ФИДОИИ ВАТАН

Фидоии Ватан унвон гирифтани ин мавод ба он асос меёбад, ки фарзандам-Ҳикматулло бар ивази оиладор шудан ва фаъолияти касбии меҳнатӣ хизмат ба Ватан, адо намудани хизмати ҳарбиро ҳанӯз моҳи майи соли 2022 ихтиёр кард. Ин иқдом дар ҳолест, ки мутаассифона бинобар муноқишаи санаҳои 14-16 сентябр дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон рухдода даҳҳо сарбозон ҷон фидо карда, даҳҳои дигар маҷрӯҳ шуданд. Яъне, ин иқдом аз ҳувияти баланди ватандӯстӣ ва мардонагӣ дар роҳи дифои Модар-Ватан фидоӣ буданро инъикос менамояд.

Миралиён Ҳикматулло Қиёмиддинзода, 10.10.2022

Ин дар ҳолест, ки Ҳикматулло нав-акнун Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси «иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хизматрасонӣ» хатм карда, 15.06.2022 соҳиби диплом бо маълумоти олӣ гардиа буд.

Ҳамзамон дар вазифаи иҷрокунандаи директори ширкати сайёҳии ҶДММ «Бунёд-Тур» фаъолият менамуд. Албатта, яку якбора ба ин вазифа таъин нашуда, Ҳикматулло ҳанӯз аз соли 2019 ба сифати коромӯз ва хизматрасон дар ин ширкат, дар вақтҳои холигӣ аз дарс, фаъолият менамуд. Яъне, бо аз худ кардани таҷриба дар самти хизматрасонии сайёҳӣ, ки бо ихтисоси донишгоҳӣ таъвам мебошад, ба ин вазифа таъин гардидааст.

Ҳамин тариқ, чун даъвати тирамоҳии хизмати ҳарбӣ оғоз гардид; санаи 3-юми октябр ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ ариза пешниҳод намуда, худи ҳамон рӯз аз комиссияи тиббӣ гузашта, ба қисми низомии №6592 Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҷойгир (сафарбар) гардид.


Бардоштҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ:

Тарбияи фарзанди солеҳи ватандӯст вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи ҳар волидайн аст, новобаста аз оне, ки чӣ мартаба ва чӣ манзалат дорем. Баръакс ашхоси мансабдор ва соҳибмартаба худ бояд ташаббускор бошанд, то мардум пайравияшон кунанду рафтору гуфторашон миёни ҷомеа эътибор дошта бошад.

Хизмати Ватан-Модар вазифаи ҳар ҷавонмард аст. Миёни мардум дар хусуси ба хизмати ҳарбӣ нарафтани фарзандони мансабдорон зиёд гуфта мешавад ва ин гуфтаҳо то ҷое воқеият доранд. Аммо ин ишора на ба ҳама мансабдорон мутааллиқ аст. Намунаи ин гуфтаҳо Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аст, ки фарзанди ӯ Ҳикматулло Миралиён, дар ин даъват ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд. Барои Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоби фарзандаш боиси ифтихор аст, зеро Ҳикматулло дар назди Ватан-Модар вазифаи муқаддаси фарзандии худро иҷро мекунад.

Ҳикматулло Миралиён, Гимназияи Тоҷикистонро бо рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло хатм кардааст. Дар риштаи илмҳои риёзӣ иштирокчии олимпиада мебошад. Зимнан ба Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дохил гашт ва аз аввалинҳоест, ки ба донишгоҳи мазкур бо холи баландтарин дохил шуда, бо сипосномаи роҳбарияти донишгоҳ сарфароз гардидаааст. Ӯ донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси иқтисодчӣ муваффақона хатм карду соҳиби диплом шуд.

Ӯ дар яке аз ширкатҳои сайёҳӣ ба ҳайси директори иҷроия, ҳамзамон дар сохтори Тоҷикматлубот низ ба ҳайси шахси масъул дар риштаи хизматрасонӣ фаъолият мекард. Аз моҳи май пеши худ мақсад гузошт, ки ба хизмати ҳарбӣ меравад.

Ба андешаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таъкидҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд шиори фаъолият ва ифтихори ҳар як фарди баору номуси кишвар бошад, ки гуфтаанд:

«Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем».

Ё ин ки ҷойи дигар мегӯянд:

“Мо бо афсарону сарбозони далеру ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли худ, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунем”.

Иқдоми мазкур барои дигарон низ бояд дарси ибрат бошад, ки дар такя ба эътимоду боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Боварӣ аст, ки Ҳикматулло Миралиён ва дигар ҷавонони меҳан бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳамеша дар хизмати Ватан-Модар содиқ хоҳанд монд.

Нашрияи “Ҳамрози халқ”, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Хатлон, 07.10.2022



Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Ба шуҷоату, далерию ҷавонмардият ҷияни ҷигарбандам бори дигар собит намуди, ки қавми мо ҳамеша барои хоби роҳати тифлакон, хоҳарону апаҳо, модарону падарон ва ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода буду ҳаст ва хоҳад монд.

Шири модарат (Апаам) ҳалолат бод бачам Ҳикматуллоҷон!

Маҳмадуллозода Зубайдулло, 10.10.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: