Сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар давраи нӯҳ моҳи фаъолият, новобаста аз маҳдудиятҳои пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки ба дастовардҳои зиёд ва таърихӣ ноил гарданд:
Дар сатҳи хуби ташкилӣ ва фазои орому осоишта баргузор гардидани ду маъракаи муҳим ва таърихии сиёсӣ – интихоботи парламентӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимнан ба даст овардани музаффарият дар ҳар дуи ин маъракаҳо, номзадҳои ҳизб комилан комёб гардиданд;
Дар умум, ҳамаи нишодиҳандаҳои фаъолият нисбат ба давраҳои (солҳои) гузашта ба баробар зиёд амалӣ гардида, масъулони ҳизб самти кору фаъолиятро аз миқдор ба сифат тобиш дода истодаанд, ки ба татбиқи пурмаҳсули ҳадафҳои барномаҳои ҳизбӣ нигаронида шудааст.
Илова бар ин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон фаъолиятро дар нӯҳ моҳи соли 2020 бо нишондиҳандаҳои мусбӣ ва бо дастёбӣ ба 10 навовариҳои зерин ҷамъбаст намуд:
1. Таҳия ва роҳандозӣ намудани низоми ҳисоботи оморӣ иборат аз 12 нишондиҳандаҳо ва ё самт фаъолият;
2. Ташаккул додани стратегияи амал оид ба рушди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ғайрибуҷетӣ (ҷараён дорад);
3. Ҷорӣ кардани Рейтинги пешрафти даврии сохторҳои ҳизбӣ вобаста ба рушди фаъолият;
4. Ташкили низоми ҳаррӯзаи амалиёт оид ба муқовимат бо коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва ба роҳ мондани рейтинги сохторҳо дар ин самт;
5. Ташаккул додани низоми идоракунии электронии фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ (ҷараён дорад);
6. Ташкили аксияи ҳизбӣ – сайёҳии таҷрибаомӯзӣ ва ободонӣ (дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ): 1) сохтмони маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳуармандӣ дар ҳар як маҳаллаву деҳот; 2) ташкили утоқи раиси кумитаи маҳалла дар ҳар як маҳаллаву деҳот; 3) саёҳати таҷрибаомӯзии ҳизбиён;
7. Ташаккули низоми ҳуқуқии фаъолияти волонтёрии ҳизбӣ;
8. Таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандони ҳизбӣ — таъсиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон;
9. Таҳияи лоиҳаи Барномаи ҳизбии “Сарбози ихтиёрӣ” дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон;
10. Коркарди консепсияи фаъолияти сармоягузорию соҳибкории ҳизбӣ дар самти рушди устувори кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ (ҷараён дорад).
Ташаббускорию навоварӣ бояд амали ҳаррӯзаи мо-ҳизбиён бошад, зеро ҷомеаи муосир ҳар рӯз падидаи наве хоси илму техника ба вуҷуд оварда, бо суръати ниҳоят тез рушд карда истодааст ва маҳз созандагию ташаббускорӣ метавонад моро ҳамқадами ҷаҳони муосир гардонида, аз он пеш ҳам барад.
Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои ҳизб (07.02.2019) иброз менамоянд: «...имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди усули кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад».
Мо ҳар кадом уҳдадориҳои хоси ҳизбӣ дорем, ки дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ҳизб ба амалисозии ҳама гуна ташаббусҳои ҳизбӣ мебояд фаъол бошем.
Барои маълумоти бештар – саҳифаҳои КИВ ҲХДТ дар Интернет:
https://www.facebook.com/oyandasozi/
https://www.facebook.com/groups/hkhdtkhatlon/
https://www.facebook.com/groups/volunteerkhatlon/
https://www.facebook.com/groups/hunarmandi/
Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ш.Бохтар, 05.11.2020