Бо ин мазмун унвон гирифтани мақолаи таҳлилии мазкур аслан ҳамчун посух – роҳи муносиби ҳалли баҳсу мунозираҳо ва муҳокимаҳои зиёд, ки атрофи низоми таҳсили анъанавӣ ва муосир-кредитӣ ҷой доранд, асос мегирад.
МУНДАРИҶА
ҶУЗЪИЁТИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛ.. 3
БАҲОГУЗОРӢ ДАР НИЗОМИ КРЕДИТӢ.. 4
ҲУКМФАРМОИИ АНДЕШАҲОИ НОСАҲЕҲ НИСБАТ БА НИЗОМИ МУОСИРИ ТАҲСИЛ.. 5
ТАҶРИБАИ НИЗОМИ ДУЗИНАГИИ ТАҲСИЛ (КРЕДИТӢ) ДАР ҶАҲОН 12
АФЗАЛИЯТНОКӢ ВА Ё ТАФОВУТИ БАЙНИ НИЗОМҲО.. 14
ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ РУШДИ МАОРИФ.. 14
Пеш аз ҳама зарур аст, ки тавзеҳоти мавзӯъ ва ё мафҳумҳои алоқаманд ба хонанда пешниҳод карда шавад.
НИЗОМИ АНЪАНАВИИ ТАҲСИЛ – ин тарзу услуб ва тартиби таҳсил дар даврони ҳукмронии собиқ давлати Шӯравӣ ва солҳои аввали бадастории истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ин низом:
- муҳлати таҳсил – 5 сол;
- соати дарсӣ (академӣ) – 80 дақиқа;
- барномаи таълимӣ – фарох, фарогир, гуногунҷабҳа;
- таъсири устод (субъективӣ) – бевосита, аҳамиятнок;
- иштироки донишҷӯ дар раванди таълим – нест (набуд);
- усулҳои интерактивӣ ва инноватсионӣ – нест (набуд).
НИЗОМИ МУОСИРИ ТАҲСИЛ – ин низомро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: 1) низоми Болонии таҳсил ва 2) низоми кредитии таҳсил.
Дар ин низом:
- муҳлати таҳсил – 4 сол (ва ё 6 сол);
- соати дарсӣ (академӣ) – 50 дақиқа;
- барномаи таълимӣ – муносиб (оптималӣ), самтнок, суроғавӣ;
- таъсири устод (субъективӣ) – системавӣ, ба воситаи техника ва технологияҳои таълимӣ, камаҳамият;
- иштироки донишҷӯ дар раванди таълим – фаъол;
- усулҳои интерактивӣ ва инноватсионӣ – доимо, мунтазам.
НИЗОМИ БОЛОНИИ ТАҲСИЛ – консепсия, ки оид ба фазои ягонаи таҳсилот дар байни давлатҳои Аврупо дар асоси декларатсияи соли 1999 дар Донишгоҳи Болон қабул шудааст. Системаи Болонии таҳсил асосан ба таҳсилоти олии касбӣ робита дошта, аз ду зина бакалавр бо 4 соли таҳсил ва магистр бо 2 соли таҳсил иборат буда, ба донишҷӯ имконияти мустақилона тағйир додани ихтисоси худро фароҳам меорад, яъне донишҷӯ зинаи бакалаврро бо як ихтисос хатм намуда, дар зинаи магистратура метавонад ихтисоси худро тағйир диҳад[1].
НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛ – усули ташкили ҷараёни таҳсиле, ки дар он таълимгиранда имконияти то ҳадди муайян банақшагирии пайдарпайии барномаҳои таълимиро дорад.
КРЕДИТ – воҳиди ченаки ягонаи арзёбии ҳаҷми фаъолияти таълимии таълимгиранда ва омӯзгор мебошад; яъне, ченаки баҳодиҳии фаъолнокии донишҷӯ[2].
Дар зинаи маълумоти олӣ, ин низом, низоми дузинагӣ (бакалавр ва магистр) ном гирифта мешавад.
Низомҳои Болонӣ ва кредитии таҳсил ба ҳам монандӣ доранд, аммо ба назари мо онҳо дар алоҳидагӣ гуногунҷанба мебошанд, низоми Болонӣ хоси сиёсати маорифи Аврупо буда, низоми кредитиро ҳамчун барномаи муосири таҳсил, аз ҷумла таҳсили рақамӣ тақозои ҷомеаи ҷаҳон – хоси ҳамаи кишварҳо арзёбӣ карда мумкин аст.
ТАЪСИРИ УСТОД (СУБЪЕКТИВӢ) – ин амал ва ё тартибест, ки зимни низоми анъанавии таҳсил ҷараён мегирад ва он иборат аст, аз 1) вобастагии доимии донишҷӯ ба ирода, нуқтаи назар, хулоса ва қарорҳои нисбатан мустақилонаи омӯзгор, 2) таъсиррасонии (ҳукмфармоии) омӯзгор нисбат ба донишҷӯ дар ҷараёни соатҳои дарсӣ ва санҷишу имтиҳонҳо. Яъне, ба назари мо дар шароити муосири таълим, ки формулаи
«СИСТЕМА+СУБЪЕКТ=ДОНИШҶӮ»
тақозо мегардад, вайрон шуда, шакли худро куллан чунин иваз мекунад –
«СУБЪЕКТ+СИСТЕМА=ДОНИШҶӮ»,
яъне низоми таълим хусусияти субъективӣ мегирад.
ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ – имкониятест, ки ба донишҷӯ ҷиҳати талаб кардан ва ё таъсир расонидан ба раванди таҳсили худ шароит фароҳам меорад. Яъне, донишҷӯ вобаста ба малака, дониш, маҳорат ва ё иродаи далелноки хеш метавонад самти таҳсили худро тағйир диҳад, донишгоҳ ё ихтисосро иваз кунад ва ё татбиқи усулҳои инноватсиониро дар ҷараёни таҳсил аз омӯзгор тақозо намояд;
УСУЛҲОИ ИНТЕРАКТИВӢ ВА ИННОВАТСИОНӢ – гурӯҳи методҳои таълимие мебошанд, ки дар шароити рушди илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун василаи таълимӣ амалӣ мегарданд. Ин усулҳо ҳавасмандӣ ва шавқмандии донишҷӯёнро ба омӯзиши фанҳо зиёд намуда, барои ҳамгироии онҳо ба бозори меҳнат заминаҳои мусоидро ташаккул медиҳад.
ҶУЗЪИЁТИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛ
Барои равшании масъала низоми кредитии таҳсилро ҳамчун объекти муҳим дар алоҳидагӣ баррасӣ менамоем.
Чи тавре аз мафҳуми низоми кредитӣ бармеояд, он усули таълимиест, ки дар ҷараёни таҳсил ба таълимгиранда имконияти мустақилона банақшагирии омӯзиши пайдарпайи барномаҳои таълимиро (фанҳоро) пешниҳод менамояд. Яъне, ин имкониятест, ки ба довталаби дониш хос ва хеле муҳиму дастрас бо фарогирии дараҷаи баланди озодии академӣ (дар омӯзиши фанҳо), мустақилии мутаносуби донишҷӯ дар таълим, доимо инкишофдиҳии тарзу усулҳои тадрис аз ҷониби омӯзгор, дар ҷустуҷӯи доимии дониш будани таълимгиранда, муҳтавои инноватсионӣ доштани барномаҳои таълимӣ. Зимнан, назари мо ин аст, ки низоми анъанавӣ ин имкониятҳоро фаро намегирад.
Дар ин низом як кредит ба 30 соати академӣ баробар аст; як соати академӣ бошад, 50 дақиқаро дар бар мегирад.
1 кредит = 30 соат, 1 соат = 50 дақиқа
Аммо дар низоми анъанавӣ, 1 соати академӣ ба 80 дақиқа баробар аст, яъне 30 дақиқа бештар нисбат ба низоми кредитӣ.
Тибқи талаботи ECTS (ситемаи аврупоии интиқол ва ҷамъоварии кредитҳо) дар як соли таҳсил (36-40 ҳафта) бояд 60 кредит ҷамъоварӣ карда шавад, яъне 1800 соати академӣ (1500 соат); дар 3 соли бакалавриат – 180 кредит (5400 ст. ак. / 4500 ст.), 4 соли бакалавриат – 240 кредит (7200 ст. ак. / 6000 ст.) ва 2 соли магистратура 120 кредит (3600 ст. ак. / 3000 ст.).
Ҳамин таносуб дар низоми анъанавӣ дар як соли таҳсил (36-40 ҳафта) 1800 соати академӣ (2400 соат); дар 3 соли таҳсил — 5400 ст. ак./7200 ст., 5 соли таҳсил 9000 ст. ак./12000 ст.
Яъне, барои гирифтани маълумоти олӣ тибқи низоми анъанавӣ 12000 соат лозим мегардад, дар ҳоле ки тибқи низоми кредитӣ – 6000 соат, як баробар (-100%) кам вақт лозим мегардад. Зимнан, бо гирифтани маълумоти олии магистрӣ, яъне дар 6 сол – 9000 соат лозим мегардад, ки он низ, нисбат ба 5 соли низоми анъанавии таҳсил 3000 соат кам мебошад.
Ба назари мо, аз таҳлили боло бармеояд, ки низоми анъанавии таҳсил вақт, мувофиқан қувва ва маблағи (як баробар) зиёд талаб намуда, дар ин баробар ба довталаб фурсати истироҳат ва ё барқароркунии неруи зеҳнӣ фароҳам намеорад. Дар ҳолате, ки тибқи низоми муосири таҳсил на танҳо вақту маблағ сарфа мегардад, балки донишҷӯ имконияти интихоб дорад, ҳамчунин ин низом донишҷӯро ба тағйир додани тамоюли касбӣ дар ҷараёни таҳсил водор месозад ва албатта, дар сурати гузаштан ба дигар равияи касбу донишандӯзӣ кредитҳои ӯ нигоҳ дошта (ба ҳисоб гирифта) мешавад, яъне дар аксар ҳолат адолат таъмин карда мешавад.
БАҲОГУЗОРӢ ДАР НИЗОМИ КРЕДИТӢ
Низоми кредитӣ – консепсия ё идеяи ташкилёбии ин низом ба баҳогузории адолатноки давомоти таълимгиранда (ва омӯзгор) бо услуби ҷамъоварии пайдарпайӣ ё даврагӣ ва ё мунтазамии нишондодҳои муайян (холҳо) асос меёбад. Чи тавре дар боло иброз гардид, кредит ва ё холҳои муқарраршуда барои 1 соли таҳсил – 1800 соати академӣ, 2 сол – 3600 ст. ак., 3 сол – 5400 ст. ак., 4 сол – 7200 ст. ак. ва барои 6 соли таҳсил – 9000 соати академӣ бояд аз ҷониби таълимгиранда (донишҷӯ) ҷамъоварӣ карда шавад. Сипас, донишҷӯ (пас аз ҷамъоварии кредит/холҳо) салоҳияти (ҳуқуқи) соҳиб шудан ба дипломи дараҷаи муайяни маълумот ва ихтисоси дахлдорро пайдо мекунад.
Дар низоми кредитӣ низоми рейтинги баҳогузорӣ бо ченаки 100 хол дар як соли таҳсил аз як фан муқаррар карда шудааст. Зимнан, ин муносибат ҳамчун рейтинги академии донишҷӯ арзёбӣ карда мешавад, ки он аз нишондодҳои миқдории (омории) сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ё фанҳо иборат аст.
Нишондиҳандаҳои асосии донишҷӯ, ки мавриди баҳогузорӣ қарор мегирад, ин дониш, маҳорат, малака ва салоҳиятнокӣ мебошад, ки давоми ҳар соати таълимӣ аз ҷониби омӯзгор ба ҳисоб гирифта мешавад ва дар фосилаҳои ҷамъбастӣ (давраҳои рейтингӣ) давомоти донишҷӯ маҷмӯан баррасӣ ва тасдиқ карда мешаванд[3].
Дар низоми анъанавӣ аз 4 нишондиҳандаи асосӣ танҳо 1 нишондиҳанда-дониш фаро гирифта мешавад.
Аз ин ҷо андеша мегардад, ки низоми муосири таҳсил, дар асл аз лиҳози сифатӣ фарогир буда, ба шахс ҷиҳати роҳёбӣ дар бозори меҳнат заминаҳои муфид фароҳам меорад.
ҲУКМФАРМОИИ АНДЕШАҲОИ НОСАҲЕҲ НИСБАТ БА НИЗОМИ МУОСИРИ ТАҲСИЛ
Дар байни ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳи омӯзгорон ва амалдорон вобаста ба арзишмандии дипломи бакалавриат (4 сол), магистратура (2 сол) ва мутахассиси 5-солаи анъанавӣ баҳсҳои зиёд ҷой доранд, ки онҳо бо инобати тавзеҳоти поён носаҳеҳ ва ё беасос арзёбӣ мегарданд.
- Тибқи низоми анъанавӣ – таҳсил 5 сол, дараҷаи маълумоти олӣ, мутахассис, имконияти кор дар ҳама зинаҳо ба истиснои соҳаи тиб;
- Тибқи низоми муосир:
- Бакалавриат – таҳсил 4 сол, дараҷаи 1-уми маълумоти олӣ, мутахассис, имконияти кор дар ҳама зинаҳои амалӣ ба истиснои соҳаҳои омӯзгорӣ ва тиб;
- Магистратура – таҳсил 2 сол, дараҷаи 2-юми маълумоти олӣ, мутахассис, имконияти кор дар ҳама зинаҳои назариявию амалӣ.
Яъне, дар умум вобаста ба мақоми ҳуқуқӣ байни низоми анъанавӣ ва муосир фарқияти куллӣ дида намешавад, ҳар ду низ, мутахассис омода мекунанд. Аммо имкониятҳо дар байни низомҳои бакалавриат ва магистр ҷой доранд, хатмкунандагони бакалавриат ба сифати омӯзгор, табиб ва ё корманди илмӣ фаъолият карда наметавонанд, барои ин зарур аст, ки таҳсилро идома дода, зинаи магистриро низ, бо омӯзиши амиқи ихтисоси интихобкарда хатм намоянд.
Боиси зикр аст, ки мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бакалавр – шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст ва магистратура – дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дипломи намунаи давлатиро медиҳад.
Яъне, қонунгузорӣ таҳсилоти олии касбиро ба ду гурӯҳ ҷудо кардааст, дараҷаи якум – бакалавр ва дараҷаи дуюм – магистратура.
Акнун, ин масъаларо дар таҷрибаи дигар давлатҳо ва таҳлилҳои илмӣ баррасӣ менамоем.
Қаблан бояд иброз намуд, ки ба назари мо ин гурӯҳбандӣ мақоми поёну боло ва ё якуму дуюм надошта, он бо мақсади ташкили низоми сарфакорона ва муносиби таҳсил, сарфаи вақт ва муайян (дарк) кардани афзалиятнокии интихоб ба роҳ монда шудааст.
Зимнан, тибқи таҳлилҳои илмӣ дар муносибатҳои идоракунӣ се гурӯҳи одамон (хизматчиён, масъулон) муайян шудаанд, 1) эҷодкорон-8%, 2) воридсозон (амалдорон)-32% ва 3) амалисозон (иҷрокунандагон)-60%. Зимнан, дар китоби таълимии муҳаққиқони ватанӣ — «Сотсиологияи идоракунӣ» оварда шудааст, ки: «Хусусиятҳои эҷодии инсон аз имкониятҳои эҷодӣ вобастагӣ доранд, ки онҳо дар навбати худ ба қобилиятҳои модарзодӣ ва маҳсулшуда, инчунин маълумотҳои психологӣ, физиологӣ ва иҷтимоӣ асос меёбанд. Тибқи маълумотҳои таҳлилӣ дар ҳар як ташкилот ҳудудан 7–8% кормандон маҳорати таҳия кардан, навоварӣ ва ташаббускорию тавлиди идеяҳои наву созандаро доранд ва дар навбати худ, неруи эҷодӣ ва ё захираи зеҳнии ташкилот ба ҳисоб мераванд (гурӯҳи эҷодкорон). 30–35% кормандон бошанд, соҳиби малакаи воридсозӣ ва коркарди идеяҳо мебошанд, ки дар ҷараёни баррасӣ бо дониш ва имкониятҳои зеҳнии худ метавонанд ба ҳар як идея саҳми муносиб гузоранд (гурӯҳи воридсозон). 60% кормандон бошад, идеяҳои тавлидшуда ва пешниҳодшударо зимни татбиқ қарор медиҳанд, яъне иҷрокунандагони бевосита мебошанд (гурӯҳи амалисозон)»[4].
Илова бар ин, тибқи таҳлилҳо ва аслияти низоми кредитии таҳсил бакалавриат-дараҷаи маълумоти олиест, ки 4 сол давомнокӣ дошта, дар ин муддат шахс соҳиби ихтисоси интихобкардаи худ мегардад. Сипас, агар хоҳиши такмили асосҳои назариявию илмӣ ва методологии ихтисоси худро дошта бошад ва ё хоҳиши тағйир додани ихтисоси худро (омӯзиши дигар ихтисосро) дошта бошад, метавонад таҳсилро дар зинаи магистратура, ки 2 сол муҳлат дорад, давом диҳад[5].
Зимнан, афзалиятнокии зинаҳои таҳсилот дар Ҷадвали №1 мушаххас баррасӣ гардидааст.
Аз таҳлили Ҷадвали №1 (дар замима) бармеояд, ки пеш аз ҳама, низоми кредитии таҳсил ба зинаҳои якум ва дуюм ҷудо нашуда, тартиби дурусти он, ба назари мо, чунин аст: маълумоти олии дараҷаи бакалавр ва маълумоти олии дараҷаи магистр, ки ҳар ду маълумоти дараҷаи олӣ буда, бартариятҳои ба худ хос доранд.
Аз тарафи дигар, дар сурате, ки аксарият маҳорат, иқтидор ва ё майли фаъолияти илмӣ, таҳлилӣ, эҷодӣ ва назариявӣ надоранд, пас зарурати хароҷоти маблағ ва вақти зиёд нест, кифоя он аст, ки ин гурӯҳи одамон зинаи бакалаврро хатм карда, ба фаъолияти касбӣ (амалия) шурӯъ намоянд. Аммо шахсоне, ки ба гурӯҳи эҷодкорон ва амалдорон дохил мешаванд, зарур аст, ки таҳсилро дар зинаи магистратура идома дода, ба умқи ихтисоси худ ворид шуда, асосҳои назариявӣ, методологию эҷодӣ ва пешбарии фаъолияти ояндаи худро омӯзанд.
Дигар масъала он аст, ки – чи тавре аз Ҷадвали №1 бармеояд, шахсони дорои дипломи дараҷаи олии низоми анъанавии таҳсил имкон надоранд, ки дар аксари кишварҳои хориҷӣ аз рӯи ихтисоси худ кору фаъолият ва ё идомаи таҳсил намоянд.
Яъне, ба андеша мо имрӯз танҳо низоми муосири таҳсил роҳатафзо буда, ба шаҳрвандон ҷиҳати кору фаъолият ва такмили донишу ихтисос дар кишвар ва хориҷ аз он имконият фароҳам меорад.
ЧАНДЕ «ОМИЛҲОИ МАНФӢ»
Дар байни ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба камаҳамиятӣ ва ё зиёноварии низоми муосири таҳсил чанде омилу далелҳо ва ё «омилҳои манфӣ» ҷой доранд ва ё баррасии онҳо мушоҳида мегарданд, ки албатта таҳмилӣ ва ё боркардашуда арзёбӣ мегарданд.
Маҳаки ин нигаронӣ, — ҳамчун нуқтаи назари гурӯҳи омӯзгорон, дар он аст, ки новобаста аз ҷорӣ шудани низоми кредитии таҳсил ҳамоно 1) сатҳи дониш ва ё фаъолнокии донишҷӯён мутаносибан (нисбат ба даҳсолаҳои гузашта ва ё дигар кишварҳо) паст мебошад, 2) таваҷҷуҳ ва ё завқмандии аксари донишҷӯён оид ба азхудкунии барномаҳои таълимӣ (фанҳо) хеле паст аст, 3) обрӯю нуфуз ва эҳтироми омӯзгор дар байни донишҷӯён дар қиёс ба давраҳои гузашта (зимни ҷорӣ будани низоми анъанавии таҳсил) паст гаштааст, 4) донишҷӯ ҳанӯз аз давраи мактабӣ камсавод дохил мешавад.
Зимнан, тибқи мушоҳидаҳо пайдоиши ин омилҳоро гурӯҳи муайяни омӯзгорон ба 1) ноустувории низоми муосири таҳсил, аз ҷумла 2) аз байн рафтани механизми таъсиррасонии омӯзгор (субъект) ба донишҷӯ асоснок мекунанд (сабаб медонанд), — албатта, назари мо бар он аст, ки ин андешаҳо нодуруст ва ё боркардашуда мебошанд.
Сабаби асосӣ, ба андешаи мо, мутаассифона омили иҷтимоии психологӣ ва коррупсионӣ дошта, на ба низоми муосири таҳсил ҳамчун система, балки ба инсон ва рафтору кирдори номуносиби ӯ вобастагӣ дорад. Барои тавзеҳоти хулосаи (назари) мазкур, сараввал сохти (схемаи) фаъолияти (баҳогузории) системаи муосири таҳсилро баррасӣ менамоем.
Акнун ин се қадами дар тарҳи (схемаи) боло нишондодашударо тавзеҳ медиҳем.
ҚАДАМИ 1.
Чи тавре дида мешавад, тибқи низоми муосири таҳсил давомоти донишҷӯ на давра ба давра, балки ҳар соат аз ҷониби устод баҳогузорӣ гардида, дарҳол ҷойгир кардани натиҷаи баҳои рӯз дар маҳзани рақамӣ ва ё фазои маҷозӣ (сомона, Интернет) тақозо мегардад. Ин имкон медиҳад, ки таъсири субъективӣ дарҳол бартараф гардида, натиҷаи азхудкунии маводи таълимӣ ва ё ҷамъоварии кредит тариқи электронӣ тасдиқ карда шавад, ки тағйир додани минбаъдаи он (чи аз ҷониби устод ва чи донишҷӯ) имконнопазир аст.
ҚАДАМИ 2.
Ҳамин тариқ, таҳкурсии баҳогузории давомоти донишҷӯ ва ё фаъолгардонии ӯ аз лаҳзаҳои аввали омӯзиш ба техника (компютер) вобаста (сабт) карда шуда, минбаъд дар баҳогузории фосилавӣ ва ё ҷамъбасти сол онҳо (баҳоҳои сабтгардида) асос гирифта мешаванд, яъне таъсири субъективӣ пурра бардошта мешавад.
ҚАДАМИ 3.
Имтиҳони ҷамъбастӣ бошад, тариқи тестӣ дар асоси саволҳои (ҷавобҳои) аз ҷониби устод ба маркази тестии донишгоҳ пешниҳодшуда ва дар системаи тестӣ ҷойгиршуда амалӣ мегардад. Яъне, дар ин ҷо низ, донишҷӯ бо компютер сабқати дониш карда, аз субъект (омӯзгор) вобастагӣ надорад.
Дар инҷо бояд зикр намуд, ки аз 100 холе, ки ҳамчун кредит бояд донишҷӯ аз ҳар як фан ба даст орад, ба ҚАДАМИ 1 ва ҚАДАМИ 2 – 50 хол ва ба ҚАДАМИ 3 – 50 хол муқаррар карда шудааст. Яъне, нисфи кредитро донишҷӯ ҳамзамон ҳангоми таҳсил ба даст оварда, нисфи дигарашро ҳамчун санҷиш ва ё имтиҳон дар охири давраи таҳсил ҳимоя мекунад. Ин принсип боз ҳам таъсири субъективиро дур карда, масъулияти тарбияро (қарорқабулкуниро) ба ду қисм (омӯзгор ва донишгоҳ) ҷудо мекунад.
Акнун масъала ва ё «омилҳои манфӣ»-и дар боло номбаршударо баррасӣ менамоем.
Зимнан, бояд иброз намуд, ки тибқи мушоҳидаҳо бинобар «нисбатан кам» будани музди меҳнат принсип ва ё системаи баҳогузорӣ аз ҷониби масъулин (бахши идораи таълим ва низоми тестӣ) дар гурӯҳи муайяни донишгоҳҳо вайрон гардида, хусусияти коррупсионӣ касб намудааст.
Аз ҷумла, ба назари мо:
- ҚАДАМИ 1 – пурра риоя нагардида, аксари донишгоҳҳо (тибқи таҳлили сомонаҳо) ҷойгир кардани натиҷаи баҳогузории рӯзро (соатҳои дарсиро) дар маҳзани электронӣ (сомона) аз омӯзгорон талаб намекунанд ва ё чунин маҳзан то ҳол ташаккул наёфтааст;
- ҚАДАМИ 2 – низ, аз ҷониби аксари омӯзгорон риоя намегардад, ҳатто чунин анъана шудааст, ки як ҳафтаи дарсиро ҳамчун ҳафтаи санҷиши фосилавӣ эълон карда, бар ивази соати дарсӣ донишҷӯён як-як пурсида шуда, бо азму иродаи шахсии омӯзгор, яъне бе назардошти фаъолнокии ҳарсоатаи донишҷӯ, ба онҳо холҳои дилхоҳ гузошта мешавад;
- ҚАДАМИ 3 – ин тартиб дағалона аз ҷониби масъулини (бахши идораи таълим ва низоми тестӣ) баъзе донишгоҳҳо вайрон карда шуда, ба қавле «калидҳо»-и (ҷавобҳои) саволҳои тестӣ ба донишҷӯён дастрас карда мешавад (бар ивази ҳавасмандгардонии пулӣ).
Ишораи «нисбатан кам» будани музди меҳнат ба он асос меёбад, ки дар таносуб ба дигар гурӯҳҳо моҳона ва ё имконияти даромаднокии омӯзгорон беҳтар аст. Чунончи тибқи омори расмӣ агар музди миёнаи меҳнат дар кишвар 1525 сомонӣ бошад[6], пас ин таносуб дар байни омӯзгорони донишгоҳҳо камаш 1800 ва маъмурон-омӯзгорон 2500 сомониро ташкил медиҳад. Яъне, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии маъмур-омӯзгор, ки ба масъалаҳои идораи низоми таҳсил масъул мебошад, хубтар аст ва ин имкон медиҳад, ки ҳолатҳои коррупсионӣ дар муҳлати кутоҳтарин кам карда шуда, низоми муосири таҳсил бо принсипҳои амалии аслӣ пиёда карда шавад.
Баррасии «омилҳои манфӣ»-и низоми муосири таҳсил:
- сатҳи дониш ва ё фаъолнокии донишҷӯён мутаносибан (нисбат ба даҳсолаҳои гузашта ва ё дигар кишварҳо) паст мебошад.
Бале, аммо ба назари мо сабаб низоми кредитии таҳсил ва ё система набуда, балки худи инсон аст: якум ин ки, ҷорӣ кардани ҷузъиёти низоми муосири таҳсил то ба мактабҳои миёнаи умумӣ хеле аҳамиятнок аст (ҳоло нашудааст); дуюм, — сатҳи дониши устодон оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ беҳбудӣ тақозо мекунад, ҳоло ҳам гурӯҳи муайян аз истифодаи компютер бархӯрдор нестанд; сеюм, — дар кишварҳои пешрафта принсипҳои амали низоми кредитии таҳсил пурра риоя карда мешаванд, мувофиқан донишҷӯён пешсафанд.
- таваҷҷуҳ ва ё завқмандии аксари донишҷӯён оид ба азхудкунии барномаҳои таълимӣ (фанҳо) хеле паст аст.
Дар ҳолате, ки системаи электронии низоми кредитии таҳсил (1) бо таъсири субъект (шахсони масъул) тағйир дода шуда, ҳамчун худсохт ба манфиати шахсӣ амал мекунад, (2) адолати баҳогузорӣ ё ҷамъоварии кредитро таъмин карда наметавонад (ниг. ба ҚАДАМИ 3.), мувофиқан (3) ба донишҷӯи фаъол ва ҳам камфаъол баҳои баробар медиҳад, зимнан донишҷӯро руҳафтода гардонида, суръати ҳаракати донишандӯзии ӯро паст мекунад. Чунончӣ, камфаъолӣ ин мутобиқшавии инсон ба муҳит, чаҳорчӯбаи маҳдудшуда, ки қувваи иловагӣ (зеҳнӣ, ҳиссиётӣ ва ғ.) ва ё фаъолноки талаб намекунад[7]. Ҳамин тариқ, аз лиҳози психологӣ завқмандии донишҷӯ ба таври худкор (новобаста аз ирода ва хоҳишу талоши ӯ) кам мегардад ва ӯ рӯ ба камфаъолӣ меорад.
- обрӯю нуфуз ва эҳтироми омӯзгор дар байни донишҷӯён дар қиёс ба давраҳои гузашта (зимни ҷорӣ будани низоми анъанавии таҳсил) паст гаштааст.
Дар воқеъ чунин аст, ба назари мо рӯз ба рӯз эҳсос мегардад, ки обрӯю эътибори омӯзгор дар байни донишҷӯён мутаносибан кам гардида истодааст, аммо сабаби асосӣ ва ё камбудӣ дар донишҷӯ набуда, аз худи устод ва маъмурияти донишгоҳ маншаъ мегирад (ниг. ба ҚАДАМҲОИ 2 ва 3). Яъне, дар сурате, ки устод низоми принсипиалии таълиму тарбияро пурра риоя намекунад, давомоти ҳарсоатаи донишҷӯро ба инобат намегирад ва баҳо намегузорад ва ё баҳоҳоро дар маҳзани электронӣ (сомона) сабт намекунад, зимнан усулҳои анъанавии таҳсилро истифода мекунад, эҳтироми худро дар байни шогирдон аз даст медиҳад. Чунки системаи функсионалии низоми муосири (кредитии) таҳсил ба мисли занҷир пойбанди якдигар аст, дар сурати канда шудани як занҷира система пурра аз кор мемонад ва маҳз ҳамин сабаб – вайрон шудани алгоритми низоми муосири таҳсил боиси паст шудани эътибори омӯзгор дар байни донишҷӯён арзёбӣ мегардад.
Зеро, донишҷӯ – ҷавон аст ва эҳсос (аз мушоҳида) мекунад, ки роҳҳои осони супоридани санҷишу имтиҳонҳо мавҷуд аст (ниг. ба ҚАДАМҲОИ 2 ва 3.), яъне хондан лозим нест – чун воситаи ғайридониши супоридани имтиҳонҳо мавҷуд аст, пас намехонад ва ба устод низ, муроҷиат намекунад ва ба дарсҳо низ, бе омодагӣ ҳозир мешавад; ҳамин тариқ зарурати эҳтироми устод низ, (аз лиҳози психологӣ) ба миён намеояд.
Хулоса донишҷӯ камбудӣ надорад, сабаби камфаъолии донишҷӯ ва камнуфузии омӯзгор ин беаҳамиятии худи омӯзгор ва ҳолатҳои коррупсионии ҷории муассисаи таълимӣ мебошад.
- донишҷӯ ҳанӯз аз давраи мактабӣ камсавод дохил мешавад.
Ба ин нуқтаи назар то ҷое розӣ шудан мумкин аст, аммо аз тарафи дигар вазифаи устоди муассисаи таҳсилоти касбӣ омода намудани мутахассиси касбӣ аст. Яъне, агар чунин аст, ин маънои қафо гаштан ба барномаи мактабии таҳсилро надорад, мебояд пеш рафт, бо риояи қатъии принсипҳои низоми муосири таҳсилот ба донишҷӯ таълим дод ва талаб намуд. Зимнан, донишҷӯҷавоне, ки камсаводӣ ва ё мутобиқ набудани худро эҳсос мекунад ва дар санҷиши якуми фосилавӣ холи кам мегирад, дарҳол хулосаи даркорӣ мебарорад ва ё худи система идома додани таҳсилро ба ӯ имкон намедиҳад. Албатта, ин гурӯҳи ҷавонон бе шуғл намемонанд ва ба касбҳои коргарӣ, беш аз 60% бозори меҳнат аст, мепардозанд; аз ҳама муҳим вақти худро беҳуда масраф намекунанд.
Ба маънои содатар, ба назари мо – имрӯз дигар мо фурсати ба қафо нигоҳ кардан надорем, бояд доимо пеш равем, ба фаъолияти системаи идоракунӣ, бахусус идоракунии рақамӣ, ки тақозои ҷомеаи муосир аст, монеъ нашавем. Чун имрӯз ҳолате ҳаст, ки мақоли халқиро ба ёд меорад: «хирс аз дилсӯзӣ ва дӯстдории зиёд бачаи худро оғӯш карда, куштааст».
Имрӯз мо-устодон набояд монеи пешрафт шавем, пешравӣ, навоварию ташаббусҳоро накушем, тавонем кумак расонем, агар натавонем, пас, монеъ нашуда, ба низоми ташаккулёфта итоат ва талаботи онро пурра риоя намоем. Зимнан, итминон дорам, ки эътибору эҳтироми хоссаи худро дар байни ҷавонон-донишҷӯён пайдо карда, ба фаъолгардӣ ва роҳёбии онҳо боис мегардем.
ТАҶРИБАИ НИЗОМИ ДУЗИНАГИИ ТАҲСИЛ (КРЕДИТӢ) ДАР ҶАҲОН
Дар Аврупо низоми Болонии (кредитии[8]) таҳсил амал мекунад, илова бар кишварҳои Аврупо ҳамчунин, дар ин низом, ҷамъ 48 кишвар шомил аст[9].
Дар ИМА низ, низоми дузинагии таҳсил аз соли 2008 инҷониб амал мекунад[10].
Яъне, дар сурате, ки яке аз кишварҳои абарқудрат – ИМА ҳамагӣ 12 сол қабл ба низоми кредитии таҳсил гузашта бошад, пас барои мо – кишвари дар ҳоли рушд, ин далели устуворест.
Аз ҳамсоякишварҳои мо Қазоқистон низоми Болонии (кредитии) таҳсилро ҳанӯз соли 2010 қабул кардааст, зимнан дар минтақа индекси маълумоти олии аҳолии маҳз ҳамин кишвар пешрафта мебошад[11].
Аз инҷо, зимни андешаи мо, агар мехоҳем, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳон бошем, вазъи иҷтимоию иқтисодии рушдёфта дошта бошем, дипломҳо ва ё мутахассисони омодакардаи донишгоҳҳои мо дар кулли кишварҳо қабулшуда бошанд ва маорифи мо эътирофгашта бошад, пас татбиқи низоми таҳсили муосир ягона роҳ аст.
Хулоса, низоми кредитии таҳсил ба баланд бардоштани сатҳи худфаъолии таълимгиранда, аз ҷумла худомӯзишии ӯ ва азхудкунии бозавқ ва пурэҷоди барномаҳои таълимӣ дар асоси талаботи фардӣ, интихоби пайдарпайии таълим дар доираи тартиби муқарраргардидаи ҷараёни таълим равона гардида, тақозои ҷомеаи муосир ва роҳбарияти олии кишвар мебошад.
Зимнан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21.12.2021 дастур додаанд, ки: «Вазорати маориф ва илм, вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд».
Таҳсилоти рақамӣ ин тақозои низоми муосири (кредитии) таҳсилот аст.
Зимнан, дар ҳамин давраи таҳлил Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22.06.2023, №586 ба тавсиб расид[12], ки бори дигар афзалиятнокии низоми муосири таҳсилро дар ҳошияи рақамикунонии муносибатҳо инъикос мекунад. Аз ҷумла, тибқи банди 3 Фармони мазкур субъектҳое, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, ҷиҳати таъмини пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти муназзам (доимӣ)-и воситаҳои электронии пардохтӣ муваззаф гардиданд.
Чи тавре дар боло иброз гардид, ин ҳамон талаботе аст, ки аз шаҳрвандон дониш ва макалаи кор бо технологияҳои иттилоотиро тақозо менамояд ва заминаи ин донишҳо албатта, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо ва низоми таҳсили муосир (кредитӣ) ба ҳисоб мераванд; шаҳрванд ҳанӯз аз давраи таҳсили мактабӣ ва ё донишгоҳӣ бояд дар рӯҳияи татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва ё рақамӣ тарбия гардад ва ҳамқадами ҷомеаи муосир бошад, ҳамчунин аъзои оилаи худро низ, ба ҳамин раванд омода намояд.
АФЗАЛИЯТНОКӢ ВА Ё ТАФОВУТИ БАЙНИ НИЗОМҲО
Барои таҳлили возеҳ дар поён ҷадвали муқоисавии афзалиятнокии низомҳо дар ҳошияи дастрасӣ, самаранокӣ ва муассирияти таҳсил ва татбиқи нишондодҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар ин раванд оварда мешавад.
Ин масъала дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 хеле возеҳ оварда (вазифагузорӣ) шудааст – низоми маориф дар тамоми сатҳҳо бояд барои ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат намояд[13].
Яъне, зарур аст, ки низоми маориф ҳамчун ҳомии рушди устувор ҳамқадами ҷомеаи муосир ва ҳатто аз он пешрафта бошад ва ин дар муҳлати наздик, то соли 2030.
Аз ин рӯ, илова ба таҳлили боло-Ҷадвали №1 ва ниҳоятан баррасии масъала оид ба ташаккули низоми миллии муосири маориф номгӯи нишондиҳандаҳои асосӣ ва афзалиятнокии низомҳои ҷаҳонӣ дар поён оварда мешавад. Эҳтимол, ҷадвали поён ҳамаи нишондиҳандаҳоро фаро нагирад, аммо назари мо он аст, ки нишондиҳандаҳои асосии рушд бояд ҳамчунон бошад.
Ҳамин тариқ, тибқи Ҷадвали №2 (дар замима) маълум мегардад, ки дар шароити ҳамқадамӣ бо ҷомеаи муосир ва пешрафти Тоҷикистон, ҳамчунин тақозои иқтисоди бозоргонӣ ва ҳукумати электронӣ ҷорӣ намудани низоми муосири таҳсилот дар сатҳи 94% афзалият дошта, ба талабот пурра ҷавобгӯй арзёбӣ мегардад.
Зимнан, низоми анъанавии таҳсил бо инкори аксари нишондиҳандаҳо ҳамагӣ дар сатҳи 31% талаботро қонеъ карда метавонад, яъне дар шароити имрӯза, ба назари мо, татбиқи он аҳамиятнок ва мувофиқи мақсад нест.
ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ РУШДИ МАОРИФ
Илова ба таҳлилҳои боло хеле муҳим аст, ки дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳо ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде аз масъалаҳо ва ҷараёни татбиқи онҳоро хотирнишон намоем.
Тибқи Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 дар самти «Маориф ва илм» чунин ҳадаф гузошта шудааст: баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот; амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот дар шароити замони муосир[14].
Бо як назар пай бурдан мумкин аст, ки вазифаҳои мазкур тибқи таҳлили Ҷадвали 2 танҳо ба низоми муосири таҳсилот робита дорад, яъне ба андешаи мо низоми анъанавӣ ба татбиқи ин вазифаҳо қобил нест. Сарвари кишвар мо – аҳли зиё ва амалдоронро муваззаф гардонидааст, ки то соли 2027 бояд дар соҳаи маориф ва илм ба нишондодҳои муайян, аз қабили ҷорӣ будани усулҳои фаъол дар низоми маориф, татбиқ гардидани таҷрибаи пешқадам (ин таҷриба дар ҳолати имрӯза – низоми кредитии таҳсил аст) ва навсозӣ ё такмил ёфтани низоми идораи таҳсилот дар шароити замони муосир бирасем.
Албатта, савол гузошта мешавад, ки дар сурати пайгирӣ кардани баҳсу мунозираҳои беасос ва ҳатто ҷорӣ кардани низоми анъанавии таҳсил дар баъзе донишгоҳҳо – оё мо метавонем ба вазифаҳои гузошташуда бирасем?! Зеро дар ҳолати имрӯза мо на пешравӣ, балки (бо ҷорӣ кардани низоми анъанавии таҳсил дар баъзе донишгоҳҳо) қафомонӣ (қафоравӣ) дорем, зимнан, тибқи назарияи эҳтимолияти математикӣ мо тахмин 2-3 сол ба қафо рафтем, на ба пеш.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23.12.2022 таъкид менамоянд, ки: «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад», зимнан чунин дастур медиҳанд: «вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд»[15].
Дар воқеъ, дар шароити имрӯзаи ташаккулёбӣ ва рушд маориф ҳамчун соҳаи тақдирсоз арзёбӣ мегардад, чун дониш таҳкурсии ҳама гуна пешрафт мебошад.
Зимнан, Пешвои миллат пайваста рушди соҳаи маориф ва илмро таъкид менамоянд ва ҳама гуна барномаҳои мақсадноки соҳаро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ мекунанд, чуноне ки дар Паёми навбатӣ (23.12.22) масъалаҳои гуногунро баррасӣ намуда, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй, роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир, пайвандсозии илм ва истеҳсолот ва омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва иқтисоди рақамиро дастур додаанд.
Амалисозии ин дастурҳои Пешвои миллат, аксаран танҳо дар ҳошияи ташаккул ва татбиқи низоми муосири таҳсилот имконпазир аст, зимнан ба андешаи мо, иқтидори низоми анъанавии таҳсил (ниг. ба Ҷадвали №2) ба роҳандозӣ намудани ин вазифаҳо намерасад.
Президенти мамлакат дар Паёми дигари худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 23.04.2014 чунин дастуру ҳидоятҳо ва супоришҳоро манзури масъулин пешниҳод менамоянд[16]:
«…, Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд.
Эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар кишварҳои аврупоӣ аз дастовардҳои муҳимми соҳа мебошад, ки маҳз бо иқдоми Ҳукумати мамлакат амалӣ шудаанд.
Минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд.
Соли ҷорӣ қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бори аввал тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад. Мо ба ин кор дар асоси хоҳишу дархости зиёди падару модарон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо, инчунин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷараёни имтиҳоноти қабул иқдом намудем».
Аз инҷо бармеояд, ки таҳлили имрӯзаи мо ҳанӯз солҳои 2013-2014 аз ҷониби Пешвои миллат мавриди омӯзиш қарор дода шуда, татбиқи он дар шакли дастуру супоришҳо тақозо карда шудааст.
Чунончи, ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот дар воқеъ, талаботе мебошад, ки барои кишвари мо ва ҷавонону наврасон дар ростои мутобиқат ба бозори меҳнат ва таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле муфид ва аҳамиятнок. Аз ҳама муҳим, дар сурати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот – низоми таҳсилоти кредитӣ шаҳрвандони (мутахассисони) мо имкон пайдо мекунанд, ки дар аксари кишварҳои Ғарб ҳамчун соҳибтахасус эътироф гарданд. Яъне, назари мо дар тақвият ба ҳидоятҳои Пешвои миллат чунин аст, ки ҳоло ҳам дигар роҳ (пас аз 8 соли баррасӣ) дида намешавад, пас мебояд ба ин масъала тамоми аҳли ҷомеа, аз ҷумла масъулини соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса дошта бошанд.
Зимнан, бо мақсади дастёбӣ ба эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар кишварҳои аврупоӣ аз ҷониби Сарвари кишвар чанде ташрифҳо ба кишварҳои Аврупо доир гардида буданд ва ниҳоятан шартномаҳои алоқаманд ба имзо расидаанд.
Дар идома Пешвои миллат роҳнамоӣ мекунанд, ки технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим мавриди истифодаи васеъ қарор дода шавад, таҷрибаи байналмилалӣ омӯхта шуда, нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонида шаванд.
Албатта, дар роҳи татбиқи ин дастурҳо аз ҷониби субъектҳои асосӣ чанде тадбирҳо андешида шуданд, аммо (ба назари мо) тибқи талабот онҳо ҳанӯз қаноатбахш арзёбӣ намегарданд.
Чун агар ин масъала сидқан, ҳамчун масъулияти шахсӣ амалӣ мегардид, имрӯз атрофи баргашт ба низоми анъанавии таҳсил ҳарфе андохта намешуд ва байни субъектҳо баҳсҳои бе асос ҷараён намегирифтанд.
Таъсиси Маркази миллии тестӣ ҳамчун василаи пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ (паст кардани таъсиррасонии субъективӣ) ва қонеъ кардани талаботи ҷомеа (падару модарон) аз ҷониби Сарвари кишвар тавзеҳ дода мешавад. Яъне, ин иқдом яке аз василаҳои низоми муосири таҳсилот буда, бо мақсади бартараф кардани хусусиятҳои субъективӣ, зимнан такмили дониш ва малакаи ҷавонон оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ ва ниҳоятан ҳамқадамӣ ба ҷомеаи ҷаҳон роҳандозӣ гардидааст, ки боиси қаноатмандӣ мебошад. Чунончи низоми анъанавии таҳсил (ниг. ба Ҷадвали №2) мухолифи ингуна пешравиҳо мебошад.
Илова бар ин, Пешвои миллат вазифа мегузоранд: – то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, аммо имрӯз дар соли 2023 қарор дорем ва ба андеша мегардад, ки ба ин низом ҳанӯз пурра нагузаштаем
Илова бар ин аллакай, яъне баръакси ҳол, дар чанде аз донишгоҳҳои кишвар имтиҳонҳои ҷамъбастии соли таҳсили 2022-2023 бо усули анъанавии таҳсил роҳандозӣ гардидаанд.
ХУЛОСА
Хулоса, ба назари мо, низоми анъанавии таҳсил ончуноне, ки мо-калонсолон онро медонем, дигар бар намегардад.
Пас, ҳеҷ баҳсеро ва ё талошеро барои бар гардонидани ин низом ҷой нест ва аҳамияте надорад.
Илова бар ин, ин низом дар давраи то солҳои 2005 аҳамиятнок буд, чун 1) мавҷудияти дигар низоми устувори таҳсилро намедонистем; 2) технологияи иттилоотию инноватсионӣ ҳукмфармо набуд ва 3) талаботи бозори меҳнат ва таҳсилот мутаносибан ба якдигар мутобиқ буданд.
Имрӯз бошад, ин се омили болозикр — 1) дар ҷаҳон низоми муосир таҳсил, кредитӣ бо фарогирии беш аз 58 давлат ҳамчун фазои ягонаи таҳсил амал мекунад ва натиҷабор аст; 2) технологияи иттилоотию инноватсионӣ дар ҷомеа ва дар ҳар як оила ҳукмфармо аст ва 3) талаботи бозори меҳнат ва таҳсилот ба якдигар мутобиқ нестанд, чун ҳар лаҳза ихтисос ва ё касби наве дар фазои маҷозӣ (Интернет) ва доираи соҳибкорӣ пайдо шуда истодааст.
Дигар омил 4) бартараф кардани таъсиррасонии субъективӣ моро водор месозад, ки ба усулҳои инноватсионии таҳсил рӯ оварем, зеро танҳо техника, технологияи компютерӣ имрӯз қобил аст, ки ба ин масъала муқовимат карда тавонад, илова бар ин, дар шароити имрӯза маҳз барномаҳои компютерӣ қодир ҳастанд, ки барои санҷиши сатҳи дониш, маҳорат, малака ва салоҳияти таълимгиранда алгоритмҳои гуногун, муносиб, ҳатто зуд-зуд тағйирёбандаро амалӣ намоянд. Ин имконият медиҳад, ки аз як тараф донишҷӯ аз андешаи истифодаи шахсони сеюм барои дастёбӣ ба натиҷаҳои хуб (гузаштан аз санҷишу имтиҳонҳо) дур гардад, аз тарафи дигар масъулияти шахсии донишҷӯ баҳри омӯзишу такмили дониш ташаккул меёбад, зимнан эҳтирому нуфузи омӯзгор дар назди донишҷӯ мутаносибан хеле баланд мегардад. Чун донишҷӯ медонад, ки ягона роҳи такмили дониш ин гирифтани (омӯзиши) он аз устод аст. Албатта, устод низ, қувваи асосиро ба таҳкими василаҳои омӯзиши шогирдон равона мекунад, чун натиҷаи хуби шогирд, баҳои хуб бар заҳмати устод аст.
5) Татбиқи ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат. Пешвои миллат шахсияте ҳастанд, ки соҳиби малакаи волои таҳлилӣ ва ҳар дастуру роҳнамоие, ки пешниҳод менамоянд, асоси амиқи илмию амалӣ дошта, боиси пешрафи мамлакат ва ҳар шаҳрванд мегардад. Мисол, мактаби сулҳоварии Пешвои миллат – дар ҷаҳон ҳамто надошта, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба халқу миллати тоҷик ҳувияти дубора бахшид. Зимнан, гузаштан ба фазои ягонаи таҳсилот, аз ҷумла ҳамқадамӣ ва ё ҳамроҳӣ ба низоми муосири таҳсилоти Аврупоӣ ё Ғарбӣ, ки гурӯҳи зиёди кишварҳо шомиланд, ба мақсад мувофиқ аст.
Дар умум, омилҳо ва афзалиятҳои асосии низоми муосири (кредитии) таҳсилот дар таҳлили мазкур (дар боло) ишора гардидаанд; ба хонанда тавсия мегардад, ки ба онҳо назар андозад.
Ҳамин тариқ, ба назари мо ва бо дарназардошти таҳлилу омӯзишҳои боло баррасӣ ва татбиқи тавсияҳои зерин ба субъектҳои алоқаманд, ҳамчунин олимону муҳаққиқон пешниҳод мегардад:
- Қатъ кардани ҳамагуна баҳсу мунозираҳо ва назару андешаҳо атрофи низоми анъанавии таҳсил (он дигар бар намегардад ва зарарбор низ мебошад);
- Пурра гузаштан ба низоми муосири таҳсил (кредитӣ), аз ҷумла ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсил (низоми Аврупоии таҳсил);
- Ё инки
- Баррасӣ кардани масъала оид ба низоми миллии таҳсил бо дарназардошти татбиқи хусусиятҳои муосир – низоми кредитӣ ва ҳамоҳангӣ бо фазои ягонаи таҳсил;
- Таҳияи шакли ягона ва ё универсалии барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ дар ҳошияи ташаккули низоми муосири таҳсил;
- Бартараф кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷорӣ кардани низоми муосири таҳсил бо принсипҳои амалии аслӣ;
- Ҷорӣ кардани рақамикунонии ҷараёни натиҷагирии соатҳои дарсӣ ва санҷишу имтиҳонҳои фосилавӣ ва солона бо принсипи ҳамбастагӣ ва ҳамгироӣ ба (аз) якдигар, ҳамзамон вобастагӣ надоштан аз субъект (на аз омӯзгор ва на аз маъмурият) бо истифода аз технологияҳои коркарди нейрошабакавӣ;
- Назорат ва мониторинги ҷараёни татбиқи қатъии низоми муосири (кредитии) таҳсил, давра ба давра аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф ва алоқа;
- Баррасӣ кардани масъала оид ба ҷорӣ намудани ҷузъиёти низоми муосири (кредитии) таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.



АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО
- Процес Бологна — https://journal.tinkoff.ru/guide/bologna-process/
- Кредитная система обучения — https://almau.edu.kz/kreditnaia_sistema_obucheniia-6476
- Положение о кредитной системы обучения в Технологическом университете Таджикистана, 2017 — https://www.tut.tj/wp-content/uploads/2019/11/ПОЛОЖЕНИЕ-КСО.pdf
- Миралиён Қ. А., Абилова Г. С. Сотсиологияи идоракунӣ: Маводи таълимӣ. – Душанбе: «Графика принт», 2018. — С. 316
- В чем разница бакалавриата, специалитета и магистратуры, манбаъ — https://sibac.info/blog/bakalavriat-specialitet-i-magistratura-v-chem-raznica
- Меҳнат — https://mehnat.tj/tg/activity/labor
- Пассивность — https://vocabulary.ru/termin/passivnost.html
- Кредит (образование) — https://ru.wikipedia.org/wiki/Кредит_(образование)
- Болонский процесс и Европейское пространство высшего образования (ЕПВО) — https://www.vsmu.by/157-o-evropejskom-prostranstve-vysshego-obrazovaniya/3220-bolonskij-protsess-i-evropejskoe-prostranstvo-vysshego-obrazovaniya-epvo.html
- Образование в США — https://ru.wikipedia.org/wiki/Образование_в_США
- Болонский процесс, Казахстан — https://ru.wikipedia.org/wiki/Болонский_процесс#Казахстан
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22.06.2023, №586 — http://president.tj/node/30900
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, саҳ. 46
- Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 2020. – С. 24-25
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23.12.2022 — http://president.tj/node/29823
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23.04.2014 — http://president.tj/node/6598
Рейтинг университетов мира — https://www.i-l.ru/blog/rejtingi-universitetov-mira-kak-v-nih-razobratsya/
[1] https://journal.tinkoff.ru/guide/bologna-process/
[2] https://almau.edu.kz/kreditnaia_sistema_obucheniia-6476
[3] Положение о кредитной системы обучения в Технологическом университете Таджикистана, 2017 — https://www.tut.tj/wp-content/uploads/2019/11/ПОЛОЖЕНИЕ-КСО.pdf
[4] Миралиён Қ. А., Абилова Г. С. Сотсиологияи идоракунӣ: Маводи таълимӣ. – Душанбе: «Графика принт», 2018. — С. 316
[5] В чем разница бакалавриата, специалитета и магистратуры, манбаъ — https://sibac.info/blog/bakalavriat-specialitet-i-magistratura-v-chem-raznica
[6] Меҳнат — https://mehnat.tj/tg/activity/labor
[7] Пассивность — https://vocabulary.ru/termin/passivnost.html
[8] Кредит (образование) — https://ru.wikipedia.org/wiki/Кредит_(образование)
[9] Болонский процесс и Европейское пространство высшего образования (ЕПВО) — https://www.vsmu.by/157-o-evropejskom-prostranstve-vysshego-obrazovaniya/3220-bolonskij-protsess-i-evropejskoe-prostranstvo-vysshego-obrazovaniya-epvo.html
[10] Образование в США — https://ru.wikipedia.org/wiki/Образование_в_США
[11] Болонский процесс, Казахстан — https://ru.wikipedia.org/wiki/Болонский_процесс#Казахстан
[12] Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22.06.2023, №586 — http://president.tj/node/30900
[13] Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, саҳ. 46
[14] Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 2020. – С. 24-25
[15] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-23.12.2022 — http://president.tj/node/29823
[16] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -23.04.2014 — http://president.tj/node/6598
[17] https://www.i-l.ru/blog/rejtingi-universitetov-mira-kak-v-nih-razobratsya/
