НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2020

Суратгузориши мазкур ҳамчун инъикоскунандаи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар соли 2020 тартиб дода шудааст.

Зимнан, бо мақсади бо низом ба роҳ мондани фаъолияти идеологӣ маҷмӯи нишондиҳандаҳои асосӣ тартиб дода шуда, ҷамъоварии иттилооти дахлдор, таҳлилу баррасӣ ва дастурдиҳӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муайяншуда ва ҳавасманд гардонидани сохторҳои дастовард дошта бо реҷаи ҳармоҳа ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ҳадафҳои барномавии ҳизб ва бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои маҳаллии он маҷмӯи аксияҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем!» эълон карда шуда, корҳои ободонию созандагӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Агар дар соли 2019 ҳамагӣ 5 намуди аксияҳои ободонӣ амалӣ гардида бошанд, пас ин рақам дар соли 2020 то 9 номгӯй афзоиш дода шуд.

Якум, сангфаршкунӣ – 370 км роҳу пайроҳаҳои байни кӯчаҳои деҳоту маҳаллаҳо сангфарш карда шуданд, ки нисбат ба соли 2019 69% мебошад.

Дуюм, мумфаршкунӣ – 99 км роҳҳо байни кӯчаҳои деҳоту маҳаллаҳо мумфарш карда шуданд, ки нисбат ба соли 2019 ба 106% афзоишёбӣ баробар аст.

Сеюм, ниҳолшинонӣ – ҷиҳати сарсабзу хуррам ва озода гардонидани муҳити зист, дар қад-қади шоҳроҳҳо, ҷӯйборҳои байни кӯчаҳо, оромгоҳҳо ва талу теппаҳо 71356 ниҳолу буттаҳои сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд, ки нисбат ба соли таҳлилӣ 91%-ро ташкил медиҳад.

Чорум, таъмири мактаб – 437 мактабҳо (синфҳои алоҳида) таъмир карда шуданд, ки нисбат ба соли 2019 ба 110% афзоишёбӣ баробар аст.

Панҷум, таъмири боғчаҳо – 86 боғчаи кӯдакона (ҳуҷраҳои алоҳида) таъмир карда шуданд, ки дар ҳошияи рушди ниҳоди томактабӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Шашум, обёрикунӣ – 672 нуқта дар деҳотҷойҳо обёрӣ карда шуданд, дар соли 2019 ин амал иҷро нагардида буд.

Ҳафтум, азнавсозии иншооти гигиенӣ – дар доираи ин аксия, ки ташаббуси нав мебошад, 184 иншоот, ҳаммому ҳоҷҷатхонаҳо бо усули дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, шоҳроҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ сохтмон гардиданд.

Ҳаштум, сохтмони Маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо Утоқи раиси Кумитаи маҳалла / деҳот – ин аксия низ, ташаббуси нав мебошад, дар соли ҳисоботӣ 30 адад марказ сохтмон гардид. Нӯҳум, Утоқи раиси Кумитаи маҳалла (дар алоҳидагӣ) – дар соли 2020 барои 52 маҳаллаву деҳот утоқи корӣ сохтмон карда шуд, ки қадаме ба сӯи рушди муносибатҳои идоракнӣ арзёбӣ мегардад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон фаъолиятро дар соли 2020 бо нишондиҳандаҳои мусбӣ ва бо дастёбӣ ба 8 навовариҳои зерин ҷамъбаст намуд:

  1. Таҳия ва амалӣ гардидани маҷмӯи нишондиҳандаҳо иборат аз 12 самт;
  2. Ташаккул додани стратегияи амал оид ба рушди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ғайрибуҷетӣ (ҷараён дорад);
  3. Ҷорӣ кардани рейтинги пешрафти ҳармоҳаи сохторҳои ҳизбӣ вобаста ба рушди фаъолияти дохилиҳизбӣ;
  4. Ташкили низоми ҳаррӯзаи амалиёт оид ба муқовимат бо коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ;
  5. Ба роҳ мондани механизми ҳавасмандгардонии баҳогузорӣ – рейтинги сохторҳои ҳизбӣ оид ба муқовимат бо коронавирус;
  6. Ташаккул додани низоми электроникунонии муносибатҳои идоракунӣ (ҷараён дорад);
  7. Ташкили аксияи ҳизбӣ – сайёҳии таҷрибаомӯзӣ ва ободонӣ (дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ);
  8. Таҳкими низоми ҳуқуқии фаъолияти волонтёрии ҳизбӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: