Мактаби сиёсии Пешвои миллат: маводҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – 5-6 октябри 2021. // Маҷмӯаи мақолаҳо №2-2021, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. – н.Данғара: 2021, саҳ. 15-23
Истиқлолият чуноне ки аз маҳзанҳои илмӣ бармеояд, ин озодӣ, озодии иродаи халқ ва давлат дар идоракунии муносибатҳо, озодии андеша ва тафаккури аҳли ҷомеа мебошад[1].
Дар навбати худ, озодӣ — рафтор ва ё муносибатест, ки хусусияти нисбӣ дошта, ҳадди таъсири он то сарҳади муайян амал мекунад. Ин сарҳад, ҳуқуқи шахси дигар, меъёрҳои умумииҷтимоӣ ва талаботи қонунгузориро ифода менамояд, ки то ба он ҳадди озодии шахс анҷом меёбад. Яъне, озодии як шахс то ба ҳадди оғоз гардидани озодии шахси дигар мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ падидаест, ки озодии шахс, ҷомеа ва давлатро устувор гардонида, ба ҳифзи аҳли ҷомеа ҳамчун сипар хизмат менамояд.
Албатта, дар ҷомеаи муосир дар ҳошияи мавҷуд будани сохти гуногуни идоракунӣ ва ё ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин равияҳои гуногуни динию фарҳангӣ истиқлолият ва ё мустақилият ба таври хос фаҳмида мешавад. Яке мустақилиятро ба хоҳишу азму иродати инсон рабт медиҳаду дигаре ба чаҳорчӯбаи муқарраркардаи ниҳодҳои муайян, аз қабили дину анъана, савумин ба меъёрҳои сохта ва ё сунъии ҳаракати муайяни ҷамъиятӣ. Дар ин ҳама, албатта, ҳуқуқу озодиҳои инсон мутаносибан таъмин мегардад, аммо дар яке аз онҳо, аз ҷумла дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бо сӯиистифода аз номи дин он (озодии инсон) на танҳо таъмин намегардад, балки поймол гашта, ба нафъу ғаразҳои шахсии ҳамин гурӯҳҳо истифода мегардад.
Дар ҳамин асно, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари тозабунёд, пас аз 70 соли зери тобеи давлати дигар (собиқ давлати Шӯравӣ) қарор доштан, зарур буд, ки барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сохти идоракуниеро интихоб намояд, то ки ҳам институти идоракунӣ таҳким ёбад ва ҳам ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин карда шавад.
Зимнан, Тоҷикистон зери сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти идоракунии демократии ҷомеаро интихоб мекунад. Чуноне ки Пешвои миллат дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз менмаоянд: «Ман андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин маротиба дар иҷлосияи мазкур (Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ) баён дошта, изҳор карда будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам»[2].
Сохти демократиро интихоб намудани Тоҷикистон ба якчанд омил асос меёбад.
Якум, дар ҷаҳон аксари кишварҳои пешрафта демократӣ буда, мутаносибан рушду инкишоф доранд;
Дуюм, арзишҳои таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон бештар маҳз дар ҳамин сохти идоракунӣ дида мешавад, ки он бо мафҳуми илмии «либерализм» низ, шинохта аст. Либерализм – принсипи маҳдудсозии мудохилаи давлатро ба муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш мегузорад ва озодии фард аз ҷамъият ва анъанаҳои ӯ афзалият медиҳад. Либерализм ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як инсонро арзиши олӣ арзёбӣ намуда, изҳори озоди ақида, интихоби озоди дин, интихоби озоди намояндаи худ дар ниҳодҳои сиёсӣ ва амалӣ гардидани дигар рукнҳои демократиро тақозо менамояд. Ин идеология рушди иқтисодиётро тариқи бозори озод, ки он дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ном дорад, талқин менамояд[3].
Сеюм, принсипҳои идоракунии ин сохти идоракунӣ ба гурӯҳи зиёди арзишҳои маънавӣ ва маданияти ташкилии миллати куҳанбунёди тоҷик мувофиқат мекунад.
Чи тавре маълум аст, худи мафҳуми «демократия» ба принсипи идоракунии давлат аз ҷониби халқ асос меёбад. Зимнан, идоракунии давлат аз ҷониби халқ асосан ба воситаи институти намояндагӣ ба роҳ монда мешавад. Яъне, бо ифодаи содда, гурӯҳи одамон аз байни худ якеро интихоб намуда, барои намояндагӣ, муаррифию пуштибонӣ ва пешбарии ҳадфаҳо дар институти ҳокимияти давлатӣ сафарбар менамоянд.
Маҳз дар ҳамин ҷо, яъне интихоби намоянда, дар сохти демократии ҷомеа нақши ҳизбҳои сиёсӣ зарурат пайдо мекунад. Ҷомеаи демократӣ сохти идоракуние мебошад, ки дар он асоси пешрафти сиёсии давлатро гуногунандешӣ ва ё бисёрҳизбӣ ташкил медиҳад. Яъне, яке аз институтҳои фаъоли ҷомеа ҳизби сиёсӣ аст, ки манфиатҳо ва ҳадафу идеяҳои сиёсии аъзои худро (мардумро) ташаккул дода, бо роҳи иштирок дар идоракунии ҳокимияти сиёсӣ татбиқ менамояд.
Бо ифодаи дигар, таҳкурсии сиёсии ҷомеаи демократиро ҳизбҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ин ниҳод хеле фаъол буда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон самти сиёсии аҳли ҷомеа ва ҳукуматҳоро муайян менамояд.
Чуноне, ки олими шотландӣ Девид Юм ҳизби сиёсиро таъриф додааст: «Ҳизбҳои сиёсӣ бештар таваҷҷуҳи худро барои ҷалб намудани одамон ва сохтани идеологияи нав, ки барои бунёди ҷомеаи нав талқин мекунад, равона месозанд», яъне ҳадафи асосии ҳизб ба сафарбар кардани халқ ва ҷонибдорони худ ва ё таъмин намудани иштироки онҳо дар идоракунии ҳокимият арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тавр, дар шароити демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис меёбад.
Зарурати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаҳои зерин асос меёбад.
Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ, ки гуногунандешии сиёсӣ ва идоракунии ҳокимият тавассути ниҳодҳои сиёсӣ тақозо мегардад, зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.
Дуюм, ниҳоде лозим буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.
Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.
Бо ҳамин мактаби сиёсии Пешвои миллат дастгоҳи идоракунии худро соҳиб мегардад.
Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт»[4]. Дар воқеъ хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо мактаби дигари Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, — мактаби сулҳофарӣ, ки мавзӯи дигар аст, боиси зикр мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ин рисолат дар ду маврид давра ба давра ба воситаи барномарезии вазифаҳои алоқаманд амалӣ карда мешавад.
Якум, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни иштирок дар интихоботҳои парламентӣ. Принсипи амалии ин механизм ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, бо тартиби таҳлилу омӯзиши мушкилоти рӯзмарраи мардум, муайян намудани роҳу усулҳои дастрас ва имконпазири ҳалли мушкилот ва ҷамъоварии он дар шакли барномаи даврӣ татбиқ карда мешуд. Илова бар ин, муҳтавои барномаи таҳияшуда ба воситаи сохторҳои ҳизбӣ ва номзадони ҳизб ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ зимни мулоқоту вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ба интихобкунандагон расонида шуда, мавриди зарурат такмил дода мешуд. Ҳамчунин, барномаҳои пешазинтихоботии номзадон мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба барномаи ҳизб асос меёфт. Маҳз ҳамин механизм барои дар амал татбиқгардии ҳадафҳои барномаи ҳизб шароитҳои зарурӣ фароҳам меовард.
Дуюм, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили гурӯҳҳои олимону муҳаққиқон ва баррасии мушкилоти воқеии мардум таҳия ва дар давраи муайян татбиқ мегардад. Маҳз барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб асоси фаъолияти дохилию хориҷии мақомоти ҳокимияти давлатиро ҳамчун ҳизби пешсаф ташкил медиҳад.
Татбиқи ҳадафҳои барномавӣ бошад, тариқи таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ, ҳамзамон нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монад мешавад.
Чуноне ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 оварда шудааст: «Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад»[5] тасдиқи тавзеҳоти боло мебошад.
Барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 7 самт: сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат мебошад[6], асоси сисёсати давлатро барои 7 соли оянда муқаррар намуда, кишварро ба рисолати асосии пешгирифта – рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум мерсонад.
Дар татбиқи ҳамаи ин масъалаҳо, албатта, дастгоҳи идоракунии иҷтимоию сиёсӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанг истодааст ва мунтазам бо истифода аз василаҳои идоракунии хеш амалисозии ҳадафҳои барномавиро пайгирӣ намуда, гурӯҳи вазифаҳои сиёсӣ-идеологиро ҳамоҳанг намуда, динамикаи нишондиҳандаҳои муқарраршударо таъмин менамояд.
Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти бутуни сиёсӣ бо сохтори идоракунии шакли амудӣ-амалӣ буда, дар ҳама минтақаҳо, оғоз карда аз сатҳи деҳот бо принсипи идоракунии ҳудудӣ ва ё ташкилоту муассисаҳои муайян бо принсипи идоракунии соҳавӣ то ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.
Имрӯз бо шарофати фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ватани азизамон-Тоҷикистон 30 соли мустақилияти худро, истиқлоли давлати навини тоҷиконро таҷлил менамояд ва дастовардҳои зиёдеро дар ин давра ноил гардид, ки чанде аз онҳо дар поён (иқтибосҳо аз суханронии Пешвои миллат бахши ба ин санаи таърихӣ-08.09.2021) оварда мешаванд.
Ҷомеаи тоҷик соҳиби давлати демократӣ гардид; ин дастовард тасдиқи худро дар Конститутсия ёфтааст: — Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин ҳадаф дар Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд – ҳизб) ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд»[7].
Бо назардошти таҳкими институти намояндагӣ, дар мамлакат парламенти касбии иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои истифодаи самаранок аз «равзанаи имкониятҳои демографӣ», мусоидати ҳаматарафа ба таъмини шуғли пурмаҳсули занону ҷавонон ба хотири минбаъд коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳоти низоми идорасозии давлатӣ, тақвият додани сармояи инсонӣ ва суръат бахшидан ба рушди минтақавӣ равишҳои нави ҳалли масъалаҳоро пешбинӣ менамояд[8]. Зимнан, дар самти татбиқи сиёсати устувори демографӣ аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафар то 9,7 миллион нафар, яъне беш аз 1,7 баробар зиёд шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид, ки суръати афзоиши миёнаи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ 138 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд.
Дар доираи барномаҳои пешазнитихоботии ҳизб ҳамасола таъмини суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз муқаррар гардидааст. Дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000 то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 30 баробар зиёд гардид, ба ҳар сари нафар аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расид. Даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000 ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд (с.1999-83%).
Соҳибкорон-аъзои фаъоли ҳизб дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат бахшида ба 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ саҳм гузоштанд. Ин иншоотҳо танҳо дар се соли охир сохтмон гардиданд.
Саноъатикунонии кишвар аз ҳадафҳои калидии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумора меравад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса ба ҳолати соли 1997 ҳафт баробар афзоиш ёфта, соҳаҳои саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати кимиё ва масолеҳи сохтмон ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.
Дар самти татбиқи ҳадафҳои кишоварзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чанде дастовардҳо ба миён омаданд. Дар давраи Истиқлолият дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, майдони онҳо ба беш аз 200 ҳазор гектар расид, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад.
Дар самти роҳсозӣ дар кишвар, ки аз ҳадафҳои заминавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардид.
Истиқлолияти энергетикӣ дар мадди таваҷҷуҳи хоссаи ҳизбиён қарор дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии мамлакат тадриҷан зиёд гардида, аз 4044 мегаватти соли 1991-ум ба 6131 мегаватт дар соли 2020 расонида шуд. Нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда–1» ва «Сангтӯда–2», ду агрегати нерӯгоҳи «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо нерӯгоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500–киловолтаи «Ҷануб–Шимол», дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта, ба истифода дода шуданд.
Соҳаҳои илму маориф дар барномаҳои ҳизбӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян шуда, пайваста дар ин самт чораҳои таҳкимбахш андешида мешаванд. Соҳаи маориф дар замони истиқлоли давлатӣ рушд дода шуд, беш аз 3 ҳазор бинои нави таълимӣ барои 1 миллиону 270 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуд. Имрӯз дар мамлакат 75 гимназия ва 75 литсей, 9 мактаби президентӣ, 6 литсей барои хонандагони болаёқат ва 63 муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият дорад. Инчунин 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87000 нафар донишҷӯ фаъолият дошта, вобаста ба талаботи бозори меҳнат аз рӯйи садҳо ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамагӣ аз 13 адад бо 70 ҳазор днишҷӯ дар соли 1991 то ба 41 адад ва 245 ҳазор донишҷӯ афзоиш дода шуд.
Ҳамин тариқ, даҳҳо дастовардҳои дигарро мисол овардан мумкин аст, ки дар доираи фаъолияти устувори мактаби сиёсии Пешвои миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барномаҳои созанда, ба онҳо ноил гардидаем.
Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ-поягузори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва таъсирбахш боқӣ монда, итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, доираи олимону муҳаққиқон ва ходимони ҷамъиятию хусусӣ барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он то давраи соли 2027 пурмаҳсул татбиқ меёбанд. Зеро пайравии мо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар амалӣ мо дар татбиқи ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои созанда ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инъикос меёбад.
АДАБИЁТ:
- Али Бобоӣ. Фарҳанги улуми сиёсӣ. Теҳрон.1367. Ҷ.2.- С.45
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ, ш.Душанбе, 08.09.2021 — http://president.tj/node/26483
- Миралиён Қ.А., Роҳнамо: идеологияи миллӣ ва ҷавонон: Душанбе «Адабиёти бачагона» 2016.-165 с.
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: Анҷумани IX. Душанбе, 2006. С.9
- Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025). Душанбе-2019, с.39
- Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе-2020
- Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Душанбе — 1994
АННОТАЦИЯ:
В данной статье рассматривается роль Народно-Демократической Партии Таджикистана (НДПТ) в укреплении независимости Республики Таджикистан как основа политической развитии страны. Проанализированы предвыборные программы НДПТ, определены основные достижения, которые содействовали развитию страны. Предложена активизация научного сообщества в реализации целей и задач программ НДПТ в период до 2027 года.
Ключевые слова: Народно-Демократическая Партия Таджикистана, государственная независимость, программы, развития, достижения
ANNOTATION:
This article considerate the role of the People’s Democratic Party of Tajikistan (PDPT) in strengthening the independence of the Republic of Tajikistan as the basis for the political development of the country. Theare are analyzed the election programs of the PDPT, identified the main achievements that contributed to the development of the country. Ther is proposed activation of the scientific community in the implementation of the goals and objectives of the NDPT programs in the period up to 2027.Keywords: People’s Democratic Party of Tajikistan, state independence, programs, development, achievements
[1] Али Бобоӣ. Фарҳанги улуми сиёсӣ. Теҳрон.1367. Ҷ.2.- С.45
[2] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ, ш.Душанбе, 08.09.2021 — http://president.tj/node/26483
[3] Миралиён Қ.А., Роҳнамо: идеологияи миллӣ ва ҷавонон: Душанбе «Адабиёти бачагона» 2016.-165 с.
[4] Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: Анҷумани IX. Душанбе, 2006. С.9
[5] Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025). Душанбе-2019, с.39
[6] Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе-2020
[7] Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Душанбе — 1994
[8] Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2020-2025) — http://hhdtkhatlon.tj/node/5
One Reply to “НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ”