Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаи аввалин, сароғози ташаккул ёфтани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва идоракунӣ дар давлатдории навини тоҷикон арёзбӣ мегардад, ки дар таърих, дар воқеъ месазад бо ҳарфҳои заррин навишта шавад. Зеро ин ҳамоиш ҳамагӣ як ҷаласа набуда, он:
- пойдевори давлати тоҷикон, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдатоварӣ дар Тоҷикистон;
- собитсозанда ба тамаддунофар, сулҳдӯст, таҳаммулпазир ва муттаҳид будани халқу миллати тоҷик;
- инъикоскунандаи ғаюру шуҷоатманд ва озодихоҳу мубориз будани мардуми тоҷик;
- асосгузори идеологияи сиёсӣ ва ё шакли нави идоракунии ҳокимияти сиёсӣ;
- ба саҳнаи сиёсат ҳамчун сарвар овардани наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.