Баромад: Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

27.01.2022, ш.Душанбе

Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои КИМ ҲХДТ,

Боиси сарфарозӣ аст, ки давраи ҳисоботӣ ба соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рост меояд ва он бо натиҷаҳои назаррас, талошҳо ва саҳмгузории муайяни ҳар яки мо-ҳизбиён низ, бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд, зимнан ҳамаи шуморо барои расидан ба ин дастоварди беҳамтои сиёсии миллат табрик мегӯям.

Ҳозирини гиромӣ,

Чуноне маълум аст, фурсат даст намедиҳад, ки маълумот атрофи ҳамаи дастовардҳои ноилгардида ироа карда шавад, аммо ба онҳо шумо метавонед тариқи сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ дар шакли омору ахбор ва суратгузоришу видеогузориш дастёб шавед. Дар ин ҷо бошад, атрофи чанде аз чорабиниҳои муҳим иттилоъ медиҳем.

Соли 2021 барои ҳизбиёни вилояти Хатлон соли бобарору муваффақиятҳо ва ташаббускорию созандагиҳо арзёбӣ мегардад. Зеро дар ин соли таърихӣ дар ҳошияи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дастоварди аҳамиятнок, ин татбиқи дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 феврали соли 2018 мебошад; дар вилояти Хатлон ҳудудан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ тариқи ҳашар ва дастаҷамъӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Танҳо дар се соли охир (2019 – 8 бино, 2020 – 4 бино, 2021 – 4 бино) 16 бино сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд, дар 2 бинои дигар (ноҳияҳои Данғара ва Ҷ.Балхӣ) корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ мебошад.

Албатта, ба ин комёбӣ зимни дастгириҳои пайвастаи КИМ ва саҳми доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастёб гардидаем, ки барои ин дастгириҳо сипосу миннтадорӣ баён менамоем. 

Сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи се соли охир гурӯҳи 25 ташаббусҳои ҳизбиро амалӣ намуданд, аз ҷумла зери уновни «Якҷоя месозем!» амалиёти ҳизбӣ эълон намуда, дар баробари татбиқи чорабиниҳои идеологӣ сокинон ва аъзои фаъоли ҳизбро ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ равона намуданд. Ташаббус кардани роҳсозӣ тариқи ҳашар – сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии садҳо километр роҳҳои байни деҳаҳо, ниҳолшинонӣ, тозакунии муҳити зист ва оромгоҳҳо, азнавсозии садҳо иншооти гигиенӣ, таъмиру сохтмони мактабҳо, сохтмони марказҳои амалисозии маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи раиси кумитаи маҳаллаву деҳот, ташаккули заминаи илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», ташаккули идоракунии электронӣ ва Рейтинги ҳизбӣ аз гурӯҳи корҳои созандаи ҳизбиёни Хатлон мебошанд.

Чорабинии заминасози сол, ки ибрози он боиси ифтихор аст, ин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» мебошад. Конференсия 5-6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ баргузор гардид. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар (Россия, Украина ва Молдова) дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ»,  «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 80мақолаҳои илмию таҳлилӣ иштирок намуданд. Маҷаллаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» аз чоп баромада, дар китобхонаи электронии сатҳи байналмилалӣ, ки бо унвони «ELIBRARY» ва ё «РИНЦ» дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд.

Бо истифода аз фурсат, бо арзи эҳтиром пешниҳод карда мешавад, ки Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамчун маҷалаи сохтории Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ мақом дода шуда, бар асос ва унвони он мунтазам конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ доир карда мешуданд.

Чорабинии дигари хотирмон он буд, ки бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 9-10 декабри соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ, ки ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост меояд, ҳайати меҳмонону иштирокчиён аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва як қатор иншооти навбунёди ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик дидан карданд.

Муҳтарам аъзои Кумита,

Вилояти Хатлон чун вилояти калонтарини мамлакат аст, шумораи мутаносибан зиёди аъзои ҳизб ба он рост меояд. Ба ҳолати 01.01.2022 дар вилоят аъзои ҲХДТ 186285 нафарро ташкил медиҳад.

Бо назрдошти натиҷаи муқоисакунӣ ва бо мақсади барқарор кардани динамикаи рушди узвият тасмим гирифта шуд, ки шаҳрвандони салоҳиятнок ва содиқу масъулиятнок барои аъзогӣ ба ҳизб ҷалб карда шаванд. Ин тасмим ба мо имкон дод, ки дар соли 2021 дар ҳудуди вилоят 12709 нафар (2020-5855 наф.) ба аъзогӣ қабул карда шуданд, ки нисбат ба соли 2020 ду баробар (217%) зиёд мебошад.

Новобаста аз ин, ҳоло дар самти танзими ҳаракати ҳизб мушкилот зиёд аст, мо ҳаракат мекунем, ки бо истифода аз механизмҳои ҳавасмандгардонии муосир ин самти фаъолиятро боз ҳам таҳким бахшем.

Дар соли ҳисоботӣ дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 45412 чорабинӣ, аз қабили вохӯрию мулоқотҳо, мизҳои мудаввар, семинар-машваратҳо, суҳбатҳои фардӣ, мусобиқаҳои варзишию зеҳнӣ ва ғайра бо фарогирии 881167 нафар доир карда шуданд.

Электроникунонии фаъолияти идоракунӣ ҳамчун саҳми поягузор дар ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сохторҳои ҳизбии вилоят ба шумор меравад. Имрӯз тамоми сохторҳои ҳизбии вилоят ба почтаи электронии расмӣ гузашта, мукотибот бо почтаҳои номӣ ҷорӣ шудааст. Дар сатҳи вилоят ду сомона, 18 саҳифаи иҷтимоӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 1118 саҳифаҳои иҷтимоӣ дар шабакаи Фейсбук, ки ба кормандони ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб вобастаанд, амал мекунанд. Дар ҳамин асно саҳифаҳои иҷтимоии (фейсбукии) «Кумак ба маъюбон» ва «Ҳунарҳои дастӣ» аҳамиятнок арзёбӣ мегарданд.

Интишори маводҳо ташаббуси дигарест, ки бо мақсади паҳн намудани иттилооти хабарии ҳизбӣ дар шабакаи Интернет, бахусус сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ (аз 27.04.2021) — 20758 мавод тариқи 708146 пайванд интишор шуда, таваҷҷуҳи 340166 нафар ҷалб карда шуд.

Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат бо экстремизму хурофотпарастӣ ва зуҳуроти дигари номатлуб дар вилояти Хатлон Гурӯҳи вокунишгарони ҳизбӣ иборат аз 80 нафар кормандон ва фаъолони ҳизбӣ таъсис дода шуд. Дар соли ҳисоботӣ дар ин самт тариқи шабакаи Интернет 2038 вокуниш нишон дода шуд, аз ҷумла 868 мақолаи таҳлилӣ (вокуниш) ва 1069 шарҳ (коментария) ба маводҳои муғризона интишор гардида, 81 маротиба тариқи тамоси мустақими ауидо ва видеоӣ дар барномаҳои муғризона баромад (иштирок) карда шуд.

Бо назардошти таҳлили вазъият ба сифати яке аз роҳҳои заминасоз ҷиҳати бо донишу малакаҳои касбии зарурӣ фаро гирифтани ҳайати кормандони ҳизбӣ дар сатҳи вилоят Маркази тренингӣ таъсис дода шуд, ки он бо технологияи муосири иттилоотӣ муҷҷаҳаз буда, фаъолиятро бо реҷаи доимӣ ба роҳ мемонад. Фаъолияти Марказ дар асоси барномаҳои таълимӣ ва бо ҷалби коршиносони соҳа ва омӯзгорони риштаи ҷомеашиносӣ бо реҷаи доимӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар умум, нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии вилоят дар соли 2021 дар таносуб ба соли гузашта барзиёд иҷрошуда арзёбӣ мегардад ва кушиш ба харҷ дода мешаванд, ки минбаъд низ, ин нишондиҳандаҳо боз ҳам беҳтар татбиқ гардида, ташаббусҳои пешгирифтаи ҳизбӣ дар сатҳу сифати баланд ташкил ва амалӣ карда шаванд.

Қиёмиддин Миралиён-Раиси Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар вилояти Хатлон, 27.01.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: