5 СОЛИ ВАКИЛӢ

Аксари аҳли ҷомеа савол мегузоранд: машғулияти вакил аз чӣ иборат аст?

_MG_0171

Дар ин рӯнамо, мухтасар, посух ба ҳамин савол – маълумот аз натиҷаи фаъолияти яке аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 5 — ум, солҳои 2015-2020) оварда мешавад.

Зимнан, ба ин савол, дар мисоли фаъолияти судя ва вакил, як ҷавоб додан мумкин аст: агар додгоҳ (суд) ба ҳал намудани тақдири инсон масъулият дошта бошад, пас, вакил роҳи ҳалли тақдири инсонро муайян месозад. Яъне, ҳамон қонуне, ки дар асоси он додгоҳ қарор мебарорад, аз ҷониби вакил таҳия (ва қабул) карда мешавад.

Аз ин рӯ, дар роҳи таъмини адолат ва пешрафту ояндасозӣ-тақдирсозӣ мебояд (дар интихобот ва ҳамкорӣ бо қонунгузор) фаъол буд, то инки заминаҳои қабули қарорҳоро оид ба ҳалли тақдирҳо дуруст муайян намуд.


САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ

Самтҳои асосии фаъолияти вакил тибқи Конститутсия ва қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд, аз:

  1. Қонунгузорӣ;
  2. Намояндагӣ;
  3. Фаъолияти байнипарламентӣ.

Илова бар ин, вакил дар ҷараёни татбиқи уҳдадориҳо, ҳамзамон, ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳамин тариқ, дар поён маълумот оид ба дастовардҳои вакил аз рӯи самт ва давраи (соли) фаъолият (2015-2020) мухтассар нишон дода мешавад. First Parliament meeting1


ҚОНУНГУЗОРӢ: 2015-2016

Ташаббус: таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» (қабул шуд аз 25.12.2015, №1268)

Аҳамиятнокӣ: Қонун имкон медиҳад, ки фаъолияти волонтёрии шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамоҳанг гардида, ба волонтёр ҳамчун шахси фаъоли ҷамъиятӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шавад; зимнан, чанде механизмҳои ҳавасмандгардонии шаҳрвандон ҷиҳати машғул гардидан ба фаъолияти волонтёрӣ ва саҳмгузории онҳо дар беҳгардонии вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба амал бароварда шуданд.

e4b81ccf5b9c8571dc23e555b6310efe


ҚОНУНГУЗОРӢ: 2016-2017

Ташаббус: таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» (қабул шуд аз 24.02.2017, №1394)

Аҳамиятнокӣ: Қонун ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салоҳияти касбӣ, таҳкими нерӯи эҷодӣ ва қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат мусоидат менамояд.

sam_2304

Ташаббус: таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қабул шуд аз 24.02.2017, №1395)

Аҳамиятнокӣ: Қонун бо мақсади рушди муносибатҳои оилавӣ, додани имконияти бештари бархурдории шахсони никоҳшаванда аз ҳуқуқҳои молумулкӣ, меросӣ ва ҳуқуқҳои дигари ба институти оила алоқаманд роҳандозӣ гардид.

BusyBeesBenefits.com Family

Ташаббус: таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» (қабул шуд аз 18.07.2017, №1450 )

Аҳамиятнокӣ: дар доираи Қонун беш аз 30 навовариҳо ва механизмҳои рушди иқтисодиёт муқаррар гардидаанд, аз ҷумла: ташаккулёбии низоми сайёҳии дохилӣ; рушдёбии маданияти сайёҳии шаҳрвандон; ташкилёбии инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ; фароҳам гардидани шароитҳои муосид барои иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва ғайра, ки ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар дар шароити ҷомеаи муосир, ташкили ҷойҳои нави корӣ, манбаъҳои нави андозбандӣ ва боло рафтани рейтинги сайёҳии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

%d1%87%d0%b0%d1%80%d0%be-%d1%82%d1%83%d1%80%d0%b8%d0%b7%d0%bc

Ташаббус: таҳияи лоиҳаи Консепсия «Дар бораи таҳияи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба танзим ва рушди фаъолияти парламенти ҷавонон дар давлатҳои иштирокчии ИДМ» (қабул шуд дар сатҳи Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ аз 27.03.2017, №7)

Аҳамиятнокӣ: Консепсия ҳамчун тартиби таҳияи санади байналмилалӣ ба асоснокӣ ва таҳияи Тавсияҳо оид ба танзим ва рушди фаъолияти парламенти ҷавонон дар давлатҳои иштирокчии ИДМ мусоидат менамояд (намуд).


ҚОНУНГУЗОРӢ: 2017-2018

Ташаббус: таҳияи лоиҳаи бастаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1) «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»; (2) «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»; (3) «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»; (4) «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»; (5) «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»; (6) «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарорҳои Шӯрои МНМО ҶТ аз 4.06.2018, №1770-1775)

Аҳамиятнокӣ: фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқию амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ташаккули инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ дар мамлакат, бартараф кардани ихтилофоти байни санадҳои қонунгузорӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»

cropped-1.jpg


ҚОНУНГУЗОРӢ: 2018-2019

Ташаббус: таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (қабул шуд аз 02.01.2019)

Аҳамиятнокӣ: Қонун ба танзими муносибатҳои оиладорӣ, тарзу усулҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ақди никоҳ, устувор гардонидани заминаҳои ҳуқуқии оиладорӣ ва ғайра мусоидат менамояд.

Дастгирӣ/мусоидат: таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав), ҳамчунин дар ҳамин давра таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав (ҳамчун мусоидат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ).

Аҳамиятнокӣ: қонунҳои мазкур ба танзими муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва сайёҳӣ, дастгирии ҷавонон, сайёҳон инчунин ташкили механизмҳои нави ташкил ва рушди фаъолият дар ин соҳаҳо дар шароити ҷомеаи муосир мусоидат менамоянд.

Ташаббуси байналмилалӣ:

таҳияи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои иштирокчии ИДМ (бо қарори ҷаласаи васеи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ аз 19.04.2019 қабул шуд)

Аҳамиятнокӣ: Тавсияҳо / Қонуни моделӣ ҳамчун ташаббуси Тоҷикистон минбаъд аз ҷониби ҳамаи давлатҳои иштирокчии ИДМ ва дигар кишварҳои ҷаҳон метавонад ба сифати санади байналмилалии заминавӣ зимни таъсиси парламент(ҳо)и ҷавонон — мактаби омодасозии вакилони (кадрҳои) ҷавон ва ё сарварҷавонон истифода гардад.

Ташаббус: таҳияи Тафсири илмию оммавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»

Аҳамиятнокӣ: Тафсир ба татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқии танзими фаъолияти сайёҳии дохилӣ, низоми сайёҳии дохилӣ, шаклҳо, принсипҳо, кафолатҳо, бехатарӣ ва ҳавасмандгардонии ташкили сайёҳии дохилӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвнадон ва субъектҳои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди устувори фаъолияти сайёҳӣ мусоидат менамояд.

IMG_6081poxod_vs

ХУЛОСА АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Дар умум, дар самти фаъолияти қонунгузорӣ аз ҷониби вакил 16 лоиҳаҳо / қонунҳо таҳия ва бо тартиби муқарраргардида, аксари онҳо қабул гардида, баҳри беҳ гардонидани шароити зисту зиндагонии ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон, пешрафти мамлакат ва мавқеишғолкунии он дар муносибатҳои байналмилалӣ татбиқ шуда истодаанд.

Қисме аз ташаббусҳо ҳамчун роҳнамо ва механизми нав барои ба бор оврадани навгониҳо, бахусус дар соҳаҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва сайёҳӣ хизмат менамоянд.

Эъзоҳ: қонун намуди санаде мебошад, ки таҳияи он дар танҳоӣ ё мустақилона ғайриимкон аст, чун рисолати он тақдирсозӣ — роҳнамоӣ аст, саҳми таҷрибадорони гуногунсоҳаро тақозо мекунад; зимнан, лоиҳаҳои овардашуда ҳамчун ҳаммуалифӣ (бо чанде аз вакилони дигар) таҳия шудаанд.

First Parliament meeting


ФАЪОЛИЯТИ НАМОЯНДАГӢ

Дар самти намояндагӣ қабули дархостҳои хаттию шифоҳӣ ва қабули шаҳрвандон мунтазам ба роҳ монда шуда, дар доираи ваколатҳо гурӯҳи мушкилоти пешниҳодшуда баррасӣ ва ҳал карда шуданд.

Ҳамчунин, бо мақсади тарбияи ҳуқуқию маънавӣ, тарғибу ташвиқ ва роҳнамоии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба таъмини волоияти қонун, муқовимат ба таҳдидҳои берунӣ ва бегона ва мутобиқ шудан ба талаботи ҷомеаи муосир мунтазам, бо мизони дар як ҳафта як барнома, дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баромаду суҳбатҳо доир карда шуданд.

Семинарҳо-таълими калонсолон2015-09-09 Дидорбинӣ, Панҷ

Ҳар сол 2-3 маротиба бо интихобкунандагон дар маҳалҳо дар доираи паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва масъалаҳои рӯзмара вохӯриҳо доир карда шуда, дар натиҷа маҷмӯи дархосту нигарониҳо барои амалисозӣ / бартарафсозӣ ба мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ равона гардидаанд. Дар ҳамин замина гурӯҳе аз мушкилот, ки хусусият мубрам доштанд, бо назорати бевоситаи вакил ҳал карда шудаанд.

Вобаста ба татбиқи босамари буҷети давлатӣ ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, сайёҳӣ муҳокимаҳои парламентӣ доир карда шуда, дар натиҷа тавсияҳо оид ба ҳалли мушкилоти ошкоргардида таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда шуданд.

6


ФАЪОЛИЯТИ БАЙНИПАРЛАМЕНТӢ  

Бо тартиби муқарраргардида, дар ин самти фаъолият, дар якчанд ниҳодҳо, аз ҷумла Комиссияи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш, Ассамблеяи Байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ, гурӯҳи дӯстии парламентии Кореяи ҷанубӣ ва Афғонистон узвият дошта, кор бо ин ниҳодҳо бо реҷаи мунтазамӣ ба роҳ монда шуд.

Бо дарназардошти фаъолнокӣ ва бар асоси тартиби умумиқабулшуда барои давраи солҳои 2019-2020 ҳамоҳангсози Ассамблеяи Байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ интихоб гардида, то ин муҳлат ду ҷаласаҳои ин ташкилот, бо қабули 30 қарорҳо дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон дар фазои ИДМ баргузор карда шуданд.

2619243149101150341_2eddd2b9a1_k

Иштирок, муаррифии Тоҷикистон ва баррасии масъалаҳо дар соҳаҳои сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ:

  • дар шаҳри Санкт-Петербург, соле 1-2 маротиба зимни ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ;
  • дар шаҳри Банкоки Ҷумҳурии Тайланд зимни Форуми байналмилалии рушди сиёсати миллӣ дар самти таҳсилоти ҷавонон ва калонсолон дар доираи ҳадафи 4-уми «Стратегияи рушди устувор», 24 — 25 ноябри соли 2016;
  • дар штатҳои Вашингтон ва Вермонти ИМА зимни табодули таҷриба оид ба қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти қонунгузор / намояндагӣ, аз 5 то 17 феврали соли 2017

8430966804_efb67827e5_b30653222_1828735263843628_7768493281704411136_n

Иштирок, муаррифии Тоҷикистон ва баррасии масъалаҳо дар соҳаҳои сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ:

  • дар шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон зимни Конференсияи байналмилалии таҳсилоти калонсолон ва ҷавонон, 9­-13 октябри соли 2017;
  • дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон зимни Форуми байналмилалии «Сармоягузорӣ ба ҷавонон», 18-20 октябри соли 2018;
  • дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Россия зимни ҷаласаи якҷояи Ассамблеяи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ, 30-31 майи соли 2019

IMG_5171Delfiyskie-igry-_8_


ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ЭҶОДӢ

Дастовардҳои илмию эҷодӣ дар сомонаи вакил (муаллиф) – www.miraliev.com муфассал оварда шудаанд. Дар ин ҷо баъзе аз онҳо пешниҳод мегарданд:

  • Таҳия ва аз нашр баровардани монографияи «Ташаккулёбии сиёсати ҷавонон ва ҷанбаҳои идеологии он» (бо забони русӣ) (2015);
  • Таҳия ва аз нашр баровардани китоби таълимии «Идеологияи миллӣ ва ҷавонон» (2016);
  • Таҳия ва аз нашр баровардани китоби таълимии «Сотсиологияи идоракунӣ» (2017).
  • Ҳимояи диссертатсияи докторӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳо ва технологияҳои рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон» (2018);
  • Таҳия ва аз нашр баровардани китоби «Пешвои миллат бо ҷавонон» (бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ) (2018);
  • Таҳия ва аз нашр баровардани монографияи «Сиёсати ҷавонон (дар мисоли Тоҷикистон)» (бо забони русӣ), нашри дуюм (2019).

ТАШАККУР БА ТАВАҶҶӮҲАТОН!


Рисолати вакили мардумӣ, ин муайянсозии тақдири (роҳи) ояндаи инсон мебошад!

49101584357_70da3c68a3_k

Оставьте комментарий