Маҷаллаи илмӣ-амалӣ ва таҳлилии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи электронии (шабакаи) ҷаҳонии elibrary.ru ҷой дода шуда, шумораи №1, ки соли 2020 чоп гардида буд, интишор гардид.
Акнун олимону муҳаққиқон ва коршиносон аз дилхоҳ кишвари ҷаҳон мавриди ҷустуҷӯӣ дар шабакаи интернет ба дастовардҳои (маводҳои) илмии ин Маҷалла метавонанд пешорӯ гардида, дар фаъолияти таҳқиқотии худ ҳамчун таҷриба он(ҳо)ро истифода намоянд.
Яъне, минбаъд ҳар як мақолаи илмие, ки дар Маҷаллаи мазкур чоп мегардад, он дар китобхонаи электронии ҷаҳонии elibrary.ru ҷой дода шуда, дастраси истифодабарандагони интернет ва доираи васеи олимону муҳаққиқон мегардад.
#мактабисиёсӣ #ҲХДТ #Пешвоимиллат #Хатлон #илм #таҳқиқот #мақолаиилмӣ https://elibrary.ru/contents.asp?id=47411645