Рейтинги ҳизбӣ ҳамчун мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар таҳкими муносибатҳои идоракунӣ аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб дар таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷорӣ буда, аллакай маҳсули хоси худро бар бор овардааст.
Асоси ташаккулёбии Рейтинги ҳизбӣ аз ҳидояти Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (2019) чунин бармеояд: «…имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад».
Рейтинги ҳизбӣ аз қатори ҳамин гуна механизмҳои инноватсионӣ мебошад, ки дар фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон татбиқ шуда истодааст.
Рейтинг намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ, иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ. Маҳз Рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ва ё дар шакли нав ташаккул ёфта, самти рушдёбиро ихтиёр кунанд.
Ҷоми сайёри Рейтинги ҳизбӣ — ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои рӯҳбаланд намудани кормандони ҳизбӣ ҳамчун василаи ҳавасмандгардонии маънавӣ таъсис дода шудааст. Ҳар семоҳа ин Ҷом насиби кумитаи иҷроияи ҳизбие мегардад, ки мувофиқи рейтинг бо нишондиҳандаи хуби фаъолият ҷойи аввалро ишғол намояд.
Интишори ташаббус дар АМИТ Ховар — https://khovar.tj/2021/10/izbiyoni-farhor-baroi-faoliyati-nazarras-va-nati-a-oi-balandi-me-nat-so-ibi-omi-sajyor-shudand/?fbclid=IwAR3Gh94LMjsH10fmFj4dxYi6tTNtuAUu3VRUQ63aUtvRLR9snx9Ec1ZdzaM
One Reply to “ҶОМИ САЙЁР — РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ”