РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ

Нишондиҳандаҳои асосӣ (барои маълумот ва корбарии масъулони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон)

ИТТИЛОИЯ

Асоси ташаккулёбии РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ аз ҳидояти Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (2019) бармеояд: “…имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад”.

Аз инҷо бармеояд, ки тарзу услуби имрӯзаи кори ҳизбӣ такмил талаб мекунад, то ин ки бо мардум боз ҳам наздиктар шуда, иқтидории зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои идеологӣ боз ҳам тақвият ёбад.

Рейтинг намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.

Маҳз рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ва рушд ёбанд.  


ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ – асосҳои илмӣ

Банақшагирии амиқ ва маоши хуб на ҳамеша ба муваффақияти истеҳсолотии ташкилот оварда мерасонад (Элтон Мэйо)

Падидаҳо ва ҷараёнҳое мавҷуданд, ки дар умум ҳавасмандӣ ва садоқатмандии кормандро ба иҷрои кори худ дар сатҳу сифати беҳтар бедор менамоянд ва аз пул (маош) дида, пурқувваттар ва таъсирнок мебошанд:

  • имконияти корманд ба нишон додани хусусиятҳои шахсии худ;
  • имконияти шарикӣ дар муносибатҳои идоракунӣ;
  • дарки аҳамиятнокӣ ва фоидаоварии худи корманд ба ташкилот, на танҳо ба худ

Кормандон идеяҳои хуби баланд бардоштани сатҳи истеҳсолотро доранд, мувофиқан татбиқи ин усул – ҷалби кормандон ба қабули қарорҳои идоракунӣ – ба муваффақиятҳои пайдарпайи ташкилотҳо боис гардид (тадқиқоти Хоторнӣ).

Дар ин самт консепсияи «Х», «У»-и Д. Макгрегор дар идоракунӣ мавқеи хоса дорад.

Назрияи «Х»-и ӯ ба усулҳои Ф. Тейлор асос ёфта, онро тасдиқ менамояд, ки корманд танбал аст, ӯро бояд доимо ба кор маҷбур сохт ва бо муҷозотҳои гуногун таҳдид намуд. Тибқи ин назар одамон ҳамеша аз масъулият роҳи гурез меҷӯянд, ба онҳо набояд бовар кард, зеро хоҳиш доранд, ки касе ба онҳо доимо роҳбарӣ намояд ва онҳо танҳо ба дарёфти маблағ манфиатдор мебошанд. Ин усул тарзи авторитарии идоракунӣ – идоракунии сахт, ҷаҳолатпазир ва маҷбурсозанда дониста мешавад, ки хоси ҷомеаи башардӯст ва таҳаммулпазир намебошад.

Тибқи назарияи «У» меҳнат муҷозот нест, балки дар як вақт зимни фаъолияти (меҳнати) ҳаловатовар истироҳат ва фароғат мебошад. Одамон ба фаъолияти мустақилона ва ҳамгироии мақсадҳои худ ба мақсади ташкилот моил мебошанд, инчунин қобилияти дарккунӣ, эҷодкорӣ ва истеъдодмандиро соҳибанд. Ба кормандон бояд таваҷҷуҳ намуд, фикру андешаҳои онҳоро бобати пешрафти ташкилот гӯш бояд кард ва мебояд имконият дод, ки онҳо дар ҷараёни идоракунии ташкилот иштирок намоянд.

Ин усули идоракунӣ – тарзи идоракунии демократӣ ном дорад, ки иштироки кормандро дар тамоми муносибатҳо ва ҷараёни қабули қарорҳо таъмин менамояд, кормандро ҳамчун шахси фаъол ва қувваи таъсиррасонии воқеӣ муаррифӣ менамояд.

Иштироки кормандон дар идоракунӣ ин ҳавасмандгардонӣ бар асоси далелнокии (сабабнокии) амалҳои онҳо дар доираи уҳдадориҳои (ба онҳо) вогузоршудаи хос мебошад.


ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ – амалия

МУКОФОТПУЛӢ — аз рӯи ҳаҷми кор / адолати меҳнатӣ

  • Ҳисоботи омории фардӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои сарборӣ (1-иҷрои саривақтии нақшаи корӣ, 2-иҷрои саривақтии супоришҳои протоколӣ, 3-натиҷанокии фаъолияти ташкилоти зертобеъ тибқи низоми сарпарастӣ, 4-шумораи мақолаҳо (андеша, вокуниш) дар матбуоти даврӣ ва шабакаи Интернет, 5-сарфарозгардӣ бо сипосномаҳо)
  • Пешниҳоди кумитаи иттифоқи касаба бо назардошти баррасии ҳисоботҳои омории фардӣ
  • Рейтинги ҳизбӣ

МУСТАҚИЛИЯТ – дар интихоби кадр пешниҳоди раисони КИ ва дар КИВ назар ва ё хулосаи мудирони шуъбаҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад 


РЕЙТИНГ — назарияҳои илмӣ

Ду омили сабабнок (шавқангезанда / ҳавасмандгардонанда)-и (Ф.Хертсберг)

1) ОМИЛҲОИ БЕРУНӢ — ин шароити меҳнатие мебошад, ки шавқмандӣ ва ё сабабнокии беруниро ташкил медиҳад ва он аз сиёсати корхона/ташкилот, назорати техникӣ, муносибат бо роҳбар, муносибатҳои мутақобила аз рӯи тобеият, моҳона, бехатарии меҳнат, кафолати шуғлнокӣ, шароити корӣ, мақом, ҳаёти оилавӣ ва ғайра иборат мебошад.

Ё инки омилҳои берунӣ ин ҳавасмандии маънавии шахс новобаста аз табиат ва муҳтавои меҳнат – ҳавасмандгардонӣ аз берун мебошад. Агар ин омилҳо ба шахс таъсири манфӣ дошта бошанд, пас сатҳи қаноатмандии ӯ ба кор паст мегардад.

РЕЙТИНГ

  • навъи баҳогузории муосир, ки ба рушди асосҳои институтсионалӣ ва таъмини самаранокии фаъолият нигаронида шудааст
  • ҳавасмандгардонии субъектҳо тариқи таъмини адолат дар фаъолияти меҳнатии корманд ва дастовардҳои вазифавии ӯ
  • иштироки бевоситаи корманд дар идоракунии худ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият
  • воситаи муосир ва адолатнок (исботшаванда) вобаста ба қадрдонии пешсафон ва ё муҷозотдиҳии камфаъолон

РЕЙТИНГ ё баҳогузорӣ

БАҲОГУЗОРӢ, асосан хусусияти амалӣ-миқдорӣ дошта, ба нишондиҳандаҳои маҳдуд асоснок карда мешавад; сифат дар мавқеи дуюм қарор дорад.

РЕЙТИНГ баҳое мебошад, ки хусусияти илмӣ-сифатӣ дошта, бо принсипи дақиқият дар асоси якчанд нишондиҳандаҳои миқдорию сифатӣ муқаррар карда мешавад; сифат дар мавқеи якум қарор дорад.

МИСОЛ:

  • Дар низоми анъанавӣ: баҳои донишҷӯ (аз рӯи 5-хол) танҳо дар асоси 2 нишондиҳанда:  1) давомот ва 2) ҷавоб додан ба саволи гузошташуда (зимни имтиҳон/дар охири семестр) гузошта мешуд
  • Дар низоми кредитӣ: рейтинги (баҳои) донишҷӯ (аз рӯи 100-хол) дар асоси якчанд нишондиҳанда: 1) давомот, 2) фаъолнокӣ дар дарс, 3) ҷавоб додан ба саволҳои омӯзгор, 4) рафтор (ҳар рӯз), 5) КМРО, 6) КМД (ҳар ҳафта) муқаррар карда мешавад 

РЕЙТИНГ – АСОСҲОИ БАҲОДИҲӢ

Рейтинг ҳамчун фишанги кафолатбори адолати меҳнатӣ ва касбӣ дар фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон ба якчанд василаҳои зерини баҳогузорӣ асос меёбад.

  • 1 .Ҳисоботи оморӣ – ҳама гуна баҳогузорӣ ба ҳисоботи сохторҳо, ки тибқи шаклҳои махсуси оморӣ, бо имзои шахси масъул пешниҳод мегарданд, асос меёбад.
  • 2.Асосноккунии визуалӣ – аксари чорабиниҳо танҳо дар ҳолати мавҷуд будани аксҳои дахлдор дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳогузорӣ қарор дода мешаванд.
  • 3.Таносубнокӣ – баҳогузорӣ дар таносуб ба нишондиҳандаҳои воқеӣ ва қаблан пешбинишуда, аз қабили шумораи аҳолӣ, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, нақшаи буҷет, шумораи аъзои ҳизб, воҳидҳои корӣ ва ғайра ба амал бароварда мешавад. 
  • 4.Иқтидори кадрӣ – мавриди баҳогузории чанде аз фаъолиятҳои хос шумораи воҳидҳои корӣ ҳамчун имконияти кадрӣ ба инобат гирифта мешавад.
  • 5.Коэффисиенти амалӣ – шароит ва имкониятҳои амалии шаҳру ноҳияҳо аз ҷиҳати кӯҳсор ва дурдаст ва ё шаҳрҷой будан (дар баъзе ҳолатҳо) дар шакли коэффисиенти амалӣ, бо додани бартарият то 50% ба назар гирифта мешавад.

ТАНОСУБИ АЪЗОГӢ (ТА) (ҳиссаи аъзои ҳизб дар таносуб ба аҳолӣ)

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1Шумораи аъзои ҳизбАҲ
2Шумораи аҳолии синнусоли қобили амал (аз 18 сола боло)АҚА
3Коэффисиенти стандартии баҳогузорӣКСБ= 1=100%
4Коэффисиенти имтиёзноки баҳогузорӣ (барои ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдаст)КИБ= 1,2=120%
ТА КСБ=АҲ/АҚА*100   ё   ТА КИБ=АҲ/АҚА*120

Ҳиссаи аъзои ҳизб нисбат ба аҳолии қобили амал бо дарназардошти коэффисиенти баҳогузорӣ  бароварда (баҳогузорӣ) мешавад.

Рейтинги баландтарин – 10 хол

Ҳар ноҳия (шаҳре), ки ҳиссаи аъзои ҳизб дар он бештар аст, дар рейтинг мавқеи  баландтарро соҳиб мегардад


ТАҲКИМИ УЗВИЯТ (ТУ) (таҳкими ҳайати сифатии аъзои ҳизб)

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1Шумораи аъзои ҳизбАҲ
2Шумораи аъзои ҳизб, ки аз супоридани ҳаққи узвият озоданд (нафақахӯрон, донишҷӯён, иштирок.ҶБВ)АҲО
3Шумораи аъзои ҳизб, ки ҳаққи узвиятро пардохт намекунадҲУПНбо назардошти нишон. б.2
4Шумораи аъзои ҳизб дар деҳот (аъзои ТИ деҳот)АҲД
5Коэффисиенти стандартии баҳогузорӣКСБ= 1=100%
6Коэффисиенти имтиёзноки баҳогузорӣ (барои ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдаст)КИБ= 1,1=110%
ТУ КСБ=((ҲУПН-АҲО)/АҲ*100)+(АҲД/АҲ*100))/2   ё   ТУ КИБ= ((ҲУПН-АҲО)/АҲ*110+(АҲД/АҲ*110))/2

Таҳким ва ё динакмикаи узвият ҳамчун салоҳиятнокӣ вобаста ба тозакунии сафи ҳизб, таносуби байни шумораи умумии аъзои ҳизб ва аъзое, ки ҳаққи узвиятро пардохт намекунад, бо дарназардошти коэффисиенти баҳогузорӣ муқаррар (баҳогузорӣ) карда мешавад.

Рейтинги баландтарин – 15 хол

Ҳар ноҳия (шаҳре), ки таносуби аъзои пардохткунанда ва аъзои ҳизб дар деҳот дар он бештар аст, дар рейтинг мавқеи  баландтарро соҳиб мегардад.


ҚАБУЛИ АЪЗО (ҚА) (салоҳиятнокӣ вобаста ба тозакунии сафи ҳизб, аъзокунӣ)

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1Шумораи аъзои ҳизб дар аввали солАҲАС
2Шумораи аъзои ҳизб дар моҳи ҳисоботӣАҲМҲ
3Шумораи қабул (қабули аъзои нав дар давраи ҳисоботӣ)ШҚ
4Нақшаи қабул (10 наф./корманд/моҳ)НҚ
5Коэффисиенти стандартии баҳогузорӣКСБ= 1=100%
6Коэффисиенти имтиёзноки баҳогузорӣ (барои ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдаст)КИБ= 1,5=150%
ШҚ=АҲАС-АҲМҲ ,  сипас,  ҚА КСБ=ШҚ/НҚ*1,0   ё   ҚА КИБ=ШҚ/НҚ*1,5

Устуворӣ ва ё динамикаи узвият ҳамчун салоҳиятнокӣ вобаста ба тозакунии сафи ҳизб, аз ҷумла қабули аъзои нави салоҳиятнок ва пардохткунанда бо дарназардошти коэффисиенти баҳогузорӣ муқаррар (баҳогузорӣ) карда мешавад.

Рейтинги баландтарин – 15 хол

Ҳар ноҳия (шаҳре), ки дар он ҳиссаи қабули аъзои нав ба ҳизб бештар аст, дар рейтинг мавқеи  баландтарро соҳиб мегардад.


ИҶРОИ БУҶЕТ (ИБ) (салоҳиятнокӣ вобаста ба пардохт ҳаққи узвият ва динамикаи он)

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1Маблағи ҳаққи узвият тибқи нақша / буҷетНҲУ
2Маблағи пардохти ҳаққи узвият, воридшуда ба КИВПҲУ
3Маблағи қарз аз ҳаққи узвият (ҷамъшуда)ҚҲУ
4Маблағи пардохти қарз аз ҳаққи узвиятПҚҲУ
5Коэффисиенти стандартии баҳогузорӣКСБ= 1=100%
6Коэффисиенти имтиёзноки баҳогузорӣ (барои ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдаст)КИБ= 1,3=130%
ИБ=((ПҲУ/НҲУ)+(ПҚҲУ/ҚҲУ))/2*1    ё   ИБ=((ПҲУ/НҲУ)+(ПҚҲУ/ҚҲУ))/2*1,5

Ҷараён ва ё сатҳи иҷрои буҷет аз рӯи нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи ҳаққи узвият ва пардохти саривақтии қарзҳои дахлдор бо дарназардошти коэффисиенти баҳогузорӣ муқаррар (баҳогузорӣ) карда мешавад.

Рейтинги баландтарин – 15 хол

Ҳар ноҳия (шаҳре), ки дар он иҷрои буҷет, аз ҷумла нақшаи ҳаққи узвият пурра таъмин мегардад, дар рейтинг мавқеи  баландтарро соҳиб мегардад.


ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ (ТҲ) (фаъолнокӣ вобаста ба амалисозии ташаббусҳои ҳизбӣ)

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1СангфаршкунӣС
2МумфаршкунӣМ
3НиҳолшинонӣН
4Сохтмони иншооти гигиенӣИГ
5Сохтмони маркази ҳунармандиМҲ
6Сохтмони утоқи раиси кумитаи маҳаллаУКМ
7Таъмири мактаб/боғчаТМ
8Шумораи кормандони кумитаи иҷроияККИ
9Коэффисиенти стандартии баҳогузорӣКСБ= 1=100%
10Коэффисиенти имтиёзноки баҳогузорӣ (барои ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдаст)КИБ= 1,3=130%
ТҲ КСБ=(С+М+Н+ИГ+МҲ+УКМ+ТМ)/ККИ*1    ё  ТҲ КИБ=(С+М+Н+ИГ+МҲ+УКМ+ТМ)/ККИ*1,3

Фаъолнокии кумитаҳо вобаста ба амалисозии ташаббусҳои ҳизбӣ ҳамчун таносуби байни шумораи умумии аксияҳои ҳизбӣ  аз рӯи ченаки дахлдор ва иқтидори кадрӣ бо дарназардошти коэффисиенти баҳогузорӣ муқаррар (баҳогузорӣ) карда мешавад.

Рейтинги баландтарин – 10 хол

Ҳар ноҳия (шаҳре), ки дар он аксияҳо бештар доир карда мешаванд, дар рейтинг мавқеи  баландтарро соҳиб мегардад.


ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ (ҲҚ) (арзёбии сатҳи ҳуқувайронкунӣ дар сатҳи ноҳия/шаҳр)

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1Ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар давраи ҳисоботӣҲҶ
2Ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо дар давраи ҳисоботӣҲТ
3Шумораи аҳолӣША
4Шумораи кормандон/иқтидори кадрӣШК
ҲҚ = ((ҲҶ/ША*100)+(ҲТ/ША*100))/2/ШК

Арзёбии сатҳи ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳо бо мақсади муайян намдуани таъсирбахшии фаъолияти идеологӣ ба роҳ монда шудааст; таносуби нишондиҳандаҳои дахлдор бо дарназардошти шумораи аҳолӣ ва иқтидори кадрӣ муқаррар (баҳогузорӣ) карда мешавад.

Рейтинги баландтарин – 10 хол

Ҳар як ноҳия (шаҳре), ки дар онҷо сатҳи ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳо кам аст, дар рейтинг мавқеи  баландтарро соҳиб мегардад.


ИНТИШОРИ МАВОД (ИМ) (фаъолнокӣ вобаста ба интишори маводҳо дар Фейсбук)

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1Шумораи маводҳои интишоршудаШМҳаррӯза
2Теъдоди пайвандҳои маводҳои интишоршудаТПҳаррӯза
3Теъдоди маъқулҳо дар маводҳои интишоршудаТМҳаррӯза
4Шумораи кормандон/иқтидори кадрӣШК
5Коэффисиенти стандартии баҳогузорӣКСБ= 1=100%
6Коэффисиенти имтиёзноки баҳогузорӣ (барои ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдаст)КИБ= 1,3=130%
ИМ КСБ = (ШМ+ТП+ТМ)/ШК*1   ё   ИМ КСБ = (ШМ+ТП+ТМ)/ШК*1,3

Ҳадафи интишори маводҳо – пур кардани фазои маҷозӣ (интернет) аз дастовардҳои ҳамарӯзаи ҲХДТ ҳамчун муқовимат ба маводҳои иғвоангез ва фитнаовар мебошад; рейтинг дар асоси нишондиҳандаҳои боло дар таносуб бо иқтидори кадрӣ ва коэффисиенти имтиёзнок муқаррар карда мешавад.

Рейтинги баландтарин – 5 хол

Ҳар як ноҳия (шаҳре), ки комиҷроияи он маводи бештар интишор кардааст (аз 27.04.21 инҷониб), дар рейтинг мавқеи  баландтарро соҳиб мегардад.


ХОҶАГИИ ЁРИРАСОН (ХЁ) (салоҳиятнокӣ вобаста ба ташкили хоҷагии ёрирасон)

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1Майдони (масоҳати) замин барои хоҷагии ёрирасон ҳамчун нақша пешбинишудаНЗХЁна кам аз 5 га
2Майдони (масоҳати) замини барои хоҷагии ёрирасон ҷудошудаЗҶХЁ
3Коэффисиенти стандартии баҳогузорӣКСБ= 1=100%
4Коэффисиенти имтиёзноки баҳогузорӣ (барои шаҳрҷойҳо, ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдаст)КИБ= 1,2-1,5 =120-150%
ХЁ=ЗҶХЁ/НЗХЁ*1    ё    ХЁ=ЗҶХЁ/НЗХЁ*1,5

Ташкили хоҷагии ёрирасон ҳамчун манбаи иловагии музди меҳнати кормандон арзёбӣ гардида, аз рӯи нишондиҳандаи масоҳати замини ҷудогардида (дар ҳаҷми на кам аз 5 га) бо дарназардошти коэффисиенти баҳогузорӣ муқаррар (баҳогузорӣ) карда мешавад.

Рейтинги баландтарин – 10 хол

Ҳар ноҳия (шаҳре), ки дар онҷо масоҳати дахлдори замин ҷудо карда шудааст, дар рейтинг мавқеи  баландтарро соҳиб мегардад.


МАҲОРАТИ ИДОРАКУНӢ (МИ) (арзёбии сатҳи фаъолнокӣ ва маҳорати идоракунии масъулон )

НИШОНДИҲАНДАҲОИШОРАЭЗОҲ
1Иҷрои супоришҳои протоколии ҳафтаинаваз.беиҷромонда
2Иҷрои бандҳои нақшаи кори Кумита-2021бан.беиҷромонда
3Шумораи мақолаҳои таҳлилии интишоршуда
4Аъзокунӣ ба сафи ҳизб, шумораи аъзои нави ҳизб10 наф./моҳ
5Қадрдонӣ, сазовор шудан бо сипосносмаҳо (шумора)
6Ҳисоби миёнаи холҳои пешрафти кормандонБарои раиси КИ
7Ҳисоби миёнаи холҳои пешрафти кумитаҳо ва дастовардҳои фардӣБарои сарпараст-он дар КИВ
Маҳорати идоракунӣ дар таносуб ба нишондиҳандаҳои болозикр дар асоси ҳисоботҳои ҳармоҳаи фардӣ муқаррар (баҳогузорӣ) карда мешавад. Баҳои (рейтинги) раисони кумитаҳо дар асоси баҳои кормандони худи онҳо (кумита) ташкил меёбад.  
Рейтинги баландтарин – 10 хол
Дар ҳар як ноҳия (шаҳре), ки дар он корманди ҳизбӣ ба холи бештар ноил мегардад, он дар рейтинг мавқеи баландро соҳиб мешавад .

РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ (ҷамъи холҳо аз рӯи 9 рейтингҳои (нишондиҳандаҳои асосии) фаъолият

Нишондиҳандаҳои асосӣХоли баландтаринЭзоҳ
ТАНОСУБИ АЪЗОГӢ10 холБаҳогузорӣ-ҳар моҳ, асос: ҳисоботи оморӣ
ТАҲКИМИ УЗВИЯТ15 холБаҳогузорӣ-ҳар моҳ, асос: ҳисоботи оморӣ
ҚАБУЛИ АЪЗО15 холБаҳогузорӣ-ҳар моҳ, асос: ҳисоботи оморӣ
ИҶРОИ БУҶЕТ15 холБаҳогузорӣ-ҳар моҳ, асос: ҳисоботи молиявӣ
ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ10 холБаҳогузорӣ-ҳар се моҳ, асос: ҳисоботи оморӣ
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ10 холБаҳогузорӣ-ҳар се моҳ, асос: ҳисоботи сохтори ВКД
ИНТИШОРИ МАВОД5 холБаҳогузорӣ-ҳар рӯз, асос: ҳисоботи оморӣ
ХОҶАГИИ ЁРИРАСОН10 холБаҳогузорӣ-ҳар се моҳ, асос: ҳисоботи оморӣ
МАҲОРАТИ ИДОРАКУНӢ10 холБаҳогузорӣ-ҳар моҳ, асос: ҳисоботи фардӣ/оморӣ
Ҳамагӣ:100 хол
Эзоҳ: ҳар як ноҳия/шаҳре (кумитае), ки вазифа ва ё нақшаҳои гузошташударо иҷро намуда, дар 9 рейтинги муқарраршуда ҷой(ҳо)и аввалро соҳиб мегардад, холи баланд мегирад.  

One Reply to “РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: