Дастури таълимӣ барои субъектҳои соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон.
- ТДУ: 323.2-053.81(07)
- ТКБ: 65.75 (2 тоҷик)
- М-65
- ISBN 978-9906-9902-4-0
Миралиён Қ.А., татбиқи сиёсати ҷавонон дар маҳал (Дастури таълимӣ барои субъектҳои соҳаи сиёсати ҷавонон). – Душанбе: матбааи ҶДММ “Шоҳин-С”, 2024, — 150 с.
Ҷавонон яке аз гурӯҳҳои иҷтимоӣ, қисмати ҷудонопазир ва қишри асосии ҷомеа буда дар ташаккулёбӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузорони асосӣ ба шумор мераванд. Ба эътибор гирифтани тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҳаётии онҳо тақозои замон аст. Аз ин рӯ, таъмин ва такмили иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин восита тайёр кардани онҳо барои пешбурди ҳаёти мустақилона ва устувор дар ҷомеаи муосир зарурати мубрам дорад.
Дастури таълимии мазкур ҳамчун воситаи омӯзиш ва омодасозии субъектҳои асосии соҳаи сиёсати ҷавонон, такмили сатҳи дониш, малака ва маҳорати корбарии онҳо дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус дар сатҳи маҳал, инчунин таъмини иштироки ҷавонон дар рушди ҳаёти ҷомеаи муосир таҳия гардидааст.
Мавод барои истифодаи васеъ ҷиҳати ташкили тренингҳо, семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ барои доираи мутахассисон, муҳаққиқон ва олимони бахши иҷтимоӣ-идеологӣ ва салоҳиятнок дар соҳаи татбиқи сиёсати ҷавонон тавсия мегардад. Бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” №10 аз 11.06.2024 ба чоп тавсия дода шудааст.
Бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” №10 аз 11.06.2024 ба чоп тавсия дода шудааст.
МУНДАРИҶА
ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ.. 11
УСУЛҲОИ ИНТЕРАКТИВИИ ТАЪЛИМ.. 133
МУҲОКИМАРОНӢ ДАР ГУРӮҲҲОИ ХУРД (кор дар гурӯҳҳо) 137
Ватанро фақат ҷавонони босаводу соҳибкасб, яъне, мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос обод карда, ба он шаъну шуҳрат бахшида метавонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
ПЕШГУФТОР
Сиёсати давлатии ҷавонон дар маҷмӯъ аз тарбия ва омӯзиши наврасон, ҷавонон ва дар умум аҳли ҷомеа таркиб ёфта, ба таҳкими ва истифодаи самараноки неру инсонӣ ҳамчун захира ва ё сармояи иҷтимоии давлат ва ҷомеа равона гардидааст. Татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон кафили пешрафт ва ободии давлат ва зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ мегардад.
Таълиму тарбия дар ҳар як ҷомеаи ҷаҳонӣ муносиб ба шароити ҷамъият ва талаботи давлатдорӣ ба роҳ монда мешавад ва барои пурмаҳсул ва манфиатнок равона гаштани он роҳу усулҳои гуногуни онро истифода мебаранд. Муқарарист, ки барои ҳар як навъи чорабинии маърифатию омӯзишӣ барномаҳои мушаххаси таълимӣ таҳия ва амалӣ мегарданд, ки мувофиқи он дастур ва тарзу усулҳои ташкил ва амалигардонии фаъолияти таълимию омӯзишӣ дар дилхоҳ муассисаҳои таҳсилотӣ ҷорӣ мегардад. Пушида нест, ки имрӯз фаъолияти таълимию омӯзишӣ дар макотиби таҳсилотӣ дар ҷумҳурӣ бештар дар асоси барномаҳои таълимии солҳои пешин, яъне номувофиқ ба шароит ва талаботи имрӯзаи ҷомеа ба роҳ монда шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки насли наврас ва ҷавон имрӯз дар шароити гузариш ба ҷомеаи навин қарор доранд ва талаботи онҳо нисбат ба аз худ кардани таълим ва илму маърифат бо усулҳои навин ва ҷавобгӯ ба шароити ҳаётии онҳо равона аст. Яъне зарурат ба он расидааст, ки мутобиқи тараққиёти ҷомеаи муосир барномаҳои навини таълимӣ таҳррезӣ гашта ба тайёр кардани қадрҳои соҳиби ихтисосҳои навин мусоидат намояд.
Аз ҷумлаи ин гуна усулҳои таълим, ки дар ҷомеаи ҷаҳони маъруфу машҳур гаштааст ва барои омӯзиш ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин аз худ кардани дилхоҳ маводи таълимӣ муқаррар гаштааст, усули интерактивии таълим мебошад, ки маҳз дар бораи ҳамин усули таълимӣ дар дастури мазкур сухан меравад.
Бартарии ин усул дар он аст, ки шахси хонанда дар ҷараёни ташкили он ширкат мевазад. Принсипҳои асосии усули интерактивии таълим он аст, ки дар он шахси хонанда озодона муошират мекунад, савол медиҳад, баҳсу мунозира мекунад, ақидаи худро изҳор менамояд, тартибу қоидаҳои гузаронидани машғулиятро пешниҳод ва интихобу қабул менамояд. Фарқият миёни ин усули таълимӣ нисбат ба усулҳои муқаррарии таълимӣ дар бисёр ҳолатҳо ба назар мерасад. Агар мавриди гузаронидани семинару машваратҳо бо усули муқаррарии таълим таълимгиранда бо тарсу ҳарос муошират кунад ва ё савол диҳад, нисбат аз оне ки бештар дар ҷараёни таълим ширкат варзад, ба саволҳо посух гӯяд ва муаллим хатогиҳояшро дуруст намояд, мавриди ташкили семинар ва ё машғулиятҳо бо усули интерактивии таълим шахс хоҳ нохоҳ дар ҷараёни он фаъолона ширкат меварзад, фикру ақидаҳои худро озодона изҳор менамояд ва аз тарсу ҳарос ҳамеша дур мебошад. Мувофиқи иқтидорнокӣ ва қобилиятнокиаш маводро аз худ менамояд ва ба дигарон низ мерасонад. Инчунин, ин усул ба шунаванда имконият медиҳад, то ӯ мавзӯро бо хоҳиши озод, сабук ва зудаз худ кунад ва дар доираи он фаъолият барад.
Дар ҷараёни ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, истифодаи усули интерактивии таълим барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо ва семинарҳо миёни ҷавонон дар раванди инкишофи сиёсати иҷтимоию фарҳангӣ ва маърифатии ҷавонон дар раванди бунёди идеологияи устувори муносиб ва ҷавобгӯ ба талабот ва тараққиёти ҷомеаи муосир бамаврид ва муфид мебошад.
