СИЁСАТИ ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ТАШАББУСҲО ДАР РОҲИ РУШДИ УСТУВОР (ДАР МИСОЛИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН)

Мактаби сиёсии Пешвои миллат: маводҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 23-24 июни с.2022. // Маҷмӯаи мақолаҳо №3- 2022, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон. – ш.Бохтар: 2022. – С. 26-42

АННОТАТСИЯ

Дар мақолаи мазкур ташаббускориҳо ва навовариҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамчун механизми муосири рушди институтсионалӣ дар сиёсати идоракунии Тоҷикистон ва натиҷанокии онҳо таҳлилу баррасӣ гардидаанд, ки метавонанд барои таҳкими фаъолияти ниҳодҳои идеологии ҷомеа созгор бошанд.

Дар хулоса тавсия мегардад, ки дар шароити имрӯзаи идоракунӣ мебояд ҳар як ниҳоди сиёсӣ ва идеологӣ дар ҳошияи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор бошад ва баҳри ташаккул ва рушди ғояҳои созанда ва бунёдкорию ободонӣ талош варзад.

Калидвожаҳо: ташаббускорӣ, навоварӣ, сиёсати идоракунӣ, ниҳодҳои идеологӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рейтинги ҳизбӣ, вилояти Хатлон, рушди устувор

ПОЛИТИЧЕСКОЕ УПРАВЛЕНИЕ В ТАДЖИКИСТАНЕ: ИНИЦИАТИВЫ НА ПУТИ К УСТОЙЧИВОМУ РАЗВИТИЮ (НА ПРИМЕРЕ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО КОМИТЕТА НДПТ В ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ)

АННОТАЦИЯ

В настоящей статье были проанализированы и рассмотрены инициативы и инновации Исполнительного комитета Народно-Демократической Партии Таджикистана в Хатлонской области в качестве современного механизма институционального развития в политической управлении Таджикистана, которые могут быть применены в укреплении деятельности идеологических институтов общества.

В заключении рекомендуется, что в нынешних условиях управления в контексте реализации предписания и наставления Лидера Нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмон необходимо, чтобы каждый политический и идеологический институт был инициатором и стремиться во благо формирование и развития созидательных идей, благоустройства и процветания.

Ключевые слова: инициативность, инновационность, политическая управления, идеологические институты, Народно-Демократическая Партия Таджикистана, партийный рейтинг, Хатлонская область, устойчивое развитие

POLITICAL GOVERNANCE IN TAJIKISTAN: INITIATIVES TOWARDS SUSTAINABLE DEVELOPMENT (ON THE EXAMPLE OF THE EXECUTIVE COMMITTEE OF THE PDPT IN KHATLON REGION)

ANNOTATION

This article analyzes and examines the initiatives and innovations of the Executive Committee of the People’s Democratic Party of Tajikistan in Khatlon region as a modern mechanism of institutional development in the political management of Tajikistan, which can be applied in strengthening the activities of ideological institutions of society.

In conclusion, it is recommended that in the current conditions of governance in the context of the implementation of the directions and instructions of the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan, his excellence Emomali Rahmon, it is necessary that every political and ideological institution be the initiator and strive for the good of the formation and development of creative ideas and improvement and prosperity.

Keywords: initiative, innovation, political governance, ideological institutions, People’s Democratic Party of Tajikistan, party rating, Khatlon region, sustainable development

Сиёсати идоракунӣ

Дар шароити торафт мураккаб гардидани муносибатҳои ҳамкории байнидавлатию байналмилалӣ ва ҳамқадамӣ бо пешравиҳои ҷомеаи муосир фишанге лозим мегардад, ки ҷамъиятҳоро (мамлакатҳоро) дар ин вазъият роҳнамоӣ намояд. Чунин фишангҳо ва ё механизмҳо метавонанд якчанд адад бошанд, аммо дар такя ба мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳои пешрафта, дастрас ва муносибтарин сиёсти идоракунӣ арзёбӣ мегардад.

Идоракунӣ, ин намуди амал ва ё фаъолиятие мебошад, ки онро роҳбарии гурӯҳи одамон ва ё низоми муносибатҳо иборат аз ҳокимият, назорат, мақом ва нақш дар роҳи расидан ба ҳадафи гузошташуда ташкил медиҳад. Яъне, барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки низоми идории амалҳо ташккулёфта бошад.

Ҳамоҳангсозӣ ва ё ҳамкории иҷтимоӣ ин механизми тақсимоти мақсадноки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо дар роҳи таҳия, коркард ва амалисозии чораҳои муайян (сиёсат) мебошад. Ҳамкории иҷтимоӣ дар раванди бадастории сифат, натиҷанокии кор ва сарфаи вақту маблағ ба амал омадааст, ки он бо роҳи ҷалби иштироки доираи муайяни ҷонибҳои манфиатдор ба роҳ монда мешавад.

Ҳамкории иҷтимоӣ ба таври возеҳ дар низоми ҳамкориҳо ва иҷрои уҳдадориҳои муайяни иҷтимоии байни давлат-ҳокимияти давлатӣ, доираи тиҷорат-ташкилоту муасисаҳои истеҳсолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ-иттифоқҳои касаба дида мешавад, ки ҳар кадом дар ин чаҳорчӯба манфиатҳои хосро соҳиб мебошанд.

Яъне, ҳамоҳангсозӣ ва ё ҳамкории иҷтимоӣ ин усули муосире мебошад, ки дар амалисозии чорабиниҳои иҷтимоӣ, махсусан амалҳои идеологӣ нақши муҳим дорад, зеро идеология худ хусусияти байнисоҳавӣ дошта, таблиғи он ишитирок ва ё саҳмгузории дастаҷамъиро тақозо менамояд.

Амалисозӣ — саъю кӯшиш ва ё фаъолияте мебошад, ки барои бадастории мақсадҳои муайян равона гардидааст.

Идора ва ҳамоҳангсозӣ дар навбати худ, пуркунандаи амалисозӣ ва дар якҷоягӣ маҷмӯи фаъолиятҳо ва ё низомеро ташкил медиҳанд, ки дар роҳи ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда сифатро таъмин намуда, самараи дилхоҳро ба вуҷуд меорад. 

Ҳамин тариқ, сиёсати идоракунӣ, ин низоми муайян ва ё маҷмӯи муқаррароте мебошад, ки барои қабули қарорҳои созанда ва расидан ба ҳадафҳои гузошта шуда кумак мерасонад[1].

Ташаббускорӣ ва рушди устувор

Рушди устувори муносибатҳо мафҳуми тозаэҷодест, ки дар шароити муқовимати байни ҷамъиятҳои гуногун дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо кардааст. Атрофи ин масъала соли 2015 Созмони миллали муттаҳид ҳуҷҷате (Нақшаи амалиёт) қабул мекунад, бо номи «Ҳадафҳои рушди устувор» [[2]]. Ин Нақшаи амалиёт, ки аз 17 ҳадафҳои муайян иборат аст, бояд то соли 2030 татбиқ шуда, мувофиқан рушди устувори муносибатҳоро дар сатҳи ҷаҳон таъмин намояд.

Албатта, тафовути байни мафҳумҳои «рушд» ва «рушди устувор» ҷой дорад.

«Рушд» — амалу муносибатҳое, ки рушди онҳо ба нақша гирифта мешавад, аммо онҳо танназул (поёнравӣ, коҳиш) дошта метавонанд.

«Рушди устувор» — амалу муносибатҳое, ки бо дарназардошти таъмини «рушди устувор» пешбинӣ шудаанд, танназул дошта наметавонанд, ба истиснои ҳолатҳои фавқулода (ки аз инсон вобастагӣ надорад) [[3]]. Яъне, рушди устувор намуди банақшагирие мебошад, ки инкишофи муътадил дошта, доимоафзоишёбӣ ва таҳкимёбиро фаро мегирад.

Аз ин лиҳоз, банақшагирии ҳадафҳо бо нишондиҳандаи «рушди устувор» заҳмати зиёд, ба монанди таҳлили амиқ, асосноккунии илмӣ, корҳои озмоишӣ, банақшагирии стратегӣ, баҳогузории иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Ташаббускорию созандагӣ як рукни ҳаёт ва талошҳои доимии халқу миллати тоҷик буда, аз асрҳои қадим ҳамчун маданияти ташкилии зиндагӣ ва нишонаи тамаддунофарию фарҳангсолории миллат баҳогузорӣ мегардад. Маҳз ҳамин маҷрои тамаддунофарӣ ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат имрӯз халқу миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта гардонида, ба пешрафти Тоҷикистони муосир поя гузошта истодааст.

Ҳизбиёни вилояти Хатлон дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, чуноне ки дар яке аз ҳамоишҳо иброз менамоянд, — имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди усули кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад – мавриди амал қарор дода, як гурӯҳ идеяҳои созандаву бунёдкорӣ ва ҳамқадам будан ба ҷомеаи муосирро ташаббус кардааст, аз ҷумла тарғибу ташвиқ ва саҳмгузории ташкилию амалӣ дар татбиқи чорабиниҳо бахшида ба 30 (35) солагии Истиқлолияти давлатӣ аз гурӯҳи ҳамин ташаббусҳо, бахусус дар сатҳи маҳалу деҳот мебошад.        

Дар воқеъ модели рушди деҳот ва дар умум Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷабҳаи бузурги созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат ташаббус гардидааст ва аллакай маҳсули пурбори худро ба миён овардааст, дар ҷаҳон ҳамто надорад. Имрӯз хурду бузурги деҳот аз ин пешрафту ободкориҳо шодком буда, дар пайравии он бо рӯҳияи баланди меҳандӯстӣ дар ҳудуди манзилҳои истиқоматии хеш ба бунёдкорию ободонӣ машғул мебошанд. Яъне, ин ибтикорот на танҳо манфиати моддӣ, балки дилгармӣ ва ғизои пурғановати маънавӣ, рӯҳияи болида ва созанда барои аҳли ҷомеа фароҳам овард.

Ташкилотҳои ҳизбӣ ва имкониятҳои амалии (идоракунии) онҳо

Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт». Дар воқеъ хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Ҳизб аз рӯзҳои аввали фаъолият самти ташаббускорию созандагиро ихтиёр намуда, лоиҳа ва барномаҳои зиёди ниёзбарори мардумро, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ намуд. Дар робита ба ин сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон аксияҳои ҳизбиро зери унвони «Якҷоя месозем» ба амал бароварда, ба дастовардҳои зиёде ноил гардиданд, аз ҷумла ташккул ёфтани низоми устувор ва ҳуқуқии волонтёрӣ – имрӯз беш аз 500 волонтёр бо реҷаи доимӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон машғуланд; гузаштан ба низоми рақамии (электронии) идоракунӣ ҳамчун фаъолият нав ва муосир, ҷиҳати дастгирии иҷтимоӣ мунтазам ба ниёзмандон расонидани кумакҳои хайриявӣ дар шакли пулӣ, маводи ғизоӣ ва моддӣ; бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон таъмири мактабу боғчаҳо, сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои байни кӯчаҳо; ниҳолшинонӣ ва сабзу хурам гардонидани гулгаштҳою роҳравҳо; сохтмони марказҳои ҳунармандӣ якҷоя бо утоқи раиси кумитаи маҳалла; мусоидат ба сокинон ҷиҳати азнавсозии иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва шоҳроҳҳо ва ғайра.

Сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон, имрӯз мутаносибан пешсафӣ дошта, на танҳо вазифаҳои ҳизбии худро бомаром иҷро карда истодаанд, балки дар бартарафсозии мушкилоти мубрами сокинон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастёр мебошанд. Ба ҳолати имрӯза шумораи аъзои ҳизб дар вилояти Хатлон ба беш аз 185 ҳазор нафар расида, ба онҳо 2867 ташкилотҳои ибтидоӣ хизмат мерасонанд.

Кадрҳои ин мактаби сиёсӣ дар муддати кутоҳ соҳиби малакаи хуби идоракунӣ, таҷрибаи фаъолияти идеологӣ ва сиёсӣ гардида, мунтазам ба зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва мансабҳои олии сиёсӣ роҳ меёбанд.       

Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати 28 соли фаъолият ба ташкилоти бутуни сиёсӣ ва пуриқтидор бо сохтори идоракунии шакли амудӣ-амалӣ табдил гардида, дар ҳама минтақаҳо, оғоз аз сатҳи деҳот бо принсипи идоракунии ҳудудӣ ва ё ташкилоту муассисаҳои муайян бо принсипи идоракунии соҳавӣ то ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.

28 ташаббусҳои созанда

Сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар радифи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори 30 (35)-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, зимнан татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори деҳот ташкили корҳои ободонию созандагӣ ҳамчун 28 ташаббусҳои ҳизбиро зери уновни «Якҷоя месозем!» ба таври муташаккилона ба роҳ монданд.

Боиси зикр аст, ки дар таҳия ва амалисозии ташаббусҳо ва навовариҳо сохторҳои ҳизбии вилоят мутаносибан пешсаф буда, гурӯҳе аз ташаббусҳои пешгирифта барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ низ, мавриди баррасӣ қарор доранд.

Инак, ҳар як ташаббус ва ё навоварӣ, ки барои дилхоҳ сохтори идеологӣ, дар маҷмуъ ҳамчун механизми муосири идоракунӣ, метавонад ҷолиб бошад, дар поён ба ҳолати 01.04.2022 мушаххас оварда мешавад.

Ташаббуси 1 сохтмони биноҳои маъмурӣ

Дар асоси дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 феврали соли 2018 дар вилояти Хатлон ҳудудан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои фаъолияти босамари кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ биноҳои маъмурӣ тариқи ҳашар ва дастаҷамъӣ бо ҷалби маблағгузории аъзои фаъоли ҳизб сохта, ба истифода дода шуданд.

Боиси зикр аст, то соли 2018 ҳамагӣ дар 7 шаҳру ноҳияҳо (А.Ҷомӣ, Хуросон, Фархор, Н.Хусрав, Қубодиён, Ҷайҳун, Левакант) бинои маъмурии ҳизбӣ сохтмон шуда буданд. Дар ҳошияи дастури Пешвои миллат бошад, соли 2019 – 8 бино (Ҳамадонӣ, Ёвон, Норак, Кӯшониён, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Кӯлоб), 2020 – 4 бино (Бохтар, Вахш, Восеъ, Ш.Шоҳин) ва соли 2021 – 4 бино (Дӯстӣ, Темурмалик, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус) сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд, дар 2 бинои дигар (ноҳияҳои Данғара ва Панҷ) корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ мебошад [[4], с. 6].

Қадами дигар, азнавсозии биноҳои маъмурии якошёна ва табдил додани онҳо ба сеошёна ба нақша гирифта шудааст, зеро сафи аъзо ва талабот ба хизматрасониҳои иҷтимоию сиёсӣ зиёд шуда истодааст, ки васеъ намудани фаъолиятро тақозо менамояд.  

Ташаббуси 2 таъминоти техникӣ

Бо нақлиёти хизматӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ таъмин намудани сохторҳои ҳизбӣ ба гурӯҳи талаботе дохил мешавад, ки ҳамчун маданияти ташкилӣ ба фаъолияти устувори ташкилотҳо мусоидат менамояд. То ин муҳлат ба кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ тариқи кумаку дастгирии роҳбарияти олии ҳизб, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва соҳибкорону саховатмандон 26 адад (2018-10 адад) нақлиёти сабукрав дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, нақша гузошта шудааст, ки ҳар як корманди ҳизбӣ бо компютер ва дигар таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шавад. Иҷрои ин таносуб ба ҳолати имрӯза ба 75% баробар мебошад.

Ташаббуси 3 таъмиру сохтмони мактабу боғчаҳо

Имрӯз чунин одат ҷой дорад, ки ҳангоми таътили тобистона ҳайати омӯзгорон бо ҷалби падарону модарони таълимгирандагон бинои муассисаҳои таълимиро таъмир (саҳмгузорӣ) менамоянд. Зимнан, мо бар он андеша ҳастем, ки омӯзгор рисолати бузурги таълиму тарбияи фарзандро бар дӯш дошта, ба такмили дониш, малакаи кор бо хонанда ва албатта, барқарор кардани саломатӣ ниёз дорад. Аммо машғул шудан ба корҳои таъмиру сохтмонӣ омӯзгорро аз ин имконият ва ё фурсат маҳрум месозад.

Аз ин рӯ, бо дарназардошти маҳфуз будани ваколатҳои муқарраршуда вобаста намудани кумитаҳои маҳалла дар ҳамкорӣ бо шӯроҳои падарону модарони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои таъмиру сохтмонии муассисаҳои таълимӣ ба мақсад мувофиқ мебуд.

Ҳамин тариқ, бо ҷалби саховатмандон ва аъзои фаъоли ҳизб мактабу боғчаҳо (синфхонаҳои алоҳида) дар ҳаҷми 113 ҳазор м2 таъмир карда шуда, бори нахуст 3 муасиссаи таҳсилоти миёна умумӣ, дар маҷмӯъ бо 45 синфхона дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара ва Вахш сохта ба истифода дода шуданд. Дар се соли охир 1919 мактабу боғчаҳо таъмиру сохтмон шуданд.

Ташаббуси 4 роҳсозӣ

Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексиришт дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, дар бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароитҳои пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорон, саховатмандон, вакилони мардумӣ ва сокинони маҳал 271 км (2020-268 км) роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш ва 250,4 км (2020-99 км) роҳҳо мумфарш карда шуданд. То имрӯз бошад, 1141 км роҳҳо сангфарш ва 570 км роҳҳо мумфарш карда шуда шуданд.

Ташаббуси 5 сохмтони пул

Ҷиҳати сабук гардонидани рафтуои шаҳрвандон то имрӯз 71 пул (купрук) бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб, сохта ва ё таъмир карда, ба истифода дода шуд.

Ташаббуси 6 обёрикунонӣ

Бо мақсади бо оби ошомиданӣ ва полезӣ таъмин кардани сокинон дар гурӯҳи зиёди маҳаллаву деҳаҳо бо фаъолнокии бевоситаи сокинони маҳал 1200 метр қубурҳо кашонида шуданд. Ин иқдом идома дошта, тасмим гирифта шудааст, ҳар чӣ бештар аъзои фаъоли ҳизб барои дастгирии сокинони деҳот ҷалб карда шаванд.  

Ташаббуси 7 ниҳолшинонӣ

Дар самти сарсабзу хуррам гардонидани меҳан ҳизбиёни вилояти Хатлон шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафканро ташаббус карда, ба ҳолати имрӯза дар маҷмуъ беш аз 310 ҳазор ниҳол шинониданд.

Ташаббуси 8 азнавсозии иншооти гигиенӣ

Яке аз масъалаҳои мубрам, ки боиси нороҳатӣ ва ташвишҳои хоҷагидорӣ шудааст, ин дар бисёр ҷойҳо риоя нагардидани талаботи тозагӣ ё инки гигиенаи шахсӣ мебошад.

Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо бонувон — 07.03.2020 иброз менамоянд: «…беэътиноӣ ба масъалаҳои тозагӣ, яъне риоя накардани талаботи беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) сабаби асосии паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан, дар шароите, ки аксарияти аҳолии кишвари мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд, бонувону занони мо бояд ба ин масъалаҳо эътибори доимӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».

Ин дастури Раиси муаззами ҳизбро мавриди корбарӣ қарор дода, таҳлилу омӯзиш гузаронида, муайян карда шуд, ки дар аксари деҳотҷойҳо ҳаммому душхонаҳо заҳкаш надошта, ҳоҷҷатхонаҳо бо тариқи чоҳи амудӣ сохтмон гардида, муҳити зист ва ҳавои атрофро бадбӯй месозанд ва боиси ҷамъ гардидани ифлосӣ шудаанд.

Аз ин лиҳоз, Кумита иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тасмим гирифт, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, аз ҷумла кумитаҳои маҳалла азнавсозии иншооти гигиениро бо усули заҳкаши намуди дренажӣ дар ҳар як манзили истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба мисоли мактабҳо ва шоҳроҳҳо бо роҳи амалисозии силсила-чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва тариқи ҳашар амалӣ намояд.

Барои ин, қадами аввал дар ҳамкорӣ бо институти лоиҳакашии “Хатлон-шаҳрофар” лоиҳаи ангоравии иншооти гигиенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ таҳия гардида, барои дастрасии озод ва ройгон дар сомонаи Кумита ҷойгир карда шуд. Илова бар ин, зимни семинар-машваратҳои дастурдиҳӣ ин лоиҳа ба раисони ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот дастрас карда шуд.

Зимнан, то имрӯз дар доираи ин ташаббус 296 иншооти гигиенӣ бо заҳкаши намуди дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ сохта шуданд.

Ташаббуси 9 сохтмони Маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019–2021) ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ тасмим гирифта шуд, ки дар ҳар як маҳалла Маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо Утоқи раиси Кумитаи маҳалла / деҳот сохтмон карда шавад. Зимнан, дар ҳамкорӣ бо институти лоиҳакашии «Хатлон-шаҳрофар» лоиҳаи ангоравии маркази болозикр таҳия гардида, ба тамоми ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳал дастрас карда шуданд. То ин давра 56 марказ(ҳо)и фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Ташаббуси 10 сохтмони утоқи раиси Кумитаи маҳалла / деҳот

Ҷиҳати ташкили шароити хуби корӣ барои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар соли 2021 сохтмони 11 утоқ ва дар ду соли охир 63 утоқи раиси кумитаи маҳалла / деҳот ташаббус карда шуд.

Ташаббуси 11 «Рӯзи ёдоварӣ»

Бо мақсади тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар ҳамкорӣ бо Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон амалиёти умумивилоятӣ зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» эълон гардид, ки он – тозакунии қабристонҳо ҳар рӯзи якшанбеи охири моҳ амалӣ мегардад. То имрӯз 1634 қабристонҳо бо иштироки беш аз 200 ҳазор нафар сокинон ва аъзои фаъоли ҳизб аз партовҳо ва алафи худрӯй тоза карда шуда, гирду атрофи шумораи муайяни онҳо бо девор симтур маҳкам карда шуданд. Ҳамзамон дар мавзеъҳои муайяншуда ниҳолҳои сояафкан шинонида шуда, деворҳо гирду атрофи қабристонҳо рангу бор гардиданд.

Ташаббуси 12 электроникунонии фаъолият

Электроникунонии муносибатҳои идоракунӣ ҳамчун саҳми поягузор дар ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сохторҳои ҳизбии вилоят ба шумор меравад. Имрӯз тамоми сохторҳои ҳизбии вилоят ба почтаи электронии расмӣ бо унвони @hkhdtkhatlon.tj гузашта, мукотибот байни кумитаҳо бо почтаҳои номӣ ҷорӣ шудааст.

Танҳо дар соли 2021 гардиши маводҳои электронӣ аз фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоят 54814 ададро ташкил дод. Аз ҷумла, дар сомонаи Кумита – www.hkhdtkhatlon.tj – 4838 мавод ва саҳифаҳои иҷтимоӣ-42762 маводҳо нашр гардида, тариқи почтаи электронӣ-12052 мактуб ирсол/ворид гардид. Аз ин шумора, дар умум дар шабакаи Интернет 54814 мавод ва тариқи сомона 1071 андеша ва 573 вокунишҳо чоп ва паҳн карда шуд. 

Имрӯз дар сатҳи вилоят як сомона, 18 саҳифаи иҷтимоӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 1118 саҳифаҳои иҷтимоӣ дар шабакаи Фейсбук, ки ба кормандони ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб вобастаанд, амал мекунанд.

Ташаббуси 13 сомона-маҳзан

Дар самти фаъолияти рақамӣ ва татбиқи ҳукумати электронӣ ташаббуси дигар, ин таҳияи Сомона-маҳзани Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва 26 зерсомона барои кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки ҳоло он ҷараён дорад. Аҳамиятнокии ин навоварӣ дар он аст, ки Сомона-маҳзан ҳамчун (1) идораи виртуалӣ ва ё маҷозӣ ташкил ёфта, (2) барои ҳар як кумитаи иҷроия сомонаи муттамарказонидашуда ва худфаъолият таъсис ёфта, (3) амнияти иттилоотӣ таъмин гардида, (4) вобастагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисоли Фейсбук, Ютуб ва ғайра кам ва бо мурури вақт бартараф гардида, (5) сатҳи дониш ва малакаи кормандони ҳизбӣ дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ баланд гардида, (6) вақт ва маблағи зиёд сарфа гардида, (7) иттилооти зиёди ҳизбӣ барои истифодаи васеъ дастрас гардида, (8) низоми назорати электронии ҳаракати ҳизбӣ ташкил ёфта, (9) системаи фосилавии аъзокунӣ ва пардохти ҳаққи узвият фароҳам гардида, (10) низоми электронии хизматрасонӣ ва кумак ба эҳтиёҷмандон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ ташкил меёбад.        

Ташаббуси 14 «Кумак ба маъюбон»

Бо мақсади дастгирии фасеҳ ва доимии маъюбон дар шароити муосир саҳифаи иҷтимоии (фейсбукии) «Кумак ба маъюбон» — https://www.facebook.com/kumakhkhdt ташкил (ташаббус) карда шуд, ки принсипи кори он – тамоси бевоситаи хайрхоҳ бо шахси эҳтиёҷманд, маъюб буда, имконияти гирифтан ва ё доштани маълумоти бештар, дастгирии фосилавӣ ё кумаки пулии электронӣ, кумаки моддии суроғавӣ ва вазъияти воқеии шахси эҳтиёҷмандро кафолат медиҳад. Ҳамзамон, принсипи тамоси бевоситаи хайрхоҳ бо шахси эҳтиёҷманд рӯҳия ва қалби хайрхоҳро гарм намуда, эътимоди ӯро ба низоми хизматрасонӣ қаввӣ мегардонад ва он боиси кумакрасонии доимӣ ва суроғавӣ мегардад. Дар айни замон дар саҳифаи мазкур 282 нафар эҳтиёҷмандон худро ба қайд гузоштаанд, ки аз ин 202 нафар ба вилояти Хатлон, ҳудудан 30 нафар ба ш.Душанбе, 28 нафар ба вилояти Суғд ва 22 нафар ба НТҶ рост меояд.

Бақайдгирии хоҳишмандон ба таври ихтиёрӣ ва дар асоси дархости хаттӣ ва электронӣ ба роҳ монда шудааст. Тафовути ин механизми муосир аз тартиби анъанавӣ дар он аст, ки: (1) саҳифаи иҷтимоӣ — кумакрасонӣ доимӣ аст; (2) воситаи кумакрасонии фосилавӣ ва сарфаи вақту пул аст (яъне, шахс мехоҳад кумак расонад, аммо имконияти ба манзили эҳтиҷманд ташриф оварданро надорад); (3) андоза ва ё ҳадди кумак маҳдуд нест (нафаре метавонад 100 сомонӣ, нафари дигар-1 сомонӣ кумак расонад); (4) василаҳои кумакрасонӣ фасеҳ аст (хайрхоҳ метавонад тариқи воситаҳои интиқоли электронӣ (ҳамён, корти бонкӣ, тавозуни телефони мобилӣ ва ғайра) ба корти бонкӣ ё ҳамёни электронӣ ва ё телефони мобилии шахси маъюб маблағи кумакро интиқол намояд); (5) саҳифа фарогири шумораи зиёди эҳтиёҷмандон (маъюбон) аст, ки имконияти интихоб дорад; (6) ҳамоҳангсози робитаҳо ва кафили фаъолияти дуруст ва доимии саҳифа — сохторҳои ҳизбӣ (ҳамчун мусоидаткунанда дар ҳалли мушкилоти муайян вобаста ба фаъолияти босамари саҳифа, аз ҷумла баҳамории хайрхоҳ ва эҳтиёҷманд сохторҳои ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо фаъолиятро пеш мебаранд).

Ташаббуси 15 «Ҳунарҳои дастӣ»

Дар самти рушди ҳунармандӣ баҳри дастгирии черадастон саҳифаи фейсбукӣ — https://www.facebook.com/HunarhoiDasti ташкил карда шуд, ки барои ҷой кардан ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти ҳунармандӣ (барои ҳунармандон ба таври ройгон) хизмат мекунад. То имрӯз дар ин саҳифаи фейсбукӣ 379 молу маҳсулот ҷой карда шудааст, ки харидор дар як вақт бо арзиши он, симои зоҳирӣ, таркиби истеҳсолӣ ва макони истеҳсол ва ё шахсияти истеҳсолкунанда – ҳунарманд шинос шуда, метавонад дарҳол тариқи фосилавӣ молу маҳсулоти мақбули худро фармоиш диҳад.

Ташаббуси 16 «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»

Бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола баргузор намудани конференсияи илмии амалӣ ташаббус гардид. Ин конференсияи илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар ш.Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) бо иштирок 50 олимону муҳаққиқон ва 6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ ва шахсоне, ки ба корҳои илмию тадқиқотӣ  машғул мебошанд, аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар (Россия, Украина ва Молдова) дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ»,  «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 80мақолаҳои илмию таҳлилӣ иштирок намуданд [[5], с. 35].

Ташаббуси 17 маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»

Ҳамчун тақвияти фаъолияти конференсияҳои илмӣ Маҷалаи илмию таҳлилӣ ва амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ташаббус карда шуд, ки он ҳар сол иборат аз маводҳои (мақолаҳои илмии) конференсияҳо интишор мегардад. Хурсанидовар он аст, ки ин маҷалла дар китобхонаи электронии сатҳи байналмилалӣ, ки бо унвони «ELIBRARY» ва ё «РИНЦ» дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд. Акнун, маводҳои дар ин китобхонаи маҷозӣ ҷой дода шуда, барои доираи васеи олимон дастрас буда, он ҳамчун асос зимни баррасии корҳои мустақили илмию таҳқиқотии муҳаққиқ ба инобат гирифта мешавад. Яъне, Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» нуфузи байналмилалӣ касб намуд.

Ташаббуси 18 интишори маводҳо

Интишори маводҳо ташаббуси дигарест, ки бо мақсади паҳн намудани иттилооти хабарии ҳизбӣ дар шабакаи Интернет, бахусус сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook ба роҳ монда шудааст. Бо ин восита метавон то андозае фазои маҷозиро бо маълумоти комил ва манфиатбахш пур карда, имконияти паҳн шудани маводҳои муғризона ва фитнаоварро маҳдуд намуд.

Боиси зикр аст, ки яке аз сабабҳои «маъруфият» пайдо кардани маводҳои муғризона дар Интернет, ин набудан ва ё кам будани маводҳои иттилоотии комилу мусбӣ мебошад. Яъне, ин ташаббус саривақтӣ буда, ҳамчун фишанги идеологӣ аз ҷониби кормандони ҳизбӣ, аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, вокунишгарон ва волонтёрони ҳизбӣ ҷиҳати муқовимат бар ниҳодҳои ифротӣ ва экстремистӣ амал менамояд.  Ҳамзамон бо ин восита метавон малака ва сатҳи дониши кормандони ҳизбиро оид ба истифодаи шабакаи Интернет ва технологияҳои муосири иттилоотӣ таҳким мебахшид, ки тақозои ҷомеаи муосир мебошад.

Маводҳои хабарии аз натиҷаи фаъолияти сохторҳои ҳизбии ҳудуди вилоят ҷамъоварӣ шуда, ҳамарӯза аз ҷониби шуъбаҳои тарғиботии кумитаҳои иҷроия (дар муҳлати 1 соат, 15:30-16:30) интишор мегарданд. То имрӯз (аз 27.04.2021) беш аз 32 ҳазор мавод тариқи 1,1 млн пайванд интишор шуда, таваҷҷуҳи беш аз 900 ҳазор нафар ҷалб карда шуд [[6], с. 18].

Ташаббуси 19 вокуниш бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ

Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, экстремизму тундгароӣ, омилҳо ва зуҳуроти номатлуб Гурӯҳи вокунишгарони ҳизбӣ иборат аз 80 нафар кормандон ва фаъолони ҳизбӣ таъсис дода шуда, пайваста дар ин самт фаъолият менамояд. Танҳо дар соли 2021 дар муқовимат бо ниҳодҳои экстремистӣ тариқи шабакаи Интернет 2038 вокуниш нишон дода шуд, аз ҷумла 868 мақолаи таҳлилӣ (вокуниш) ва 1069 шарҳ (коментария) ба маводҳои муғризона интишор гардида, 81 маротиба тариқи тамоси мустақими ауидо ва видеоӣ дар барномаҳои муғризона баромад (иштирок) карда шуд [[7], с. 23].

Ташаббуси 20 хоҷагиҳои ёрирасон

Ташаббуси наве, ки ҳамчун манбаи иловагии иқтисодӣ пеш гирифта шуд, ин ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар ҳолати имрӯза барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар маҷмуъ 40 га замин ҷудо шуда, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва коркарди заминҳо / хоҷагиҳо ҷараён доранд. Айни замон аз хоҷагиҳо ҳосилҳои нахустин бардошта шуданд [[8], с. 11]. Тасмим гирифта шудааст, ки дар оянда дар заминаи ин хоҷагиҳо дар ҳошияи панҷсолаи Рушди саноат коргоҳҳои хурди саноатӣ ташкил карда шаванд.

Ташаббуси 21 Маркази тренингӣ

Ба сифати яке аз роҳҳои заминасоз ҷиҳати бо донишу малакаҳои касбии зарурӣ фаро гирифтани ҳайати кормандони ҳизбӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маркази тренингӣ таъсис дода шуд, ки он бо технологияи муосири иттилоотӣ муҷҷаҳаз буда, фаъолиятро бо реҷаи доимӣ ба роҳ мондааст. Дар соли 2022 ташкили курсҳои омӯзишӣ дар Маркази мазкур аз рӯи 16 барномаи таълимӣ ба нақша гирифта шуд. Давоми семоҳа аз рӯи ду барномаҳои таълимии «Ҳуқуқи амалӣ» ва «Муҳосибот ва баҳисобгирӣ» бо фарогирии гурӯҳҳои алоқаманди кормандони ҳизбӣ курсҳои омӯзишӣ баргузор гариданд [[9], с. 5].

Барномаҳои таълимӣ дар Маркази тренингӣ бо усули интерактивӣ ба роҳ монда шуда, сатҳи дониши шунаванда пеш аз оғози таҳсил ва пас аз анҷоми он ҳатман, яъне ду маротиба санҷиш гузаронида мешавад. Шунавандагоне, ки баҳои паст (сертификати дараҷаи «С»), дар нисолаи дуюм бори дигар аз курси омӯзишӣ мегузаранд. Фаъолияти Марказ дар асоси барномаҳои таълимӣ ва бо ҷалби коршиносони соҳа ва омӯзгорони риштаи ҷомеашиносӣ-идеологӣ бо реҷаи доимӣ ба роҳ монда шудааст.

Ташаббуси 22 волонтёрии ҳизбӣ

Фаъолияти волонтёрии ҳизбӣ дар ҳошияи татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ҷиҳати рушди ҷомеаи шаҳравндӣ ва омодасозии кадрӣ пеш гирифта шуда, айни замон беш аз 500 волонтёр дар ҳудуди вилояти Хатлон ба хизматрасонӣ машғул аст. Дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ саҳми волонтёрон хеле зиёд аст; онҳо пайваста дар корҳои таблиғотию фарҳангӣ фаъол буда, доимо ба сифати хадамоти ёрирасон ҳозир мебошанд. Аз ҷумла, дар бартарафсозии ҳисороти офати табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, А.Ҷомӣ, Вахш, Ш.Шоҳин, Ёвон ва Восеъ бавуқуъомада волонтёрон-аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолона иштирок намуданд, ки боиси қаноъатмандист.

Ташаббуси 23 «Сарбози ихтиёрӣ»

Дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва шуҷоатмандии ҷавонон ва бо дарназардошти таҳлили мушкилоти ин самти фаъолият Барномаи «Сарбози ихтиёрӣ» таҳия гардидааст. Ин механизми муосирро метавон механизми ҷамъиятии сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ном гузошта, онро тавассути ва ё истифода аз иқтидории ташкилӣ, аз ҷумла истифодаи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар маҳаллаву деҳот ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот амалӣ намуд. Ба Барномаи мазкур ба сифати дастурамал барои кормандони ҳизбӣ Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ замима гардидааст, ки аз 12 қадами татбиқ иборат буда, системаи ҷамъиятеро монанд месозад, ки дар он ҳам сохтори ҳизбӣ ва ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ (комиссариати ҳарбӣ) ва ҳамчунин мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ уҳдадориҳои хоси қонуниро соҳиб буда, дилгармӣ ва ҳавасмандии шаҳрвандон ҷиҳати сафарбар кардани фарзандони худ ба хизмати ҳарбӣ зиёд шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ таъмин карда мешавад [[10]].

Тибқи ин Роҳнамо дар даъвати баҳории соли ҷорӣ (2022) кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, бори нахуст, 55 нафар сарбози ихтиёриро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намуданд.

Ташаббуси 24 лоиҳаи Шабакаи хизматрасонии логистикӣ оид ба маҳсулоти кишоварзӣ

Ҳамчун ташаббуси инноватсионӣ дар ҳошияи эълон гардидани 5-солаи Рушди саноат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун хоҷагии ёрирасон таъсиси Шабакаи хизматрасонии логистикӣ оид ба маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли сомона-мағоза тасмим гирифта шудааст. Вазифаи асосии ин Шабака — дастрас ва таъмин намудани марказҳои савдо, тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра бо маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ мебошад. Айни замон Консепсия ва ё лоиҳаи консептуалии Шабакаи мазкур таҳия гардида, бо ҷалби мутахассисони соҳа таҳияи нақшаи тиҷоратии дахлдор ҷараён дорад.

Ташаббуси 25 Амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор ва ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот Нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тибқи ин Нақшаи муштарак баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ташкил намудани вохӯриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман!» ва бо ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ ҳар охири моҳ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамин тариқ, санаҳои 30 апрел ва 28 май дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои «Соати сиёсӣ» ва 28 май — «Мактаби ман!» доир гардида, ҳазорон нафар бо маълумотҳои муфид оид ба вазъи сиёсӣ дар кишвар ва ҷаҳон фаро гирифта шуда, садҳо нафар барои ташкили корҳои ободонию муҷҷаҳазгардони муассисаҳои таълимӣ ҷалб гардиданд [[11]].

Ташаббуси 26 гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии Интернети ройгон

Гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии Интернети ройгон нахустин нуқтае мебошад, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон дар шафати бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон (ш.Бохтар, кӯчаи Айнӣ 47) ташкил ёфтааст. Гулгашт аз Интернети ройгон (дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании «TojNet»), майдони сабсазору гулзор ва 5 адад нишастгоҳи замонавӣ иборат мебошад.

Мақсади ташаббуси мазкур, ин фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён барои дастрасии Интернети ройгон ҷиҳати такмили сатҳи дониш ва иҷрои корҳои маҷозӣ, ҳамчунин ба сокинони шаҳри Бохтар ҷиҳати истироҳати бофароғат ва пурмаҳсул дар муҳити орому осоишта мебошад [[12]].

Ташаббуси 27 Рейтинги ҳизбӣ

Ташаккулёбии Рейтинги ҳизбӣ дар вилояти Хатлон ба дастуру ҳидоятҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асос меёбад, ки баҳри рушди устувори фаъолияти ҳизбӣ, ташаббускорию навоварӣ ва такмили тарзу услуби муосири идоракунӣ тақозо гардидааст.

Рейтинг – намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.

Рейтинги ҳизбӣ дар натиҷаи таҷрибаи он дар фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар муҳлати якуним соли охир самаранокӣ ва аҳмиятнокии худро бараъло нишон дода, боиси сарфарозист, ки он имрӯз аз ҷониби роҳбрияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Маҳз рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ёфта, рушди устувор касб намоянд.

Нишондиҳандаҳои Рейтинги ҳизбӣ дар ду сатҳ ба ҳисоб гирифта мешаванд, 1) электронӣ ва ё маҷозӣ дар сомонаи расмӣ ва 2) анъанавӣ. Нишондиҳандаҳои маҷозӣ аз 7 адад иборат буда, маълумоти дахлдори оморӣ ҳар моҳ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо дар сомонаи расмӣ ворид карда шуда, натиҷаи он бо суроғаи — https://hkhdtkhatlon.tj/view-rating.php интишор мегардад. Нишондиҳандаҳои анъанавӣ бошад, ба теъдодои 4-5 адад, ба мисоли иҷрои буҷет, фаъолияти хоҷагидорӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ё обуна ҳар семоҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Натиҷаҳо, зимни ҳисоботи даврӣ дар шакли брошюра ва дар шакли электронӣ дар сомона интишор мегарданд.  

Мисол, дар соли 2021 тибқи рейтинги ҳизбӣ дар се зинаи ифтихорӣ – ҷойи аввалро ноҳияи Қубодиён (соли гузашта, зинаи 9), ҷойи 2-юмро ноҳияи Фархор (соли гузашта, зинаи 1) ва ҷойи 3-юмро ноҳияи Ҷ.Балхӣ (соли гузашта, зинаи 24) ишғол намуданд. Мувофиқан Ҷоми сайёри ҳизбӣ зери унвони «Ҳамеша ба пеш!», ки дар натиҷаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа дар ихтиёрдории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор қарор дошт, ба тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён мегузарад.  

Бояд иброз намуд, ки Рейтинги ҳизбӣ дар асоси ҳисоботҳои оморию хаттии аз кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ба КИВ пешниҳдгадида, татбиқи нишондиҳандаҳои нақшаи корӣ, гузоришҳои таҳлилии шуъбаҳои алоқаманд ва сарпрастон дар КИВ тартиб дода шуда, он ҳамчун меъёри фаъолнокии ҳизбӣ нисбат ба субъектҳои дахлдор ба роҳ монда мешавад. Албатта, нисбат ба сохторҳои ҳизбие, ки давра ба давра зинаҳои поёниро дар рейтинги ҳизбӣ ишғол менамоянд, чораҳои дахлдор татбиқ карда мешаванд.

Маълумоти бештар оид ба рейтинги ҳизбӣ дар сомонаи расмӣ бо суроғаи — https://hkhdtkhatlon.tj/view-rating.php [[13]]

Ташаббуси 28 лоиҳаи Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»

Таҳқиқу омӯзиши асосҳои илмию назариявӣ ва методологии Мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳамчун пойдевори идеологияи миллӣ, ташаккул ва рушди он ҷиҳати татбиқи сиёсати идеологии ҷомеа, аз ҷумла ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ба сифати ҳизби пешбар), сиёсати иҷтимоӣ, сиёсати ҷавонон, сиёсати кор бо занон ва оила ва дигар бахшҳои идеологӣ, ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир, пешбинии мушкилот ва дурнамои инкишофи сиёсӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ташаккули рукнҳои мактаби сиёсии худ бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ пардохта буд, ки имрӯзҳо он ҳамчун роҳнамо на танҳо барои тоҷикистониён, балки баҳри тоҷикони ҷаҳон хизмат мекунад.

Лоиҳаи мазкур раванди ташаккулёбӣ ва рушди заминаҳои сиёсии Тоҷикистони муосирро аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дарбар гирифта, онро ҳамчун Мактаби сиёсии Пешвои миллат мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, асосҳои институтсионалӣ ва методологии ташаккул, татбиқ ва рушди идеологияи миллиро муайян менамояд.

Ба роҳ мондани фаъолияти омӯзишию амалии Мактаби сиёсии Пешвои миллат ва амалкарди истеҳсолии (таълимию тарбиявии) он, зимнан ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба татбиқи идеологияи миллӣ метавонад ба рушди устувори Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоию ҳуқуқӣ ва ба сифати давлати тавоно мусоидат намояд.

Илова бар ин, ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир, пешбинии мушкилот ва дурнамои рушди сиёсӣ амнияти идеологӣ ва арзишҳои миллиро дар кишвар ва хориҷи он таъмин менамояд.

Ҳамин тариқ, ташкили Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ва таъмини фаъолияти устувори он ҳамчун маҳзани ташаккулдиҳӣ, эҳёсозӣ ва ё рушдёбии идеологияи миллӣ бо фарогирии арзишҳои тамаддунӣ ва муқаддасоти меросии халқу миллати тоҷик пеш меояд.

Хулоса, ташаббусу навовариҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои маҳалли онро метавон ҳамчун намуна ва ё механизми муосири рушди институтсионалӣ дар сиёсати идоракунӣ мавриди таҳкими фаъолияти ниҳодҳои идеологӣ татбиқ намуд.

Дар шароити имрӯзаи идоракунӣ мебояд ҳар як ниҳоди сиёсӣ ва идеологӣ дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати молӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор бошад ва баҳри ташаккул ва рушди ғояҳои созанда ва бунёдкорию ободонӣ талош варзад.

АДАБИЁТ

  1. Политика_(управление) // Википедия -https://ru.wikipedia.org/wiki/Политика_(управление)
  2. Аҳдофи Рушди Устувор // Википедия -https://tg.wikipedia.org/wiki/Аҳдофи_Рушди_Устувор
  3. Устойчивое развитие // Википедия — https://ru.wikipedia.org/wiki/Устойчивое развитие
  4. Дастурамал оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2022 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда.- ш.Бохтар, 2022 – 58 с.
  5. Ташаббусҳо, навовариҳо: 2018-2021, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон. — ш.Бохтар, 2022 – 52 с.
  6. Рейтинги ҳизбӣ // сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон — https://hkhdtkhatlon.tj/view-rating.php
  7. Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ (озмоишӣ, лоиҳа) // сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон — https://hkhdtkhatlon.tj/kitob-details.php?book=43 
  8. Соати сиёсӣ // сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон — https://hkhdtkhatlon.tj/view-news.php?view=4012 
  9. Гулгашти ҳизбӣ бо Интернети ройгон // сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон — https://hkhdtkhatlon.tj/view-news.php?view=4011

МИРАЛИЁН Қ.А. – доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: