Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ба манбаҳои гуногуни мусоидаткунанда ба ташаккул ва рушди имкониятҳои иқтисодӣ ниёз дорад, ки яке аз чунин манбаҳои муътамад ва устувор туризм мебошад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон даромади умумӣ (экспорт) аз туризми байналмилалӣ ба $1,5 трлн. баробар гардид[1], ки 10% ММД ҷаҳониро ташкил медиҳад[2]. Ташрифи сайёҳони байналмилалӣ 4% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расидю Туризми байналмилалӣ дар ҳамин сол ба Аврупо $509 млрд., ИМА $177 млрд., Испания $65 млрд. ва Хитой $57 млрд. даромад ба даст овард. 30% содироти хизматрасонии ҷаҳонӣ ба ин навъи фаъолият рост меояд, ки онро ҳамчун манбаи устувори иқтисодӣ инъикос менамояд.
Дар ин роҳ, яъне рушди туризм мебояд шароитҳои мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, маданият ва маърифати муносиби сайёҳии шаҳрвандон аз талаботҳои асосии ин самти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз онҳо танқисӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушди туризмро ҳамчун самти афзалиятнок ва ояндадори кишвар дастгирӣ менамояд ва танҳо дар ду соли охир зарурати онро дар 35 мулоқоту суханрониҳо ва мусоҳибаҳои хеш иброз намуда, ба мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои дахлдор додааст. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» (2012) — Мо рушди туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноку ояндадор эълон карда, доир ба ташкили инфраструктураи он ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонида истодаем. Зарур аст, ки баробари тараққӣ кардани туризм ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба касбу ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла коркарди сангҳои ороишӣ, чӯбкорӣ, кулолгарӣ ва даҳҳо касбу ҳунарҳое, ки аз қадим дар байни мардуми мо роиҷанд, эътибори ҷиддӣ дода шавад[3]. – иброз карда буд. Инчунин, зарурати инкишофи ин бахши муҳими иќтисоди миллиро Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.04.2013) чунин иброз намудааст «Барои боз ҳам афзоиш додани сармоягузориҳои хориҷӣ рушди соҳаи туризм омили муҳим ба шумор меравад, зеро Тоҷикистон имкониятҳои бузургеро доро мебошад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои мусоиду нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд. Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки рушди туризм ҳамчун яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад.[4]»
Дар ин самт, яке аз усулҳои муосир ва мувофиқ, бахусус барои кишварҳои рӯ ба таррақӣ чун Тоҷикистон, ин ташаккул ва рушди туризми дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки бо ин роҳ метавон дар муддати кутоҳ ва сарфаи маблағ хадамоти зиёди сайёҳӣ ташкил намуд ва маърифат, маданият ва фарҳанги шаҳрвандонро дар самти хизматрасонии сайёҳӣ баланд гардонид.
Туризми дохилӣ ва ё миллӣ ё ватанӣ ин саёҳати шаҳрвандон дар ҳудуди мамлакати худ мебошад[5].
Туризми дохилӣ ва ё ватанӣ бо якчанд бартариятҳои зерин барои Тоҷикистон дар самти рушди туризм ва ба ин васила иқтисодиёти миллӣ бисёр муносиб ва саривақтӣ маҳсуб мегардад:
-
Захираҳои сайёҳӣ ва дастрасии онҳо:
-
Тоҷикистон аз қатори кишварҳое мебошад, ки захираҳои зиёди сайёҳӣ, ба монанди мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, табиати зинда ва ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо ва сохтмонҳои шакли наву муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд дошта, таваҷҷуҳи сайёҳон, шаҳрвандон, дӯстдорони сайру саёҳат ва фарҳангдӯстонро ҷалб кардааст;
-
Захираҳои сайёҳии кишвар дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳон, балки барои шаҳрвандон кашфношуда боқӣ мондааст;
-
Кулли шаҳрвандон аз таърих, тамаддун ва фарҳанги бойи миллати тоҷик ба пуррагӣ бархурдор намебошанд, ки танҳо сайёҳати дохиликишварӣ ин талаботро қонеъ гардонида метавонад.
-
-
Завқи баланд ва хоҳиши ҷомеа ба сайру саёҳат:
Халқу миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат мебошад, бахусус наврасон ва ҷавонон дар роҳи пайдо кардани маълумоти беш аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дидан намудан (ташриф овардан) аз ҷойҳои таърихӣ, мавзеҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд.
-
Донистани маҳал, забон, урфу одат ва муҳит:
-
Одатан ҳангоми саёҳат шахс аз надонистани забони маҳали сафар ва урфу одатҳои онҳо танқисӣ мекашад. Барои туризми дохилӣ ин мушкилӣ ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф мезананд ва аз урфу одатҳои маҳалҳои якдигар бархурдор мебошанд;
-
Муҳит ва маҳалли сафар барои сайёҳ (шаҳрванд) шинос аст ва сайру сайёҳати ӯ озодона ва сабук сурат мегирад.
-
-
Дастрас ва паст будани қимати/нархи сайёҳат:
-
Шаҳрвандон асосан аз нақлиёти заминӣ, алоқаи муқаррарӣ ва технологияи иттилоотии муносиб истифода мекунанд, ки барои онҳо дастрас ва нисбат ба сайёҳати берунӣ хело арзон мебошад;
-
Мавзеи сафар наздик аст, зарурат ба харҷи зиёд, аз ҷумла истифодаи нақлиёти ҳавоӣ пайдо намегардад;
-
Бинобар фарҳанги хуби наздикӣ (хешутаборӣ ва дӯстӣ) доштан, шаҳрвандон ҳангоми сафар барои хоб бештар аз хонаҳои наздикон ва дӯстон истифода мекунанд. Ҳамчунин, тибқи тартиби муқаррагардида барои шаҳрвандон хизматрасонии меҳмонхонаҳо ба маротиб арзон мебошад.
-
Ҳамзамон, туризми дохилӣ ба Тоҷикистон метавонад барои ноил гардидан ба дастовардҳои зерини турстӣ боис гардад:
-
Маърифатнокӣ ва маданияти баланди шаҳрвандон оид ба фаъолияти сайёҳӣ, ки дар ниҳоят барои рушди соҳаи туризми берунӣ ва ба ин васила ҷалби маблағи зиёд ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд;
-
Шиносоӣ ва маълумотнокӣ аз таъриху тамаддун ва фарҳанги воқеии миллӣ боиси ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихормандии шаҳрвандон аз Ватан ва давлатдории муосир мегардад;
-
Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳон фароҳам мегардад, ки аз ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Асосноккунии ҳуқуқӣ
Батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти туризми дохилӣ таҷрибаи нахустин набуда, дар арсаи ҷаҳонӣ бо василаҳои гуногун ба меъёр дароварда шудааст. Мисол, дар Ирландия Қонун «Дар бораи туризми миллӣ» (2003), дар Ҷопон Қонун «Дар бораи заминаҳо барои дастгирии туризми миллӣ» (2006)[6], дар Хитой Қонун «Дар бораи туризми шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой» (2013)[7], дар ИМА Қонуни «Дар бораи туризми маҳаллии америкоӣ» (2015) қабул гардида, меъёрҳои гуногунро бобати рушди туризми миллӣ татбиқ менамоянд.
Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ зери уновни «Баъзе назарҳо оид ба туризми дохилӣ» ҳуҷҷатеро ба тасвиб расонидааст. Мутобиқи ин ҳуҷҷат ҳамасола 4,8 млрд. нафар дар рӯи ҷаҳон ба саёҳат мебароянд, ки 83% (4 млрд. нафар) онро туризми дохилӣ ташкил медиҳад[8].
Дар баробари ин, татбиқи муносибатҳоро дар самти ташаккули қонунгузорӣ ва низоми туризми дохилӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи минтақавӣ тақозо менамоянд, аз ҷумла: Қонуни моделӣ «Дар бораи фаъолияти сайёҳӣ (дар таҳрири нав)» (қарори Ассамблеяи байнипраламентии кишварҳои узви ИДМ аз 16.04.2015, №42-14), Қонун «Дар бораи заминаҳои фаъолияти сайёҳӣ дар Федератсияи Россия». Бахусус дар моддаи 6 Қонуни моделӣ муқаррар шудааст, ки: «Самтҳои афзалиятноки батанзимдарории давлатии соҳаи туризм ин дастгирӣ ва рушди турзми дохилӣ, воридотӣ, корӣ, осоишгоҳӣ, рӯйдодӣ, иҷтимоӣ ва худфаъол мебошад», мутаносибан ин муқаррарот моро чун аъзои ИДМ водор месозад, ки тадбирҳои судманд андешем.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон туризми дохилӣ ҳамчун ташкили саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, муқаррар карда шудааст. Аммо Қонуни соҳавӣ асосан муносибатҳоро дар самти ҷалби сайёҳони берунӣ танзим менамояд, вале чӣ тавре дар боло иброз гардид ва ҳамчунин аз дастурҳои Президенти ҷумҳурӣ дар қиёс ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта бармеояд, асоси рушди туризмро туризми дохилӣ – саёҳати системавӣ ва динамикии шаҳрвандон дар ҳудуди кишвар ташкил медиҳад.
Асосноккунии молиявӣ
Туризми дохилӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағи зиёд талаб намекунад. Дар баробари ин, ҷанбаҳои идорӣ, таълимӣ, методӣ ва иттилоотии ин навъи фаъолият дар доираи имкониятҳои умумии барои соҳаи туризм муқарраргардида амалӣ гардида истодаанд ва дар ин муносибат бо дарназардошти таҳлили боло зарур мегардад, ки соҳаи туризм ба ду самт дохилӣ ва берунӣ ҷудо карда шуда, дар алоҳидагӣ мавриди кор қарор дода шаванд.
Тибқи таҳлилҳои пешакӣ туризми дохилӣ метавонад имкониятҳои зерини молиявиро фароҳам биёрад:
-
имконоти инфрасохтории туризмро такмил дода, маблағи зиёдеро аз ҳисоби ҷалби (ташрифи) сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷомеа ҷалб созад;
-
дар роҳи ташкил ва рушди хизматрасонии сайёҳӣ барои саёҳати шаҳрвандон маблағи (саҳми) иловагии соҳибкоронро ба соҳа ҷалб созад;
-
шахсони воқеиро, бахусус истиқоматкунандагони мавзеҳои сайёҳиро водор созад, ки ташкили (маблағгузории) хизматҳои мувофиқ ва муносиби сайёҳиро ба роҳ монанд ва ба ин васила даромади зиёди молиявӣ ба даст оранд;
-
доираи соҳибкорон ва дигар гуруҳи субъектҳоро барои амалӣ намудани хизматрасонии пулакии сарироҳӣ водор созад;
-
истеҳсолкунандагони маҳсулот ва маснуоти халқиро, аз қабили наққошон, чӯбтарошон, сангтарошон, расомон, дузандагон ва ғайра барои омода намудани маҳсулоти гуногуни сайёҳӣ ва ба фурӯш баровардани онҳо фаъол гардонад;
-
субъекҳои соҳибкорӣ зиёд ва ба ин васила ҷойҳои иловагии корӣ фароҳам гардида, пардохтҳои андозӣ ба давлат зиёд мегардад.
Ташаббуси пешгирифта
Бо назардошти таҳлилҳои боло ба танзими ҳуқуқӣ даровардани муносибатҳо ва ташкили заминаҳои ҳуқуқии муносиб дар самти рушди туризми дохилӣ ба мақсад мувофиқ арзёбӣ мегардад. Аз љумла, таҳия ва татбиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ» дар роҳи ноил гардидан ба мақсадҳои зерин:
-
танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти ташаккул ва рушди туризми дохилӣ;
-
мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар;
-
маърифатноксозии ҷомеа оид ба фаъолияти сайёҳӣ, аз ҷумла ба даст овардани даромад аз ин навъи фаъолият ва рушди маданияти шаҳрвандон қабули сайёҳон;
-
маълумотноксозии ҷомеа, бахусус наврасон ва ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ;
-
мусоидат ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳон дар кишвар;
-
меъёрикунонии фаъолият ва ҳавасмандсозии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои ташаккули (машғул гардидан ба) туризми дохилӣ;
-
меъёрикунонии муносибатҳо дар ташкили туризми хонагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ;
-
дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкили инфрасохтори аввалии сайёҳӣ, ба монанди ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, меҳмонхонаҳои сайёр ва хурд (дар мавзеҳои дурдасти сайёҳӣ), мағозаҳои (дуконҳои) фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ ва ғайра;
-
меъёрикунонии муносибатҳо дар ташкили сайёҳати муташаккилонаи таълимгирандагон ба мавзеҳои сайёҳии кишвар бо назардошти таъмини бехатарӣ ва суғуртаи тиббӣ.