Дастури амали_Марказхои маърифати-иттилоотии хайрхохона ба чавонон
Автор: Қиёмиддин Миралиён
Сиёсатшинос, профессор, доктори илмҳои сиёсӣ, ходими сиёсӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 5-ум);
Барои фаъолияти пурмаҳсул бо Ҷоизаи ба номи Исмоилӣ Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника, Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нишони фахрии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бо чанде дигар медалу ифтихорномаҳои соҳавии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сазовор гардонида шудааст.
Дар вазифаҳои роҳбарикунанда – муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2015) ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (2020-2023) фаъолият кардааст.
Ҳангоми фаъолияти роҳбарӣ ва сиёсии касбӣ чанде аз ғояҳо ва ниҳодҳои созандаро ташаббус кардааст, аз ҷумла «ҲХДТ - Мактаби сиёсии Пешвои миллат», «Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ», «Ташаккули сайёҳии дохилӣ», «Рейтинги ҳизбӣ» ва ғайра, ҳамчунин дар таҳияи 16 лоиҳаи қонунҳо саҳм гузоштааст.
Дар фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ба беш аз 230 дастовардҳои илмию амалӣ ноил гардидааст. Муаллифи 12 монография, аз қабили «Пешвои миллат бо ҷавонон» (бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ), «Сиёсати ҷавонон (дар мисоли Тоҷикистон)» (бо забони русӣ), «Ҷавонон ва 20 соли Истиқлолият», 2 китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ, 75 дастурҳои методию амалӣ, 150 мақолаҳои илмӣ мебошад. Маълумоти бештар оид ба дастоварҳои касбӣ ва илмию амалии муаллиф дар сомонаи эҷодии ӯ маҳфуз гардонида шудааст.
