Имрӯз ба Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», ки дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар баргузор гардид, Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Далвлатҳои Мустақил супорида шуд. (Ҳафтаномаи «Ҳамрози Халқ», 24.06.2022)
Ҷоизаи мазкур дар натиҷаи заҳматҳо ва дастовардҳо ҳангоми фаъолият ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2015-2020) оид ба фаъолнокӣ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла таҳияи Тавсияҳо дар бораи ташаккул ва рушди парламентҳои ҷавонон дар кишварҳои ИДМ бо қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипаралментии давлатҳои аъзои ИДМ қадрдонӣ гардидааст.

