СИЁСАТИ ҶАВОНОН (рисолаи илмӣ)

Рисолаи мазкур фарогири масъалаҳои илмию назариявӣ, асосҳои консептуалӣ ва методологии сиёсати ҷавонон ва ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ буда, хулоса ва тавсияҳои он барои татбиқ дар фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таълимӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, маърифатӣ, иттилоотӣ ва барномасозӣ дар соҳаи сиёсати иҷтимоӣ ва идоракунӣ  пешниҳод мегарданд.

Натиҷаҳои тадқиқот барои истифода дар самти амалисозии самаранок ва рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла дар ҷараёни ниҳодикунонӣ ва ислоҳоти низоми идоракунии соҳаи мазкур тавсия мегардад.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТДУ 329.78 + 323 (575.3)

ТКБ 66.75(2) + 66.3 (2 тоҷик)

М65

بسم الله الرحمن الرحيم

СИЁСАТИ ҶАВОНОН (рисолаи илмӣ)

Муқарризон:

Набиев В. М. – доктори илмҳои таърих, профессор, Академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия

Қозиён Ш. Қ. – мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Миралиён Қ.А., Сиёсати ҷавонон: рисолаи илмӣ. – Душанбе: 2026. – 372 с.

© Миралиён Қ. А., 2026                           ISBN 978-9906-9918-03


МУНДАРИҶА

ПЕШГУФТОР. 5

ИХТИСОРАҲО.. 16

БОБИ 1. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МЕТОДОЛОГИИ ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН.. 17

§ 1.1. Ҷанбаҳои назариявӣ ва зарурати ташаккулёбии сиёсати ҷавонон ҳамчун илм ва фанни таълимӣ. 18

§ 1.2. Хусусиятҳои консептуалии сиёсати давлатии ҷавонон. 40

§ 1.3. Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷавонони Тоҷикистон дар ҳошияи татбиқи афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон. 56

БОБИ II. ХУСУСИЯТҲОИ ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ ҲОКИМИЯТИ СИЁСӢ, ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ ҲАМЧУН МЕХАНИЗМИ НАВИ РУШДИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН.. 110

§ 2.1. Вазъ, вазифаҳо (функсияҳо), соҳаҳои афзалиятнок ва равандҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 111

§ 2.2. Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқ ва рушди сиёсати ҷавонон  123

§ 2.3. Ислоҳот ва рушди имконоти идории мақоми худидоракунии маҳаллӣ дар шароити ҷомеаи муосир. 138

§ 2.4. Хусусиятҳои ҳамкории байни доираи тиҷорат ва ҷавонон. 145

БОБИ III. АСОСҲОИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАНБАҲОИ ИДЕОЛОГИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН: ХУСУСИЯТҲО ВА РАВАНДҲО.. 169

§ 3.1. Асосҳои меъёрии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, пешрафт ва танназули он дар давраи гузариш.. 170

§ 3.2. Хусусиятҳои идеологии сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун механизми таълиму тарбияи мақсадноки ҷавонон дар Тоҷикистон  208

БОБИ IV. БАЪЗЕ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН ДАР ШАРОИТИ ДЕМОКРАТИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   244

§ 4.1. Иштироки ҷавонон дар таҳкими рукнҳои демократии ҷомеа  245

§ 4.2. Нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва фаъолияти волонтёрӣ дар рушди демократия дар Тоҷикистон. 269

§ 4.3. Парламентаризми ҷавонон дар кишварҳои ИДМ: амалия, мушкилот ва дурнамо. 281

§ 4.4. Модели рушди муназзами сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 303

АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО.. 356


ПЕШГУФТОР

Зарурат ва аҳамиятнокии ташаккул ва рушди сиёсати ҷавонон аз мавқеъ, нақш ва эътирофгардии он дар шароити муосири Тоҷикистон ва арсаи ҷаҳонӣ асос меёбад. Сиёсати ҷавонон дар рушди самти иҷтимоии давлат ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва стратегӣ муқаррар гардидааст. Дар ин росто – «Мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем» – иброз мекунад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, 23 майи соли 2013[[1]].

Заминаҳоиилмии сиёсати ҷавонон ҳамчун равиши илмии муосир ба масъалагузории моҳият, рисолат ва таъсиррсонии нав ба ҷомеа ва ҷавонон, инчунин бунёдгузорӣ ва ояндадории он асос меёбад. Вижагиҳои назариявӣ, таҷрибавӣ ва ниҳодикунонии сиёсати ҷавонон дар ҷараёни ташаккулёбӣ қарор дорад, зимнан, таҳқиқи шаклҳои гуногун ва технологияҳои рушд, устувории низом, таҳкими сохторӣ, идорӣ, илмӣ ва методологии онҳо тақозо мегардад.

Дар доираи яке аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлкат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон мегардад. Дар ҳамин ҷо иброз менамояд, ки «Амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар меҳвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад» [[2]].

Аҳамиятнокии рушди сиёсати ҷавонон дар ҷомеаи муосир ҳамчунин, ба эътирофёбии он дар сатҳи байналмилалӣ ба сифати институти фаъоли ҷараёнҳои сиёсӣ асос меёбад.   

Ҳанӯз соли 1965 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ Декларатсия «Дар бораи дар миёни ҷавонон паҳн намудани идеалҳои сулҳ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо» қабул гардида буд, ки асосан хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷавононро ба сулҳдӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ ҷалб менамуд. Дар соли 1998 за ҷониби ҳамин ташкилоти байналмилалӣ Декларатсия (Лиссабонӣ) оид ба сиёсати ҷавонон ва барномаи ҷавонон қабул мегарад, ки бо назародошти ташаккулдиҳии сиёсати ҷавонон дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон 8 самтро фаро мегирад, мувофиқан ин муносибат аҳамиятнокӣ ва зарурати омӯзиши илмию амалии сиёсати мазкурро, аз ҷумла таҳияи тадбирҳо ва технологияҳоро оид ба ташаккулдиҳии асосҳои институтсионалӣ, илмии технологӣ ва таҷрибавӣ (эмпирикӣ) баланд мебардорад [[3]].

Ҳамчунин, дар сатҳи кишварҳои ИДМ Созишномаи давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон қабул мегардад, ки аз эътирофи нақш ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа дарак медиҳад, зимнан, ин муносибат аҳамиятнокии рушди сиёсати давлатии ҷавононро дар шароити демократикунониӣ ва ё дигаргунсозии ҷомеа баланд мебардорад [[4]].

Ҳамин тариқ, дар шароити таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҷавонон, эътироф гардидани сиёсати ҷавонон дар сатҳи байналмилалӣ ва ИДМ зарурати омӯзиши (тадқиқи) бунёдӣ, баррасӣ ва таҳияи тадбирҳои муосир, механизмҳо ва технологияҳо барои беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷавонон тариқи рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон зарурат пайдо мекунанд. Вазифаи асосии баррасии илмии сиёсати ҷавонон – ин омӯзиши (таҳқиқи) назариявию методологӣ ва таҷрибавии (эмпирикии) вазъи ҷавонон ҳамчун объекти (ҳамзамон субъекти) асосӣ ва равонасозии онҳо ҷиҳати беҳтаргардонии муносибатҳо дар ҷомеа мебошад.

Зарурати омӯзиши ҷавонон ба сифати субъект ва ё объекти илм ба якчанд хусусиятҳои табиӣ, демографӣ, физиологӣ, психологӣ ва гуманистӣ ба монанди ҷавонӣ, оммавият, серҳракатӣ, тавононӣ, чандир (ёзанда), нерӯмандӣ, захиравӣ ва ояндасозӣ доштани онҳо асос меёбад.

Имрӯз аз нисф зиёди аҳолии рӯи ҷаҳонро шахсони то 30 сола, яъне шахсони ҷавон ташкил медиҳанд, ки аҳамиятнокӣ ва арзишмандии ҷавонон ва сиёсати ҷавонон ва нақши онҳоро дар рушди муносибтаҳо дар ҷаҳони муосир инъикос менамояд [[5]].

Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳои демографӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷавонтарин давлат ба ҳисоб меравад, чун синну соли миёнаи аҳолӣ ба 26,6 сол баробар аст – 70 фисади аҳолиро шахсони ҷавон ташкил медиҳанд [[6], с.38].

Ҳамин тариқ, ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ҳар рӯз набзи нав касб намуда, дар шароити ҷомеаи муосир ҳар қадар зиёд талабот ва талабгор пайдо мекунанд. Дар ҳолати имрӯза дар қисми зиёди кишварҳо сиёсати давлатии ҷавонон аллакай ташаккул ёфтааст. Шумори зиёди олимону муҳаққиқон ва ташкилот­ҳои тадқиқотӣ ҳам сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳам ҷавононро дар маҷмӯъ ва ҳам дар алоҳидагӣ меомӯзанд. Ҳадаф аз ин таҳлилу омӯзишҳо, ин дарёфти механизмҳо ва технологияҳои мувофиқ ва муносиби мутақобилан судманди истифодаи самаранок ва рушди ҷавонон ҳамчун қисмати ҷамъияти илмӣ ва ҷомеаи фаъол, инчунин таҳкими сиёсати ҷаҳонӣ ва сиёсатҳои миллии давлатӣ нисбат ба онҳо мебошад.

Ҷавонон – ин гурӯҳи мураттабсоз ва иҷтимоии демографиест, ки қисми серҳаракати эҷодӣ ва ҳасоси аҳолиро ташкил медиҳад. Шахси ҷавон қувваи зиёд дорад ва қобилияти зудмутобиқшавиро ба талаботи ҷомеа ва табдилёбиро ба равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ соҳиб мебошад.  

Омӯзиши ҷавонон ҳамчун объект, ҳамзамон субъекти илм ҳанӯз аз аввалҳои асри XX оғоз гардидааст. Дар даҳсолаҳои охир доираи омӯзиши масъалаҳои (мушкилоти) ҷавонон васеъ гардида, ба мавзӯи тадқиқотҳои илмҳои гуногуни гумани­тарӣ, ба монанди психология, педагогика, сотсиология, демография, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, таърих ва ғайра табдил меёбад.

Олимонро усулҳои гуногуни омӯзиши мавзӯъ, ҳамчунин анъанаҳои басинфҷудокунӣ дар мактабҳои муайяни илмӣ ташаккулёфта ҷудо месозад. Омилҳои идеологӣ низ, нақши аҳамиятнок мебозанд, чун ҷавонон дар раванди муборизаи ҳасоси сиёсӣ қарор доранд.

Қисми зиёди олимон, ба сифати нишонаҳои муҳими гурӯҳбандии ҷавонон, хусусиятҳои синнусолӣ ва асосҳои вазъи иҷтимоии ба онҳо робитадоштаро, ки ба ин ва ё он рукнҳои иҷтимоии психологӣ вобастагӣ дорад, эътироф намудаанд.

Оилмони зиёди хориҷӣ ва ватанӣ, ба монанди Боенко Н. М., Григор.ева Р., Ил.инский И. М., Михайлова М. В., Митева П., Нехаева В. В., Новикова Т., Радионова В. А., Раҳимов И. Х., Икромов Ғ. Х., Тураева З. Н., Ҳоидбоев Ф. А. ва диг. ҷавононро ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ мавзӯи тадиқиқоти худ қарор додаанд, ки чандин маротиба ба зарурати омӯзиши амиқи ин гурӯҳ ба сифати василаи сифатӣ ва миқдорӣ дар самти беҳгардонии вазъи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи муосир таъкид кардаанд.

Дар ҳақиқат, ҷавонон қисми ҷудонашавандаи дигаргуниҳои иҷтимоии ҷомеа буда, қувваи бузург ва иқтидори (нерӯи) навоварро, ки барои ташаккулёбии дилхоҳ шакли давлатдорӣ зарур мебошад, ташкил медиҳанд. Барои ҳамин ҳам мебояд ин захираро бисёр боэҳтиёт ва самаранок истифода бурд.

Илми хос, ки дар шароити омӯзиши гуногунҷабҳаи мушкилоти шахсиятҳои ҷавон дар муҳити илм ҳамчун соҳаи нави дониши маҷмӯии байнифаннӣ – илм дар бораи наврасӣ, ҷавонон (juventilis – лот.: ҷавонӣ, наврасӣ; logos – дониш) [[7]] ба омӯзиши амиқи ҷавонон ва масъалаҳои ҷавонон машғул гардидааст, ин ювенология мебошад. Ювенология ба дониши байнифаннӣ оид ба раванди рушди насли наврас дар робитаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, фарҳангӣ, рӯҳӣ ва физиологӣ, ки ташаккулёбии комили шахсиятро таъмин менамояд, асос меёбад. 

Фарди ҷавон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеашиносонро ҷалб намуд. Дар баробари ин, қисми зиёди донишҳо дар бораи ҷавонон хусусияти иҷтимоии гуманитарӣ доранд, ки аҳамиятнокии онро (донишро) нисбат ба шахсони ҷавон зиёд мегардонд. Омӯзиши зичи мушкилоти иҷтимоии ҷавонон фани нав – «сотсиологияи ҷавонон»-ро ба вуҷуд овард. Сотсиологияи ҷавонон ҳамчун илм аз се зина иборат мебошад: 1) умумиметодологӣ – шинохти ҷавонон ҳамчун ҷамъиятан фавқулода / беҳамто; 2) махсуси назариявӣ, ки ҷавононро ба сифати қисми алоҳидаи иҷтимоии демографӣ меомӯзад; 3) таҷибавӣ (эмпирикӣ) – таҳлили вазъи ҷавонон бар асоси омилҳои собитшаванда дар соҳаҳои дахлдори [[8]].

Омӯзиши зичи моҳияти ҷавонон ва муносибатҳои мутақобилаи онҳо дар ҷомеа, иштирок дар азнавсозиҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо ва ҷамъиятҳо, афзоиши талаботи онҳо аз ҳукуматдорон ба ташаккулдиҳии сиёсати ҷавонон боис мегардад.

Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷаҳони муосир дар шароитҳои зудтағйирёбӣ ва демократикунонии ҷомеа беш аз пеш зарурат пайдо мекунад, инчунин хусусияти аҳамиятноки сиёсати мазкур бар ҷавон будани он ва он ки ояндаро имрӯз муайян месозад, асос меёбад.

Масъалаҳои ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои олимони зерини ватанӣ кушода шудаанд: Асадуллоев Р. Н., Ашуров С. Б., Набиев В. М., Ҳакимов Ш., Раҳимов И., Тураева З. Н., Ҳоидбоев Ф. А. Аз ҷониби олимони мазкур то ҳадди муайян нақши ҷавонон дар шароитҳои демократикунонии ҷомеа, тарбияи сиёсии ҷавонон, ҷараёнҳои таърихии барқароршавии сиёсати ҷавонон, масъалаҳои амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон тавассути низомҳои махсусгардонидашудаи идоракунӣ, сохтори мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, таҳкими иқтидорнокии ташкилотҳои ҷавонон, дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки онҳо дар татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи сиёсати ҷавонон дар Тоҷикиситон омӯхта шудаанд.

Мактаби ватании «сиёсати ҷавонон», дар ҳақиқат, шароитҳои зиёдеро барои ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон фароҳам овардааст, аммо иқтидори он дар таносуб ба мактабҳои аврупоӣ ва ё россиягӣ хеле заиф арзёбӣ мегардад. Танҳо як далел, ки дар ин кишварҳо соҳаи мазкур, аллакай, ба сифати фанни илмӣ ва мавзӯӣ ворид гардидааст (пазируфта шудааст) ва дар Тоҷикистон не, шаҳодати хулосаи боло мебошад. Барои ҳамин ҳам тадқиқоти мазкур идомаи мантиқии мактаби ватанӣ мебошад, мувофиқан, ба рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон тавассути коркарди механизмҳо / технологияҳои муосир, зимнан, воридсозии он ба сифати фанни илмӣ ва мавзӯӣ мусоидат менамояд.   

Заминаҳои назариявӣ-методолгиирисолаи мазкур ба тавсеаҳои муосири илмию назариявӣ ва таҳлилии дар тадқиқотҳои олимони гуногуни ватанию хориҷӣ асос меёбад. Ҳамчунин, дар раванди тадқиқот таҳлилҳои ташкилотҳои байналмилалии СММ (Муҳоҷирати ҷавонон) [[9]], Бонки умумиҷаҳонӣ (Гузориш дар бораи рушди ҷаҳонӣ) [[10]], Ташкилоти умумиҷаҳонии меҳнат (Қатъномаи алоқаманд ба шуғли ҷавонон) [[11]] ва маводҳои маҷаллаи байналмилалии «Youth & Policy» [[12]] (бо забонҳои русӣ ва англисӣ) истифода бурда шудаанд.

Дар ҳошияи моделикунонии сиёсии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон консепсияи рушди бонизоми байнисоҳавии он тавассути амалҳои мутақобилаи ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ таҳия гардидааст. Дар ин росто, дар тадқиқот консепсияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ҷанбаҳои сиёсӣ-дипломатии Барномаи умумиҷаҳонии амалиёти ҷавонон то соли 2000 ва пас аз он истифода гардидаанд [[13]].

Ҳамин тариқ, дар доираи тадқиқоти мазкур масъалаҳои зерин ҳамчун навовариҳои илмӣ ва ё механимзмҳои ташаккул ва рушди ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон муайян карда шуданд.

  • Муҳимтарин масъалаҳои назариявӣ ва консептуалии омӯзиши сиёсати ҷавонон дар ҷараёни ташаккулёбии муносибатҳои муосири илмӣ–назариявӣ, сиёсӣ ва институтсионалӣ баррасӣ карда шуда, мулоҳизаи муаллифии рушди он дар шароитҳои дигаргунсозии демократии ҷомеа пешниҳод гардидааст. Дар ҳамбастагӣ ба ин, зарурати рушди равияи нави илмӣ бо фарогирии омӯзиши масъалаҳои интегратсионӣ, байнисоҳавӣ ва методии сиёсати ҷавонон ва мушкилоти ҷавонон, чӣ дар маҷмӯъ ва чӣ дар алоҳидагӣ (аз рӯи соҳаҳо), асоснок карда шудааст.
  • Бояд зикр намуд, ки омӯзиши илмии сиёсати ҷавонон дар ҷомеа, одатан, ҳамчун як равияи илмӣ (сиёсӣ) фаҳмида мешавад, аммо танҳо далели аҳамияти байнисоҳавӣ, бисёрамалӣ ва байнифаннӣ доштани он, бисёрҷабҳа будани ин соҳаро инъикос менамояд, ки дар баробари омӯзиши сиёсии он, боз омӯхтани асосҳо, ҷараёнҳо, падидаҳо ва хусусиятҳои сотсиологӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, идоракунӣ, фарҳангӣ, омӯзгорӣ, психологӣ ва таърихии он тақозо мегардад;
  • Консепсияи назариявии амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон бар асоси вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ бо сохторҳои (тарзҳои) амудӣ ва уфуқӣ, ҳамчунин усулҳои мудохилаи бисёрсоҳавӣ, масъулияти интизомӣ ва таъсиррасонии принсипиалӣ пешниҳод гардидаст. Консепсияи мазкур бо назардошти амалисозии бонизом ба рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат мекунад;          
  • Соҳаҳои асосии афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, ки ба сифати технологияи асосии заминавии рушди он, иборат аз: 1) иштироки ҷавонон; 2) шуғли ҷавонон; 3) ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон; 4) таҳсилоти муносиб барои ҷавонон; 5) таъминоти иҷтимоии ҷавонон; 6) таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон; 7) мустақилияти иқтисодии ҷавонон; 8) ватандӯстии ҷавонон; 9) рафтори шоиста ва фарҳанги ҷавонон; 10) ҷанбаҳои институтсионали ва илмӣ–амалии сиёсати давлатии ҷавонон, тартиб дода шудаанд, ки бар шароитҳои вазъияти баамаломада нисбат ба ҷавонон, талаботи онҳо, вобастагӣ ва робитаи мутақобила байни ҷомеа, ҳукумат ва худи ҷавонон таҳия (коркард) гардидаанд;
  • Вазъияти умумии (бори аввал дар мамлакат) иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва сиёсии ҷавонон дар робита ба амалисозии афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод (таҳлил) гардидааст.
  • Муайян карда шуд, ки механизмҳои ҷории амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон бар сохтори нақшавии амалӣ бо усулҳои анъанавии татбиқсозӣ асос ёфтаанд, ки ба низомҳои патриархалии (оддии) идоракунӣ шомил мебошанд. Мувофиқан, технологияҳои идоракунии муосири байнисоҳавӣ, бисёрсоҳавӣ, маҳаллӣ ва матрисавӣ пешниҳод карда шуданд;
  • Низоми ниҳодикунонии илмӣ, тадқиқотӣ ва назариявӣ­-методологии алоқаманд ба сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод карда шудааст, ки аз чунин ҷузъиётро / вазифаҳоро фаро мегирад: ошкорсозии мураттаб, омӯзиш, таҳлил, пешбинӣ ва пешгӯии мушкилоти ҷавонон, касбикунонии «кор бо ҷавонон», сохторҳои амудӣ ва уфуқии таҳлили (мониторинг ва баҳогузории) амалисозии соҳои сиёсати давлатии ҷавонон, натиҷанокии он ва таъсиррасонӣ ба фаъолнокии сиёсӣ ва мутобиқати иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеа;
  • Модели нави муосидаткунанда ба рушди устувори сиёсати ҷавонон дар шароити рушди демократии ҷомеа – механизми байнисоҳавии амалҳои мутақобила байни ҳокимияти сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ муайян гардид;  
  • Василаҳои дастрас – усулҳои амалисозии самараноки қонунгузории сиёсати ҷавонон, аз ҷумла барномаҳои мақсадноки рушди ҷавонон тавассути ҳамкориҳои мутақобила ва шарикии байни сбуъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ муайян карда шуданд;
  • Механизми муосири рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар робита ба хусусиятҳои идеологияи миллӣ бо назардошти ба ҷавонон талқин намудани асосҳои демкоратӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои фарҳангии ҳаёт бо усули амалҳои мутақобилаи байнисоҳавӣ ва маҳаллии байни институтҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳамчун амалисозии самараноки асосҳои идеологии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегардад, коркард (таҳия) гардид. Мулоҳизаи (назарияи) идеологяи миллӣ – таълим (омӯзонидан), талқин ва рӯҳбаландии ҷомеа ба хусусиятҳои (асосҳои) демократӣ, озодӣ, мустақилият ва фарҳангии арзишҳои ҳаётӣ – муайян карда шуд;
  • Консепсияи «иштироки ҷавонон» дар рушди ҷараёнҳои демократии давлат тавассути муайян кардани ҳиссаи намояндагии ҷавонон дар ҳар се шохаи ҳокимият, ки ба ҷавонишавии кадрӣ ва таҳкимёбии низоми идоракунии давлатӣ боис мегардад коркард (таҳия) карда шуд. Ҳамзамон, ба низоми идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон додани мақоми «мактаби кадрҳо» асоснок карда шудааст, ки дар ҳақиқат бояд рисолати асосии худ – омодасозӣ ва баамалбарории захираҳои кадриро иҷро намояд;
  • Механизми наври рушди сиёсати ҷавонон – ташаккулдиҳии парламентаризми ҷавонон, ки фарогири иштироки фаъоли (намояндагии) ҷавонон дар мақомоти қонунгузории ҳокимияти давлатӣ мебошад, коркард (таҳия) гардид.
  • Механизми мазкур ба фаъолнокии сиёсии ҷавонон ва таҳкими иқтидори технологии сиёсати ҷавонон, ки бар таҷриба, дастовардҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон асос меёбад, равона гардидааст;
  • Модели рушди мунтазам ва устувори сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба муттаҳидсозӣ ва рушди иқтидорҳои тарафҳои гуногун, ба монанди ҳокимияти сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ таҳия гардид.

Модели мазкур бо назардошти афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон ба сифати мехнизми ягонаи стратегӣ, ки фаъолияти амалӣ ва рушди сиёсати ҷавононро дар шароитҳои демократикунонии ҷомеа таъмин месозад, пешниҳод гардидааст. Қисмати амалии роҳандозии тадбирҳо аз рӯи модели мазкур ба маҳалликунонӣ ва ғайримуттамарказонии муносибатҳо, ҳамчунин тақсимоти баробари уҳдадориҳо дар асоси имкониятҳои воқеии амалии субъектҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон равона гардидааст.  

Рисолаи мазкур, ки масъалаҳои илмию назариявӣ ва заминаҳои консептуалии сиёсати ҷавононро баррасӣ намудааст, хулоса ва тавсияҳои он барои истифодаи васеъ дар фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таълимию омӯзгорӣ, эҷодию маърифатӣ ва иттилоотию барномавӣ (барномасозӣ ва банақшагирӣ) пешниҳод мегардад. Масъалаҳои консептуалии ошкоршуда ва усулҳои мутақобилаи ҳамгироӣ ва байнисоҳавӣ ба васеъ гардидани майдони тадқиқоти илмӣ ва рушди назариявию методологии сиёсати ҷавонон имокният медиҳанд.

Аҳамиятнокии амалии рисолаба коркарди технологияҳои мукаммали рушди устувори сиёсати ҷавонон ҳамчун «хусусиятҳои илмию назариявӣ ва контсептуалии сиёсати давлатии ҷавонон», «афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон», «иштироки ҷавонон», «заминаҳои идеологии сиёсати давлатии ҷавонон», «парламентаризми ҷавонон» ва «модели муназзами байнисоҳавии амалҳои мутақобилаи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ» асос меёбад. Натиҷаҳои асосии тадқиқот метавонанд дар амалисозии самаранок ва рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла дар раванди ниҳодикунонӣ (институ­тсионал­и­затсия) ва ислоҳоти низоми идоракунии соҳаи мазкур истифода карда шаванд. Заминаҳои назариявӣ, методологӣ ва технологияҳои таҳияшуда метавонанд барои ба сатҳи баланд бардоштани таъминоти институ­тсионал­ӣ, илмию назариявӣ ва амалии сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намоянд.

Оставить комментарий