Душанбе: 2026. – 152 с.
Рушди сармояи инсонӣ ҳамчун ҳадафи афзалиятноки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муттаҳидӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷавононро, ки қисми ҷудонопазир ва қишри асосии ҷомеа ба ҳисоб мераванд, бо дигар бахшҳои идоракунӣ, бахусус милитсия – ҳомии ҷомеа тақозо менамояд. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳо баҳри ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал, зимнан тақвият бахшидани иштироки ҷавонон дар таъмини бехатарии ҷомеаи шаҳрвандӣ зарурати мубрам дорад.
Дастури таълимию амалии мазкур низ, ҳамчун роҳнамо барои мусоидат ба рушди ҳамкории мутақобилаи милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал таҳия гардидааст, ки истифодаи босамари он ба ҳал гардидани гурӯҳи мушкилоти муайян мусоидат менамояд.Мавод барои истифодаи васеъ дар доираи давраҳои омӯзишии тахассусӣ аз қабили семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ барои доираи мутахассисон, муҳаққиқон ва олимони соҳаи ҷомеашиносӣ, сиёсати ҷавонон ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия тавсия мегардад.


One Reply to “”