Санаи 22 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид. Дар доираи маҷлис, ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки доираи он табиқи маҷмӯи чорабиниҳо пешнибинӣ шудаанд.
Дар маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ-раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин мудирони шуъбаҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Левакант, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баромад намуда, фаъолияти яксолаи Кумитаи иҷроияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Аз ҷумла, иброз гардид, ки сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2018-2021 гурӯҳи 25 ташаббуси созандаро амалӣ намуданд, аз ҷумла зери уновни «Якҷоя месозем!» аксияи ҳизбӣ эълон намуда, дар баробари татбиқи чорабиниҳои идеологӣ сокинон ва аъзои фаъоли ҳизбро ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ равона намуданд. Ташаббус кардани роҳсозӣ тариқи ҳашар — сангфаршкунӣ, мумфаршкунӣ, ниҳолшинонӣ, сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ, тозакунии муҳит ва оромгоҳҳо, азнавсозии иншооти гигиенӣ, таъмиру сохтмони мактабҳо, пешбурди идеияи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ташаккули идоракунии электронӣ ва Рейтинги ҳизбӣ аз гурӯҳи корҳои созандаи ҳизбиёни Хатлон мебошанд.
Зимнан, дар маҷлис ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тағйирот ворид карда шуд. Чанд нафар, бинобар сабаби иваз кардани макони зист, берун рафтан аз ҳудуди вилоят, надоштани робита бо сохторҳои ҳизбии вилоят аз аъзогии Кумита бароварда шуда, ба ҷойи онҳо шахсони дигар қабул гаштанд.
Дар идома узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар вилоят саҳми фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ хеле арзанда мебошад. Дар ин радиф раиси вилоят аз чанд ташаббуси созандаи ҳизбиёни вилоят, ки дар доираи онҳо мардум сарҷамъона баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеа камар бастаанд, ёдовар гашт.
Ҳамчунин, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор баромад намуда, оид ба муҳимтарин дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо саҳми аъзои фаъоли ҳизб ба даст омаданд, сухан гуфт. Аз ҷумла иброз дошт, ки дар доираи ин ҷашни фархунда ва дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тавонист ба комёбиҳои назаррасе мушарраф бошад.
Дар идома чанде аз субъектҳои пешсаф, тибқи Рейтинги ҳизбӣ, аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ шуданд.







