Шеър аз Ҷалолиддин Нуров
Аз Китоби «Дунёи ҷавонӣ», ш.Душанбе, 2013
Ба дӯстам Қиёмиддин Миралиев
Ҳусни хубат бо адаб пироста,
Дорӣ андар хеш тамкини замин.
Ман ҳам аз ин мактабат омӯхтам,
Ростиву растакорӣ, офарин.
Хизмати содиқ намудан кори ту,
Мекуни парвоз бо боли сухан.
Нести шоир, вале дар анҷуман,
Мекушои ҳарф ҳарфи ин Ватан.
Гар касе биншаст як дам пеши ту,
Нур мебардорад андар пешаат.
Мекунад равшан замири хешро,
Аз чароғи равшани андешаат.
Додаи бар ман китоби хешро,
То шавам огаҳ андар оламат.
Ман шудам огаҳ андар оламат,
То баҳои хештанро додамат.
Дар китоби хеш ту овардаӣ,
Пешрафти тоҷиконро иқтибос.
Боз гӯй андар китоби дигарат,
Пешрафти илму фанро, бо қиёс.
Ҷалолиддин Нуров