Дар шароити рушди минтақа нахустин маротиба аст, ки таҷриба ва ё лоиҳае ҳамчун низоми пешрафта барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ қабул ва дастур мегардад.
Санаи 14.09.2022, №104 Фармоиши Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (аз таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон)» ба тавсиб расид, ки он татбиқи Рейтинги ҳизбиро ҳамчун механизми нав, инноватсионӣ, пешрафта ва технологияи иттилоотӣ дар фаъолият, зимнан тарзу услуби нави кори ҳизбӣ ва таҳкимбахши василаҳои идоракунӣ ва тақвиятдиҳандаи иқтидори зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи босамари ҳадафҳои идеологӣ ва ҳамқадамӣ бо ҷомеаи муосир мақсад (асос) гузоштааст.
Тибқи ин Фармоиш ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро оид ба татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти худ амалӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, дар поён аксҳо ва ё бо истилои технологӣ скриншотҳои чанде назару андешаҳо перомуни Рейтинги ҳизбӣ, аҳамиятнокӣ ва зарурати он дар фаъолияти ташкилотҳо ҳамчун собити муваффақнокии лоиҳа манзури хонанда пешниҳод мегардад.








































