Имрӯзҳо халқу миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар аз он фарҳаманданд, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд – 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об тибқи қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.
Тибқи ин қатънома, ҳамзамон, татбиқи маҷмӯи ташаббусҳо муайян гардиданд, аз ҷумла (1) эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, (2) аз соли 2025 минбаъд таҷлил гардидани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, (3) аз ҷониби СММ таъсис ёфтани Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо, (4) соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо (манбаъ — http://www.president.tj/node/29795).
Фараҳмандӣ ва ифтихормандии тоҷикистониён ва тоҷикони дунё аз он аст, ки имрӯз дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқу миллати таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар, ҳамзамон садсолаҳо азиятдидаи тоҷик пуштибон, ҳомӣ ва пешвои худро ёфтаанд. Зеро шаҳрвандӣ ва мақоми сиёсию маъмурӣ метавонад гуногун бошад, аммо забони модарӣ яктост ва якто мемонад. Аз ин рӯ тоҷикони дунё аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешво ва сарвари миллии худ, эҳёгари тамаддун ва фарҳанги миллӣ мефахранд ва арҷ мегузоранд.
Боиси зикр аст, ки чор ташаббусҳои қаблии байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — (1) эълон гардидани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, (2) пазируфта шудани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», (3) эълон шудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва (4) пазируфта шудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эътибори Тоҷикистону тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт (манбаъ — http://www.president.tj/taxonomy/term/5/165). Ташаббуси панҷум бошад, бори дигар тамаддунофар, башардӯст ва вориси воқеии гузаштагони ҷовидон ва ҷаҳонбунёди худ, ба мисли А.Сино, А.Фирдавсӣ, У.Хайём, Ҷ.Балхӣ, А.Рӯдакӣ ва ғайра будани мардуми тоҷикро зери роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳон собит намуд.
АСОСҲОИ ИЛМИЮ ТАҲЛИЛӢ
Ташаббускорию созандагӣ як рукни ҳаёт ва талошҳои доимии халқу миллати тоҷик буда, аз асрҳои қадим ҳамчун маданияти ташкилии зиндагӣ ва нишонаи тамаддунофарию фарҳангсолории миллат баҳогузорӣ мегардад. Маҳз ҳамин маҷрои тамаддунофарӣ ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат имрӯз халқу миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта гардонида, ба пешрафти Тоҷикистони муосир поя гузошта истодааст (манбаъ — https://miraliyon.page/2018/04/30/татбиқи-ташаббусҳои-пешвои-миллат-э/#more-1927).
Ташаббускорӣ, чӣ тавре аз махзанҳои илмӣ бармеояд, маҷмӯи талошу амалҳои худфаъоли шахс оид ба тасдиқ, пешбарӣ, ташаккулдиҳӣ, татбиқ ва амалисозии идеяҳои аҳамиятноки иҷтимоиест, ки ихтиёрӣ, мустақилона ва оқилона пеш гузошта мешавад.
Ташаббускорӣ шакли изҳори фаъолнокии ҷамъиятӣ ва сиёсиест, ки хоси гурӯҳи хеле ками одамон аст. Тибқи маълумотҳои таҳлилии соҳаи идоракунӣ дар ҳар як ниҳод ва дар умум дар ҷомеа ҳамагӣ 7–8% одамон маҳорати таҳия кардан, навовар ва ташаббускори идеяҳои наву созанда буданро доранд ва дар навбати худ, нерӯи эҷодӣ ва ё захираи зеҳнии ҷомеа маҳз ҳамин гурӯҳ ба ҳисоб меравад (Миралиён Қ. А., Абилова Г. С. Сотсиологияи идоракунӣ, Душанбе, 2017). Илова бар ин, тибқи таҳлилҳои оморӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 5,7% аҳолӣ кордиҳанда ё соҳибкор буда, теъдодии боқии ҷомеа ба гурӯҳи кормандон, корҷӯён ва дастнигарон рост меояд (Манбаъ — http://dimaslennikov.ru/predprinimatelstvo/skolko-v-mire-predprinimatelej/).
Бояд зикр намуд, ки чуноне таҷриба нишон медиҳад, тибқи сарчашмаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию амалӣ одамонро дар шароити имрӯза метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд – консерваторон ва навоварон ё ташаббускорон:
1) Консерваторон, ҷонибдорони сохти пешина (қолабҳои куҳнашуда) – гурӯҳи шахсоне мебошанд, ки сохти мавҷудаи ҷомеаро нигоҳ дошта, доимо зидди навовариҳо, пешравӣ ва ташаббускориҳо ва ё ислоҳоти кулӣ баромад менамоянд, яъне навовариро кори зиёдати шуморида, онро ҷонибдорӣ намекунанд. Бо тавзеҳи дигар, намояндагони ин гурӯҳро «шахшудагон» низ, мегӯянд (манбаъ: https://dic.academic.ru/консерватор).
2) Новаторон, ҷонибдорони навоварӣ ва пешрафт, ташаббускорон – ин гурӯҳи шахсони ташаббускор буда, доимо талош меварзанд, ки дар фаъолият ҳақиқатҷӯй, адолатхоҳ ва бориз буда, мувофиқан пешрафти муносиб дошта, дар сатҳҳои гуногун саҳмгузор мебошанд.
Яъне, ташаббускорӣ ва корсозӣ на ба ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ хос аст, аксари ҷомеа амалисозанда ва ё иҷрокунандагони идеяҳои ташаббусгардида ва эҷодшуда мебошанд. Зимнан, маҳз ташаббускорон созандагон ва пешбарандагони ҷомеа арзёбӣ мегарданд.
ТАШАББУСКОРӢ – ҚАРЗИ ВИҶДОНӢ
Бояд зикр намуд, ки зиндагӣ худ мубориза аст, — аз инсон чи фаъолияти касбию ҷамъиятӣ ва чи дар ҳаёти шахсӣ фаъолнокӣ тақозо мегардад, аз ҷумла баҳри таҳкими ирода ва иҷрои амри виҷдонӣ. Дар ин ҳошия дини мубини Ислом низ, аз инсон ҳамон муносибатеро тақозо мекунад, ки ба талабот ва шароити тағйирёбии ҷомеа мувофиқ бошад, аз ҷумла масъулият дар рафтору кирдор, суханварзӣ, мустақилият, беҳтаргардонии доимии ҳаёти худ ва наздикон, зарур будани ташаббускорӣ барои худ ва ҳавасманд гардонидани ташаббускориҳои дигарон (Лямина Л.В., Психологияи шахсият дар Ислом, Уфа, 2019, с.80).
Аз инҷо хулоса мегардад, ки мо – ҷомеаи мусулмонӣ дар ҳошияи амалисозии талаботи Ислом ҳамчун амри виҷдонӣ бояд хеле пешрафта бошем, ҳар нафар ҳар лаҳза бояд ба коркард ва татбиқи ташаббусу навовариҳо баҳри беҳ гардонидани ҳаёти хеш ва наздикон машғул бошад.
НАТИҶАНОКИИ ТАШАББУСКОРӢ
Корнамоиҳо ва ташббускориҳост, ки халқу миллатҳо асоси ҳастӣ ва арзишмандии хешро пайдо намуда, фарҳангҳо аз насл ба насл ва аз масири таърих гузашта, ҷомеа хосияти пешравандагӣ касб намуда, сулҳу субот дар мамлакат ва оилаҳо ҳувайдо гардида, оромию осоиштагии ҳар як фарди ҷомеа таъмин мегардад.
Ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз рӯзҳои аввали вориди сиёсат гардиданашон аён аст. Маҳз ҳамин корнамоиҳо ва ташаббусҳои хирадмандона ва сари вақт пешгирифтаи Пешвои миллат буд, ки новобаста аз таҳдидҳои берунӣ Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти давлатии комил, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, сулҳу ваҳдат, муттаҳидӣ ва якпорчагӣ гардида, ҷойгоҳи махсуси худро ҳамчун муаррифгар ва пуштибони миллати таърихӣ ва тамаддунофар дар арсаи ҷаҳонӣ ишғол намуда, роҳ ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ гирифт.
Ташаббусҳои сиёсии Пешвои миллат, имрӯз ҳамчун мактаби сиёсӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст ва албатта, ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Илова ба ташаббусҳои марбути об, гурӯҳи дигар ташаббусҳои Пешвои миллат, ки хусусияти байналмилалӣ касб кардаанд, даҳҳо ба шумор мераванд, аз ҷумла «Бузургдошти Имоми Аъзам», «Сиёсати дарҳои кушода», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Таҳкими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллат ҳар як шахси масъул вобаста ба касб ва ваколати худ ва ҳар як сокини мамлакат ҳамчун қарзи виҷдонию шаҳрвандӣ ба ташаббускори навоварӣ рӯ оварда, барои рушду нумӯи меҳан ҳамарӯза заҳмат кашанд.
ТАШАББУСҲОИ ҲХДТ – МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Боиси зикр аст, ки ҳамчун намуна аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон ҳидояти Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, чуноне ки дар яке аз ҳамоишҳо иброз менамоянд, – имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди усули кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад – мавриди амал қарор дода, маҷмӯи идеяҳои созандаву бунёдкорӣ ва ҳамқадам будан ба ҷомеаи муосирро ташаббус кардаанд, аз ҷумла тарғибу ташвиқ ва саҳмгузории ташкилию амалӣ дар татбиқи чорабиниҳо бахшида ба 30 (35) солагии истиқлоли давлатӣ аз гурӯҳи ҳамин ташаббусҳо, бахусус дар сатҳи маҳалу деҳот мебошад.
Дар воқеъ модели рушди деҳот ва дар умум Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷабҳаи бузурги созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат ташаббус гардидааст ва аллакай маҳсули пурбори худро ба миён овардааст, дар ҷаҳон ҳамто надорад. Имрӯз хурду бузурги деҳот аз ин пешрафту ободкориҳо шодком буда, дар пайравии он бо рӯҳияи баланди меҳандӯстӣ дар ҳудуди манзилҳои истиқоматии хеш ба бунёдкорию ободонӣ машғул мебошанд. Яъне, ин ибтикорот на танҳо манфиати моддӣ, балки дилгармӣ ва ғизои пурғановати маънавӣ, рӯҳияи болида ва созанда барои аҳли ҷомеа фароҳам овард.
ҲХДТ аз рӯзҳои аввали фаъолият самти ташаббускорию созандагиро ихтиёр намуда, лоиҳа ва барномаҳои зиёди ниёзбарори мардумро, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ намудааст. Дар робита ба ин сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташаббусҳои ҳизбиро зери унвони «Якҷоя месозем!» ба амал бароварда, ба дастовардҳои зиёде ноил гардиданд, аз ҷумла ташаккули низоми амалии (функсионалии) идоракунӣ – (1) татбиқи Рейтинги ҳизбӣ, (2) рақамикунонии фаъолият, (3) сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроия, (4) таъминоти техникию ташкилию сохторҳои ҳизбӣ, (5) таъмиру сохтмони мактабу боғчаҳо, (6) сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои байни деҳаҳо, (7) сохтмони пул, (8) обёрикунонӣ, (9) ниҳолшинонӣ; (10) сохтмони марказҳои ҳунармандӣ ва (11) утоқи раиси кумитаи маҳалла; (12) азнавсозии иншооти гигиенӣ бо заҳкаши дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва шоҳроҳҳо, (13) тозакунии оромгоҳҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», (14) таъсиси сомона-махзани хизматрасонӣ, (15) ташкили саҳифаҳои иҷтимоии «Кумак ба маъюбон» ва (16) «Ҳунарҳои дастӣ», (17) таҳкими рукнҳои илмию амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» тариқи баргузории конференсияҳои илмӣ ва (18) интишори Маҷалаи илмию таҳлилӣ ва амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», (19) интишори мунтазами маводҳо ва (20) вокуниш бар гурӯҳҳои ифротӣ, (21) ташкили хоҷагиҳои ёрирасон барои кумитаҳои иҷроия, (22) таъсиси Маркази тренингии кормандони ҳизбӣ, (23) таҳкими хизматрасонии волонтёрии ҳизбӣ, (24) татбиқи барномаи «Сарбози ихтиёрӣ», (25) амалиёти муштарак бо сохторҳои маориф бо унвони «Соати сиёсӣ» ва (26) «Мактаби ман!», (27) ташкили гулгашти ҳизбӣ бо интернети ройгон барои ҷавонон ва (28) пешбарии лоиҳаи Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» (манбаъ — https://miraliyon.page/2022/07/03/сиёсати-идоракунӣ-дар-тоҷикистон-таш/#more-3031).
Дар инҷо бинобар маҳдуд будани фурсат ва дар ин баробар зарурат доштани табодули таҷриба вобаста ба ҷараёни чанде аз ташаббусҳои зикршуда иттилои мушаххас пешниҳод мегардад.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби корӣ имрӯз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо биноҳои маъмурӣ таъмин гардидаанд. Ин биноҳо тариқи ҳашар ва дастаҷамъӣ бо ҷалби маблағгузории аъзои фаъоли ҳизб сохта, ба истифода дода шуданд, ба истиснои сохтмони бинои Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Данғара, ки дар марҳилаи ифтитоҳ мебошад.
Бо мақсади ташаккули мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар таҳкими муносибатҳои идоракунӣ аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб Рейтинги ҳизбӣ ҷорӣ гардида, маҳсули хоси худро бар бор овардааст. Рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ва ё дар шакли нав ташаккул ёфта, самти рушдёбиро ихтиёр кунад. Ин таҷрибаи сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон аҳамиятнок арзёбӣ гардида, барои татбиқ ба дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат пешбарӣ карда мешавад. Дар ин хусус Фармоиши Муовини якуми Раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 14.09.2022, №104 ҳамчун механизми нав, инноватсионӣ, пешрафта ва технологияи иттилоотӣ дар фаъолият, зимнан тарзу услуби нави кори ҳизбӣ ва таҳкимбахши василаҳои идоракунӣ дар самти татбиқи босамари ҳадафҳои идеологӣ ва ҳамқадамӣ бо ҷомеаи муосир ба тавсиб расидааст.
Чуноне маълум аст, ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бо ин мақсад имрӯз тамоми сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон ба почтаи электронии расмӣ (бо унвони @hkhdtkhatlon.tj) гузашта, мукотибот байни кумитаҳо бо почтаҳои номӣ ҷорӣ шудааст. Имрӯз дар сатҳи сохторҳои ҳизбии вилоят 27 сомона ва 1200 саҳифаи иҷтимоӣ дар шабакаи Фейсбук амал мекунанд, ки ҳамарӯза фазои маҷозиро бо иттилооти комил фаро мегиранд ва аз муҳим табодули электронии иттилоот ба рушди фаъолияти идоракунӣ мусоидат намуда истодааст. Аз натиҷаи фаъолнокии ҳизбиён дар фазои маҷозӣ – танҳо дар 9 моҳи соли 2022 -878 мақолаҳои таҳлилӣ ва 4591 вокунишҳо дар шакли андеша, шарҳ, баромадҳои аудио ва видеоӣ бар зидди маводҳои муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ интишор гардидааст.
Ташаббуси тоза ба амал пазируфта, ин дар ҳошияи дастурҳои Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи маориф, татбиқи чорабиниҳои муштарак бо сохторҳои маориф бо унвони «Мактаби ман!» мебошад. Дар натиҷаи татбиқи Амалиёти «Мактаби ман!» аз моҳи майи соли 2022 инҷониб (декабри 2022), ки ҳар охири моҳ рӯзҳои шанбе доир мегардад, бо иштирок ва ҳавасмандии 23700 нафар хатмкардагон 13 миллион сомонӣ ба корҳои бунёдсозии соҳаи маорифи вилояти Хатлон ҷалб гардид. Ин маблағҳо ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо ва ғайра сафарбар гардиданд.
Идома ба ин ташаббускориҳо, бо ҷалби саховатмандон ва аъзои фаъоли ҳизб дар се соли охир мактабу боғчаҳо дар ҳаҷми 113 ҳазор м2 таъмир карда шуда, 3 муасиссаи таҳсилоти миёна умумӣ, дар маҷмӯъ бо 45 синфхона дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара ва Вахш сохта ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин, бо ҳавасмандгардонии соҳибкорон, саховатмандон, вакилони мардумӣ ва сокинони маҳал 1141 км роҳҳо сангфарш ва 570 км роҳҳо мумфарш карда шуда шуданд.
Дар маҷмуъ бо ченаки маблағӣ дар тули дуюним соли охир дар доираи таҷлили 30 солагии Истиқлоли давлатӣ ҳизбиёни вилояти Хатлон дар ҳаҷм ва ё баробар ба 173 миллион сомонӣ бо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар рушди имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳмгузорӣ намуданд.
Чи тавре маълум аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кули бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад, зимнан талаботи рушди илму техника баррасӣ ва татбиқи асосҳои илмии ҳадафҳои ҳизбро тақозо мегардад.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола дар вилояти Хатлон конференсияҳои илмии амалӣ баргузор мегардад. Ин конференсияи илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар шаҳри Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 181 мақолаҳои илмию таҳлилӣ ширкат намуданд. Боиси фараҳмандист, ки Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи илмии электронии сатҳи байналмилалӣ бо унвони «ELIBRARY.RU», ки дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд. Соли 2022 бошад, Конференсияи III байналмилалии илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар натиҷа масъалаҳо вобаста ба ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) бештар баррасӣ шуда, таъсиси Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пешниҳод гардид.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки ташаббусҳои пешгирифта танҳо дар сурате самаранок ва пурмаҳсул мегарданд, ки агар дар татбиқ ва амалисозии онҳо ҳар як фарди ҷомеа, махсусан шахсони масъул бо самимият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, эҳсоси амиқи қарзи шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ иштирок намоянд. Албатта, ҳама ташаббускору навовар нестем, аммо ҳама метавонем дар ростои саҳифагардон намудани солнома чанде камбудиҳои худро муайян карда, баҳри бартараф намудани онҳо дар соли нав ҷиду ҷаҳд намоем; ин худ иштирок дар ободонию пешрафти меҳан арзёбӣ мегардад.
Чун дар фуроварди соли ҷорӣ ва пешвози соли нави мелодӣ қарор дорем, месазад, ки ҳар кас бо шоҳбайти устод А.Лоҳутӣ аз ҳаёту фаъолияти солонаи хеш натиҷагирӣ намояд.
Ҳар шаб зи худ бипурс агар ту марди,
Ки-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?
(А. Лоҳутӣ)
Пайравӣ ба Пешвои миллат барои ҳар яки мо боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, аммо изҳори ин пайравӣ, — ин рафтору амал ва иштироки бевоситаи мо дар амалисозии ташаббусҳои пешгирифта, ҳамзамон навоварию ташаббускориҳои хеш арзёбӣ мегардад.
ҚИЁМИДДИН МИРАЛИЁН, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ (19.12.2022)