УСУЛҲОИ ХОСИ ИДЕОЛОГӢ ВА ТАШАББУСКОРИҲОИ ҲХДТ ДАР ҲОШИЯИ РУШДИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Маърӯза дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ш.Душанбе, 10.12.2022

Бояд иқрор шуд, ки дар ҳазораи нав дар баробари технологияҳои иттиллотию муоширатӣ василаҳои идеологӣ низ, рушд карда истода, дар самтбахшии ҳаёту фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳо таъсиргузор мебошад. Зимнан, ин ду василаи тақдирсоз ва бузург бо ҳамдигар дар рақобати шадид буда, дар роҳи мубориза ҷиҳати дарёфти мавқеи хосса дар ҳаёти ҷомеа ва ҷой гирифтан дар мафкура ва вуҷуди ҳар як фард шакли худ, навъ ва усулҳои таъсиррасониро зуд-зуд тағйир медиҳанд.

Чунончи технологияҳои иттилоотӣ ба захира, коркард ва идоракунии маълумот ҳукмфармо буда, ба шакл ва намудҳои мошин-компютерӣ, интернетӣ, ахборӣ, зеҳни сунъӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ ва ғайра ҷудо мешавад[1]. Яъне, афзалияти технологияҳои иттилоотию муоширатӣ ин дар ихтиёр доштани маълумоти зиёд оид ба ҳаёту фаъолияти ҷомеа ва фард мебошад. Ҳамин аст, ки имрӯз муборизаҳои иттилоотиро тариқи технологияҳои иттилоотию муоширатӣ ҷанги иттилоотӣ меноманд. Аз ин рӯ, нақш ва ё афзалиятнокии технологияҳои иттилоотию муоширатӣ дар ҳаёти инсон ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад, манфиатнок ва хатарафзо. Мутаассифона, бо мурури пешрафти зеҳнии ҷомеа ва илму техника хатарафзоии технологияҳои иттилоотию муоширатӣ зиёд гардида истодааст, ки барои олимону сиёсатмадорон ҳалли ин масъала вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Василаҳои идеологӣ бошад, ба талқинсозӣ, роҳнамоӣ, муттаҳидсозӣ, ҳавасмандгардонӣ, тағйирдиҳии тамоюл ва рафтори инсон ва табодул ва такомули ҷомеа ва давлат ҳукмфармо буда, асосан ба намудҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҷудо мешавад. Чун идеология аз маҷмӯи назарҳо ва идеяҳо таркиб меёбад, бар истифода ва идораи шуури инсон афзалият дорад, яъне калиди дари донишҳо, ақл ва заковати фардро ихтиёрдор аст. Зимнан, дар шароити ҷомеаи муосир идеологияи сиёсиро метавон ба ду самт ҷудо намуд, комил ва нокомил, ки дувумин ба сифтаи гурӯҳҳои ва ҳаракатҳои ифротию террористӣ бо тамоми институтҳои легитимӣ муборизаи доимӣ дошта, муатаассифона, дар роҳи бадастории ҳокимият ҷоннисориҳои зиёде пеш овардааст.

Аз ин ҷо бармеояд, ки гарчанде инсон дар ҳаёти ҳамарӯза пайгири озодихоҳӣ ва бунёди муносибатҳои либералию демократӣ бошад ҳам, аммо дар асл пойбанд ва фармонравои (1) идеологияҳои сиёсӣ ва (2) технологияҳои иттилоотӣ буда, дар бисёр ҳолатҳо аз неъматҳои озодӣ ва виҷдонӣ хеле кам бархурдор мебошад.

Дар ростои набарди ин ду падидаи бузург дар як вақт, мардум дар интихоби роҳи дуруст, идеологияи комил / нокомил ва ё иттилооти манфиатнок / хатарафзо ночор монда, бештар вақт хато мекунанд.

Мисоли 1: дар шабакаи интернет акси ду шахсият дар як вазъияте (наворе), блогер (Хаби Лейм) ва сарватманд (Илон Маск) расонаӣ шудааст, ки дар он шумораи тамошобинон / ҷонибдорони ин ду нафар муқоиса гардидааст.

Дар ин таносуб навори фароғатбахшии Хаби Лейм — блогер, ҳаҷвинигор 10 миллион тамошобин ҷалб карда, навори Илон Маск – сарватманд, соҳибкор бошад, ки ба омӯзиши тиҷорат равона шуда будааст, 100 ҳазор тамошобин ҷалб кардааст. Ҳамин тариқ, 100 маротиб кам ҷалб гардидани тамошобин ба навори омӯзишӣ хулоса гардидааст, ки аксари одамон хоҳиши хондану омӯхтан надоранд, онҳо бештар ба вақтхушӣ майл доранд.

Маълум аст, ки дар инҷо интихоб хато аст, яъне ҳеҷ як шахси солим намехоҳад, ки ба кори беманфиат ва ё зараровар машғул гардад, аммо барои интихоби дуруст мебояд инсон иродаи қаввӣ ва боварӣ, эътимод дошта бошад.

Иродаи қаввӣ ва эътимоди инсон ба давлат, ҳокимияти сиёсӣ ва виҷдони худ, дар навбати худ, аз натиҷаи тарбияи дурусти идеологии шахс, сатҳи дониш ва маданияти сиёсии ӯ бармеояд.

Мисоли болоро, агар ҳамчун муборизаи байни ду ҳукмфармои азим — идеологияи сиёсӣ ва технологияи иттилоотӣ баррасӣ намоем, пас дар он (мисоли 1) идеология, ки барандаи дониш ва ақлу заковат аст, мағлуб шудааст.      

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки роҳу усулҳои тарбияи идеологии ҷомеа бозбинӣ гашта, такмил ва таҳким бахшида шавад, чун чаҳорчӯбаи мавҷуда қолабӣ ва куҳнашуда арзёбӣ гардида, ба талаботи маънавӣ ва ё мафкуравии аҳли ҷомеа ҷавобгӯй намебошад.

Мушкилӣ дар он аст, ки ба сифати чорабиниҳои идеологӣ одатан баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамоишҳо, пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, интишори маводҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва ғайра ба ҳамин монанд, яъне расонидан ва талқини иттиллот фаҳмида мешавад (минбаъд-«Усули назариявӣ-анъанавӣ»), ки албатта, нодуруст аст. Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир роҳу усулҳои гуногуни идеологӣ ташаккул ёфта истодааст ва барои кишвари мо низ, ки дар ҳоли рушд аст, таҳия ва татбиқи чунин усулҳои муносиб ва мувофиқи идеологӣ зарур мегардад.    

Боиси зикр аст, ки усули назариявӣ-анъанавии идеология тибқи махзанҳои илмӣ худ, аз якчанд усулҳои хос иборат аст, аз ҷумла виҷдонӣ, робитавӣ, меъёрӣ-арзишӣ ва сохторӣ-амалӣ[2].

Аммо дар ҷомеаи муосир, чуноне дар боло зикр шуд, дар ҳошияи рушди технологияҳои иттилоотию муоширатӣ усули назариявӣ-анъанавии талқини идеология қонеъкунанда нест, зарур мегардад, ки услуҳои нав ва ҷолиб татбиқ карда шаванд, то ин ки ба талаботи маънавии ҷомеа ҷавобгӯй бошанд.

Яке аз камбудии усули назариявӣ-анъанавии идеологӣ дар яктарафа будани он аст. Дар ин усул як тараф-субъект доимо талқинкунанда, фаъол буда, тарафи дигар-объект ҳамчун шунаванда ва тобеъ ва ё камфаъол (бе ҳаракат) иштирок мекунад. Зимнан, субъект кушиш мекунад, ки маводи дахлдорро ҳарчи зудтар ва ё тибқи нақша ба объект бирасонад ва объект дар ҳолати беҳаракатӣ, чун тобеъ аст, қарор гирифта, ба субъект фармонравоӣ мекунад.

Дар инҷо мушкилӣ дар он аст, ки ҳарчанд субъект маҳорати хуби расонидани маълумотро дошта бошад ҳам, онро ба умқи объект ҷой карда наметавонад, чун ба ин масъала объект ҳавасманд ва ё масъул нест, яъне аз объект натиҷа пурсида намешавад.

Аз инҷо хулоса бармеояд, ки тарзи расонидани маълумот ва ё мавод бояд ки азми мутақобила дошта бошад, яъне интерактив, ҳар ду тараф (субъект-расонидан ва объект-гирифтани маълумот) масъулият дошта, дар ҷараёни муносибатҳо фаъолона иштирок намоянд. Ин усули навро метавон «Усули назариявӣ-амалӣ ва ё интерактивӣ» ном гузошт.

Барои возеҳ шудани масъала, яъне баррасии усули интерактивӣ ҳамчун усули таъсиррасони идеологӣ метавон ба таҷрибаи сесолаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар самти амалисозии ташаббусҳои ҳизбӣ назар кард.

Пеш аз баррасӣ бояд иброз намуд, ки дар фаъолияти сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон боз як усули дигари идеологӣ низ, хос ба фаъолияти дохилиҳизбӣ амалӣ мегардад – «Усули методӣ-ташкилӣ. Ин усули нави идеологӣ дар ҳошияи талаботи ҷомеаи муосир, таҳкими асосҳои идоракунии институтсионалӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтааст.   

Ҳамин тариқ, дар асоси таҳлилҳои боло ва дастури Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб дар яке аз ҳамоишҳо, ки иброз карда буданд, — имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди усули кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад – ҲХДТ ва сохторҳои он дар маҳалҳо тайи се соли охир гурӯҳи идеяҳои созандаву бунёдкор ва ҳамқадам ба ҷомеаи муосирро ташаббус карданд, аз ҷумла тарғибу ташвиқ ва саҳмгузории ташкилию амалӣ дар татбиқи чорабиниҳо бахшида ба 30 ва 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ, бахусус дар сатҳи маҳалу деҳот.        

Дар ҳамин асно, сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон ташаббускорию навовариро пеша намуда, гурӯҳи 28 ташаббусҳои ҳизбиро зери унвони «Якҷоя месозем!» ба амал бароварда, ба дастовардҳои зиёде ноил гардиданд. Аз ҷумла, ташаккули низоми функсионалии идоракунӣ – (1) татбиқи Рейтинги ҳизбӣ, (2) рақамикунонии фаъолият, (3) сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроия, (4) таъминоти техникию ташкилию сохторҳои ҳизбӣ, (5) таъмиру сохтмони мактабу боғчаҳо, (6) сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои байни деҳаҳо, (7) сохтмони пул, (8) обёрикунонӣ, (9) ниҳолшинонӣ; (10) сохтмони марказҳои ҳунармандӣ ва (11) утоқи раиси кумитаи маҳалла; (12) азнавсозии иншооти гигиенӣ бо заҳкаши дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва шоҳроҳҳо, (13) тозакунии оромгоҳҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», (14) таъсиси сомона-махзани хизматрасонӣ, (15) ташкили саҳифаҳои иҷтимоии «Кумак ба маъюбон» ва (16) «Ҳунарҳои дастӣ», (17) таҳкими рукнҳои илмию амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» тариқи баргузории конференсияҳои илмӣ ва (18) интишори Маҷалаи илмию таҳлилӣ ва амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», (19) интишори мунтазами маводҳо ва (20) вокуниш бар гурӯҳҳои ифротӣ, (21) ташкили хоҷагиҳои ёрирасон барои кумитаҳои иҷроия, (22) таъсиси Маркази тренингии кормандони ҳизбӣ, (23) таҳкими хизматрасонии волонтёрии ҳизбӣ, (24) татбиқи барномаи «Сарбози ихтиёрӣ», (25) амалиёти муштарак бо сохторҳои маориф бо унвони «Соати сиёсӣ» ва (26) «Мактаби ман!», (27) ташкили гулгашти ҳизбӣ бо интернети ройгон барои ҷавонон ва (28) пешбарии лоиҳаи Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»[3].

Чи тавре дар боло иброз намудем, дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ду усули нави идеологӣ «Методӣ-ташкилӣ» бо фарогирии 12 ташаббус ва «Назариявӣ-амалӣ» бо фарогирии 16 ташаббус таҷриба мегарданд ва чуноне аз ҷадвали боло маълум аст, ҳамаи онҳо дар амал буда, натиҷаи муваффақ ба бор овардаанд.

Дар инҷо бинобар маҳдуд будани фурсат ва дар ин баробар зарурат доштани табодули таҷриба аз ҷараёни чанде аз ташаббусҳо иттилои мушаххас пешниҳод мегардад.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби корӣ имрӯз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо биноҳои маъмурӣ таъмин гардидаанд. Ин биноҳо тариқи ҳашар ва дастаҷамъӣ бо ҷалби маблағгузории аъзои фаъоли ҳизб сохта, ба истифода дода шуданд, ба истиснои сохтмони бинои Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Данғара, ки дар марҳилаи ифтитоҳ мебошад. Қадами дигар, азнавсозии биноҳои маъмурии якошёна ва табдил додани онҳо ба сеошёна ба нақша гирифта шудааст, зеро сафи аъзо ва талабот ба хизматрасониҳои иҷтимоию сиёсӣ зиёд шуда истодааст, ки васеъ намудани фаъолиятро тақозо менамояд.

Бо мақсади ташаккули мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар таҳкими муносибатҳои идоракунӣ аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб дар таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Рейтинги ҳизбӣ ҷорӣ гардида, маҳсули хоси худро бар бор овардааст. Рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ва ё дар шакли нав ташаккул ёфта, самти рушдёбиро ихтиёр кунад. Рейтинги ҳизбӣ имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии фаъолият мавриди назорат ва корбарии ҳамарӯза қарор гирифта, амалиёбии онҳо ба таври системавӣ ба роҳ монда шавад. Ин таҷрибаи сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон аҳамиятнок арзёбӣ гардида, барои татбиқ ба дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат пешбарӣ карда мешавад. Дар ин хусус Фармоиши Муовини якуми Раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 14.09.2022, №104 ҳамчун механизми нав, инноватсионӣ, пешрафта ва технологияи иттилоотӣ дар фаъолият, зимнан тарзу услуби нави кори ҳизбӣ ва таҳкимбахши василаҳои идоракунӣ дар самти татбиқи босамари ҳадафҳои идеологӣ ва ҳамқадамӣ бо ҷомеаи муосир ба тавсиб расидааст.

Чуноне маълум аст, ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бо ин мақсад имрӯз тамоми сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон ба почтаи электронии расмӣ (бо унвони @hkhdtkhatlon.tj) гузашта, мукотибот байни кумитаҳо бо почтаҳои номӣ ҷорӣ шудааст. Имрӯз дар сатҳи сохторҳои ҳизбии вилоят 27 сомона ва 1200 саҳифаи иҷтимоӣ дар шабакаи Фейсбук амал мекунанд, ки ҳамарӯза фазои маҷозиро бо иттилооти комил фаро мегиранд ва аз муҳим табодули электронии иттилоот ба рушди фаъолияти идоракунӣ мусоидат намуда истодааст. Аз натиҷаи фаъолнокии ҳизбиён дар фазои маҷозӣ – танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 878 мақолаҳои таҳлилӣ ва 4591 вокунишҳо дар шакли андеша, шарҳ, баромадҳои аудио ва видеоӣ бар зидди маводҳои муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ интишор гардидааст.

Ташаббуси тоза ба амал пазируфта, ин дар ҳошияи дастурҳои Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи маориф, татбиқи чорабиниҳои муштарак бо сохторҳои маориф бо унвони «Мактаби ман!» мебошад. Дар натиҷаи татбиқи Амалиёти «Мактаби ман!» аз моҳи майи соли ҷорӣ инҷониб, ки ҳар охири моҳ рӯзҳои шанбе доир мегардад, бо иштирок ва ҳавасмандии 23700 нафар хатмкардагон 13 миллион сомонӣ ба корҳои бунёдсозии соҳаи маорифи вилояти Хатлон ҷалб гардид. Ин маблағҳо ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо ва ғайра сафарбар гардиданд.

Идома ба ин ташаббускориҳо, бо ҷалби саховатмандон ва аъзои фаъоли ҳизб дар се соли охир мактабу боғчаҳо дар ҳаҷми 113 ҳазор м2 таъмир карда шуда, 3 муасиссаи таҳсилоти миёна умумӣ, дар маҷмӯъ бо 45 синфхона дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара ва Вахш сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, бо ҳавасмандгардонии соҳибкорон, саховатмандон, вакилони мардумӣ ва сокинони маҳал 1141 км роҳҳо сангфарш ва 570 км роҳҳо мумфарш карда шуда шуданд.   

Дар маҷмуъ бо ченаки маблағӣ дар тули дуюним соли охир дар доираи таҷлили 30 солагии Истиқлоли давлатӣ ҳизбиёни вилояти Хатлон дар ҳаҷм ва ё баробар ба 173 миллион сомонӣ бо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар рушди имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳмгузорӣ намуданд.

Чи тавре маълум аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кули бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад, зимнан талаботи рушди илму техника баррасӣ ва татбиқи асосҳои илмии ҳадафҳои ҳизбро тақозо мегардад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола дар вилояти Хатлон конференсияҳои илмии амалӣ баргузор мегардад. Ин конференсияи илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар шаҳри Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 181 мақолаҳои илмию таҳлилӣ ширкат намуданд. Боиси фараҳмандист, ки Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи илмии электронии сатҳи байналмилалӣ бо унвони «ELIBRARY.RU», ки дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд.

Соли 2022 бошад, Конференсияи III байналмилалии илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар натиҷа масъалаҳо вобаста ба ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) бештар баррасӣ шуда, таъсиси Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пешниҳод гардид. Мақсад аз пешниҳоди мазкур дар ҳошияи бартараф намудани мушкилоти мафкуравии (идеологии) ҷомеа фарогири асосҳои стратегӣ буда, аз ду ҷабҳаҳои иборат аст:

  • омӯзиши асосҳои илмию назариявӣ ва методологии Мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳамчун идеологияи миллӣ, ташаккул ва рушди он дар шароити давлати демократӣ ва дунявӣ, муосир ва мутобиқ ба фарҳанги миллӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва худфаъоли иҷтимоӣ, бахусус сиёсати ҷавонон, занон ва оила мувофиқ бо ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун ҳизби пешбар.
  • ташаккули низоми касбии фаъолияти идеологӣ ва идоракунии сиёсии (мафкуравии ниҳодҳои) Тоҷикистони муосир, пешбинии мушкилот ва дурнамои рушди сиёсӣ тариқи ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба рукнҳо ва заминаҳои ташаккулёбӣ ва рушди муносибатҳои сиёсӣ, таъмини амнияти идеологӣ ва ҷомеаи миллӣ дар кишвар ва хориҷи он.

Чи тавре маълум гардид, бо истифода аз усулҳои нави идеологӣ сохторҳои ҲХДТ тавонистанд, ки дар муддати кутоҳ ба гурӯҳи дастовардҳо ноил гарданд.

Албатта, ин ду усули нави идеологӣ — «Методӣ-ташкилӣ» ва «Назариявӣ-амалӣ», ки асосҳои илмию назариявӣ ва методию амалии онҳо баррасӣ ва пешниҳод карда шуданд, дар ростои таҳким бахшидани воситаҳои таъсиррасонии идеологӣ дар қиёс бо ҳукмфармоии технологияҳои иттилоотӣ кифоя арзёбӣ намегарданд. Аммо ин таҷриба имкон медиҳад ва моро водор месозад, ки усули назариявӣ-анъанавии идеологиро такмил дода, усулҳои нав ва муосирро аз рӯи ҳар як бахши ҷомеа – сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳия ва татбиқ намоем.

Чуноне ки Пешвои миллат ҳидоят мекунанд, — бо халқ бояд наздик шуд; дар татбиқи идеяҳои сиёсӣ аз диди мардуми оддӣ мебояд амал намуд, принсипи таъсиррасонии анъанвии «субъект ба объект»-ро бо усулҳои «субъект ба субъект» ва «субъект бо объект» тағйир дода, ҷойиваз намуда, иштироки фаъоли ҷомеаро дар чорабиниҳои идеологӣ ҷалб бояд кард.

Барои возеҳ шудани принсипҳо ва ё мафҳумҳои болозикр, онҳоро метавона чунин шарҳ дод:

  • «субъект ба объект» – тибқи усули назариявӣ-анъанавӣ, субъект доимо талқинкунанда, фаъол буда, объект ҳамчун шунаванда ва тобеъ ва ё камфаъол (бе ҳаракат) иштирок мекунад;
  • «субъект ба субъект» – субъект-талқинкунанда ба объект ҳамчун ба худ баробар-субъект эҳтиром гузошта, маълумотро на барои шунидан, балки барои аз худ кардан ва талқини минбаъдаи он ба дигар гурӯҳи объектҳо мерасонад. Яъне субъект боз якчанд субъекти дигар омода мекунад. Ин принсип иштироки фаъоли объектро таъмин менамояд.
  • «субъект бо объект» – субъект пеш аз омода кардани мавод бо объект ҳамкорӣ намуда, ба умқи мушкилот ворид шуда, роҳҳу усулҳои ҳали мушкилотро бо назардошти имконоти зеҳнию амалии объект муайян намуда, сипас, ба фаъолияти тарғиботӣ шуруъ менамояд.

Ҳамин тариқ, бо тағйир ва такмил додани принсипҳои фаъолияти идеологӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ва пурмаҳсул ноил гардид.   

Усулҳо ва принсипҳои нав ва муносиби фаъолияти идеологӣ имкон фароҳам меоранд, ки дар вуҷуди ҳар як фард воқеияти ҳаёт, эҳсоси арзишмандӣ барои худ ва ҷомеа, аҳамиятнокии илму дониш барои ташаккули шахсият, ҳисси масъулиятнишосӣ дар назди оила ва давлат, зимнан дарк намудани камарзишу хатарбор будани бешуғлӣ, айшу ишрат ва вақтхушӣ ҷой дода шавад.

Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза ҳамқадам будан бо ҷомеаи муосир ва мутобиқ гардонидани усулҳои фаъолият ба талаботи воқеии мардум, бахусус ташаккул додани усулҳои нави идеологӣ ва такмили усулҳои мавҷуда ҷиҳати рушди мафкураи миллӣ ва роҳ ёфтан ба шуури ҳар як шаҳрванд саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Зимнан, татбиқи таҷрибаи назариявию амалии сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аз ҷумла усулҳои нави идеологии ташаккулёфта — «Методӣ-ташкилӣ» ва «Назариявӣ-амалӣ» ба бахшҳои идеологии мамлакат тавсия мегардад.


[1] Википедия: Информационные технологии — https://ru.wikipedia.org/wiki/Информационные_технологии

[2] Методы политической идеологии -https://spravochnick.ru/politologiya/politicheskaya_ideologiya/metody_politicheskoy_ideologii/

[3] Миралиён, Қ.А. Мактаби сиёсии Пешвои миллат: маводҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 23-24 июни с.2022. // Маҷмӯаи мақолаҳо №3- 2022, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон. – ш.Бохтар: 2022. – С. 26-42

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: