Ҷавонон ҳамчун захираи муҳими инсонӣ ва сиёсати ҷавонон ҳамчун дастгоҳи идоракунии ин захира ҳар рӯз такони нав пайдо мекунад ва дар ҷомеаи муосир, бахусус дар ҳошияи тағйирёбии пуршиддати сиёсати ҷаҳонишавӣ ба онҳо талабот бештар мешавад. Зарурати омӯзиши ҷавонон, ҳамчунин сиёсати ҷавонон ҳамчун субъекти мустақили илмӣ, таълимӣ амалӣ аз якчанд хусусиятҳои табиӣ, демографӣ, физиологӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили ҷавонӣ, оммавӣ, пурҳаракатӣ, пуқувватӣ, чандирӣ, пуриқтидорӣ, захиравӣ ва ғайра доштани онҳо бармеояд.
Ҳамин тариқ, муаллиф дар асоси таҳлилҳои илмию назариявӣ ва омӯзиши таҷрибаҳои кишварҳои пешрафта пешниҳод менамояд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фанни «Сиёсати ҷавонон» ҷорӣ карда шавад. Зимнан барои ҳалли маҷмуи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии сиёсии ҷомеа дар самти худшиносӣ, худгоҳӣ, ҳувияти миллӣ, захираи кадрӣ, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими шуури сиёсӣ ва маданияти иқтисодӣ заминаи муносиб фароҳам мегардад.
Калидвожаҳо: ҷавонон, сиёсати ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон, ювенология, сотсиологияи ҷавонон, фанни «Сиёсати ҷавонон», ихтисоси кор бо ҷавонон
МУҚАДДИМА
Маълум аст, ки ҷавонон ҳамчун захира ва сиёсати ҷавонон ҳамчун дастгоҳи идоракунии ин ниҳод ҳар рӯз такони нав пайдо мекунанд ва дар ҷомеаи муосир ба онҳо талабот бештар мешавад. Зимнан, бисёр олимон, тадқиқотчиён, сиёсатмадорон, доираи тиҷорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаҳои байналмилалӣ ва дигарон онҳоро барои дарёфти нуқтаҳои мувофиқ ва равишҳое, ки барои ноил шудан ба ҷанбаҳои башардӯстонаи рушд, инкишофи муносибатҳо ва имкониятҳои ҷавонон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи фаъол меомӯзанд [1, 9].
Чуноне дар рисолаи муаллиф «Молодежная политика» иброз мегардад, даҳсолаҳои ахири рушд ва шароит, бахусус талаботи рушди технологӣ, ки ба тағйироти босуръати ҷомеа таъсир мерасонанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки наслҳои ҷавон қавитар, пурҳаракат, қобилиятнок ва чандирпазиранд. Зимнан, онҳо метавонанд хеле зуд тағйир ёбанд ва ба талаботи ҷомеаи муосир мувофиқ шуда, наслҳои гузаштаро иваз намоянд. Ин қобилияти зудтағйирёбӣ ва мутобиқшавии ҷавонон таваҷҷӯҳи атрофиён, аз ҷумла доира ташкилию амалӣ ва назариявию илмиро ҷалб намудааст.
Боиси зикр аст, ки хусусиятҳои физиологӣ ва биологии ҳаёти инсон тақозо мекунанд, ки василаҳои (захираҳои) кӯҳна ҳамеша бо василаҳои нав иваз карда шаванд, ин имкон медиҳад, ки захираҳо аз нав ташаккул ёфта, ба шароити ҷомеа мутобиқ шаванд. Нуктаи муҳим дар ин тағйирёбии систематикӣ ва ҷинсӣ (генетикӣ) дар он аст, ки ҳама чиз бояд дар ҷойи худ бошад ва сари вақт такмил ёбад. Вайрон кардан ё қасдан тағйир додани ин механизм номувозинатиро ба вуҷуд меорад ва дар ниҳоят метавонад ба оқибатҳои хатарбор оварда расонад [1, 10].
Аз ин рӯ, — чуноне муаллиф хулоса кардааст, ин қишри ҷомеаро (ҷавононро) аз нуқтаи назари илмӣ хеле бодиққат бояд омӯхт ва унсурҳои тағйирёбии табиӣ ва ба ҷомеаи муосир мутобиқ шудани онҳоро амалӣ намудан ва ё фаъол гардонидан, лозим мегардад. Яъне, субъектҳои таҳқиқотию илмиро зарур меояд, ки ба ин гурӯҳи ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ раванди тағйирёбӣ ва талаботи онҳоро мувофиқи шарту шароитҳои муайян ба роҳ монанд.
Зарурати омӯзиши ҷавонон ҳамчун субъекти мустақили илмӣ ва амалӣ аз якчанд хусусиятҳои табиӣ, демографӣ, физиологӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили ҷавонӣ, оммавӣ, пурҳаракатӣ, пуқувватӣ, чандирӣ, пуриқтидорӣ, захиравӣ ва ғайра доштани онҳо бармеояд.
Тибқи маълумоти дастрас, имрӯз 24,4% аҳолии ҷаҳонро ҷавонон (15-30 сола) ва беш аз 50% онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд, ки ин аҳамиятнокии ҷавонон ва нақши муҳим доштани сиёсати ҷавононро арсаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд [2, 5].
Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои демографӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷавонтарин кишвар мебошад; синни миёнаи аҳолӣ 25,9 сол буда, 70 фоизи аҳолии кишварро шахсони то 30 сола, ҳамчунин 32,9 фоизи сокинонро ҷавонони 14–30 сола ташкил медиҳад [3, 27, 28].
Муаллиф муайян намудааст, ки ҷавонон – ин гурӯҳи иҷтимоӣ, демографӣ, ташкилдиҳандаи системаҳо (низомҳо) мебошад ва ҳамчун қишри серҳаракат ва осебпазири ҷомеа арзёбӣ мегардад. Шахси ҷавон нерӯ ва тавоноии бештар дорад, зимнан ба шароити ҷомеа зуд мутобиқ мешавад ва ба низоми сиёсиву иқтисодӣ зуд ҳамгиро мегардад.
Таҳқиқ ва омӯзиши ҷавонон ҳамчун объект, ҳамзамон субъекти илм ба ибтидои асри 20 рост меояд. Дар ин давра олими амрикоӣ Стэнли Холл назарияи фанҳои психологӣ, антропологӣ ва иҷтимоӣ-мантиқии ҷавононро пешниҳод намуд. Даҳсолаҳои охир доираи омӯзиши ҳаёту фаъолияти ҷавонон васеъ шуда, ҳамчун мавзӯи тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ, аз қабили фалсафа, психология, педагогика, ҷомеашиносӣ, демография, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, таърих ва ғайра табдил ёфтааст [1, 10].
Муҳақиқону олимонро метавон аз рӯи равишҳои омӯзиши ҷавонон, инчунин анъанаҳои таснифӣ, ки дар мактабҳои муайяни илмӣ ташаккул ёфтаанд, ҷудо намуд. Омилҳои гуногуни идеологӣ низ, дар ин самт нақши муҳим доранд, зеро ҷавонон дар марҳилаи муборизаҳои шадиди сиёсӣ қарор доранд.
Хусусияти синну солӣ ва нишондодҳои иҷтимоии ба он алоқамандро ҳамчун мавқеи иҷтимоӣ аксари олимон эътироф намудаанд, ҳамчунин хосиятҳои иҷтимоию равониро (психологиро) муҳимтарин омили ба гурӯҳи муайян шомил шудани ҷавонон, арзёбӣ намудаанд.
Аз аввалинҳо шуда, ҷомеашиносон ҷавононро ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии соҳиби хусусиятҳои фарҳангӣ, манфиатҳои мушаххас, арзишҳо ва меъёрҳои рафторӣ шинохтанд.
Ҷавононро ҳамчун субъекти илм бисёре аз олимони хориҷӣ ва ватанӣ, аз қабили Н.М. Боенко, Р. Григорьева, И. Ильинский, М.Михайлова, Митева П., Нехаева В.В., Новикова Т., Радионова В.А., Рахимов И. Х., Миралиён Қ.А., Икромов Ғ.Х., Тураева З.Н., Ҳоидбоев Ф.А. ва дигарон омӯхтаанд, ки борҳо зарурати омӯзиши амиқи ин гурӯҳро ҳамчун воситаи муҳим ва калидӣ дар самти беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи муосир таъкид кардаанд.
Олими россиягӣ В.Т. Лисовский аз аввалинҳо шуда, ба мафҳуми «ҷавонон» чунин таъриф гузоштааст: «Ҷавонон – насле мебошанд, ки марҳилаи иҷтимоишавиро (сотсиализатсияро) гузашта, қобилияти азхудкунии функсияҳои (вазифаҳои) омӯзишӣ, касбӣ, фарҳангӣ ва дигар падидаҳои иҷтимоиро дошта ва онҳоро дар калонсолӣ аз худ карда ба ҳисоб мераванд; вобаста ба шароити мушаххаси таърихӣ нишондодҳои синнусолии ҷавонон метавонанд аз 16 то 30 сола бошанд» [1, 10].
Ҳамчунин, аз ҷониби олимони болозикр муайян гардидааст, ки ҷавонон – дар дигаргунсозиҳо ва навовариҳои иҷтимоӣ қувваи бузург ва субъекти муҳим мебошанд. Ин қувваро мебояд оқилона истифода бурд. Дар ин росто қобили зикр аст, ки ҳар як фарди ҷавон аз рӯи минтақа ва сатҳи азхудкунии таҳсил ва маданият аз ҳам фарқ мекунад ва ба азхудкунии таълиму тарбия низ, таваҷҷуҳ гуногун аст. Аммо талабот нисбат ба ҷавонон, дар умум яксон аст ва на ҳама ба онҳо тоб оварда метавонанд.
Ба ақидаи М.Илинский – ҷавонон захираи арзишманд ва навъи (гурӯҳи) махсуси ҷамъиятӣ мебошанд. Тибқи назари олим, ин на танҳо як мафҳуми иҷтимоӣ (демографӣ) аст, балки ҷанбаҳои иқтисодӣ ва сиёсиро низ дар бар мегирад; ин падидаи ҳақиқии ҷамъиятиест, ки доимо ҳамчун зергурӯҳи азиму мушаххаси синнусолӣ боқӣ мемонад, барандаи неруи бузурги зеҳнӣ ва қобилияти махсуси эҷодӣ мебошад [1, 108].
Дар ҳақиқат, ҷавонон қисми ҷудонопазири дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошанд, онҳо қудрати бузург ва иқтидори инноватсиониро барои ташаккули ҳама гуна шаклҳои сохти давлатӣ ташкил медиҳанд, аз ин рӯ бояд аз ин манбаъ хеле бодиққат ва самаранок истифода намуд.
И.С. Кон: Ҷавонон – гурӯҳи иҷтимоию–демографие мебошад, ки дар асоси маҷмӯи нишондодҳои синнусолӣ ва хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва шароитҳои иҷтимоию психологӣ муайян карда мешаванд [1, 478].
Ҷавонон чун як қишри муҳимми ҷомеа мавриди омӯзиши илмҳои гуногуни ҷамъиятшиносӣ қарор дошта, ҳар кадом мувофиқи самт ва ё равиши худ мафҳуми «ҷавонон»-ро баррасӣ мекунанд. Аммо дар умум мафҳуми ҷавононро чунин мқарра кардан мумкин аст: «ҷавонон — гурӯҳи иҷтимоӣ-демографӣ ва ташаккулдиҳандаи низомҳо буда, қишри нисбатан пурҳаракат, эҷодкор, аммо осебпазири аҳолӣ мебошад» мебошад. Шахси ҷавон нерӯ, қувва ва тавоноии бештар ва қобилияти зуд мутобиқ шудан ба шароити ҷомеа ва мувофиқи низоми сиёсиву иқтисодӣ хоситяи дигаргун шуданро дорад.
Ба омӯзиши васеи мушкилоти ҷавонон ва ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ ювенологҳо машғул шудаанд. Дар шароити омӯзиши мушкилоти гуногунҷанбаи ҷавонон дар муҳити илмӣ соҳаи нави дониши маҷмӯии байнифаннӣ – ювенология, илм дар бораи наврасон, ҷавонон (juventilis лот.: ҷавонӣ, наврасӣ; logos дониш) падид омад [4].
Ювенология ба дониши маҷмӯии байнифаннӣ дар бораи раванди рушди насли наврас дар робита бо падидаҳои иҷтимоӣ–иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва физиологӣ асос ёфтааст, ки онҳо ба ташаккулёбии шахсияти баркамол мусоидат мекунанд. Ин фанҳо демография, ҷамъиятшиносӣ (сотсиология), биология, равоншиносӣ (психология), сиёсатшиносӣ, иқтисод, ҳуқуқшиносӣ ва ғайра мебошанд.
Муайян гардид, ки мактаби илмии ювенология ҳанӯз аввалҳои солҳои 90-уми асри 20 дар Русия маъруфият пайдо намудааст, вале марҳалаи ташаккулёбии ин равияи илмӣ ба солҳои 60-уми ҳамин садда рост меояд. Яке аз муассисони он Е.Г.Слутский соли 1996 ташкили Академияи ювенологияро ташаббус мекунад, ки ба он олимон ва таҷрибаомӯзони 25 шаҳри Русия шомил мегарданд [5, 66]. Дар идомаи омӯзиши мушкилоти ҷавонон, соли 2004 рисолаи (монографияи) дастаҷамъии «Ювенология ва сиёсати ноболиғон дар асри 21: таҷрибаи омӯзиши байнисоҳавӣ» дар Санкт-Петербург таҳти таҳрири Е.Г.Слутский нашр мегардад. Ин рисола мавзуи (предмети) омӯзиши ноболиғонро иборат аз: ҷанбаҳои гуногун, унсурҳои равандҳо ва падидаҳои ювенологӣ, ки дорои хусусиятҳои назариявӣ ва эмпирикӣ мебошад ва он ки шахси ҷавон ё гурӯҳи ҷавононро ҳамчун объекти воридшаванда ба «ҷаҳони калонсолон» муайян кардааст [5, 27].
Тибқи назари О.В. Лукичев ювенология — ин илми гуманитарӣ (инсондӯстӣ) мебошад, ки донишҳои табиии илмии ҷамъиятиро дар бораи шахсони ҷавон ва ҷавонон муттаҳид мегардонад. Ювенология, ба назари ин олим, илми мустақил ва дорои сохтори ба худ хосе чун методология, феноменология ва праксеология мебошад [1, 11].
Асоси ювенологияро ҳамчун илми байнисоҳавӣ нишондиҳандаҳои зерин ташкил медиҳад:
- ҳамкории ҷомеа ва ҷавонон;
- махсусияти муносибатҳои байни ҷавонон ва давлат;
- ҷавонон ҳамчун манбаи дигаргунсозиҳои вазъи ҷомеа;
- ҷавонон ҳамчун захираи меҳнатии ояндаи ҷомеа;
- ҳамкории ҷчавонон бо дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ.
Воқеан, дар аввалҳои асри 21 дар Русия ҷавонишиносӣ (ювенология) ба давраи нисбата устувори ворид мегардад. Омӯзмшм ин илм дар зинаҳои мухталифи давлат ва ҷомеа ва дар байни муҳаққиқони самтҳо ва соҳаҳои гуногун маъруф ва маъмул мегардад. Дар дигар давлатҳои пасошуравӣ низ, дар ин марҳала истилоҳҳои нави илмӣ ва фаннӣ марбут ба ҷавонишиносӣ мавриди истифодаи васеъ қарор мегиранд, аз ҷумла ҳуқуқи ҷавонон, адлияи ҷавонон, тибби наврасон, кори иҷтимоӣ бо ҷавонон ва ғайра.
Дар ин марҳала дар Русия дар мактабҳои олии касбӣ масъалаи омӯзиши ювенология ҳамчун фан роҳандозӣ мегардад ва аз рӯи ихтисоси «Кор бо ҷавонон» омодасозии мутахассисон шуруъ мегардад. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии технология ва дизайни Санкт-Петербург кафедраи омӯзиши ювенология фаъолият менамояд, мувофиқан дар доираи он фанҳо нақшаҳои таълимии алоҳида ҷорӣ мегардад, ки боиси таваҷҷӯҳи махсус мебошад [1, 12].
Дар рисолаи «Молодежная политика» иброз мегардад, ки татбиқи фаъолонаи ҷавонишиносӣ (ювенология) новобаста аз ҷанбаҳои мусбати омӯзиши он ҳоло ҳам таҳқиқотҳои иловагӣ ва таваҷҷуҳи махсус тақозо мекунад. 50 сол боз масъалаҳои ташаккули заминаҳои илмии сиёсати ҷавонон ва ё ҷавонон мавриди омӯзиши амиқ қарор дорад, аммо то кунун ҷавонишиносиро ҳамчун илми такмилёфт ҳисоб кардан мумкин нест. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон, ки то имрӯз ягоне аз муассисаҳои таълимӣ ва ё илмӣ ба ҷавонишиносӣ (ҷавоно) ҳамчун илм ва ё фанни мустақил машғул нашудааст ва таваҷҷуҳ низ, накардааст.
Ҷавонон ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеашиносонро ҷалб кардааст. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди донишҳо дар бораи ҷавонон хусусияти иҷтимоӣ-гуманитарӣ дорад, ки таваҷҷуҳро ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ бештар мегардонад.
Омӯзиши зиёди мушкилоти иҷтимоии ҷавонон як фанни тамоман навро ба вуҷуд овард — «Сотсиологияи ҷавонон», яъне илм дар бораи ҷамъияти иҷтимоии фарди ҷавон. Сотсиологияи ҷавонон ҳамчун илм аз се марҳила иборат аст: 1) умумиметодӣ – фанни (дониши) иҷтимоӣ ва махсуси (феноменалии) ҷавонон; 2) назариявю иҷтимоӣ бо махсусияте, ки ҷавононро ҳамчун гурӯҳи алоҳидаи иҷтимоию демографӣ меомӯзад; ва 3) таҷрибавӣ (эмприкӣ), ки фарогири таҳлили вазъи ҷавонон дар асоси омилҳои собитшаванда дар соҳаҳои дахлдори ҳаёт мебошад [6, 5].
Дар ташаккули сотсиологияи ҷавонон олимонба монанди И.С.Кон, М. Титма , Ю. Г.Волков, Е.Г.Слутский, Г.И.Хмара, Ю.В.Манко, К.М.Оганян, И.Валев, П.Митяев, М.Семов, В.Фридрих, У.Старке, И.Рихтер, З.Бекели ва дигарон саҳм гузоштаанд [7, 4].
Ҷомеашиносон мушкилоти ҷавононро нисбатан васеъ меомӯзанд, аз ҷумла: ҷавонон дар системаи донишҳои ҷомеашиносӣ (сотсиологӣ); мушкилоти иҷтимоии ҷавонон ва асосҳои назариявӣ; тамоюлҳо ва маданияти рушди ҷавонон; мушкилоти ҷавонон оид ба меҳнат ва шуғл; фаъолият ва ҳаёти маънавии ҷавонон; тамоюли ҷавонон ба дин; мушкилоти демографии ҷавонон; ташаккул ва инкишофи иттиҳодияҳо ва ҳаракатҳои ҷавонон; мавқеи ҷавонон дар сохти иҷтимоию сиёсии ҷомеа; низоъ дар доираи ҷавонон ва ғайра. Ин талошҳо имкон медиҳанд, ки масъалагузориҳо дар самти таҳлили ҳамаҷониб ва амиқи иҷтимоишавӣ ва рушди сиёсии ҷавонон пеш бурда шаванд.
Дар маводи таълимии «Ҷомеашиносии (Сотсиологияи) ҷавонон: китоби дарсӣ», ки соли 1996 (таҳрири В.Т. Лисовский) интишор гардидааст, ҳамчунин дар асари « Ҷомеашиносии (Сотсиологияи) ҷавонон: маводи таълимӣ»-и Манко Ю. ва Оганян М. (2008) масъалаҳои ҷомеашиносии (сотсиологияи) ҷавонон хеле муфассал баррасӣ ва инъикос ёфтаанд.
Тибқи Энсиклопедияи Сотсиологии Русия сотсиологияи ҷавонон дар соли 1999 мақоми фанни илмиеро касб мекунад, ки ҷавононро ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ бо хусусиятҳои иҷтимоӣ–демографии онҳо (сарҳадҳои синнусолӣ, сохтор, динамика) бо назардошти маҷмӯи нишондодҳои объективӣ ва субъективӣ, ҳамчунин робита ва муносибатҳои онҳо бо дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ меомӯзад [7, 97].
Мактаби сотсиологияи ҷавонон дар самти худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон дар шароити таҳаввулоти ҷомеа ва иштироки онҳо дар рушди институтҳои ҷамъиятию сиёсии давлатӣ асарҳои зиёд ва василаҳои хеле мукаммал эҷод (таҳия) менамоянд.
Аммо ин рисолаҳо дар бисёре аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳоло ҳам ноаён боқӣ мемонанд. Бо ин масъалаи барои ҷомеаи муосир хеле муҳим даҳсолаҳои охир чӣ ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, ҳуқушиносон ва ё маъмурон хеле кам машғул мегарданд.
Боиси тазаккур аст, ки ҷавонон дар ҷомеаи муосир қувваи асосии кориро ташкил медиҳанд, зимнан муҳаққиқон ба гурӯҳи ҷавонони коргар диққати махсус дода, ҷавононро ҳамчун қувваи асосии корӣ арзёбӣ менамоянд. Илова бар ин, ҷавонон иқтидори дар муҳлати кутоҳ ба бозори меҳнат мутобиқ шудан ва беҳ гардонидани вазъи иқтисодии худро соҳибанд.
Мутобиқи андешаи Девей Ҷ. гурӯҳи коргарҷавонон дар алоқамандӣ бо таълим ташаккул меёбанд. Ӯ иброз менамояд, ки таълими амалӣ се хусусият дорад: (а) инсон хубтар меомӯзад, агар ба таҳсилоти амалӣ беовиста ҷалб гардад; б) ихтисосмандӣ (дониш) тариқи инфиродӣ ташаккул меёбад, агар он барои ҷавонон аҳамияти хосса дошта бошад ё рафтори онҳоро тағйир дода тавонад; (в) ба таълим майлу кӯшиши инсон вақте зиёд мешавад, агар вай дар интихоби мақсадҳои таҳсилоти худ озод бошад, онгоҳ он қодир аст, ки дар азхудкунии таълим ба муваффақият ноил гардад [8, 55].
Дар натиҷагирӣ аз кори таҳқиқотии худ олими ватанӣ – С.Ашӯров зарурати татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар заминаи рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши иқтидори инноватсионии ҷумҳурӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва таъмини шуғли пурсамари қувваи кории кишвар, бахусус ҷавонон асоснок мекунад. Ҳамчунин, олими амрикоӣ Колб Д. чор марҳилаи бебозгашти шуғлмандии ҷавононро муайян кардааст: таҷрибаи мушаххас; мушоҳида ва мулоҳиза; ташаккули консепсияи назорат (дидан) ва арзёбии интизориҳо; таҳлили оқибатҳои консепсия [1, 13].
Бо назардошти таҳлилҳои боло хулоса каран мумкин аст, ки дар Тоҷикистон масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шахосни ҷавон воқеан ҳам аҳамиятнок аст, зеро ҷавонон қувваи асосии кориро дар мамлкат ташкил медиҳанд.
Зимнан, барои беҳ гардонидани вазъи ҷавонон ва ҷомеа амалӣ намудани таҳқиқотҳои иловагӣ ва илмию методӣ муҳим аст.
Мо ба ташаккули сиёсати муносиб нисбат ба ҷавонон дар он сурат наздик мешавем, агар ба таҳқиқу омӯзиши ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва муносибатҳои онҳо дар ҷомеа, иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлат, ҳамгироӣ ва мутобиқати онҳо ба талаботи ҷаҳони ҳозира ва талаботи рӯзафзуни системаҳои сиёсӣ идома диҳем. Илова бар ин, ҷавонӣ ё наврасӣ, ин як амал нест, балки маҷмӯи муносибатҳоест, ки давраи мушаххаси инкишофёбии инсонро аз кӯдакӣ то ба камолот дар бар мегирад. Аз ин рӯ, мо бо таҳқиқи донишҳо дар бораи ин муносибатҳо, аз ҷумла омӯзиши муносибатҳои рафтории (интизомии) ҷавонон бо давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба асосҳои илмии ин масъала — илми соҳаи сиёсати ҷавононрӯ меорем [1, 14].
Омӯзиши пуршиддати табиати ҷавонон ва муносибатҳои онҳо дар ҷомеа, афзоиши талаботи онҳо нисбат ба ҳокимияти давлатӣ, иштирок дар рушди муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии давлат ва ҷомеа, масъалаи ташаккул и инкишодиҳии сиёсати ҷавононро пеш мегузорад.
Сиёсати ҷавонон — ин системаи маҷмӯи тадбирҳои интизомӣ мебошад, ки дар раванди инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон ба ташкили шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, таълимӣ, тандурустӣ ва дигар шароитҳо равона гардидааст. Гузашта аз ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ғояи иштироки ҷавонон дар татбиқи (амалисозии) масъалаҳои худ, аз ҷумла фаъолнокии сиёсӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарчи бештар таблиғ мешавад [1, 14].
Сиёсати давлатии ҷавонон – ин сиёсате байнисоҳавиест, ки аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ, вазорату идораҳо, аз қабили вазоратҳои маориф, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила ва ғайра амалӣ карда мешавад [1, 14].
Масъалаҳои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асарҳои Асадуллоев Р.Н., Ашӯров С.Б., Набиев В.М., Ҳакимов Ш., Раҳимов И., Тураева З.Н., Ҳойдбоев Ф.А., Миралиён Қ.А. ва дигар олимони ватанӣ баён шудаанд [9, 15]. Ин олимон нақши ҷавононро дар шароити демократикунонии ҷомеа, тарбияи сиёсии ҷавонон, равандҳои таърихӣ ва марҳалаҳои ташаккули сиёсати ҷавонон, масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути системаи махсуси идоракунӣ, сохтори мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, таҳкими иқтидори ташкилотҳои ҷавонон, дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ва ғайраро то андозае омӯхтаанд.
Мактаби ватании «Сиёсати ҷавонон» дар ҳақиқат шароитҳое зиёде фароҳам овардааст, ки ба ташаккул ва рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, аммо иқтидори он дар қиёс бо мактабҳои аврупоӣ ва русӣ хеле заиф арзёбӣ мешавад. Танҳо далели он, ки дар ин кишварҳо ин соҳа (сиёсати ҷавонон) аллакай ҳамчун як фанни илмӣ ва таълимӣ ҷорӣ шудааст, ин иддаъоро тасдиқ мекунад. Аз ин рӯ, идомаи пажӯҳишҳо, мутаносибан рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон тавассути таҳияи механизму технологияҳои муосир ва татбиқи он ҳамчун як фанни илмӣ ва таълимӣ саривақтӣ арзёбт мегардад.
Дар ин замина, дар гурӯҳи кишварҳо муҳаққиқон, олимон ва сиёсатмадоронро як рисолати муштарак муттаҳид мегардонад — омӯзиши ҷавонон на ҳамчун як фард, балки ҳамчун субъкти сиёсат. Мутаносибан, дар гурӯҳи муайяни кишварҳо институтҳои сиёсати ҷавонон таъсис ёфтаанд, вале бо шаклҳои гуногун ва равишҳои ташкилии хос – дар ҷое дар шакли муассисаи давлатӣ ва дар ҷои дигар ҷамъиятӣ, вале ҳадаф як аст, — омӯзиши ҷавонон ва сиёсати ҷавонон, таҳияи тавсияҳо оид ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон. Аз ҷумла:
- Донишгоҳи ҷавонони Чин оид ба илмҳои сиёсӣ соли 1985 ташкил ёфта, мутахассисони соҳаи кор бо ҷавононро бо фарогирӣ бо донишу малакаи идоракунии муосир омода месозад. Ба ғайр аз ин дар донишгох Институти илмӣ-тадқиқотии психологияи ҷавонон ва Институти илмӣ-тадкикоти сиёсати ҷавонон фаъолият мекунанд. Дар Донишгоҳ донишҷӯён аз тамоми ҷаҳон таҳсил мекунанд ва барои донишҷӯёни хориҷӣ шариоти махсус фароҳам оварда шудааст [10];
- Институти фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Новосибирски Федератсияи Русия – соли таъсис-2003. Институт ба тайёр кардани кадрҳо оид ба сиёсати ҷавонон ва кори иҷтимоӣ машғул мебошад [11];
- Институти илмии ҷавонон аз соли 1953 инҷониб дар Калифорния (ИМА) фаъолият дошта, доираи васеи барномаҳои таълимиро барои ҷавонон пешкаш мекунад [12];
- Институти Тадқиқоти Ҷавонони Коннектикут (ИМА) аз соли 1996 инҷониб дар соҳаи рушди сарварии ҷавонон, пешгирии таваккалҳо ва тағйироти иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Он ҷавононро барои пешбурди фаъолиятҳои гуногун дар байни ҳамсолони худ таълим медиҳад ва омода мекунад, барномаҳо ва модулҳои ташаббусҳои ҷавононро таҳия мекунад, тадқиқот мегузаронад ва модулҳоро барои таълимм интерактивии ҷавонон дар самтҳои гендер, фарҳанг ва балоғатрасӣ таҳия мекунад [13];
- Институти ҷавонони Олмон соли 1963 таъсис ёфта, дорои 170 омӯзгор буда, дар самти дастгирии кӯдакон, ҷавонон ва оилаҳо фаъолият мекунад. Он масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва оилаҳоро меомӯзад, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар сатҳи ҷомеа ва сиёсӣ тавсияҳо таҳия мекунад, ба муассисаҳои давлатӣ машваратҳои сиёсӣ медиҳад ва ба бахшҳои сеюм аз ҷиҳати амалӣ ва махсус хизматрасонӣ менамяод [14].
Аз маълумоти боло бармеояд, ки равишҳои илмӣ-назариявӣ ва методологӣ ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон, заминаҳои таҷрибавӣ ва амалӣ, иқтидорҳои тадқиқотию таҳлилӣ дар самти ташаккул ва рушди илми соҳаи ҷавонон ё ҷавонишиносӣ ҳанӯз 50 сол қабл ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар муассисаҳо ташкил карда шудаанд, ки ҷавононро дар доираи сиёсати ҷавонон ва омодагӣ ба ҳаёту фаъолияти мустақилона меомӯзанд ва таълим медиҳанд. Аз ин рӯ, таълими сиёсати ҷавонон ҳамчун як фанни алоҳида бахусус дар шароити Тоҷикистон, ки кишвари ҷавонтарини ҷаҳон аз лиҳози аҳолӣ ба ҳисоб меравад, саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Гузашта аз ин, имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки бо ҷавонон сарукор надошта бошад, аз ҷумла дар соҳаи маориф – таълим ва омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва омӯзгорони ҷавон (истифода ҳамчун омӯзор), мудофиа – тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон (истифода ҳамчун сарбоз), ҳифзи ҳуқуқ (ВКД, прокуратура ва ғ.) – тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ҳуқуқию сиёсии ҷавонон (истифода ҳамчун сарбоз ва субъект), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – ҳифзи манфиатҳо, тарбияи идоракунӣ, сиёсӣ ва кадрӣ (истифода ҳамчун идоракунанда), ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ (истифода ҳамчун актори иҷтимоӣ, иштирокчӣ), ташкилотҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла тиҷорат, сохтмонӣ ва кишоварзӣ – омӯзиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, мустақилияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (истифода ҳамчун қувваи асосии корӣ) ва ғайра.
Аммо дар кадом вазъ ё ҳолат метавон аз иқтидори фарди ҷавон босамар истифода бурд ва ё ӯро дуруст роҳнамоӣ намуд? Танҳо дар сурати доштан ё омӯхтани дониш ва малака оид ба идоракунии ҷавонон, методҳои таълиму тарбияи муосири онҳо, усулҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сиёсию иҷтимоии онҳо ва дар маҷмӯъ сиёсати ҷавонон ва роҳу усулҳои татбиқи он. Яъне, маъмурони оянда ва имрӯзи аксари ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро зарур аст, ки вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳу усулҳои татбиқи самарноки он дониш омӯзанд ва маълумоти касбӣ гиранд. Илова бар ин, вақти он расидааст, ки дар бахши кор бо ҷавонон, занон, оила ва робита бо ҷомеа мутахассисони касбии соҳаи кор бо ҷавонон омода карда шаванд. Ин натанҳо тақозои илми сиёсӣ, ҷомеашиносӣ ва идоракунӣ аст, балки талаботи Конститутсия, қонунгузорӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоши рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Ҷавонон дар сатҳҳо ва соҳаҳои гуногун ҳамчун як воқеият ва субъекти махсусан муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, ки дар барои омӯхтан ва муайян кардани қадамҳои эҳтимолии рушди онҳо ҳамеша равишҳои наву замонавӣ омӯхта мешаванд, ки дар натиҷа ба рушди тамоми башарият хизмат мекунанд [1, 15].
Ҳамин тариқ, дар шароити қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои ҷавонон зарурати ташаккули низоми муносибатҳои муносиби давлат ва ҷавонон ба миён омад, ки он сиёсати давлатии ҷавонон ном гирифт. Зимнан, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷаҳони муосир дар шароити пеш омадани дигаргуниҳои бошиддат ва демократикунонии ҷомеа беш аз пеш, ки ояндаи он имрӯз муайян карда мешавад, зарур мегардад.
Ҷавонон ҳамчун субъекти асосӣ ва ҳам объекти сиёсати давлатӣ дар айни замон бештар осебпазиранд ва ба таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва дастгирии доимӣ ниёз доранд. Дар ҷаҳони имрӯза, мутаассифона, на ҳама вақт ба насли наврас таваҷҷуҳи лозима равона мегардад, ки дар натиҷа як қатор мушкилот, аз ҷумла дар самти иҷтимоӣ, ҳуқуқ, фарҳанг ва ғайра ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин гуногунравишӣ ва мураккабии мушкилот татбиқи самараноки сиёсати давлатиро нисбат ба ҷавонон тақозо мекунад, зеро масъалаи ҷавононро ягон ниҳоди давлатӣ ё низоми маъмурӣ дар танҳоӣ ҳал карда наметавонад.
Дар ҳами асно мо метавонем яке аз мушкилоти ҷавононро муфассалтар баррасӣ намоем. Масалан, вазифаи хадамоти давлатӣ дар самти шуғли аҳолӣ, ин ҳалли масъалаҳои шуғл мебошад. Аммо, дар инҷо гурӯҳи мушкилоти дигар пеш меояд, ки бо шуғли аҳолӣ пайдарҳам аст, аз ҷумла танфурӯшӣ, ҷинояткорӣ ва фурӯшу истеъмоли маводи мухаддир. Ин мушкилот ба ваколати хадамоти шуғли аҳолӣ бевосита алоқаманд намебошад, вале бояд ҳал карда шаванд.
Чуноне муаллиф дар рисолаи хеш «Молодежная политика» иброз мекунад, вақте мо «ҷавонон» мегӯем, сухан танҳо дар бораи як гурӯҳи демографӣ, ки дар вазъияти душвору мураккаби иҷтимоӣ қарор дорад, намеравад, инҷо пеш аз ҳама қисми иҷтимоӣ, идеологӣ ва қувваи асосии кории ҷомеа дар назар дошта мешавад, ки ба хотири онҳо ислоҳотҳои гуногуни идоракунӣ гузаронида мешавад ва он ки дар ояндаи наздик худи ҳамин гурӯҳ раванди ин ислоҳотҳоро муайян менамояд.
Ҳамин тариқ, зарурати ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар аввли солҳои 90-ум ба миён омад.
Сиёсати давлатии ҷавонон – ин системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон бо мақсади таълиму тарбия, ташаккул ва рушди ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи самараноки нерӯи онҳо ба манфиати ҷомеа истифода ва амалӣ карда мешаванд [1, 16].
Мафҳуми мазкур ба мафҳуми «сиёсати давлатии ҷавонон ба маънои васеъ» мувофиқат мекунад. Инчунин мафҳумҳои дигари «сиёсати давлатии ҷавонон ба маънои маҳдуд» низ мавҷуданд, ки асосан ба масъалаҳои муайянкунии соҳавии сиёсати давлатии ҷавонон, яъне «фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон» вобаста мебошанд.
Маълум аст, ки раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон «ташаккули низоми комил, аз ҷумла заминаи қонунгузории системаи мақомот ё сохторҳои кор бо ҷавонон ва татбиқи тадбирҳоро (асосан дар асоси усули барномасозии мақсаднок)» пешбинӣ мекунад. Раванди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон аз ташкили заминаҳои қонунгузории он ва мақомоти давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, ки барои татбиқи он муайян (вобаста) шудаанд, иборат аст [15, 14] .
Таърифи дигар он аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон сиёсати байнисоҳавӣ буда, асосан тавассути мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, аз қабили сохторҳои (вазоратҳои) маориф, илм, меҳнат, муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кор бо ҷавонон, занон, оила, дин ва ғайра, инчунин аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ташаббускор, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Сиёсати давлатии ҷавонон барои Тоҷикистон сиёсати нав нест; он ҳануз дар шароити гузариш ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ташаккул ёфтааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сиёсати давлатии ҷавонон – низоми ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ мебошад, ки тавассути субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади тарбия ва ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷомеа татбиқ мегардад. Яъне, он ҳамчун як низом, системаи ягона барои ҳалли як қатор масъалаҳои ҷавонон тавассути ҷалб ва ба самти мувофиқ равона кардани тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.
Зимнан, сиёсати давлатии ҷавонон чун низоми қонунӣ, яъне расмиёт ва зарурати он бо қонун пазируфта шуда мебошад, татбиқи он бояд дар ҳамаи сатҳҳо ва аз ҷонби ҳамаи субъектҳо, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба таври самаранок таъмин карда шавад.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд дастгирӣ карда мешавад. Дар раванди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон (1993-2025) аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ 10 вохӯрӣ ва мулоқотҳои васеи расмӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар ташкил карда шуда, дар онҳо мушкилоти ҷавонон ва масъалаҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла тарбияи ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди иттиҳодияҳои ҷавонон, гурӯҳҳои ташаббускор, маҳфилҳои гуногуни таълимӣ, марказҳои соҳибкорӣ, гурӯҳҳои дастгирии ҷавонон ва ғайра муфассал мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудаанд [1, 16].
Дар натиҷаи ҳар кадом вохӯрӣ тадбирҳои зиёде барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва ҷомеа ва ташаккули асосҳои институтсионалии сиёсати давлатии ҷавонон андешида шуданд, ки қобили тазаккур аст. Аммо натиҷагирӣ ва арзёбии самарабахшӣ аз онҳо, яъне ташкили механизми мониторингӣ тақозои ҷомеаи муосир аст.
Ҳамчунин, Сарвари кишвар дар доираи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2016) соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда, иброз намуд, ки «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.» [16].
Дар натиҷаи ин вохӯриҳо ва дастурҳои пайвастаи роҳбари давлат дар ҷумҳурӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардидем, аз ҷумла: таъсис мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, стипендияҳои махсус барои донишҷӯён, мукофотҳои соҳавӣ (давлатӣ) барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ барои дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, бурсия (квота) барои қабули (дохилшавии) ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба муассисаҳои таълимии олии касбӣ, таъсиси марказҳои ҷавонон ва кӯдакон, ташкилёбии Шӯроии миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавонон ва ғайра амсоли инҳо.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонон санаи 23 майи соли 2013 Президенти кишвар оид ба аҳамиятнокии сиёсати ҷавонон ва ҷавонон дар ҷаҳон чунин ибрози назар намуданд: «Дар ҷаҳони муосир ҳалли мушкилоти ҷавонон ва истифодаи неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад» [17].
Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон ба роҳбарон ва намояндагиҳои дигар давлатҳо ва ҷамъиятҳо низ, пешниҳод намуданд, ки ба масъалаҳои ҷавонон ва ҳалли мушкилоти онҳо, бахусус дар самти мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои радикалӣ, ифротӣ ва экстремистӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (10.07.2015) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз мекунанд, ки: «Соҳаи кор бо ҷавонон ва манфиатҳои ҷавонон бояд яке аз авлавиятҳои муҳими СҲШ арзёбӣ гардад. Бинобар ин пешниҳод мекунам, ки яке аз солҳои оянда «Соли ҷавонон» эълон карда шавад [18].
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлат дар шахсияти Пешвои миллат, Президенти кишвар татбиқ ва инкишофи сиёсати ҷавонон ва баланд бардоштани нақши ҷавононро дар ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Барои воқеан қонеъ гардонидани ин интизориҳо ва амалӣ гардонидани ҳадафи давлат – татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон зарур аст, ки иқтидори мактаби илмии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла заминаи устувори назариявӣ ва таҷрибавии он ташаккул дода шавад ва сатҳи фановарӣ ва илмию методии сиёсати давлатии ҷавонон баланд бардошта шавад.
Ҷавонон ҳамчун фард ва захираи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ вобаста ба дигаргуниҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ таъсири зиёд доранд. Воқена, ин ҳолат ё мавқеъгирии ҷавонон ба омӯзиши муносибатҳои байналмилалии ҷавонон ва асосҳои илмию методии он мором водор месозад.
Татбиқёбии сартосарӣ ва аҳамиятнокии ташаккул ва рушди сиёсати ҷавонон, ин натиҷаи эътирофи ин сиёсат ҳамчун институти фаъоли равандҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Ассамблеяи Генералии СММ ҳануз соли 1965 «Дар бораи дар байни ҷавонон паҳн кардани идеалҳои сулҳ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо» эъломия қабул намуд, ки асосан хусусияти тарбиявӣ дошт ва ҷавононро ба сулҳдӯстию таҳаммулпазирӣ даъват мекард. Зимнан, ин ташаббус ба вокуниши оммавии ҷавонони солҳои 60-ум асос меёбад. Соли 1998 аз ҷониби ин ниҳоди умумиҷаҳонӣ Эъломия оид ба сиёсати ҷавонон ва барномаи ҷавонон қабул мегардад, ки 8 самтро дарбар мегирад, аз ҷумла ташаккули сиёсати миллии ҷавонон дар ҳама кишварҳои ҷаҳон [7, 15]. Аз ҷумла, дар муқаддимаи ин ҳуҷҷат қайд карда мешавад: «боз ҳам дар асоси нуқтаи дар сархати 112-уми Барномаи ҷаҳонии амал зикршуда таъкид мегардад — давлатҳое, ки ҳанӯз ин корро накардаанд, чораҳои заруриро вобаста ба таҳия ва қабули сиёсати миллӣ дар бораи ҷавонон амалӣ созанд…», ки аҳамият ва зарурати омӯзиши ин сиёсат, бахусус таҳияи тадбирҳо ва механихмиҳои хосро ҷиҳати ташаккули асосҳои институтсионалӣ, илмӣ, технологӣ ва таҷрибавӣ (эмпирикӣ) баланд мебардорад.
Қобили зикр аст, ки илова ба тадбирҳои боло бо ташаббуси СММ боз якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи байналмилалӣ қабул мегардад, аз ҷумла Меъёрҳои (принсипҳои) роҳбарӣ оид ба иштироки ҷавонон дар таҳкими сулҳ, Эъломия оид ба масъалаҳои ҷавонон, сулҳ ва амният (2015) ва Барномаи амал оид ба пешгирии экстремизми хушунатомез ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон. Ғайр аз ин, дар қатъномаи ба қабулшудаи Шӯрои Амнияти СММ (9.12.2015) зикр шудааст, ки: «Шӯрои Амният аз кишварҳои узв даъват мекунад, ки роҳҳои афзоиши намояндагии фарогири ҷавононро дар раванди қабули қарорҳо дар ҳама сатҳҳо дар доираи муассисаҳо ва механизмҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, аз ҷумла муассисаҳо ва механизмҳои муқовимат ба экстремизми зӯроварона, ки метавонад ҳамчун заминаи парвариши терроризм хизмат кунад, омӯзанд ва дар ҳолати зарурӣ таъсиси механизмҳои ҳамаҷонибаро барои таъмини иштироки пурмазмуни ҷавонон дар раванди сулҳ ва ҳалли баҳсҳо баррасӣ намоянд» [19].
Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки Созмони Милали Муттаҳид, ки беш аз 190 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ба масъалаҳои ҷавонон ва сиёсати ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дар доираи фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ ва зерсохторҳои маҳаллии он дар кишварҳо, аз қабили Хазинаи кӯдакон, Хазинаи нуфузи аҳолӣ, Иттиҳодияи волонтёрон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ғайра масъалаҳои ҷавонон мунтазам баррасӣ, бозбинӣ гардида, мушкилоти мавҷуда ҳал карда мешаванд.
Дар ҳолати имрӯза қисми зиёди мамлакатҳо сиёсати муайяншудаи мақсаднокро нисбат ба ҷавонон пеш мебаранд. Дар аксари кишварҳо сиёсати миллии соҳаи ҷавонон амалӣ мегардад, зимнан санадҳои алоқаманди қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои рушд ва ҳифзи манфиатҳои ҷавонон қабул шудаанд. Ҳамчунин, дар гурӯҳи зиёди кишварҳо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи сиёсати ҷавонон ё кор бо ҷавонон фаъолият доранд [20].
Ба нақши ҷавонон ва иштироки онҳо дар ҷомеа дар сатҳи ИДМ баҳои баланд дода мешавад. Ин муқаррарот ва ҳадафҳо дар Созишномаи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, ки 25 ноябри соли 2005 қабул шудааст, баён мегардад. Дар моддаи 4-уми ин санад аз ҷумла гуфта мешавад: «Тарафҳо дар самтҳои зерин ба ҳамдигар мусоидат менамоянд: тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон; доду гирифти маводҳои илмӣ, маълумотномаҳо, иттилоот ва маводҳои методӣ, табодули таҷрибаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва дигар ташкилотҳо ва иттиҳодияҳое, ки дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон иштирок мекунанд; ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ ва чорабиниҳо оид ба масъалаҳои гуногун дар самти сиёсати ҷавонон ва ҳамкории байни ҷавонон» [21, 2].
Зимнан, аксари кишварҳои ИДМ, дар баробари Тоҷикистон, низоми (системаи) сиёсати давлатии ҷавононро бо тартиби хос дар кишваҳои худ ҷорӣ кардаанд. Ғайр аз ин, ин сиёсат дар аксари кишварҳои Ғарб низ татбиқ карда мешавад, ки аҳамият ва афзалиятнокии онро дар рушди давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
ХУЛОСА ВА ПЕШНИҲОДҲО
Амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷаҳони муосир, дар шароити тағйироти босуръат ва демократикунонии ҷомеа хеле муҳим ва саривақтӣ аст ва яке аз асосҳои ин сиёсат худи ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки ояндаи онҳо, яъне ояндаи ҷомеа (дар симои ҷавонон) имрӯз муайян карда мешавад.
Хулоса мегардад, ки дар шароити Тоҷикистон – давлати ҳам лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ-демографӣ ҷавон татбиқи сиёсати мақсаднок ва устувор дар самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла амалӣ намудани тадбирҳои зерин аҳамиятнок ва натиҷабор арзёбӣ мегардад:
- Ташкил намудани ниҳодҳои гуногуни илмию тадқиқотӣ ва таҳлилу омӯзиши касбии сиёсати ҷавонон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи комили зеҳнии ҷомеа;
- Дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ҷорӣ намудани фанни «Сиёсати ҷавонон» ва тахассуси «Кор бо ҷавонон»;
- Ба роҳ мондани омодасозӣ, таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзии кадрҳо аз рӯи ихтисоси «Кор бо ҷавонон».
Татбиқи чораҳои боло метавонад гурӯҳи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ҷомеаро дар самти худшиносӣ, худгоҳӣ, ҳувияти миллӣ, захираи кадрӣ, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими шуури сиёсӣ ва маданияти иқтисодӣ то андозаи назаррас ҳал намояд ва ё ба ҳалли муносиб ва муосири онҳо мусоидат кунад.
THEORETICAL ASPECTS AND RELEVANCE OF THE FORMATION OF YOUTH POLICY AS A SCIENCE AND ACADEMIC DISCIPLINE
MIRALIYON QIYOMIDDIN ABDUSALMZODA – Doctor of Political Science, Professor, Department of Political Science and Public Relations, Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan, 33 Said Nosir Street, Dushanbe, 734003, Tajikistan,
Tel.: +992 550670660; E-mail: qmiraliyon@gmail.com, Website: https://miraliyon.page
ANNOTATION
Youth as an important human resource and youth policy as a tool for managing this resource are becoming increasingly relevant, and in modern society, especially in the context of rapidly changing globalization, demand for them is growing. The need to study youth, as well as youth policy as an independent scientific, educational, and practical discipline, is driven by a number of natural, demographic, physiological, psychological, and social characteristics, such as youth, population size, mobility, strength, flexibility, resourcefulness, and others.
Thus, based on a scientific and theoretical analysis and a study of the experience of developed countries, the author proposes introducing a course called «Youth Policy» in higher professional educational institutions. This course could contribute to the creation of an appropriate foundation for addressing a range of social, political, spiritual, legal, and political-economic issues facing society in the areas of self-awareness, self-determination, national identity, human resource development, human capital, and the strengthening of political consciousness and economic culture.
Key words: youth, youth policy, state youth policy, juvenile, sociology of youth, subject «Youth Policy», specialty «Work with Youth»
ТЕОРЕТИЧЕСКИЕ АСПЕКТЫ И АКТУАЛЬНОСТЬ ФОРМИРОВАНИЯ МОЛОДЕЖНОЙ ПОЛИТИКИ КАК НАУКИ И УЧЕБНОЙ ДИСЦИПЛИНЫ
МИРАЛИЁН КИЁМИДДИН АБДУСАЛМЗОДА – доктор политических наук, профессор кафедры политологии и связей с общественностью Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан,
734003, Таджикистан, г. Душанбе, ул. Саида Носира, 33,
тел.: +992 550670660; е-mail: qmiraliyon@gmail.com, веб-сайт: https://miraliyon.page
АННОТАЦИЯ
Молодежь как важный человеческий ресурс и молодежная политика как инструмент управления этим ресурсом становятся все более актуальными, и в современном обществе, особенно в условиях стремительно меняющейся политики глобализации, спрос на них растет. Необходимость изучения молодежи, а также молодежной политики как самостоятельной научной, образовательной и практической дисциплины обусловлена рядом природных, демографических, физиологических, психологических и социальных характеристик, таких как молодость, численность населения, мобильность, сила, гибкость, находчивость и другие.
Таким образом, на основе научно-теоретического анализа и изучения опыта развитых стран автор предлагает ввести в высших профессиональных учебных заведениях предмет «Молодёжная политика». Этот предмет может способствовать созданию надлежащей основы для решения комплекса социальных, политических, духовных, правовых и политико-экономических проблем общества в сфере самосознания, самоопределения, национальной идентичности, развития человеческих ресурсов, человеческого капитала, укрепления политического сознания и экономической культуры.
Ключевые слова: молодёжь, молодёжная политика, государственная молодёжная политика, ювенология, социология молодёжи, предмет «Молодёжная политика», специальность «Работа с молодежью»
АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО:
- Миралиён Киёмиддин Абдусалимзода, Молодёжная политика / Киёмиддин Абдусалимзода Миралиён. [б.м.]: Издательские решения, 2019 – 364 с.
- UN Мир [Электронный ресурс] / Мир UN: 2025. – Режим доступа: https://population-pyramid.net/ru/pp/мир
- Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Омори солона / Агентии омори назди Президенти ҶТ. — Душанбе: 2024. – 480 c.
- Википедия. Ювенология [Манбаи электронӣ] – 2015. – Режим доступа: http://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki
- Александр Вал Луков, Ювенология: проблемы становления теории молодежи [Текст] / Луков Вал // Вестник МАН . – 2007. — №2. — C. 66-69
- Лисовский, В. Т. Социология молодежи: учебник [Текст] / В. Т. Лисовский. — СПб: Изд-во С.-Петербургского университета, 1996. — 460 с.
- Манько, Ю. В. Социология молодежи: учебное пособие [Текст] / Ю. В. Манько, М. Оганян. — СПб.: Петрополис, 2008. — 316 с.
- Jon, O. J. Dewey and Experiential Learning: Developing the theory of youth work [Текст] / O. J. Jon // Youth & Policy. – 2012. — №108. — pp. 55-72
- Асадуллоев, Р. Н. Молодежь в процессах демократизации общественной жизни страны (на примере Республики Таджикистан) [Текст] / Р. Н. Асадуллоев. – Душанбе, 2004. – 179 с.
- Донишгоҳи ҷавонони Чин оид ба илмҳои сиёсӣ [Манбаи электронӣ] – 2025. – Тартиби дастрасӣ: https://www.cyu.edu.cn/
- Институти фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Новосибирски Федератсияи Русия [Манбаи электронӣ] – 2025. – Тартиби дастрасӣ: https://nspu.ru/obuchenie/instituty-fakultety/detail.php?ID=176
- Институти илмии ҷавонон дар Калифорния (ИМА) [Манбаи электронӣ] – 2025. – Тартиби дастрасӣ: https://www.ysi-ca.org/index.html
- Институти Тадқиқоти Ҷавонони Коннектикут (ИМА) [Манбаи электронӣ] – 2025. – Тартиби дастрасӣ: https://sites.tufts.edu/iaryd/about/
- Институти ҷавонони Олмон [Манбаи электронӣ] – 2015. – Тартиби дастрасӣ: https://www.dji.de/
- Миралиев К. Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши он дар таҳкими иқтидори ҳаракатҳои ҷавонон дар Тоҷикистон дар шароити ҷомеаи муосир [Матн] / Миралиев К. — Душанбе: Рафиграф , 2006. — 186 с.
- Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] – Душанбе, 2016. – Тартиби дастрасӣ: https://president.tj/event/missives/12756
- Миралиев К.А.Президент ва ҷавонон [Матн] / К. А. Миралиев. – Душанбе: Тараккиёт, 2013. – 55 с.
- Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ [Манбаи электронӣ] – Русия, 2015. – Реҷаи дастрасӣ: http://president.tj/ru/node/9366
- Резолюция Совета Безопасности ООН от 09.12.2015, №2250 [Электронный ресурс] – Нью-Йорк: 2015. — Режим доступа: http://www.un.org/en/ga/search/view_doc.asp?symbol=S/RES/2250(2015)…
- Консепсияи Форуми якуми ҷаҳонӣ оид ба сиёсати ҷавонон [Манбаи электронӣ] – Боку: 2014 (2015). — Тартиби дастрасӣ: http://www.youthpolicy.org
- Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон: Созишномаи кишварҳои узви ИДМ аз 25.11.2005 [Манбаи электронӣ] – М: 2005. – Реҷаи дастрасӣ: http://cis.minsk.by/reestr/ru/Reestr.html#reestr / view / text ?doc =3044
