Дар ҳошияи чорабинии тантанавӣ, ки 16.02.2022 бахшида 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 03/05-и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус доир карда шуд, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода- раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби сардори қисми низомӣ бо нишони «Аълочии қушунҳои сарҳадӣ» сарфароз гардонида шуд.
