ҲХДТ – МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар ҷомеаи муосир дар шароити ташаккулёбии рукнҳои демократӣ – авлавияти озодӣ ва иштироки халқ дар муносибатҳои идоракунии давлатӣ рушди фаъолияти ниҳодҳои ҷамъиятии сиёсӣ, намояндагии ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳизбҳои сиёсӣ ногузир мебошад.

Дар таърихи сиёсии ҷаҳон ин талабот дар таҷрибаи давлатҳо, албатта, яку якбора ҷорӣ нагардидааст, чунончӣ дар Тоҷикистон, ки давоми 70 сол мардум зери таъсир ва ҳукмфармоии ҳизби коммунистӣ, низоми авторитарӣ-яккаҳизбӣ ҳаёту фаъолият доштанд ва тамоми пешравиҳоро аз ҳокимияти давлатӣ-шӯравӣ вобаста медонистанд (Википедия: КПСС), мувофиқан, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (1990-2000) озодии ҳаёту фаъолият, мустақилияти том, гуногунандешӣ, иштирок дар идоракунии давлат, дар ин зимн мавҷудияти якчанд ҳизбҳои сиёсӣ ва пайравӣ ба яке аз онҳоро (дилхоҳро) дарк карда наметавонистанд. Ҳатто, ба қабул гардидани қарорҳо оид ба пошхӯрии собиқ давлати шӯравӣ ва барҳам хӯрдани ҳизби бузурги коммунистӣ шоҳид гардида, ҳамоно эътимоди худро, ки албатта нодуруст ва саҳв буд, ба ин ниҳоди авторитарӣ идома дода, сохти тозабунёди демократӣ, озодихоҳиро инкор мекарданд.

Яъне, идеологияи собиқ ҳизби коммунистӣ дар умқи мафкураи мардум то ҳадде ҷой гирифта буд, ки аксарият роҳи саҳв ва ё хаторо дуруст шуморида, арзишҳои таърихию фарҳангии аҷдодӣ ва ҳастии худро қурбон ва инкор карда, тобеият / ғуломиро эҳсос накарда, ба бозгашти ин низоми авторитарӣ умед доштанд. Ин ниҳод дар воқеъ, гарчанде нокомил ҳам буд, ҳамчун мактаби сиёсии коммунистӣ бо идеологияи сотсиализм «адолати иҷтимоӣ» (Википедия: Социализм) дар ҷаҳон мақоми хоса пайдо карда буд.

Воқеан, аз таърихи начандон дури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – дар давраи ҳукмронии собиқ давлати шӯравӣ аҳолии қувваи меҳнатӣ бештар ба корҳои кишоварзию саноатӣ (пахтакорӣ, ғаллакорӣ, истеҳсоли энергетика ва ғ.) ҳамчун дастгоҳи истеҳсолотӣ истифода гардида, ҷомеа аз татбиқи арзишҳои олии инсонӣ, ба монанди такмили илму дониш, эҳё ва рушди фарҳанг, анъана ва дар умум камолоти шахсият фориғ монда буд. Яъне, «адолати иҷтимоӣ» ҳамчун идеология дар рӯи қоғаз боқӣ монда, аслан баръакси он – нобаробарии иҷтимоӣ амалӣ мегардид.      

Дар ҳамин шароит, аз як тараф зарур буд, ки бар ивази «мактаби сиёсии коммунистӣ» мактаби сиёсии комил ташкил меёфт, аз тарафи дигар бояд шахсияте ин мактабро роҳбарӣ ва ё пешбарӣ мекард, ки дар байни мардум соҳиби нуфузу мақоми воло мебуд; илова бар ин, мактаби сиёсии демократӣ бояд ба низоми барҳамхӯрдаи коммунистӣ, бо ҳадафу вазифаҳои таъсиргузор ва созанда муқовимат карда метавонист.

Ҳамин тариқ, ин мактаби сиёсии демократӣ дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1992-1994 ташаккулёфта арзёбӣ мегардад. Асосҳои назриявӣ-идеологии (фаъолияти ояндаи) Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябри солии 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, онҳо соли 1994 (10 декабр) зимни расмиёти (бақайдгирии) давлатии ҲХДТ, дар ҳуҷҷати асосии (Оинномаи) он дарҷ карда мешаванд. Албатта, дар ин баробар якчанд ҳизбҳои сиёсӣ низ, ташкил меёбанд, ки ҳар кадом мактаби хоси сиёсии худро дошта, имрӯз ҳам, ба истиснои ҳизби мамнуи (террористии) наҳзат, фаъолият доранд, аммо мактаби сиёсии Пешвои миллат ба идеологияи маъруфи коммунистӣ муқовимат карда тавониста, дар қалби мардум ҳамчун ҳизби халқӣ ҷой гирифт.     

Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ташаккули рукнҳои назариявию амалии мактаби сиёсии худ бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ пардохта буд.

Дар инҷо бояд маънидод намуд, ки зери мафҳуми «мактаб», одатан мактаби илмӣ, бо фарогирии корҳои назариявии гурӯҳи олимону муҳаққиқон дар самти муайяни таҳқиқот фаҳмида мешавад, аммо дар ин тадқиқот – мактаб маънои васеътар дошта, бештар фарогири корҳои таҳқиқотии амалӣ ва ташкилию сиёсӣ вобаста ба фаъолияти идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Иштирокчиёни асосии ин мактаб, дар баробари олимон, ҳамчунин сиёсатмадорон, кормандони ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб мераванд ва асоси фаъолияти (усулҳои) таҳқиқотию амалии онҳоро мушоҳидаҳо, таҳлилҳои оморӣ ва систематикӣ, мониторинг, таҳлилҳои дедуктивӣ ва индуктивӣ, пурсишҳои иҷтимоӣ, озмоишҳои ҳудудӣ ва соҳавӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Аз рӯзҳои аввали сарварӣ, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ иброз намуда буданд, ки «…мақсаду мароми мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад».

Зимнан, Тоҷикистон зери сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти идоракунии демократии ҷомеаро интихоб мекунад. Чуноне Пешвои миллат дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз менмаоянд: «Ман андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин маротиба дар иҷлосияи мазкур (иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ) баён дошта, изҳор карда будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам» (суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон да рҷаласаи ботантана ба муносибати 30–солагии истиқлоли давлатӣ, ш.Душанбе, 08.09.2021).

Зимнан, рисолати мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1), ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ҳамчун «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» муқаррар гардидааст. Яъне, ин аз аввалин дастовардҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат арзёбӣ мегардад, ки он ба таҳкурсии асосии давлатдории навини тоҷикон табдил ёфт.

Боиси зикр аст, ки муносиб будани сохти демократӣ ба якчанд омил асос меёбад.

Якум, дар ҷаҳон аксари кишварҳои пешрафта демократӣ буда, мутаносибан рушду инкишоф доранд;

Дуюм, арзишҳои таъминкунандаи ҳуқуқу озодии инсон бештар маҳз дар ҳамин сохти идоракунӣ дида мешавад, ки он бо мафҳуми илмии «либерализм» шинохтааст. Либерализм – принсипи маҳдудсозии мудохилаи давлатро ба муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш мегузорад ва ба озодии фард аз ҷамъият ва анъанаҳои ӯ афзалият медиҳад. Либерализм ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як инсонро арзиши олӣ арзёбӣ намуда, изҳори озоди ақида, интихоби озоди дин, интихоби озоди намояндаи худ дар ниҳодҳои сиёсӣ ва амалӣ гардидани дигар рукнҳои демократиро тақозо менамояд. Ин идеология рушди иқтисодиётро тариқи бозори озод, ки он дар шароити имрӯза иқтисоди бозоргонӣ ном дорад, талқин менамояд.

Сеюм, принсипҳои идоракунии ин сохти идоракунӣ ба гурӯҳи зиёди арзишҳои маънавӣ ва маданияти ташкилии миллати куҳанбунёди тоҷик мувофиқат мекунад.

Чи тавре маълум аст, худи мафҳуми «демократия» ба принсипи идоракунии давлат аз ҷониби халқ асос меёбад. Зимнан, идоракунии давлат аз ҷониби халқ ба воситаи институти намояндагӣ ба роҳ монда мешавад. Яъне, бо ифодаи содда, гурӯҳи одамон аз байни худ якеро интихоб намуда, барои намояндагӣ, муаррифию путибонӣ ва пешбарии ҳадфаҳо дар институти ҳокимияти давлатӣ сафарбар менамоянд.

Маҳз дар ҳамин ҷо, интихоби намоянда, дар сохти демократии ҷомеа нақши ҳизбҳои сиёсӣ зарур мегардад.Ҷомеаи демократӣ сохти идоракуние мебошад, ки дар он асоси пешрафти сиёсии давлатро гуногунандешӣ ва ё бисёрҳизбӣ ташкил медиҳад. Яъне, яке аз институтҳои фаъоли ҷомеаи ҳизби сиёсӣ аст, ки манфиатҳо ва ҳадафу идеяҳои сиёсии аъзои худро (мардумро) ташаккул дода, бо роҳи иштирок дар идоракунии ҳокимияти сиёсӣ татбиқ менамояд.

Бо ифодаи дигар, таҳкурсии сиёсии ҷомеаи демократиро ҳизбҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ин ниҳод хеле фаъол буда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон самти сиёсии ҳукуматҳоро муайян менамояд.

Ҳамин тариқ, чуноне дар боло ишора гардид, яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар самти демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ – 10 декабри соли 1994 таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зарурати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаҳои зерин асос меёбад.

Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ, ки гуногунандешии сиёсӣ ва идоракунии ҳокимият тавассути ниҳодҳои сиёсӣ тақозо мегардад, зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.

Дуюм, ниҳоде лозим буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.

Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.

Ҳамин тариқ, барои устувор гардидани мавқеъҳо ташкили институти сиёсӣ дар шакли ҳизби сиёсӣ барои одамон зарур омад, то инки на танҳо дар мавриди интихобот, балки дар ҳама ҳолат (ба таври доимӣ) тавонад, ба ҳаммаслакони худ кумак расонад.

Чуноне, ки олими шотландӣ Девид Юм ҳизби сиёсиро маъно додааст: «Ҳизбҳои сиёсӣ бештар таваҷҷуҳи худро барои ҷалб намудани одамон ва сохтани идеологияи нав, ки барои бунёди ҷомеаи нав талқин мекунад, равона месозанд», яъне ҳадафи асосии ҳизб ба расонидани халқ ва ҷонибдорони худ ва ё таъмин намудани иштироки онҳо дар идоракунии ҳокимият арзёбӣ мегардад. Ин ҳамон имконият ва шароите аст, ки шакли демократии ҷомеа тақозо мекунад.

Дар навбати худ, ҳизбҳои сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва ё ба даст овардани идоракунии ҳокимияти давлатӣ фишангҳои гуногунро истифода менамоянд.

Боиси изтироб он аст, ки даҳсолаҳои охир дар ин муносибат фишангҳои нокомил ва ё ғайриқонунӣ, он низ экстремистӣ бештар истифода шуда истодаанд. Яъне, агар давраҳои аввали ташаккулёбӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ба даст овардани боварии халқ ва намояндагии онҳо дар ҳокимияти давлатӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал мекарданд, пас имрӯзҳо, мутаассифона, ин тартиби амал тағйир ёфта, василаҳои нокомил, бо роҳи таҳдиду зурӣ ва дуруғбофиву роҳгумсозӣ ба даст овардани ҳокимият рӯи кор омадааст.  

Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ки дар ҷомеа маъракаҳои интихоботӣ пеш меоянд, дар баробари берун омадани ҳаракатҳои идеологии комил, ҳаракатҳои идеологии нокомил ё инки экстремистӣ низ берун меоянд.

Маҳз ҳамин ҳолат, яъне муқовимат бо ҳаракатҳои идеологии нокомил моро водор месозад, ки василаҳои тарғиботии худро пурқувват сохта, тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоем.

Аз ин лиҳоз, маҳз дар шароити таҳдидҳои берунӣ, бахусус ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо ташаббус ва пайгирии бевоситаи Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил меёбад, ки дар номи худ ҳамаи он талаботи болозикрро фаро мегирад. Илова бар ин, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ ба ҳуқуқу имкониятҳои дигар азҳоби сиёсӣ дахл накарда, ба майдони набардҳои сиёсӣ бо ғояҳои хосса ва созанда, ифодагари азму ирода ва бартарафсозандаи ниёзҳои аввалиндараҷаи мардум мебарояд.

Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт» (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: Анҷумани IX. Душанбе, 2006).

Дар воқеъ нақш ва хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо зери мактаби сиёсии Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, — мактаби сулҳоварӣ низ, аҳамияти хосса дорад. Яъне, зимни омӯзиши таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон хонанда, хоҳ нохоҳ ба фишангҳои сиёсӣ пешорӯ мегардад, ки онҳо аз барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеоянд.

Ҳамин тариқ, мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ин рисолат дар ду маврид, давра ба давра ба воситаи барномарезии вазифаҳои алоқаманд амалӣ карда мешавад.

Якум, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни иштирок дар интихоботҳои парламентӣ. Принсипи амалии ин механизм ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, бо тартиби таҳлилу омӯзиши мушкилоти рӯзмарраи мардум, муайян намудани роҳу усулҳои дастрас ва имконпазири ҳалли мушкилот ва ҷамъоварии он дар шакли барномаи даврӣ татбиқ карда мешуд. Илова бар ин, муҳтавои барномаи таҳияшуда ба воситаи сохторҳои ҳизбӣ ва номзадони ҳизб ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ зимни мулоқоту вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ба интихобкунандагон расонида шуда, мавриди зарурат такмил дода мешуд. Ҳамчунин, барномаҳои пешазинтихоботии номзадон мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба барномаи ҳизб асос меёфт. Маҳз ҳамин механизм барои дар амал татбиқгардии ҳадафҳои барномаи ҳизб шароитҳои зарурӣ фароҳам меовард.

Дуюм, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни интихоботи даврӣ. Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили гурӯҳҳои олимону муҳаққиқон ва баррасии мушкилоти воқеии мардум таҳия ва дар давраи муайян татбиқ мегардад. Маҳз барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб асоси фаъолияти дохилию хориҷии мақомоти ҳокимияти давлатиро ҳамчун ҳизби пешсаф ташкил медиҳад.

Татбиқи ҳадафҳои барномавӣ бошад, тариқи таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ, ҳамзамон нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монад мешавад.

Чуноне ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 оварда шудааст: «Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад» (Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025). Душанбе-2019) тасдиқи тавзеҳоти боло мебошад.

Барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 7 самт: сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат мебошад (Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе-2020), асоси сисёсати давлатро барои 7 соли оянда муқаррар намуда, кишварро ба рисолати асосии пешгирифта – рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум мерсонад.

Дар татбиқи ҳамаи ин масъалаҳо, албатта, дастгоҳи идоракунии иҷтимоию сиёсӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанг истодааст ва мунтазам бо истифода аз василаҳои идоракунии хеш амалисозии ҳадафҳои барномавиро пайгирӣ намуда, гурӯҳи вазифаҳои сиёсӣ-идеологиро ҳамоҳанг намуда, рушди динамикии нишондиҳандаҳои муқарраршударо таъмин менамояд.

Чи тавре маълум гардид, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кули бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад, зимнан талаботи рушди илму техника баррасӣ ва татбиқи асосҳои илмии ҳадафҳои ҳизбро тақозо мегардад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола баргузор намудани конференсияи илмии амалӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташаббус гардид.

Ин конференсияи илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар шаҳри Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) бо иштирок 50 олимону муҳаққиқон ва 6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар (Россия, Украина ва Молдова) дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 80 мақолаҳои илмию таҳлилӣ ширкат намуданд.

Соли 2022 бошад, Конференсияи III байналмилалии илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ, ки заминаи асосии пешрафти кишвар ва муттаҳидии ҷомеа маҳсуб меёбад, баргузор гардид. Зимнан, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ иборат аз 57 мақола дар 300 нусха чоп гардида, ба иштирокдорони Конференсия дастрас карда шуд.

Дар натиҷаи Конференсияи III, ки масъалаҳо вобаста ба ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) бештар баррасӣ шуданд, таъсиси Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши«Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пешниҳод гардид.

Боиси фараҳмандист, ки Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи илмии электронии сатҳи байналмилалӣ бо унвони «ELIBRARY.RU» ва ё «РИНЦ», ки дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд (маълумоти муфассал дар замима). Минбаъд, маводҳои дар ин китобхонаи маҷозӣ ҷой дода шуда, барои доираи васеи олимон дастрас мегардад ва ҳамчун асос зимни баррасии корҳои мустақили илмию таҳқиқотии муҳаққиқ ба инобат гирифта мешавад. Яъне, Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» нуфузи байналмилалӣ касб намуд.

Барои иттилоъ, ELIBRARY.RU – калонтарин китобхонаи электронии нашрияҳои илмӣ дар Федератсияи Россия буда, фарогири имкониятҳои ҷустуҷӯӣ ва таҳлилии иттилооти илмӣ мебошад. Дар ҳолати имрӯза дар китобхонаи электронии мазкур беш аз 38 миллион интишороти илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 5600 маҷаллаҳои илмию техникӣ дастраси истифодабарандагони шабакаи интернет мебошад. Дар ин сомона беш аз 2800 институтҳои илмию таҳқиқотӣ ба қайд гирифта шуда, мунтазам маводҳои илмию таҳқиқотии худро интишор менамоянд.

Аз ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро имрӯз метавон ҳамчун ҳомии мактаби сиёсии Пешвои миллат ном бурда, ба рушди он, аз як тараф то ба сатҳи ҷамоатҳо, маҳаллаву деҳот ва ҳар як оила ва аз тарафи дигар дар сатҳи байналмилалӣ талош варзид.

Ба сифати иштирокчиён ва ё шунавандагони асосии мактаби сиёсии Пешвои миллат аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро арзёбӣ кардан мумкин аст, ки шумори онҳо ба беш аз 500 ҳазор нафар расида, ботадриҷ афзоиш меёбад. Кормандони асосии ҲХДТ, аз ҷумла раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ, ки мақомоти ибтидоӣ, маҳаллии иҷроияи фаъолият мебошанд, дар сатҳи кишвар 6600 адад буда, масъулияти амалӣ намудани корҳои ташкилиро ба душ доранд. Воситаҳои таъминоти иттилоотии ҷомеаро ҳафтаномаҳои ҳизбӣ, аз қабили Минбари халқ бо 100 ҳазор шумора, Ҳамрози халқ бо 20 ҳазор шумора, Мароми пойтахт бо 20 ҳазор шумора ва Сухани халқ бо 20 ҳазор шумора ташкил медиҳанд, ки ҳар ҳафта ба хонанда бо ахбори муносиб ва муфид мерасанд. Ҳамзамон, дар сатҳи сохторҳои ҳизбӣ садҳо сомонаҳои интернетӣ ва ҳазорҳо саҳифаҳои иҷтимоӣ амал мекунанд, ки дар ростои фарогирии доираи васеи шаҳрвандон бо иттилооти комил саҳмгузор мебошанд.       

Кадрҳои ин мактаби сиёсӣ бошад, дар муддати кутоҳ соҳиби малакаи хуби идоракунӣ, таҷрибаи фаъолияти идеологӣ ва сиёсӣ гардида, мунтазам ба зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва мансабҳои олии сиёсӣ роҳ меёбанд, ки ба ҳадаф мувофиқ аст.

Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти бутуни сиёсӣ бо сохтори идоракунии шакли амудӣ-амалӣ буда, дар ҳама минтақаҳо, оғоз карда аз сатҳи деҳот бо принсипи идоракунии ҳудудӣ ва ё ташкилоту муассисаҳои муайян бо принсипи идоракунии соҳавӣ то ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.

Хулоса мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсаф, пешоҳанги ҷомеа буда, дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият дошта, баҳри рушди устувори Ватани азизамон – Тоҷикистон талош меварзад.

Барои мо — олимон ва муҳаққиқон ҳамчун иштирокчиёни ин мактаби сиёсӣ месазад, ки дар роҳи таҳкими рукнҳои илмӣ – таҳия ва барои ҷомеа, аз ҷумла ниҳодҳои амалӣ пешниҳод намудани асосҳои назариявию методии он, яъне ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста талош варзида, самаранокии устувор ва пойдории онро (мактабро) таъмин намоем.

Мавод дар нашрияи ҲХДТ "Минабри халқ" аз 30.11.2022, №47(1393) дар саҳ. 3 интишор шудааст,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: