ЗАБОН ҶОВИДОН ДОРАД МИЛЛАТРО

Дар ҳаёти инсон забон яке аз василаҳои муҳиммест, ки рисолати созандагӣ дорад, албатта, агар он дар ростои гуфтор ва кору пайкори нек истифода гардад.
Чуноне ки устод Саъдии Шерозӣ дар ашъори худ овардааст:
Гар сухан ҷон набувад,
Мурда чаро хомӯш аст
.

Яъне, забон, ки тариқи сухан садо медиҳад, дар воқеъ асоси ҳаётӣ дорад; дар як дам метавонад қасрҳо созад, дар ҳолати дигар қасрҳо сӯзад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки гаронарзиш будани забонро ҳар як шахс, ҳанӯз аз хурдсолӣ эҳсос кунад ва ба қадру қимати он бирасад.
Забон роҳнамои шахс аст, истифодаи самараноки он инсонро ба манфиатҳои зиёд ва манзалату нуфуз мерасонад, дар ҷомеа муаррифӣ мекунад, барои дастёбӣ ба ҳадафҳо ва амалисозии рисолатҳо роҳ менамояд.
Ба ҳаёти инсон ҳамрисолат доштани забон ба он асос меёбад, ки он ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввалини пайдоиш, ҳастӣ, дар батни модар будан, муайян мегардад. Бинобар ин, забони аслӣ забони модарӣ ном дорад, яъне забони модарӣ ҳамон забоне аст, инсон бо он зода шуда, тарбият ёфтааст. Зимнан, забон чун модар бе ҳамто ва гаронарзиш аст, он бо инсон ба дунё омада, бо ӯ меравад, аммо нигоштаҳои он инсонро ҷовидон медорад.
Забон чун фарҳанги вуҷудии инсон ба дорандаи худ зимни истифодаи ҳадафнок умри ҷовидонӣ мебахшад. Чунончи миллати тоҷик маҳз бо хизмати фарзандони хеш дар гузашта, имрӯз ҷовид мондааст. Ҷовидонгузорони забони тоҷикӣ устодон А.Рӯдакӣ, А.Фирдвсӣ, У.Хаём, Ҷ.Балхӣ, С.Шерозӣ, А.Сино ва ғайра даҳҳо нафар мебошанд, ки ҳазор сол муқаддам ҳаёт ба сар бурдаанд. Садсолаҳо боз ин абармардон забони моро бо рисолаҳои эҷодӣ ва ихтироотии хеш ҷовид гузошта, дар сатҳи ҷаҳон маъруф гардонидаанд.
Имрӯз кифоя аст, ки дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон забони худ, миллати худро муаррифӣ кунем; ки мо меросдорони Сино, Рӯдакӣ, Шерозӣ ва Хаём ҳастем, ҳама дарҳо боз ва корҳо бобарор мегарданд. Ин аст қимати забон, ин ҳамон нуфузе аст, ки бо зар ва ё маблағи зиёд ба даст оварда намешавад.
Боиси зикр аст, ки дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки забон надоранд, бо забони дигар миллатҳо ҳарф мезананд, мувофиқан фарҳанги маънавии заиф доранд, яъне камнуфузанд. Нуфузи давлату миллат дар забони миллӣ аст. Мисол: баъди ҳазорсолаҳо наслҳои ояндаи ин давлатҳо метавонанд пурсанд, ки забони миллии мо кадом аст?, албатта, посух инкорӣ аст.
Инчунин, дар ҷаҳон ҳастанд миллатҳои омехта, бо умри сад солаҳо, ки дар қиёс ба забони мо дар арсаи ҷаҳонӣ камнуфуз арзёбӣ мегарданд.
Аз таҷриба: боре ҳолате пеш омад, ки дар як ҳамоише аз байни намояндагони якчанд давлат яке бояд сухан мегуфт. Яке аз ин ҳамоиш пешниҳод кард, ки: “ҷое тоҷик аст, меросдори фарҳанг ва таърихи бой, касе беҳтар сухан нагӯяд”. Яъне, қадрдонии мо тоҷикон дар нуфузи миллат, забони миллии мо аст, ки бо заҳмати гузаштагон ҷовидон боқӣ монда, ба ҷаҳониён хизмат дорад.
Чуноне Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: “… забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст”.
Имрӯз моро зарур аст, ки ҳамчун меросдори забони тоҷикӣ, миллати тамаддунофар, рисолати виҷдонии худро бо эҳсоси ҳувияти миллӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ ва хештаншиносӣ иҷро намуда, чун гузаштагон ба наслҳои оянда ин забони таърихӣ ва тамаддунофарро мерос гузорем.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: