Сипосгузорӣ аз Вазири ВКД ҶТ

Сарфароз гардидан бо Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ЗАМИНАГУЗОРИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаи аввалин, сароғози ташаккул ёфтани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва идоракунӣ дар давлатдории навини тоҷикон арёзбӣ мегардад, ки дар таърих, дар воқеъ месазад бо ҳарфҳои заррин навишта шавад. Зеро ин ҳамоиш ҳамагӣ як ҷаласа набуда, он:
- пойдевори давлати тоҷикон, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдатоварӣ дар Тоҷикистон;
- собитсозанда ба тамаддунофар, сулҳдӯст, таҳаммулпазир ва муттаҳид будани халқу миллати тоҷик;
- инъикоскунандаи ғаюру шуҷоатманд ва озодихоҳу мубориз будани мардуми тоҷик;
- асосгузори идеологияи сиёсӣ ва ё шакли нави идоракунии ҳокимияти сиёсӣ;
- ба саҳнаи сиёсат ҳамчун сарвар овардани наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ
Дар шароити рушди минтақа нахустин маротиба аст, ки таҷриба ва ё лоиҳае ҳамчун низоми пешрафта барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ қабул ва дастур мегардад.
Читать «АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ» далееФИДОИИ ВАТАН
Фидоии Ватан унвон гирифтани ин мавод ба он асос меёбад, ки фарзандам-Ҳикматулло бар ивази оиладор шудан ва фаъолияти касбии меҳнатӣ хизмат ба Ватан, адо намудани хизмати ҳарбиро ҳанӯз моҳи майи соли 2022 ихтиёр кард. Ин иқдом дар ҳолест, ки мутаассифона бинобар муноқишаи санаҳои 14-16 сентябр дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон рухдода даҳҳо сарбозон ҷон фидо карда, даҳҳои дигар маҷрӯҳ шуданд. Яъне, ин иқдом аз ҳувияти баланди ватандӯстӣ ва мардонагӣ дар роҳи дифои Модар-Ватан фидоӣ буданро инъикос менамояд.

ЗАБОН ҶОВИДОН ДОРАД МИЛЛАТРО
Дар ҳаёти инсон забон яке аз василаҳои муҳиммест, ки рисолати созандагӣ дорад, албатта, агар он дар ростои гуфтор ва кору пайкори нек истифода гардад.
Чуноне ки устод Саъдии Шерозӣ дар ашъори худ овардааст:Гар сухан ҷон набувад,.
Мурда чаро хомӯш аст
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ПОЙДЕВОРИ СИЁСИИ ДАВЛАТ
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар замон барои ҳар ҷамъияте ниҳодҳои хосе ташаккул меёбанд ва ба пешрафт ва рушду нумӯи он ҳамчун авангард ва ё муҳаррики такондиҳанда мусоидат менамоянд.
Читать «ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ПОЙДЕВОРИ СИЁСИИ ДАВЛАТ» далееТАТБИҚИ ТАҶРИБАИ ХАТЛОН ДАР САТҲИ ҶУМҲУРӢ
Дар таърихи фаъолияти соҳа ва минтақа нахустин таҷриба ва ё лоиҳаест, ки пас аз талошу заҳматҳо ва пайгирии густурда ҳамчун низоми пешрафта барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Нимаи дуюми соли 2022 Фармоиши Муовини якуми Раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 14.09.2022, №104 «Дар бораи татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (аз таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон)» ба тавсиб расид, ки он татбиқи Рейтинги ҳизбиро ҳамчун механизми нав, инноватсионӣ, пешрафта ва технологияи иттилоотӣ дар фаъолият, зимнан тарзу услуби нави кори ҳизбӣ ва таҳкимбахши василаҳои идоракунӣ ва тақвиятдиҳандаи иқтидори зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи босамари ҳадафҳои идеологӣ ва ҳамқадамӣ бо ҷомеаи муосир мақсад (асос) гузоштааст.
