Амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» ҳамчун чорабинии муштарак байни Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташкил гардид.
Дар доираи ин Амалиёт ва ё Аксия сокинони маҳаллаву деҳоти ҳудуди вилояти Хатлон ҳар рӯзи якшанбеи охири моҳ ба ҳашари дастаҷамона баромада дохил ва атрофи қабристонҳоро тоза ва обод менамоянд. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст:
- тоза намудани дохилу атроф аз алаф ва рустаниҳои худрӯй;
- тоза кардани дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ;
- шинонидани ниҳолҳои сояафкан;
- бо симтуру девор маҳкам намудан ва ё таъмир намудани девори ҳудуди қабристонҳо;
- амалӣ намудани дигар корҳои ободонӣ амалӣ намудани дигар корҳои ободонӣ
Шахсоне, ки хоҳиши иштирок ва саҳм гузоштан дар ин гуна аксияҳои оммавиро доранд, мо онҳро бо камоли эҳтиром пазироӣ менамоем, зеро ободии меҳан дар дасти ҳар яки мост.


