







Бо ҷомеа ва барои ҷомеа!
Имрӯз ба Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», ки дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар баргузор гардид, Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Далвлатҳои Мустақил супорида шуд. (Ҳафтаномаи «Ҳамрози Халқ», 24.06.2022)
Читать «Ҳеҷ заҳмат бе подош нест: Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Далвлатҳои Мустақил» далееМактаби сиёсии Пешвои миллат: маводҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 23-24 июни с.2022. // Маҷмӯаи мақолаҳо №3- 2022, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон. – ш.Бохтар: 2022. – С. 26-42
Читать «СИЁСАТИ ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ТАШАББУСҲО ДАР РОҲИ РУШДИ УСТУВОР (ДАР МИСОЛИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН)» далееДар шаҳри Бохтар санаи 24 июни соли 2022 Конференсияи сеюми байналмилаии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» доир гардид.
Читать «МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ» далееДар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон-24.02.2022 ва дастурҳои Пешвои миллат дар доираи Паёми навбатӣ-21.12.2021 ҳамчун идомаи ташаббускориҳо ҷиҳати таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар ҳамкории байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти муштарак ба тавсиб расид.
Читать «АМАЛИЁТИ МУШТАРАК — ТАҲКИМИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ» далееДар ҳошияи чорабинии тантанавӣ, ки 16.02.2022 бахшида 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 03/05-и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус доир карда шуд, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода- раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби сардори қисми низомӣ бо нишони «Аълочии қушунҳои сарҳадӣ» сарфароз гардонида шуд.
Дар соли ҳисоботӣ, ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, натиҷагирӣ аз ташаббускориҳои ҳизбиёни вилояти Хатлон баҳри таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2018-2021 гурӯҳи 25 ташаббусҳои ҳизбиро амалӣ намуданд, аз ҷумла зери уновни «Якҷоя месозем!» аксияи ҳизбӣ эълон намуда, дар баробари татбиқи чорабиниҳои идеологӣ сокинон ва аъзои фаъоли ҳизбро ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ равона намуданд.