Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!

Чи тавре огоҳ ҳастем, рӯзҳои охир низои байни Фаластин ва Исроил ба муноқишаи ҳарбӣ табдил ёфта, дар натиҷа ҳазорҳо сокинони осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ҷон бохта истодаанд.

Дар ҳамин ҳошия дирӯз, 11 ноябри соли 2023 дар шаҳри  Ар-Риёз, Арабистони Саудӣ Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ бо иштироки васеи сарварони давлатҳои мусулмонӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат иброз намуданд, ки «Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад«.

Дар воқеъ дар натиҷаи ҳуҷумҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ҳуҷуми ҷавобии Исроил шумори зиёди аҳолии минтақаи Ғазза ҷон бохтанд, биноҳои истиқоматӣ ва иншооти ҷамъиятӣ валангор гардиданд, бахусус тарконидани беморхонаву мактабҳо боиси таассуф ва нигаронӣ аст, зеро ингуна амал ба инсони комил шабоҳат надошта, он аз рафторҳои бераҳмона ва ҷоҳилонаи шахс дарак медиҳад.

Дар ин қазия қарорҳои Ҳукумати Исроил симои воқеии онҳро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ҳаракати ҷоҳилона ва террористӣ унвон гирифт, зеро онҳо дар воқеъ ҳамчун геносид (нобуд кардани инсоният) ба роҳ монда шудааст. Зимнан, гурӯҳи зиёди сокинони сайёра имрӯз ҳаракати ҷоҳилонаи Исроилро бар зидди сокинони Ғазза маҳкум намуда, дар марказҳо ва шаҳрҳои бузурги мамлакатҳояшон тариқи гирдиҳамоҳиҳо қатъ кардани ҳуҷуми ҳарбӣ ва озод намудани Ғаззаро талаб доранд.

Ҳамчунин, Сарвари кишвар дар ин ҳамоиш пешниҳод намуданд, ки «Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад. Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад«.

Бо ифтихор аз ин пешниҳоди одилона ва боҳикмати Пешвои миллат метавон гуфт, ки дар воқеъ ҳақ бояд ба ҳақдор бирасад. Мардуми Фаластин ҳамагӣ хоҳиши ба даст овардани истиқлолияти худро доранд, аммо гурӯҳҳои муайяни кишварҳо, новобаста аз қарори ниҳоди олии ҷаҳонӣ (СММ) ба ин матлаб монеагӣ доранд. Маҳз ҳамин монеагӣ ва ё эътироф накардани иродаи ҷомеаи Фаластин имрӯз ба муноқишаи ҳарбӣ ва ҷон бохтани ҳазорҳо инсонҳо оварда расонид.

Аз ин рӯ, ягона роҳи ҳал, чуноне аз таҷрибаи начандори дури мо бармеояд, ин бо роҳи гуфтушунид ва сулҳу оромӣ барқарор намудани адолат, иҷрои қарорҳои СММ ва эътирофи ирода, ҳуқуқ ва ҳаққи мардуми Фаластин мебошад.

Дар ин росто, омӯзиш аз мактаби сулҳоварии Пешвои миллат боиси зикр аст. Зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз бо матонату иродаи қавӣ ва сулҳдӯстию хирадмандии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистон атрофи ин шахсияти бузург ба даст омадааст.

Дар инҷо нуқтаи муҳим он буд, ки Пешвои миллат дар ҳошияи хомуш кардани ҷанги оташафрӯзи шаҳрвандӣ бар гардонидани муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан ибтикор карданд. Дар он рӯзҳо ин иқдоми Сарвари кишвар ба сифати як нақшаи муқаррарӣ баррасӣ мегардид. Аммо акнун онро мо ва аксари ҷомеашиносону сиёсатмадорони ҷаҳонӣ бараъло ва хеле возеҳ эҳсос мекунем, ки – ин иқдоми саривақтӣ, рисолатпеша ва тақдирсоз буд ва аз ҳама муҳим, он ба бартарафгардии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамчун замина, таҳкурсӣ ва асос нақш бозид ва боис гардид.

Аз ин рӯ, мо ифтихор дорем, ки чунин сарвари адолатпеша дорем ва месазад, ки аз шуҷоату мардонагӣ ва ибтикороту ташаббускориҳояшон сабақ омӯхта, онҳоро дар ҳаёт сармашқи зиндагӣ ва кору фаъолияти худ қарор диҳем.

Оставьте комментарий