(маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ №2020-1)
Асоси илмию назариявӣ ва методӣ касб намудани фаъолият ва ё дилхоҳ соҳа ҳамчун маданияти ташкилии идоракунӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар радифи таъмини сифат ва самаранокии ҳадафу вазифаҳо ба роҳ монда мешавад.
«… баланд, бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарафаи натиҷаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд» иброз менамоянд Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш (14.10.2019). Дар воқеъ дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия бо илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд. Илм поягузори рушди устувор, самарнокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои он тақозо мегардад. Зеро маҳз ҳадафҳои созандаи ҳизб бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳад, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф гардонад, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намояд, вазъи иҷтимою иқтисодии халқро беҳ гардонад.
Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидорӣ илмии идоракунии мамлакат мусоидат намоянд. Тарбияи кадрӣ дар ҳошияи мактаби сиёсии Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.
Маводи мазкур нахустин маҷмӯаи мақолаҳои илмию таҳлилӣ вобаста ба татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, итминон дорем, ки силсилаи он ташкил ва давом ёфта, дар рушди илми мамлакат ва самаранокии фаъолияти соҳаҳои дахлдор саҳмгузор мегардад.
