МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Маҷмӯаи мақолаҳо: ҲХДТ — чароғафрӯзи роҳи халқ. — Душанбе: «Ирфон», 2024. — С.181-190

Дар ҷомеаи муосир дар шароити ташаккулёбии рукнҳои демократӣ – авлавияти озодӣ ва иштироки халқ дар муносибатҳои идоракунии давлатӣ рушди фаъолияти ниҳодҳои ҷамъиятии сиёсӣ, намояндагии ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳизбҳои сиёсӣ ногузир мебошад.

Воқеан, аз таърихи начандон дури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – дар давраи ҳукмронии собиқ давлати шӯравӣ аҳолии қобили қувваи меҳнатӣ бештар ба корҳои кишоварзию саноатӣ (пахтакорӣ, ғаллакорӣ, истеҳсоли энергетика ва ғ.) ҳамчун дастгоҳи истеҳсолотӣ истифода гардида, ҷомеа аз татбиқи арзишҳои олии инсонӣ, ба монанди такмили илму дониш, эҳё ва рушди фарҳанг, анъана ва дар умум камолоти шахсият фориғ монда буд.

Дар ҳамин шароит, аз як тараф зарур буд, ки бар ивази «мактаби сиёсии коммунистӣ» мактаби сиёсии комил ташкил меёфт, аз тарафи дигар бояд шахсияте ин мактабро роҳбарӣ ва ё пешбарӣ мекард, ки дар байни мардум соҳиби нуфузу мақоми воло мебуд; илова бар ин, мактаби сиёсии демократӣ бояд ба низоми барҳамхӯрдаи коммунистӣ, бо ҳадафу вазифаҳои таъсиргузор ва созанда муқовимат карда метавонист.

Ҳамин тариқ, ин мактаби сиёсии демократӣ дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон солҳои 1992-1994 ташаккулёфта арзёбӣ мегардад. Асосҳои назриявӣ-идеологии (фаъолияти ояндаи) Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябри солии 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, онҳо соли 1994 (10 декабр) зимни расмиёти (бақайдгирии) давлатии ҲХДТ, дар ҳуҷҷати асосии (Оинномаи) он дарҷ карда мешаванд. Албатта, дар ин баробар якчанд ҳизбҳои сиёсӣ низ, ташкил меёбанд, ки ҳар кадом мактаби хоси сиёсии худро дошта, имрӯз ҳам, ба истиснои ҳизби мамнуи (террористии) наҳзат, фаъолият доранд, аммо мактаби сиёсии Пешвои миллат ба идеологияи коммунистӣ муқовимат карда тавониста, дар қалби мардум ҳамчун ҳизби халқӣ ҷой гирифт.     

Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ташаккули рукнҳои назариявию амалии мактаби сиёсии худ бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ пардохта буд.

Аз рӯзҳои аввали сарварӣ, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ иброз намуда буданд, ки «…мақсаду мароми мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад».

Зимнан, Тоҷикистон зери сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти идоракунии демократии ҷомеаро интихоб мекунад. Чуноне Пешвои миллат дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз менмаоянд: «Ман андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин маротиба дар иҷлосияи мазкур (иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ) баён дошта, изҳор карда будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам».

Зимнан, рисолати мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1), ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ҳамчун «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» муқаррар гардидааст. Яъне, ин аз аввалин дастовардҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат арзёбӣ мегардад, ки он ба таҳкурсии асосии давлатдории навини тоҷикон табдил ёфт.

Ҳамин тариқ, чуноне дар боло ишора гардид, яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар самти демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ – 10 декабри соли 1994 таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зарурати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаҳои зерин асос меёбад.

Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ, ки гуногунандешии сиёсӣ ва идоракунии ҳокимият тавассути ниҳодҳои сиёсӣ тақозо мегардад, зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.

Дуюм, ниҳоде лозим буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.

Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.

Аз ин лиҳоз, маҳз дар шароити таҳдидҳои берунӣ, бахусус ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо ташаббус ва пайгирии бевоситаи Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил меёбад, ки дар номи худ ҳамаи он талаботи болозикрро фаро мегирад.

Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт».

Дар воқеъ нақш ва хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо зери мактаби сиёсии Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, — мактаби сулҳоварӣ низ, аҳамияти хосса дорад. Яъне, зимни омӯзиши таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон хонанда, хоҳ нохоҳ ба фишангҳои сиёсӣ пешорӯ мегардад, ки онҳо аз барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеоянд.

Ҳамин тариқ, мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Чи тавре маълум аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсаф кули бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад, зимнан талаботи рушди илму техника баррасӣ ва татбиқи асосҳои илмии ҳадафҳои ҳизбро тақозо мегардад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола баргузор намудани конференсияи илмии амалӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва минбаъд ҳамчун ибтикори илмию таҳлилӣ ва амалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаббус гардид.

Ин конференсияи илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар шаҳри Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) бо иштирок 50 олимону муҳаққиқон ва 6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар (Россия, Украина ва Молдова) дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 80 мақолаҳои илмию таҳлилӣ ширкат намуданд.

Ҳамчунин, соли 2022 сатҳи конференсия болотар гардида, он ҳамчун Конференсияи III-юми байналмилалии илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи энергетики Тоҷикистон ва соли 2024 Конференсияи IV-уми байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Зимнан, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ, дар ҳарду маҷалла иборат аз 195 мақола дар 500 нусха чоп гардида, ба иштирокдорони конференсияҳр дастрас карда шуд.

Зимнан, Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи илмии электронии сатҳи байналмилалӣ бо унвони «ELIBRARY.RU» ва ё «РИНЦ», ки дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд. Минбаъд, маводҳои дар ин китобхонаи маҷозӣ ҷой дода шуда, барои доираи васеи олимон дастрас мегардад ва ҳамчун асос зимни баррасии корҳои мустақили илмию таҳқиқотии муҳаққиқ ба инобат гирифта мешавад. Яъне, Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» нуфузи байналмилалӣ касб намуд.

Аз ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро имрӯз метавон ҳамчун ҳомии мактаби сиёсии Пешвои миллат ном бурда, ба рушди он, аз як тараф то ба сатҳи ҷамоатҳо, маҳаллаву деҳот ва ҳар як оила ва аз тарафи дигар дар сатҳи байналмилалӣ талош варзид.

Ба сифати иштирокчиён ва ё шунавандагони асосии мактаби сиёсии Пешвои миллат аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро арзёбӣ кардан мумкин аст, ки шумори онҳо ба беш аз 600 ҳазор нафар расида, ботадриҷ афзоиш меёбад. Кормандони асосии ҲХДТ, аз ҷумла раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ, ки мақомоти ибтидоӣ, маҳаллии иҷроияи фаъолият мебошанд, дар сатҳи кишвар 7140 адад буда, масъулияти амалӣ намудани корҳои ташкилиро ба душ доранд. Воситаҳои таъминоти иттилоотии ҷомеаро ҳафтаномаҳои ҳизбӣ, аз қабили Минбари халқ бо 115 ҳазор шумора, Ҳамрози халқ бо 22 ҳазор шумора, Мароми пойтахт бо 23 ҳазор шумора ва Сухани халқ бо 20 ҳазор шумора ташкил медиҳанд, ки ҳар ҳафта ба хонанда бо ахбори муносиб ва муфид мерасанд. Ҳамзамон, дар сатҳи сохторҳои ҳизбӣ садҳо сомонаҳои интернетӣ ва ҳазорҳо саҳифаҳои иҷтимоӣ амал мекунанд, ки дар ростои фарогирии доираи васеи шаҳрвандон бо иттилооти комил саҳмгузор мебошанд.       

Кадрҳои ин мактаби сиёсӣ бошад, дар муддати кутоҳ соҳиби малакаи хуби идоракунӣ, таҷрибаи фаъолияти идеологӣ ва сиёсӣ гардида, мунтазам ба зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва мансабҳои олии сиёсӣ роҳ меёбанд, ки ба ҳадаф мувофиқ аст.

Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти устувори сиёсӣ бо сохтори идоракунии шакли амудӣ-амалӣ буда, дар ҳама минтақаҳо, оғоз карда аз сатҳи деҳот бо принсипи идоракунии ҳудудӣ ва ё ташкилоту муассисаҳои муайян бо принсипи идоракунии соҳавӣ то ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.

Хулоса, Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсаф, пешоҳанги ҷомеа буда, дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият дошта, баҳри рушди устувори Ватани азизамон – Тоҷикистон талош меварзад.

Оставьте комментарий