ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ 25 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Формирование государственной молодежной политики за 25 лет государственной независимости // Вестник «Таджикистан и современный мир». – Душанбе, № (53) 2016. — 2016. — С. 81-94

 

ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ 25 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
 
Дар мақола ҷараёни ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дар шароити демократикунонии ҷомеа баррасӣ мегардад. Ҳамзамон дастовардҳои соҳаи мазкур, ки бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои пайваста ва бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидаанд, оварда мешаванд.
Калимаҳои асосӣ: ҷавонон, насли ҷавон, сиёсати давлатии ҷавонон, низоми идоракунӣ, дастовардҳо, пешрафт, афзоиш, рушд.

 

ФОРМИРОВАНИЕ ГОСУДАРСТВЕННОЙ МОЛОДЕЖНОЙ ПОЛИТИКИ В ПЕРИОД 25 ЛЕТИЯ ГОСУДАРСТВЕННОЙ НЕЗАВИСИМОСТИ
 
В статье рассматривается процесс формирования государственной молодежной политики в годы Государственной независимости и в условяих демократизации общества. Наряду с этим, приводятся достижения данной сферы, достигнутые с непосредственной поддержке и наставлений Лидера нации, Президента Респубилики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона.  
Ключевые слова: молодежь, молодое поколение, государсвенная молодежная политика, система управления, достижения, процветание, развитие, рост.
 

 

FORMATION STATE POLICY FOR YOUTH IN THE 25 YEARS OF THE STATE INDEPENDENCE
In the article is considerate the process of formation of State policy for youth in a State independence years and in condition of the democratization of society. Contemporary there are pointed the achievements of this sphere which were achieved under the direct supporting and instructions of the Leader of nation, President of the Republic of Tajikistan, respect Emomali Rahmon.
Keywords: youth, young generation, state policy for youth, management system, achievements, development, increases.
1. Пешвои миллат заминагузори сиёсати давлатии ҷавонон [1992-1995]
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлати тозабунёд ва дар баробари ин ба таҳдиди нобудшавӣ дучоргардида бисёр мушкил буд, ки самтҳои асосии фаъолияти худро муайян созад. Дар даврони 70 соли ҳукмронии собиқ давлати Шӯравӣ яке аз соҳаҳои фаъоли ташкилии ҷамъиятӣ ва ё мактаби омодасозии кадрҳои аз лиҳози иҷтимоӣ ва сиёсӣ обутобёфта ин соҳаи кор бо ҷавонон бо унвони «Комсомол» ба ҳисоб мерафт. Комсомол (Коммунистический Союз Молодежи) ягона низоме буд, ки ҳамчун ниҳоди фаъоли Ҳизби ягонаи ҳукмрони Коммунистӣ ба омодасозӣ ва таъмини кадрҳои болаёқат ва «ватандӯст» барои давлати Шӯравӣ хизмат мекард [3, с. 14].
Дар ҳамин асно бо пош хӯрдани давлати Шӯравӣ Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви ИҶШС-ро зарур буд, ки – аз як тараф, ин низоми муҳими иҷтимоиро аз даст надиҳанд, зеро он натиҷа ва дастовардҳои хуб ба бор оварда, мактаберо ташкил медод, ки ба тавлиди захираҳои комили инсонӣ машѓул буд. Аз тарафи дигар тамоми кишварҳои узви собиқ давлати Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сохти нави давлатӣ – идоракунии демократиро интихоб намуда буданд, ки ин қарор ба идома додани фаъолияти комсомол бо назардошти принсипҳои идоракунии мутлақ (коммунистӣ) мухолиф буд. Яъне наметавонист, ки комсомол дигар ҳадафҳои воқеии худро татбиқ созад, зеро низоми ҳукмронии яккаҳизбӣ — Ҳизби коммунистӣ барҳам хурда буд.
Ҳамин тариқ, дар сатҳи тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ хулоса карда шуд, ки бо назардошти таҷрибаи мамолики пешрафтаи демократӣ идеяи/мактаби комсомол дар шакли нави хусусияти давлатидошта – сиёсати давлатии ҷавонон, ки ба сохти идоракунии демократӣ хос мебошад, ташаккул дода шавад. Ин қарор дар он шароит рӯи кор омад, ки дигар низоми ташкилию амалӣ, аз ҷумла идории соҳаи кор бо ҷавонон ба таври мутташаккил вуҷуд надошт, он ё дар шакли худмаблаѓгузор ва ё дар шакли давлатӣ бояд амал мекард, мувофиқан барои кишварҳои пасошӯравӣ ягона манбаи муътамад ин ҳамгироии соҳаи кор бо ҷавонон бо ҳокимияти давлатӣ буд.
Бо ҳамин, қадами аввалин дар ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон чун амали маъмулӣ ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад, ки он ҳамагӣ дар ҳафтумин моҳи амали истиқлолияти давлатӣ бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 марти соли 1992 тасдиқ мегардад [5, с. 5].
Барои ташаккули низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон дар шароити гузариш ва дар доираи механизми нави ташкилию амалӣ – сиёсати давлатии ҷавонон зарур буд, ки мақомоти ваколатдори давлатии соҳа ташкил ёбад. Нахуст бо Фармони Президенти РСС Тоҷикистон аз 9 феврали соли 1991, №ФП-27 дар мамлакат Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис меёбад.
Дар шароити дигаргуниҳои сохтори давлатӣ, аз ҷумла ташаккул ёфтани сохти конститутсионӣ 9 июни соли 1993 мақоми ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон дар назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли Кумитаи корҳои ҷавонон ташкил меёбад. Ин ниҳод низ як муҳлати муайян фаъолият намуда, бинобар зуд зуд таѓйир ёфтани низоми идоракунӣ рисолати пурраи худро иҷро карда наметавонад.      
Таваҷҷуҳ ва ѓамхории падаронаи Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтиҳо ва нокомиҳои пай дар пай пешомада Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медод.
Зимнан бо мақсади ҷалби насли ҷавон ба фаъолнокии сиёсӣ ва беҳтар гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар 17 марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини расмии Сарвари мамлакат (он вақт Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор мегардад [1, с. 26]. Ин ҳамоиш дар шароите баргузор мегардад, ки сохторҳои идоракунии давлатӣ ташаккул меёфт ва мамлакат дар оѓуши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, яъне кулли ҷомеа, бахусус ҷавонон дар фикри зинда мондан буданд. Вале новобаста аз ин, бо умеди роҳнамоии ҷавонон ба фардои нек ва равонасозии онҳо ба бунёди давлати аҷдодӣ, дастёбӣ ба мустақилияти комил, ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ Пешвои миллат бо ҷавонон мулоқот мекунад [1, с. 62].
Дар натиҷаи мулоқот таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҷавонон хеле зиёд гардид, мувофиқан ҳавасмандии ҷавонон барои бунёди давлати навин баланд гашта, ҳаракатҳои нахустини ҷамъиятии ҷавонон, маҳфилҳо ва гуруҳҳои худфаъол ташаккул ёфтанд.
2. Ташаккулёбии низоми идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон [1996-2000]
Ин давраи ташаккулёбии муносибатҳо барои ҷавонон давраи қадамҳои устувор дар роҳи бунёди таҳкурсии асосии сиёсати давлатии ҷавонон – низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки пешгузорандаи он маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Ин марҳалаи ташаккулёбӣ аз мулоқоти дуюми расмии Сарвари кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат 23 майи соли 1997 ибтидо мегирад. Хусусияти хоси ин ҳамоиш барои ҷавонон ва Пешвои миллат ба натиҷагирӣ аз мулоқоти нахустин, оѓози муносибатҳои нави созандагӣ бидуни таҳдиду нооромиҳои ҷанги шаҳрвандӣ асос меёбад, ки дар робита ба ин Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: «Он вақт (зимни мулоқоти нахустин) мо бештар дар бораи он фикр мекардем, ки чи тавр оташи ҷанги миллаткуширо хомӯш намуда, дар мамлакат фазои эътимоду якдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварда, барои оштии миллӣ заминаи устувор гузорем. Хушбахтона, имрӯз раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расид» [5, с. 78]. Дар ин солҳо хатари аз байни рафтани миллат ва халқи тоҷик дур шуда, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо назардошти бадастории ризоият ва ҳамдигарфаҳмии тарафҳо ба анҷом расида буд. Бинобар ин, мулоқоти мазкур мантиқан ба оѓози саҳифаҳои нави таърихии давлатдории тоҷикон – ташаккулёбии истиқлолияти комили давлатӣ рост меомад.
Дар мулоқот масъалаҳои гуногунӣ ҳаётӣ, аз қабили таъминоти кадрӣ аз ҳисоби ҷавонон (ба ҷавонон бовар кардани вазифаҳои масъул), бекорӣ, саркашӣ аз хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, камфаъолии ҷавонон нисбат ба илм ва ѓайра баррасӣ гардиданд.
Дар ҳамбастагӣ ба муҳтавои мулоқоти мазкур ва талаботи марҳалаи гузариш аз як сохт ба дигар сохти давлатию ҷамъиятӣ-демократӣ Пешвои миллат ба ҷавонон чанде дастуру ҳидоятҳо доданд ва нисбат ба ҷавонон анҷом додани тадбирҳои муайянро аз ҷомеа, сохторҳои идорӣ ва мактабу оила талаб намуданд [5, с.112]:
Ин ҳамоиш барои насли ҷавон срнавишти таърихиро низ дорад. Дар ҳошияи ин мулоқот таъсис ёфтани мақомоти идоракунии байни ҷавононро Сарвари кишвар ба ҷавонон чунин муждагонӣ дод: «Бо назардошти талаботи замон ва амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ман имрӯз фармонро дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонон имзо кардам. Умедворем, ки ин сохтори давлатӣ аз ӯҳдаи идора кардани фаъолияти ҷавонон мебарояд».
Бо ҳамин – кӯшиши сеюм – мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таъсис ёфт ва маҳз дастуру ҳидоят ва пешбарии Пешвои миллат буданд, ки ин кӯшиш хусусияти устуворӣ касб намуд ва дар ҳаёти ҷавонони мамлакат саҳифаи нави таърихӣ боз гардид, насли ҷавон дар симои Сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони воқеӣ ва парастори бевоситаи худро дарёфтанд.          
Дар ҳамин давраи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мулоқоти сеюми расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат – ин навбат бо ҷавонони лаёқатманд доир мегардад (16 майи соли 1998). Дар ин мулоқот асосан масъалаҳои марбут ба илму маърифат, дастгирии соҳибистеъдодони ҷавон, нақши фарди ҷавони бомаърифат дар бунёд ва таҳкими давлат, дастовардҳои таърихии фарзандони тоҷик, истиқлолияти давлатӣ, мероси фарҳангию таърихӣ, забони давлатӣ, муттаҳидӣ, ваҳдат ва ѓайра баррасӣ гардиданд [5, с. 114].
Дар фуроварди ҳамоиш Сарвари кишвар доир ба масъалаҳои таҳияи консепсия оид ба сиёсати ҷавонон, Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон, эълон намудани 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳо дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ ва ѓайра дастурҳо доданд.
Дар шароити бо тадриҷ дигаргуншавии муносибатҳои идоракунӣ дар Тоҷикистон зарур буд, ки қишри серҳаракат ва ояндасози он – ҷавонон зери назари бевоситаи Ҳукумат қарор гирад. Дар ҳамин асно бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997, №727 «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон», зимнан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, №240 «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таъсис меёбад. Ин кӯшиши сеюми ташкили мақоми давлатии кор бо ҷавонон буд ва ин дафъа он ба маром арзёбӣ мегардад, зеро то имрӯз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мақоми ваколатдори давлатӣ амал карда истодааст [1, с. 42].
Барои дар амал ва босифат татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон сохтори идоракунии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар шакли амудӣ / вертикалӣ (аз боло ба поён) муайян гардид. Бо ҳамин дар асоси Низомномаи (собиқ) Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе Идораи кор бо ҷавонон ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо Шуъбаи кор бо ҷавонон таъсис дода шуданд [3, с.44 ].
3. Барномасозии муносибатҳо – маҷмӯи хизматрасониҳои самтноки иҷтимоӣ барои ҷавонон [2001-2005]
Соҳаи кор бо ҷавонон яке аз соҳаҳое мебошад, ки фаъолиятро аз банизомдарорӣ ва барномасозии муносибатҳо шуруъ намудааст. Таҳлил, дарёфти мушкилот ва бо ин васила таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ имкон доданд, ки соҳаи кор бо ҷавонон ба зудӣ мавқеи худро дар ҷараёнҳои идоракунии мамлакат касб намояд.
Яке аз барномаҳои соҳа Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», — ки механизми амалии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад, дар ин давраи фаъолият барои солҳои 2001-2003 қабул мегардад. Маблаѓгузории Барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ташкил ёфта, он 220 ҳазор сомониро ташкил медод [3, с. 58].
Дар ин давраи фаъолият Барнома дар марҳалаи сеюм низ – барои солҳои 2004-2006 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.07.2003, №294) қабул мегардад. Мутаносибан вазифаҳои Барномаи марҳалаи сеюм аз марҳалаҳои гузашта фарқияти кулӣ надорад, баръакс онҳо дар шароити ташкилёбии низоми идоракунӣ дар сатҳи сифатан нав пеш гузошта шудаанд. Дар марҳала барои татбиқи Барнома 805 ҳазор сомонӣ, яъне се баробар зиёд аз давраи гузашта ҷудо карда мешавад. Дар ин ҷо набояд фаромӯш кард, ки маблаѓгузории умумии Барнома бо назардошти тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳудудан ду маротиба зиёд — 2,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, яъне дар байни 4-5 сол маблаѓгузории соҳаи кор бо ҷавонон аз ҳисоби барномаҳои давлатӣ аз ҳазорҳо ба миллионҳо сомонӣ расонида мешавад.
Барои ҳар як соҳа асоси фаъолияти ташкилии ҳуқуқиро қонунгузорӣ фароҳам меорад. Барои соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон асоси ҳуқуқии фаъолият ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки соли 1992 дар шароити мураккаби идоракунӣ ва ноороми ҷомеа қабул гардида буд, ташкил медод. Маълум аст, ки дар чунин вазъияти номусоид таҳияи санади муносиб, ҳаматарафа таҳлилгардида ва фарогири маҷмӯи мушкилоти ҳаётӣ имконнопазир буд. Мувофиқан бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз натиҷаи мулоқотҳои расмии қаблӣ бо ҷавонон), талаботи ҷомеаи муосир, ташаккул ёфтани низоми идоракунии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, таѓйир ёфтани хусусиятҳои мушкилоти ҷавонон, ташкил ёфтани муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти татбиқи ин соҳаи муҳими ҳаётӣ соли 2004 аз ҳисоби мутахассисони соҳавӣ гуруҳи корӣ ташкил дода шуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав таҳия ва аз 9.06.2004, №1142 тибқи тартиби муқарраргардида қабул мегардад.
Фарқият ва ё таѓйироти куллӣ дар таҳрири нави Қонун ба он асос меёбад, ки акнун объекти қонунгузорӣ на танҳо сиёсати давлатии ҷавонон, балки ҷавонон низ ба ҳисоб гирифта мешавад. Яъне, минбаъд тамоми масъалаҳо бо назардошти ду ҷанбаҳои соҳаи кор бо ҷавонон – субъективӣ ва объективӣ зимни баррасӣ қарор дода мешаванд.
Аз ин баъд, суръат ва самти муносибатҳо дар соҳаи амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дигар шуда, равиши нав касб менамояд, санадҳои зерқонуни ба талаботи таҳрири нави Қонун мутобиқ гардонида шуда, низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон такмил дода мешавад ва барои ҷавонон бо иштироки бевоситаҳои онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон барномаҳо ва лоиҳаҳои муносиб таҳия ва амалӣ карда мешаванд.
21 майи соли 2005 дар фазои сулҳу субот, бо назардошти дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди рукнҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва бо мақсади баррасии ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, вазъи ҳаёт ва мушкилоти фарогирифтаи ҷавонон ва бо ин васила муқаррар намудани вазифаҳо барои солҳои оянда мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Дар мулоқот масъалаҳои гуногуни фарогирандаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷавонон баррасӣ гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дастуру супоришҳо дода мешаванд.
Дар натиҷа аз мулоқот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2005, №184 Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои додашуда ба тасвиб мерасад. Нақша иборат аз 54 дастуру супоришҳо бо нишондоди мӯҳлатҳои муайян тартиб дода шуда буд, ки аксари онҳо татбиқи худро меёабнд, аз ҷумла [1, с. 76]:
  • Теъдоди грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон аз 5 ба 6 адад ва маблаѓи он аз 5000 то ба 10000 сомонӣ зиёд карда мешавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.05.2005, №167);
  • Теъдоди стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо аз 100 ба 300 адад расонида шуд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08.2005, №283);
  • дар кишвар ду шабакаҳои телевизионӣ «Сафина» дар самти рушди фарҳанг ва имконияти ҷавонон ва «Баҳористон» барои кӯдакону наврасон дар ҷоддаи рушди имкониятҳои зеҳнию маънавӣ таъсис дода мешавад;
  • Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2005, №1625 андозаи амалкунандаи стипендияҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 100% зиёд карда мешавад.
4. Ислоҳоти идоракунии соҳа – ҳамгироии низомҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ [2006-2010]
Соли 2006 дар ҳошияи ислоҳоти идоракунии давлатӣ барои соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷавонон рӯйдоди таърихӣ рух медиҳад – ба сохтори кор бо ҷавонон сохторҳои варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ зам мегардад. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.06.2006 ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.06.2006, №253 ва аз 28.12.2006, №609 кумитаҳои кор бо ҷавонон ва тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода мешаванд [3, с. 26].
Боиси зикр аст, ки дар ин ислоҳот бартарият ба соҳаи кор бо ҷавонон ҳамчун низоми сиёсӣ ва пуриқтидор дода шуда, дигар соҳаҳо ба он зам карда мешаванд. Қарори мазкур бори дигар собит месозад, ки мақоми олии мамлакат – Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон таваҷҷуҳи беандоза дошта, ин соҳаро ҳамчун пешбаранда ва ояндадор эътироф менамоянд.
Ин таѓйирдиҳӣ имкон медиҳад, ки ваколатҳои соҳаи кор бо ҷавонон бо фарогирии имкониятҳои нав ва иловагии хусусияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта – татбиқи сисёсати давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷавонон ва сайёҳӣ, аз ҷумла ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон, муаррифӣ намудани мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, талқин намудани ҷавонон ба баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, шиносоӣ бо таърих, фарҳанг, тамаддун, арзишҳои миллӣ ва урфу одатҳои халқӣ васеъ гардад.
Дар ин давраи фаъолият ҳамчун механизми амалӣ баҳри татбиқи босамари афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон муносибатҳо дар самти барномасозии соҳа такмил меёбанд. Ҳамзамон, зимни мулоқот бо намояндагони ҷавон 23 майи соли 2005 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд, ки татбиқи онҳо таҳия ва қабули якчанд барномаҳои давлатиро тақозо мекард.
Чун анъана дар панҷсолаи мазкур бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.11.2006, №485 ва аз 2.07.2009, №372 Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» мутаносибан барои солҳои 2007-2009 ва солҳои 2010-2012 қабул мегардад. Маблаѓи Барнома дар сесолаи навбатӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 2,2 млн. сомонӣ ва аз манбаҳои ѓайрибуҷетӣ 3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, барзиёд – дар ҳаҷми 8 млн. сомонӣ – амалӣ гардонида мешавад [4].
Маҳз ҷавонон эҳсоси ватандӯстиашон баланд метавонанд пешбаранда ва ҳимоятгари асили кшвар бошанд ва ба рушду нумӯи он мусоидат намоянд. Бо ҳамин мақсад ва таҳкими василаҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, №421 Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 қабул мегардад.
Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ҳамеша дар таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, ки дар яке аз мулоқотҳои расмӣ бо намояндагони ҷавон чунин изҳор мекунад: «Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст». Бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати беҳбуди вазъи саломатии наврасон ва ҷавонон тавассути паст намудани таъсири рафторҳои хавфнок ва одатҳои номатлуб, аз қабили муносибатҳои тасодуфии шаҳвонӣ, нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда ва ВНМО/БПНМ дар шароити Тоҷикистон бори нахуст Барномаи давлатии рушди саломатии ҷавонон барои солҳои 2006-2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, №107 қабул мегардад [1, с.161].
5. Қадамҳои нахустини устуворгардӣ ва рушдёбии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон [2011-2016]
Ин давраи фаъолиятро – панҷумин марҳалаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар воқеъ марҳалаи устуворгардӣ метавон ном гирифт, гарчанде вобаста ба таъминоти илмӣ-назариявӣ, методологӣ ва иттилоотию кадрӣ корҳои хеле зиёди фундаменталӣ дар пеш аст.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ ва муҳими инъикоскунандаи устувории сиёсати давлатии ҷавонон ин таваҷҷуҳи махсус, мумтоз ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ва ин соҳаи ояндабахш ба ҳисоб меравад. Чуноне ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ – 23 майи соли 2013 иброз менамоянд: «Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем» [1, с. 42]. Дар ҳақиқат муайян шудани сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ин дастоварди бузургест дар раванди амалӣ намудани ин сиёсати муҳими иҷтимоӣ, ки тамоми дарҳоро ба рӯи соҳа боз менамояд ва танҳо аз субъектҳои он кӯшишу талошҳои пайдарпайӣ, ҳамбаста ва мунтазамиро тақозо медорад.
Устувории ҳар як фаъолият ва ё маҷмӯи амалҳо ба меъёрҳои хос ва имкониятҳои ҳуқуқии мутаносибан муқарраргардида асос меёбад ва дар ҷамъият эътироф мегардад. Сиёсати давлатии ҷавонон маҳз аз ҳамин намуди фаъолиятҳо ҳисоб меёбад, зеро ҳануз аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ он ҳамчун системаи махсус ва мустақил бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 13 марти соли 1992) ташаккул ёфтааст.
Қонуни мазкур, ки соли 2004 бо назардошти ислоҳоти идоракунӣ ва тақозои ҷомеаи муосир дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул мегардад то имрӯз ба он ду маротиба: соли 2011 ва 2014 таѓйиру иловаҳо ворид карда мешавад.
Дигар дастоварди таърихӣ ва эътимодноки соҳа дар ин давраи фаъолият ин қабули санади асосгузори дуюми ҳуқуқӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» (аз 19.09.2013, №1019) ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур пеш аз ҳама ҳамчун эътирофи иқтидорнокии соҳа ба ҳисоб меравад ва он дар самти татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хайрхоҳӣ, инсондӯстӣ, ҳамқадам будан ба ҷомеаи муосир ва аз ҳама муҳим фаъолнокии ҷамъиятӣ ва таъминоти кадрии соҳа метавонад заминагузор бошад.
Дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ муқаррар кардани чаҳорчӯбаҳо ва меъёрикунонии муносибат нисбат ба қишрҳои муайяни ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон мебошад. Чун Тоҷикистон ҷавон аст ва қувваи асосии меҳнатиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд, барои он муайян намудани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба ҷавонон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамин асно лоиҳаи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №228 қабул мегардад. Консепсия мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян менамояд, ки мутобиқи он бояд механизмҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардида, асосҳои таъмини методологӣ, ташкилӣ ва иттилоотии он ташаккул дода шавад.
Дигар санади муҳим ин Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №460 қабул гардидааст. Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами  рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
Дар ин марҳалаи фаъолият раванди низоми идоракунӣ, сохтор ва муҳтавои барномаҳои давлатӣ таѓйир ёфта, бо услуби муттаҳидсозии муносибатҳо ва василаҳо роҳандозӣ мегарданд. Ин таѓйирёбӣ пеш аз ҳама ба тақозои ислоҳоти идоракунии давлатӣ дар шароити демократикунонии муносибатҳо ва равнақ додани принсипҳои иҷтимоӣ ва гуманистии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон асос меёбад. Дар ҳамин асно барномаҳои соҳавии ҷавонон, аз қабили «Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон» ва «Барномаи рушди саломатии ҷавонон» соли 2012 муттаҳид гардида, ба барномаи давлатии ягона ва маҷмӯӣ «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон» унвон мегирад.
Марҳалаи аввали Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.11.2012, №620 ба тасвиб мерасад. Акнун мақсади Барнома таѓйир ёфта, чунин муқаррар карда мешавад: «Фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон».
Барои татбиқи Барнома ҳамагӣ 8,06 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 6,3 млн. сомонӣ пешбинӣ ва пурра аз худ карда мешавад. Дар натиҷа дар доираи Барнома амалисозии ҳазорҳо лоиҳаҳо ва чорабиниҳо амалӣ гардонида шуда, ҳудудан 2 млн. нафар ҷавонон бо иттилоот, дониш малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта мешаванд, ки 40% онро духтарон ташкил медиҳанд. Дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бошад, маблаѓгузории Барнома ё ин ки 72 барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон ҳудудан 10 млн. сомониро ташкил медиҳад. Яъне, маблаѓгузории Барнома дар давраи 2013-2015 бо назардошти услуби нави татбиқ ҳудуди 18 млн. сомониро ташкил дода, дар доираи он ҳазорҳо чорабиниҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон баргузор мегарданд.
Боиси зикр аст, ки марҳалаи навбатии «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон» барои солҳои 2016-2018 низ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.01.2016, №4 қабул мегардад ва барои татбиқи он, ки дар ҷараён аст 8 млн. сомонӣ маблаѓ пешбинӣ карда мешавад.
Дар ин ҷо метавон ҷараёни татбиқи ин дастовард ва ё механизми бонизом ва муваффақро дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пазируфтааст хулосабарорӣ намуд.
Устувории ин давраи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба он асос меёбад, ки дар ҳамин марҳала, аз ҷумла дар соли 2013 ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон мақоми афзалияти давлатӣ дода мешавад. Сараввал зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, сипас дар мулоқоти навбатии Сарвари кишвар бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш соҳаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоии давлат эълон мегардад, чуноне ки Президенти кишвар зимни мулоқот изҳор медорад: «Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем.».
Ҳамчунин, нуктаи дигари таҳкимбахши соҳа дар ин давраи таърихӣ ин стратегияи «Рӯ овардан ба ҷавонон» ҷавонон мебошад, ки онро Пешвои миллат зимни баромад дар мулоқоти мазкур чунин иброз намуд: «Ман дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи  шонздаҳуми  Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  даъвати «Рӯ овардан ба ҷавонон»ро ба миён гузошта будам ва бовар дорам, ки воқеан ҳам таваҷҷӯҳ ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро дорад.»
Дар воқеъ чунин ҳам ҳаст, дар муқоиса бо кишварҳои узви ИДМ ва минтақа сатҳи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бонизом ва пешрафта арзёбӣ мегардад, ки он албатта бо сабаби таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба ин соҳаи сиёсат мебошад.
Барои соҳаи кор бо ҷавонон, ки татбиқкунандаи бевоситаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, мавҷудияти мақоми олӣ орзую мароми дерина буд, зеро маҳз ҳамин нишондиҳанда дар арсаи ҷаҳонӣ афзалият ва баҳои баландтарини худро нисбат ба ҳар як кишвар касб намудааст. Мавҷудияти мақоми олӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шакли Шӯро, Комиссия, Кумита ва ѓайра дар назди президенти мамлакат ва ё раиси ҳукумат, ки ба он асосан аъзои ҳукумати миллӣ / марказӣ шомил мебошанд, нишони таваҷҷуҳи ногусаста ва махсус доштани давлат ва ҷамъиятро ба насли ҷавон ва сиёсати давлатии ҷавонон инъикос менамояд, мувофиқан дар қисми муайяни кишварҳо чунин мақом амал мекунанд, дар баробарин ин сиёсати байналмилалии ҷавонон низ ташаккул ва роҳандозӣ намудани ин низомро тақозо ва талқин менамояд.
Дар ин давраи татбиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ муяассар гардид, ки албатта бо роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин орзую омол бирасад. Дар ин роҳ нимаи дуюми соли 2014 таҷрибаҳои кишварҳои пешрафта, талаботи ниҳодҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ва шароиту имконоти мамлакат мавриди таҳлилу омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шуда, лоиҳаи Низомномаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти давлатӣ мувофиқа карда мешавад.
Ҳамин тариқ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015, №526 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ҳамчун мақоми доимоамалкунандаи машваратӣ таъсис дода мешавад. Мақсади Шӯро ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
6. Сатҳи иштироки ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Дар ҷавоб ба чунин шароитҳои фароҳамгардида ҷавонон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои муайянро соҳиб гардидаанд.
Дар марҳалаи бадастории сулҳу субот бо азму иродаи қавӣ дар қатори насли калонсол дар бунёди давлати орому осоишта, аз ҷумла созгории ваҳдати миллӣ саҳми хеле муносиб гузоштанд. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон ҷавонон адои хизмати ҳарбӣ карда истода, машѓули ҳифзи марзу буми давлат мебошанд, дар ҳоле ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин рақам хеле кам, зимнан ҳифзи комили кишвар аз қувваҳои берунӣ дар гумон буд.
Дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобатса ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ сатҳи донишандузии ҷавонон ҳамасола афзоиш меёбад. Агар соли 1991 70 ҳазор нафар машѓули таҳисл буданд, пас имрӯзҳо он ба 200 ҳазор нафар расидааст, яъне сатҳи донишомӯзии ҷавонон се маротиба зиёд гардидааст, ки аз азми қавӣ ва тамоюли устувори маърифатии ҷавонон дарак медиҳад.
Дар ин давра тавассути муассисаҳои илмии кишвар садҳо ҷавонон соҳиби унвонҳои илмӣ гардида, дар риштаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ хизмат кардаанд. Танҳо ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон беш аз 140 нафарро ташкил медиҳанд, ки корҳои онҳо фарогири масъалаҳои гуногуни ҳаёти исетҳсолӣ-хоҷагидорӣ ва маънавии ҷомеа мебошанд.
Ҳамасола сафи ҷавонон – хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти давлатӣ афзоиш ёфта истодааст. Дар ҳоли ҳозир шумораи ҷавонони то синни 35 сола дар байни хизматчиёни давлатӣ ҳудуди 50%-ро ташкил намуда, 23%-и дигар дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда азми фаъолият доранд.
Ҷавонони имрӯз ба ташаккули тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи зиёд доранд. Танҳо дар давоми солҳои 2011-2015 варзишгарони кишвар аз натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки бо шарофати онҳо чандин маротиба парчами давлатӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон партафишон гардид.
Умуман дар ҷавоб ба ѓамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон кӯшишу талош бар он доранд, ки кишвари азизи худ – Тоҷикистонро обод созанд, пешрафта гардонанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Маҷрои пешгирифтаи Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон метавонад ҷомеаро бо назардошти сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маънавии он дар шароити ҷомеаи муосир устувор гардонад, имкониятҳои рушдёбии онро таҳким бахшад ва захираи инсонӣ ва зеҳнии давлатро поянда нигоҳ дорад.
 АДАБИЁТ
 
  1. Миралиев Қ. А. Ҷавонон ва 20 соли истиқлолият. – Душанбе: 2012. – 272 с.
  2. Миралиев К. Развитие молодежной политики в Таджикистане на рубеже XXI века [Текст] / К. Миралиев. – Душанбе: Шучоиен, 2010. – 225 с.
  3. Набиев В. М. Созандагони Точикистони сохибистиклол [Текст] / В. М. Набиев. — Душанбе: Ирфон, 2013. – 340 с.
  4. Ҳисоботи солонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009. – Душанбе: 2010
  5. Раҳмон Э. Ҷавонон-созандагони фардои ҷомеа. — Душанбе: Деваштич, 2008. – 222 с.
 
 
 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: