Китоб бо назардошти ҷанбаҳои илмӣ, назариявӣ, методологӣ ва хусусиятҳои озмоишию амалии идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ дар шароити ҷомеаи муосир, инчунин вазъ ва имкониятҳои идоракунӣ дар Тоҷикистон омода шудааст.
Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» таҳия шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.
ТДУ 316.354:351 (075); ТКБ 60.56я73; М-65
СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ, китоби дарсӣ, нашри 2
Муқарризон:
Шоисматуллоев Ш. Ш. – мудири шуъбаи сотсилогияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сотсиология, профессор;
Назар М.А. – сарходими шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор;
Миралиён Қ.А., Абилзода Г.С. Сотсиологияи идоракунӣ: китоби дарсӣ, нашри 2 – Душанбе: 2026. – 454с.
Бо қарори Шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадиноваи АМИТ №12 аз 23.12.2025 барои нашр тавсия дода шуд.
ISBN: 978-9906-9902-5-7
© Миралиён Қ. А., Абилзода Г. С., 2026
МУНДАРИҶА
БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ.. 6
§1. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ.. 6
§ 2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН.. 26
§ 3. МАВЗУЪ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ 55
§ 4. САМТҲОИ АСОСИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ.. 62
§5. АФКОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРҚ ДАР ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ.. 73
БОБИ II. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ.. 79
§6. УСУЛҲО ВА ҚОНУНҲОИ АСОСИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ.. 79
§ 7. ҚИСМҲОИ АСОСИИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ.. 87
§ 8. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ, НИЗОМҲО ВА ИНСТИТУТҲО.. 104
§ 9. МЕЪЁРҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНӢ 114
§ 10. МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНӢ.. 121
§ 11. МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ.. 131
§ 12. МАДАНИЯТИ ТАШКИЛӢ ДАР ИДОРАКУНӢ.. 140
§ 13. ШАХС ҲАМЧУН ОБЪЕКТ ВА СУБЪЕКТИ МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ 150
§ 14. БУНЁДИ ГУРӮҲ ВА ТИМИ (ДАСТАИ) БОСАМАР. 172
§ 15. МАДАНИЯТИ ТАШКИЛИИ ШАХСИЯТ. 181
§ 16. МАДАНИЯТИ МУТТАҲИДӢ (ГУРӮҲӢ) ЗИМНИ ИДОРАКУНӢ.. 186
§ 17. НАҚШИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТАҲКИМИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ 193
БОБИ III. УСУЛҲОИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ.. 203
§ 18. ТАДҚИҚОТҲОИ СОТСИОЛОГӢ ДАР ИДОРАКУНӢ: НАМУДҲОИ ТАҶРИБАВӢ ВА АМАЛИИ ОН.. 203
§ 19. ТАФСИРИ (ШАРҲИ) ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ.. 209
§ 20. УСУЛҲОИ ИНТИХОБ (ХОСТАГИРӢ) ДАР ТАДҚИҚОТИ ҶАРАЁНИ ИДОРАКУНӢ.. 218
§ 21. ПЕШБИНӢ ВА ПЕШГӮИИ ИҶТИМОӢ: УСУЛҲОИ ТАТБИҚ ВА АМАЛИСОЗӢ 225
§22. ПЕШГӮИИ ИҶТИМОӢ ВА УСУЛҲОИ ТАТБИҚИ ОН.. 236
§ 23. БАНАҚШАГИРӢ ВА ЛОИҲАСОЗИИ ИҶТИМОӢ.. 240
§ 24. ТЕХНОЛОГИЯ ВА ТАРЗИ БАРНОМАСОЗИИ ИҶТИМОӢ.. 250
§ 25. ТЕХНОЛОГИЯҲОИ АМАЛИИ ИДОРАКУНӢ ВА ИҶТИМОӢ.. 258
БОБИ IV. ИРТИБОТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИДОРАКУНӢ.. 266
§ 26. МАДАНИЯТИ ИРТИБОТӢ ДАР ИДОРАКУНӢ.. 266
§ 27. УСУЛҲОИ ТАШКИЛИ ИТТИЛООТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ИДОРАКУНӢ 2741
§ 28. ИШТИРОК ВА ШАРИКӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ.. 279
§ 29. НЕРӮИ (ПОТЕНСИАЛИ) ЭҶОДИИ МЕҲНАТӢ-ИСТЕҲСОЛИИ ИНСОН ЗИМНИ ИДОРАКУНӢ.. 292
§ 30. ИМКОНИЯТҲО ВА ЗАХИРАҲОИ ИҶТИМОӢ — ПСИХОЛОГИИ ИДОРАКУНӢ 303
§ 31. СИМОИ ТАШКИЛОТ: УСУЛҲОИ ТАШАККУЛДИҲӢ ВА РУШД.. 315
§ 32. ТАВАККАЛ, ТАРЗУ УСУЛҲОИ ТАНЗИМ ВА БАРТАРАФСОЗИИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТ. 321
§ 33. БУҲРОН ДАР ҶАРАЁНИ ИДОРАКУНӢ: УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН.. 327
§ 34. ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТИИ ИДОРАКУНӢ.. 337
ПЕШГУФТОР
Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф таҳким, такмил ва рушди муносибатҳои идоракунӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва муносиб дар самти татбиқи принсипҳои либералии (демократии) идоракунӣ, зимнан истифодаи пурмаҳсули захираҳои инсонӣ, нерӯи зеҳнии ҷомеа ва рушди имкониятҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавии мамлакат ногузир ва хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ буда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ вазъ додааст. Яъне, ташкил ва пешбурди муносибатҳои идоракуниро наметавон бидуни ташаккули заминаҳои назариявӣ, илмӣ, методологӣ, маънавӣ, таълимии психологӣ ва методии амалии идоракунии иҷтимоӣ дар ҷараён гузошт.
Илова бар ин, рушди сармояи инсонӣ дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳадафи афзалиятнок муқаррар гардидааст ва таҳкими идоракунии иҷтимоиро дар ҳама сатҳҳо ва муносибатҳои идоракунӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳо баҳри омодасозии мутахассисон дар самти таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ, зимнан тақвият бахшидани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус бахши тиҷоратӣ дар идоракунӣ аҳамияти мубрам дорад.
Зимнан, дар ҳолати имрӯза, ин масъала — татбиқи пурмаҳсули идоракунии иҷтимоӣ бо роҳи омӯзонидани субъектҳо бо малакаҳои алоқаманди идоракунӣ дар кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Падидаи мазкур, танҳо бо дарназардошти талаботи стандарти таълимӣ дар гурӯҳи муайяни муассисаҳои таълимии олии касбӣ, он ҳам аз рӯи адабиёти хориҷӣ, ҳамчун фанни мустақил бо номи «Сотсиологияи идоракунӣ» ба донишҷӯён омӯзонида шуда истодааст. Илова бар ин, дар самти идоракунии иҷтимоӣ корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, озмоишӣ, таҷрибавӣ ва методию амалии мақсаднок, низ, гузаронида нашудаанд, ба ҷуз чанде аз шумори ками корҳои тадқиқотии хусусиятноки соҳаҳо ва ё фанҳои робитавӣ, ба монанди ҳуқуқ, фалсафа, иқтисод ва молия, ки бори дигар моро ба андешидани тадбирҳои дахлдор водор мекунад.
Аз ин лиҳоз, ба сифати яке аз тадбирҳои нахустин, бо фарогирии ҷанбаҳои васеи идоракунии иҷтимоӣ, китоб ё маводи таълимӣ — сотсиологияи идоракунӣ — бо назардошти шароити Тоҷикистони муосир ва рукнҳои асосии амалии идоракунӣ омода гардида, барои истифодаи васеъ пешниҳод карда мешавад.
Китоби мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, муҳаққиқон ва унвонҷӯён, ки дар соҳаи идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул ҳастанд ва ё фаъолият доранд, тавсия мегардад.

