Маводи мазкур дар асоси таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар солҳои 2020-2022 вобаста ба татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти сохторҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳия шудааст.
Дастурамал аҳамиятнокии илимию амалии рейтинг ва тарзу услуби татбиқи Рейтинги ҳизбиро фаро гирифта, барои истифода ба мутахассисони соҳаи фаъолияти ҳизбӣ-идеологӣ, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи идоракунӣ тавсия карда мешавад.
Рейтинги ҳизбӣ ҳамчун мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар таҳкими муносибатҳои идоракунӣ аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб дар таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷорӣ буда, аллакай маҳсули хоси худро бар бор овардааст.
Асоси ташаккулёбии Рейтинги ҳизбӣ аз ҳидояти Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (2019) чунин бармеояд: «…имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад».
Аз инҷо хулоса мебояд, ки тарзу услуби имрӯзаи кори ҳизбӣ такмил ва таҳкими василаҳои идоракуниро талаб мекунад, то ин ки бо мардум боз ҳам наздиктар шуда, иқтидории зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои идеологӣ боз ҳам тақвият ёбад, дар ҳамқадамӣ бо ҷомеаи муосир механизмҳои нав, инноватсионӣ ва пешрафта ва технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолият татбиқ гарданд.
Рейтинги ҳизбӣ аз қатори ҳамин гуна механизмҳои инноватсионӣ мебошад, ки дар фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон татбиқ шуда истодааст.
Рейтинг намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ, иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.
Маҳз Рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ва ё дар шакли нав ташаккул ёфта, самти рушдёбиро ихтиёр кунанд.
Аз ин лиҳоз, татбиқи Рейтинги ҳизбӣ ҳамчун васила ва ё механизми муосири идоракунӣ дар фаъолияти ҳамаи сохторҳои ҳизбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ тақозо мегардад.
Дастурамали мазкур аҳамиятнокии илимию амалии рейтинг ва тарзи татбиқи Рейтинги ҳизбиро фаро гирифта, барои истифода ба мутахассисони соҳаи фаъолияти ҳизбӣ, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи идоракунӣ тавсия карда мешавад.
Рейтинги ҳизбӣ: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, 2022, Бохтар-92 с.
Матни пурраи дастурамал, китоб