Вожаи «Тоҷик» аз ашъори бузургон

Дар тӯли таърих миллату халқиятҳое буданду ҳастанд, ки барои мустаҳкам намудани решаҳои таърихӣ рӯ ба хотираи таърихии дигар мардуму кишварҳои ҳамсоя оварда, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки аҷдодони худро ба кадомин шоҳу шахсиятҳои манфию мусбиати таърихӣ бурда расонанд. Аммо тоҷикон ба ин амал ниёзе надоранд, таърихи мо рӯшану возеҳ аст.

Вожаи Тоҷик дар ашъори бузургон

Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун,

Зи Турку Тоҷик в-аз Туркмону Ғузу Хазар.

Унсурӣ — (980—1039)


Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон,

Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб.

Абдулқодири Гелонӣ -(1077 — 1166)


Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,

Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.

Ҷалолуддини Балхӣ -(1207-1273)


Турк кӣ, тоҷик ки зангӣ кӣ, румӣ кӣ?

Моликулмулке ки донад мӯбамӯ сирру ъалан.

Ҷалолуддини Балхӣ -(1207-1273)


Як ҳамлаву як ҳамла омад шабу торикӣ,

Туркӣ куну чустӣ кун, на нармию тоҷикӣ

Ҷалолуддини Балхӣ -(1207-1273)


Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,

Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар-ҷонро.

Ҷалолуддини Балхӣ -(1207-1273)


Худ чӣ ҷои турку тоҷик асту занг?

Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг!

Ҷалолуддини Балхӣ -(1207-1273)


Турку тоҷику араб гар ошиқанд,

Ҳамраҳанд аз рӯи маънӣ дар савоб.

Ҷалолиддини Балхӣ -1207-1273)


Чу яксон аст он ҷо турку тоҷик,

Ҳам аз Эрон ҳам аз Тӯрон дареғо.

Аттори Нишопурӣ -(1145-1220)


Туро додор турк асту ту тоҷик,

Бимонда бар сари ин роҳи борик.

Аттори Нишопурӣ -(1145-1220)


Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Саъдӣ -(1210 — 1291)


Араб дидаву Турку Тоҷику Рум,

Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.

Саъдӣ -(1210 — 1291)


Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш

Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад!

Саъдӣ -(1210 — 1291)


Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,

Бештарӣ найзавару теғзан.

Хусрави Деҳлавӣ -(1253 — 1325)


Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ

Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст.

Салмони Соваҷӣ -(1300 — 1377)


Эй баста камар зи дуру наздик,

Бар хуни тамоми Турку Тоҷик.

Ҳофизӣ Шерозӣ -(1325 — 1390)


Гуфт ӯ турк ҳасту ман тоҷик,

Лек дорем хешии наздик.

Абдурраҳмони Ҷомӣ -(1414 — 1492)


Пеши ҳиндуи чашми хунрезат,

Гашта Туркон забунтар аз Тоҷик.

Абдурраҳмони Ҷомӣ -(1414 — 1492)


Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,

Ба он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.

Алишер Навоӣ -(1441 — 1501)


Зиҳӣ хулқу карам к-аз дуру наздик

Ҳамегӯяд дуояш турку тоҷик.

Аҳлии Шерозӣ — (1454 — 1535)


Дил ойинадори турку тоҷик бувад,

Зишт аст, гарат ойина торик бувад.

Аҳлии Шерозӣ — (1454 — 1535)


Фарзанд биҷӯю б-ӯй худ соз бузург,

Магзор ба суҳбаташ чи тоҷик, чи турк.

Аҳлии Шерозӣ — (1454 — 1535)


Турку тоҷикро ба якдигар

Хасмиву гирудор мебинам.

Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ (1330-1429)


Аз дами сайиди исидами мо

Турку тоҷик басе зинда шуданд.

Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ (1330-1429)


Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд ситуд,

Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан.

Толиби Омулӣ -(1581 — 1627)


Кист, к-аз ғами ишқаш ҷон бадар тавонад бурд,

Дайлам аст ё курд аст, турк ё ки тоҷик аст.

Ҳоҷиби Шерозӣ


Сози нофаҳмидагӣ кӯк аст, ку илму чи фазл?

Ҳар куҷо дидем, баҳси турк бо тоҷик буд.

Абдулқодир Бедил — (1644 — 1521)


Бедил, дами шамшери талаб борик аст,

З-ин теғ на турк эмину не тоҷик аст.

Бар ҷабҳайи эҳтиёҷ дорад арақат

Обе ки зи сар гузаштанаш наздик аст.

Абдулқодир Бедил — (1644 — 1521)


Фитнаҷӯи ҳамлабар чун ишқ нест

Дар миёни турку тоҷику араб.

Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ


Ту фитна кардиву тоҷику турк муттаҳаманд,

Ки раҳ ба фитна гушоданд мулки султонро.

Қоонии Шерозӣ -(1808 — 1854)


Ғариқи раҳмати ӯ дуру наздик,

Ғуломи ҳиммати ӯ турку тоҷик.

Қоонии Шерозӣ -(1808 — 1854)


Шуд ғайрати кору бори ишқат

Зуннор миёни турку тоҷик.

Назирии Нишопурӣ


Резахори наволаи карамаш

Турку тоҷику бандаву озод.

Ҳотифи Исфаҳонӣ


Чашмони ту бо дилам насозанд,

Ҷанг аст миёни турку тоҷик.

(Файёз)


Ёфта аз маснадаш низом мамолик,

Малҷо турк асту садру соҳиб тоҷик.

Ҷайҳуни Яздӣ


Он шӯх к-аз ӯст дар табу тоб

Доим дилу ҷони турку тоҷик.

Муштоқи Исфаҳонӣ -(1688 — 1758)


Шаш ҷиҳат рушан зи тоби рӯйи ӯ,

Турку тоҷику араб ҳиндуи ӯ.

Иқболи Лоҳурӣ -(1877 — 1938)


То ки бад-ин турфа хиёли сутурк

Тоза кунад ёрии тоҷику турк.

Маликушшуаро Баҳор -(1886 — 1951)


Манбаъ: https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=2163997983656711&id=1277752765614575

Оставьте комментарий