ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ПОЙДЕВОРИ СИЁСИИ ДАВЛАТ

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар замон барои ҳар ҷамъияте ниҳодҳои хосе ташаккул меёбанд ва ба пешрафт ва рушду нумӯи он ҳамчун авангард ва ё муҳаррики такондиҳанда мусоидат менамоянд.

Дар гузаштаи дур барои иҷрои ин нақш бештар ниҳодҳои динӣ, бо инобати заифии ирода ва камсаводии мардум, истифода мегардиданд, чунончи бо унвони «Роҳпаймоии салибӣ (Крестовый поход)», «Ҳаракаи эретики», «Ҳаракати александрӣ», «Ҳаркати антихоӣ» ва ғайра дар таърих машҳур гардида буданд[1]. Аксари ин ҳаракатҳоро бо ном «Масҷид (Церкв)» ва «Калисо» идора мекарданд ва бо сӯиистифода аз дин ба фаъолияти сиёсӣ машғул гардида, ба нафъи худ ва албатта бар зидди ғояҳои динӣ ҷомеаро идора менамуданд, бо ном давлатҳои христианӣ, католикӣ ва ғайра низ, ташкил карда буданд.

Дар инҷо бояд иброз намуд, ки чуноне дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, дин аз давлат-сиёсат ҷудо аст.

Тибқи китобҳои иллоҳӣ сиёсат ба дин ягон робита надорад, дин аслан, ин таслим шудан, қабул доштани ягонагии Худованд ва Офардигори осмонҳову замин будани Ӯ мебошад. Дин, аз ҷумла дини мубини Ислом бар боварӣ, эътиқоди фард ба Худованд асос ёфта, шахсро ба роҳи рост, ­— бидуни ҳокимиятхоҳӣ, идоракунии дигарон, маҷбурсозӣ / зуроварӣ ва дигар амалҳои худситоишӣ — равона месозад. Яъне, дин — фарҳанг, маданият, маънавиёт ва ахлоқи фардии шахс буда, ба берун аз ҳаёти фардии ӯ паҳн намегардад.  

Сиёсат бошад, ин санъати идоракунии давлат / ҳокимият, ҷамъият ва гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ бо роҳу усулҳои гуногун, аз ҷумла маҷбурсозӣ ва ё зурӣ мебошад. Инчунин, сиёсат ифодакунандаи муносибатҳои мутақобилаи ҷамъият тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва андешидани тадбирҳои идеологӣ мебошад. Идеология ­— чаҳорчӯбаи муносибатҳо ва амалҳоест, ки ба фард ғизои маънавӣ дода, талаботи иттилоотии иҷтимоии ӯро дар ҷомеа ва нисбат ба ҷомеа ва давлат қонеъ мегардонад. Давлат — дастгоҳ, низоми сиёсӣ ва идоракуниест, ки аз ҷониби ҷамъият ва барои идораи ҳамин ҷамъият ташкил меёбад. Давлат дар шакли мамлакат дорои ҳудуд, миллатҳо, халқият, қонунгузории хоса ва сиёсати идоракунии мушаххас мебошад.

Ҳамин тариқ, дин, ки доштани ҳудуд, миллат, низоми идоракунии хос, сиёсати идеологӣ, ҳокимиятдорӣ ва дигар амалҳои худситоишдиҳандаро талқин намесозад, ба сиёсат ва идоракунии ҳокимияти давлатӣ ҳамбаста намебошад.

Мутаассифона, барои халқу миллати тоҷик фаъолияти давлатдорӣ ва ҳокимиятравоӣ бо душвориҳои зиёд пешорӯ омад. Дар таърих бар миллати тоҷик дар замоне давлатдории хос, пешрафта, арҷманд ва замони дигар бедавлатӣ, идорашавӣ тариқи ниҳодҳои бегона, мутаассифона рисолат гардид.          

Акнун пас аз гузаштани таърихи ҳазорсолаи талошҳои давлатдорӣ дар ҳаёти халқу миллати тоҷик замони нави ҳокимиятдорӣ ба вуқуъ пазируфт, зимнан ниҳоде лозим буд, ки ба иҷрои ин рисолати бағоят арзишманд босалоҳият бошад. Ҳамзамон, раванди сиёсие бояд интихоб мегардид, ки барои миллати шиканҷадида ҳокимияти устувори давлатӣ ташкил менамуд.

Ҳамин тариқ, дар нимаи аввали солҳои 90-ум роҳбарияти олии мамлакат бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди демократии (идоракунии озоди) давлатдориро интихоб мекунанд, ки он аз ҷониби кули мардуми кишвар пазируфта мешавад.

Аз рӯзҳои аввали сарварӣ, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ иброз намуда буданд, ки «…мақсаду мароми мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад». Зимнан, рисолати мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1), ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ҳамчун «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» муқаррар гардидааст.

Қадами дигар, дар шароити демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ ташкил намудани ниҳод сиёсӣ – ҳизби сиёсие ба шумор мерафт, ки бар ҳалли мушкилоти мардум ва бунёди заминаҳои сиёсии давлатдорӣ фарогир ва босалоҳият бошад.  

Зимнан, 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки асосгузори бевоситаи  он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таъсис меёбад.

Чи тавер дар боло зикр гардид, зарурати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаҳои ҳамбаста асос меёбад.

Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ, ки гуногунандешии сиёсӣ ва идоракунии ҳокимият тавассути ниҳодҳои сиёсӣ тақозо мегардад, зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.

Дуюм, ниҳоде лозим буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.

Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.

Ҳамин тариқ, барои устувор гардидани мавқеъҳо ташкили институти сиёсӣ дар шакли ҳизби сиёсӣ барои одамон зарур омад, то инки на танҳо дар мавриди интихобот, балки дар ҳама ҳолат (ба таври доимӣ) тавонад, ба ҳаммаслакони худ кумак расонад.

Чуноне, ки олими шотландӣ Девид Юм мафҳуми ҳизби сиёсиро назар додааст: «Ҳизбҳои сиёсӣ бештар таваҷҷуҳи худро барои ҷалб намудани одамон ва сохтани идеологияи нав, ки барои бунёди ҷомеаи нав талқин мекунад, равона месозанд», яъне ҳадафи асосии ҳизб ба  расонидани халқ ва ҷонибдорони худ ва ё таъмин намудани иштироки онҳо дар идоракунии ҳокимият арзёбӣ мегардад.

Дар навбати худ, ҳизбҳои сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва ё ба даст овардани идоракунии ҳокимияти давлатӣ фишангҳои гуногунро истифода менамоянд. Боиси изтироб он аст, ки даҳсолаҳои охир дар ин муносибат фишангҳои нокомил ва ё ғайриқонунӣ, он низ экстремистӣ бештар истифода шуда истодаанд. Яъне, агар давраҳои аввали ташаккулёбӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ба даст овардани боварии халқ ва намояндагии онҳо дар ҳокимияти давлатӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал мекарданд, пас имрӯзҳо ин тартиби амал тағйир ёфта, василаҳои иловагӣ, бо роҳи таҳдиду зурӣ ва дуруғбофиву роҳгумсозӣ ба даст овардани ҳокимиятро касб намудааст.  

Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ки дар ҷомеа маъракаҳои интихоботӣ пеш меоянд, дар баробари берун омадани ҳаракатҳои идеологии комил, ҳаракатҳои идеологии нокомил ё инки экстремистӣ низ берун меоянд.

Маҳз ҳамин ҳолат, яъне муқовимат бо ҳаракатҳои идеологии нокомил моро водор месозад, ки василаҳои тарғиботии худро пурқувват сохта, тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоем.    

Аз ин лиҳоз, маҳз дар шароити таҳдидҳои берунӣ, бахусус ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо ташаббус ва пайгирии бевоситаи Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил меёбад, ки дар номи худ ҳамаи он талаботи болозикрро фаро мегирад. Илова бар ин, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ ба ҳуқуқу имкониятҳои дигар азҳоби сиёсӣ дахл накарда, ба майдони набардҳои сиёсӣ бо ғояҳои хосса ва созанда, ифодагари азму ирода ва ниёзҳои аввалиндараҷаи мардум мебарояд.

Бо ҳамин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсии Пешвои миллат таъсис ва рушд ёфта, имрӯз ба сифати пойдевори сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад.

Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт»[2].

Дар воқеъ хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо мактаби дигари Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, — мактаби сулҳофарӣ, ки мавзӯи дигар аст, боиси зикр мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ин рисолат дар ду маврид давра ба давра ба воситаи барномарезии вазифаҳои алоқаманд амалӣ карда мешавад.

Якум, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни иштирок дар интихоботҳои парламентӣ. Принсипи амалии ин механизм ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, бо тартиби таҳлилу омӯзиши мушкилоти рӯзмарраи мардум, муайян намудани роҳу усулҳои дастрас ва имконпазири ҳалли мушкилот ва ҷамъоварии он дар шакли барномаи даврӣ татбиқ карда мешуд. Илова бар ин, муҳтавои барномаи таҳияшуда ба воситаи сохторҳои ҳизбӣ ва номзадони ҳизб ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ зимни мулоқоту вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ба интихобкунандагон расонида шуда, мавриди зарурат такмил дода мешуд. Ҳамчунин, барномаҳои пешазинтихоботии номзадон мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба барномаи ҳизб асос меёфт. Маҳз ҳамин механизм барои дар амал татбиқгардии ҳадафҳои барномаи ҳизб шароитҳои зарурӣ фароҳам меовард.

Дуюм, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили гурӯҳҳои олимону муҳаққиқон ва баррасии мушкилоти воқеии мардум таҳия ва дар давраи муайян татбиқ мегардад. Маҳз барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб асоси фаъолияти дохилию хориҷии мақомоти ҳокимияти давлатиро ҳамчун ҳизби пешсаф ташкил медиҳад.

Татбиқи ҳадафҳои барномавӣ бошад, тариқи таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ, ҳамзамон нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монад мешавад.

Чуноне ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 оварда шудааст: «Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад»[3] тасдиқи тавзеҳоти боло мебошад.

Барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 7 самт: сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат мебошад[4], асоси сисёсати давлатро барои 7 соли оянда муқаррар намуда, кишварро ба рисолати асосии пешгирифта – рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум мерсонад.

Дар татбиқи ҳамаи ин масъалаҳо, албатта, дастгоҳи идоракунии иҷтимоию сиёсӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанг истодааст ва мунтазам бо истифода аз василаҳои идоракунии хеш амалисозии ҳадафҳои барномавиро пайгирӣ намуда, гурӯҳи вазифаҳои сиёсӣ-идеологиро ҳамоҳанг намуда, динамикаи нишондиҳандаҳои муқарраршударо таъмин менамояд.

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ-поягузори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва таъсирбахш боқӣ монда, итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, доираи олимону муҳаққиқон ва ходимони ҷамъиятию хусусӣ барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он то давраи соли 2027 пурмаҳсул татбиқ меёбанд. Зеро пайравии мо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар амалӣ мо дар татбиқи ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои созанда ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инъикос меёбад.

АДАБИЁТ:


[1] Религиозные движения на христианском Востоке в IV и V веках (нашри электронӣ) —  https://azbyka.ru/otechnik/Aleksandr_Ivancov_Platonov/religioznye-dvizhenija-na-hristianskom-vostoke-v-4-i-5-vekah/

[2] Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: Анҷумани IX. Душанбе, 2006. С.9

[3] Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025). Душанбе-2019,  с.39

[4] Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе-2020

Манбаъ: Нашрияи ҲХДТ «Минбари Халқ», 28.09.2022, №38 (1384)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: