ИТТИЛООТИКУНОНИИ СИЁСАТИ  ҶАВОНОН

Маводи таҳлилии илмӣ, дар шакли мухтасар (рӯнамо), оид ба аҳамиятнокии технологияи иттилоотии Интернет барои ҷомеа ва ҷавонон, бахсус татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон.

Вазъ ва нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҷомеаи муосир

Асри 21 – асри технологияҳои иттилоотӣ пазируфта шудааст. Технологияҳои иттилоотӣ имрӯз ҳамчун қисми ҷудонопазири ҳаёту фаъолияти ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Вазифа ва нақши технолгияҳои иттилоотӣ инҳоянд:

  • василаи тамос, муошират;Функциональность
  • воситаи кор, меҳнат, хизматрасонӣ;
  • тариқаи назорат, мушоҳида, мониторинг;
  • василаи омӯзиш, таълим, такмили дониш;
  • воситаи тарбия, роҳнамоӣ, ватандӯстӣ;
  • василаи таҳдид, таҳқир, дуруғбофӣ;
  • воситаи роҳгумсозӣ, бадомафтонӣ, ҷалб ба корҳои бад;
  • василаи қалобӣ, роҳзанӣ, дуздӣ.

Сатҳ ва ё маданияти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун вазъи хуби имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ мегардад, ки он тариқи Индекси рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) муайян мегардад.4-ИКТ

Индекси рушди ТИК аз рӯи се нишондиҳандаҳои зерин татбиқ карда мешавад:

  • ДАСТРАСӢ (дастрасии аҳолӣ ба шабакаи Интернет, дастгоҳҳои компютерӣ ва алоқаи телефонӣ)
  • ИСТИФОДАБАРӢ (шумораи истифода-барандагони Интернети насбшуда ва мобилӣ)
  • МАЛАКАИ ИСТИФОДАБАРӢ (сатҳи дониши насли калонсол, таносуби таълимгирандагон дар муассисаҳои таълимӣ бар шумораи умумии аҳолӣ )

Вазъ ва нақши технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон

ДАСТРАСИИ ТИК дар мамлакат (2017-7,9%):5-доступностӣ

  • Теъдоди дастгоҳҳои телефонии шабакаҳои маҳаллии телефонӣ ба 100 нафар аҳолӣ – 3,2[1]
  • Теъдоди терминалҳои алоқаи радиотелефонии насбгардидаи ҳаракаткунанда ба 100 нафар аҳолӣ – 1,0[2]
  • Иқтидори гузарониши манбаъҳои (каналҳои) байналмилалии Интернет ба ҳар як истифодабаранда
  • Таносуби хоҷагиҳо / оилаҳои дорандаи компютер нисбат ба шумораи умумии хоҷагиҳо / оилаҳо – 3,1%
  • Таносуби хоҷагиҳо / оилаҳои ба Интернет дастрасӣ дошта нисбат ба шумораи умумии хоҷагиҳо / оилаҳо – 28,2%[3]

ИСТИФОДАБАРИИ ТИК дар мамлакат (2017-43%):6 исполӣзовани

  • Таносуби истифодабарандагони Интернет нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ – 28,2%
  • Шумораи муштариёни Интернети насбшудаи баландсуръат ба 100 нафар аҳолӣ – 28,2
  • Шумораи муштариёни Интернети мобилии баландсуръат ба 100 нафар аҳолӣ – 54,9

МАЛАКАИ ИСТИФОДАБАРИИ ТИК дар мамлакат (2017-33%):

7-навиык

  • Сатҳи саводнокии аҳолии калонсол — 11
  • Таносуби хонандагони муассисаҳои (мактабҳои) таҳсилоти умумӣ нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ – 21,4%
  • Таносуби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ аҳолӣ – 3,4%

Ҳамин тариқ сатҳи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тибқи нишондиҳандаҳои Индекси рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо назардошти Омори солонаи ҶТ-2018 ба 2,8 нишондод (аз 10 нишондод) баробар ё инки 28% арзёбӣ мегардад. Мисол: индекси рушди ТИК дар Россия дар ҳамин давра ба 7,3 (73%) баробар аст.33187451980_bfa7a075c9_o

Яъне, зарур аст, ки дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва тақозои ҷомеаи муосир ин нишондод то се маротиба афзоиш дода шавад, зимнан, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, дар роҳи (ҳангоми) расидан ба ин нишондод, метавонад ба маротиб афзоиш ёбад.

Вазъ ва нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҷаҳон

Шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар ҷаҳон ба беш аз 3,5 млрд нафар мерасад, ки 2,5 млрд он ба кишварҳори рӯ ба рушд рост меояд.

9-индексДаҳгонаи кишварҳои пешрафта аз рӯи индекси рушди ТИК инҳоянд: Исландия, Кореяи ҷанубӣ, Шветсария, Дания, Англия, Гонконг (Хитой), Нидерландия, Норвегия, Люксембург, Ҷопон

Тоҷикистон дар рӯйхати эълоншуда (2017) аз рӯи индекси рушди ТИК оварда нашудааст, аммо бо назардошти таҳлилҳои боло ва Ҳисобот оид ба андозагирии ҷомеаи иттилоотӣ он дар 140-ум ҷой ҷо дорад.

Чи тавре дида мешавад, маҳз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба индекси баланди рушди ТИК ноил гардидаанд. Яъне, ТИК яке аз муҳаррикҳои асосии иқтисодиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, бо баланд бардоштани индекси ТИК сатҳи зиндагии аҳолӣ низ беҳтар мегардад.

Тибқи Ҳисоботи Созмони байналмилалии алоқаи барқӣ зери унвони «Андозагирии ҷомеаи иттилоотӣ» иброз мегардад[4]:

  • «мушоҳидаи ҷараёни пешрафти маҳсулоти соҳаи Интернет, ҳамзамон таҳлили маълумоти зиёд, ҳисоббарории фазоӣ ва зеҳни (интеллекти) сунъӣ навовариҳои васеъро имконпазир мегардонанд ва ба таври куллӣ фаъолияти хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ ва ҷомеаро тағйир медиҳанд ва ниҳоят ба беҳтар гардидани ҳаёти одамон мусоидат менамоянд»10-МСС
  • Дар ҷои дигар: «ТИК дорои иқтидори беҳтар гардонидани ҷаҳон ва саҳми васеъ баҳри дастёбӣ ба Ҳадафҳо дар соҳаи рушди устувор мебошанд»
  • Инчунин: «Ин табаддулот дар даҳсолаи оянда имкониятҳо, мушкилот ва оқибатҳоеро ба миён меорад, ки дар ҳоли ҳозир пурра муайян нестанд. Барои истифодаи ин бартариятҳо кишварҳоро зарур мегардад, ки шароитҳои ба ташаккулёбии инфрасохтори шабакаҳо ва хизматрасониҳои наслҳои оянда мусоидаткунанда фароҳам оранд. Ба онҳо ҳамчунин қабул намудани сиёсате зарур мегардад, ки ба озмоишкориҳо ва навовариҳо, зимнан, нарм гардонидани оқибатҳои таваккалҳои имконпазир барои амнияти иттилоотӣ, маҳрамият ва шуғлнокӣ мусоидат намояд».

11Яъне, бо рушд додани ТИК дар мамлакат, мо дар баробари пешрафти имкониятҳои иқтисодӣ, ҳамзамон ба иҷрои уҳдадориҳои байнанлмилалӣ ва ҳамқадамӣ ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ноил мегардем. Рушди ТИК имконият медиҳад, ки амалиёти ҳамаррӯзаи муносибатҳо бо суръати тез – ҷаҳишдошта, зудамал ба роҳ монда шаванд ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтидори баланди ҳамкорӣ пазируфта шавад.

Технологияҳои иттилоотӣ – механизми  ҳавасмандгардонии (мотиватсионии) ҷавонон ба шуғлнокӣ

11-рекомендақТибқи баъзе таҳлилҳо истифодабарандагони Интернет дар байни ҷавонон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд[5]:

  • ба таълим тамоюл дошта – 29%
  • дар робита буда – 25%
  • хонандаи шабакаҳо (иттилоотнокӣ) – 22%
  • бозингарон – 17%
  • ҳамакора (универсал) – 7%

Мушкилот: низоми огоҳонӣ ё омӯзонидани истифодабарандагони ҷавон, дар ин гурӯҳи муносибатҳо, ба малакаи истифодаи дуруст ва бехатари Интернет ва ё эмин будан аз хатарҳои он хеле заиф аст. Яъне, низоми дастраси омодасозӣ, таълими ҷавонон оид ба тарзу усулҳои истифодаи самараноки Интернет дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон дар ҷаҳон зиёд шуда истодааст – 71 млн. нафар (35% ҷавонон дар ҷаҳон).

Ҷавонон барои дарёфти ҷойи корӣ ва фаъолияти соҳбкорӣ бештар ба Интернет рӯ меоранд, бештар ба шуғлҳои шабакавӣ майл доранд.

12 - чавоононНамудҳо ё самтҳои (формулаҳои) шуғлмандӣ дар Интернет чунинанд:

  • «Businesso-Business» (В2В) – байни ду ташкилот
  • «Businesso-Consumer» (В2С) – байни ташкилот ва муштарӣ
  • «Consumero-Consumer» (С2С) – байни ду муштарӣ

Яъне, имрӯз Интернет имкониятҳои фарохи шуғлмандиро пешниҳод менамояд; агар, дар низоми анъанавӣ асосан формулаҳои 1 ва 2 истифода гардад, пас дар шабакаи Интернет низоми нав ё формулаи нави шуғлмандӣ (3) – “байни муштариҳо” ташаккул ёфтааст, ки тибқи он як муштарӣ метавонад ба муштарии дигар хизмат расонад. Мисол: муштарии ширкати сайёҳӣ ҳамчун агент метавонад ба муштариён-сайёҳони дигар хизматрасонӣ намояд; тариқи Интернет ба онҳо саёҳат ташкил намояд.

Нақши ҷавонон ва сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон ва тарбияи идеологии ҷомеа

Шахсони ҷавон дар Тоҷикистон – 70% аҳолиро ташки медиҳанд, ҷавонон бошад – 35%.13-намудхои кор

Ҷавонони машғули таҳсил – 25% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Истифодабарандагони фаъоли Интернет тибқи таҳлилҳои маркетингии Facebook – шахсони синни 25-44 сола мебошанд, яъне 78% истифодабарандагонро ҷавонон, ки дар навбати худ, объекти сиёсати ҷавонон мебошанд, ташкил медиҳад.

Сиёсати ҷавонон дар кишвар дар такя ба , асосан аз қисматҳои зерин иборат аст:

  • Таъмини ҳуқуқу манфиатҳо ва сифати таълиму тарбияи ҷавонон;
  • Талқини фаъолнокӣ — иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа;
  • Иттилоотонии ҷавонон оид ба сиёсати давлат, роҳнамоӣ ба роҳи дуруст ва таъмини амнияти онҳо /ҷомеа;
  • Ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон;
  • Шуғлнокӣ ва рушди (дастгирии) иҷтимоии ҷавонон;
  • Мустақилияти иқтисодӣ ва ташаккулёбии ҷавонон ба сармояи рушди инсонӣ

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон барои ба таври худкор рушд ёфтани рукнҳои идеологии ҷомеа боис мегардад. Яъне, чун аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, амалу фаъолияти махсус ва маблағҳои иловагӣ барои таҳкими нерӯи зеҳнии (идеологии) ҷамъият лозим намегардад.14-чавонон

Ҷавонон – аксари иштирокчиёни (кормандон, таълигирандагони) соҳаи маориф, хизматчиёни давлатӣ (40%), сарбозон ва афсарон, сохтмончиён, муҳоҷирони меҳнатӣ (60-65%) ва дигар гурӯҳҳоро ташкил медиҳанд. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ ва идоракунии мамлакат ҷавонон ё иштироккунанда ё саҳмгузоранд; истифодаи босамар ва ё роҳнамоии дурусти ин захираи инсонӣ, аз ҷумла тариқи имкониятҳои Интернет метавонад суръати рушдёбии иқтисодиёт ва иҷтимоиётро дучанд гардонад, ҷаҳиш диҳад, нерӯи зеҳнии ҷомеаро таҳким бахшад, ба дастёбии кишвар ба ҳадафҳои олии стратегӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Иттилоотикунонии сиёсати ҷавонон ҳамчун механизми муосир ва устувори рушд

Истифодаи ТИК имконият медиҳад, ки татбиқи босамар ва натиҷаноки сиёсати ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир таъмин гардад, аз ҷумла:

  • 29% ҷавонон тариқи барномаҳои таълимӣ / омӯзишӣ ба омӯзиши фосилавии забон, малака ва ҳунарҳои касбӣ фаро гирифта шавад. Технологияи мазкур ба рушди тахасуснокии ҷавонон тибқи талаботи бозори муосири меҳнат имконият медиҳад;Образования
  • 25% ҷавонон ба воситаи ташкили барномаҳои тамосгирӣ (чат) ҳамчун имконияти сӯҳбати телефонӣ, тамоси видеоӣ ва аудиоӣ ба чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратӣ ҷалб карда шавад. Ин усул ҳамчунин ҷавононро ба шуғлманди ташкили ҷойҳои кории фазоӣ талқин месозад;
  • 22% ҷавонон бо роҳи паҳн намудани маводҳои иттилоотии муфид ва ҷолиб дар шакли эълонҳо, хабарҳо, сабтҳои аудио ва видеоӣ ба маълумоти дуруст ва манфиатпазир таъмин карда шавад. Зимнан, усули мазкур асосҳои тарбиявии ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавононро ташкил медиҳад;
  • 17% ҷавонон таввасути таҳия ва дастраси онҳо намудани бозиҳои гуногуни ҷолиби зеҳнӣ (интеллектуалӣ) ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва манфиатбор машғул гардонида шаванд. Бо ин тарзи ҳавасмандгардонӣ метавон сатҳи иштироки ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон равнақ дод.Group of young people
  • 7% ҷавонон бо барномаҳои бисёрҷабҳа – ҳамаи 4 технологияҳои боло фаро гирифта шуда, ба омӯзиши илму касб ва машғулияти (меҳнати) манфиатнок равона карда шаванд. Ин технология ба рушди шуғлнокии ҷавонон ва ташкили захираи кадрии идоракунии иттилоотӣ имконият медиҳад.

Ҳамин тариқ, роҳу услуҳои эҳтимолии татбиқ ва ё расидан ба нишондиҳандаҳои болоро чунин пешниҳод мегарданд:

  • Такмили низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон бо назардошти принсипҳои амалии ТИК;18
  • Ташкили фаъолияти Маркази миллии зеҳнӣ-инноватсионӣ оид ба татбиқи ТИК ва ё ҳамгироии он ба сиёсати ҷавонон;
  • Такмили ихтисос, дониш ва касбияти субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати истифодаи ТИК;
  • Ташкили марказҳои иҷтимоии интернетии ҷавонон дар маҳалҳо.

© МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода – доктори илмҳои сиёсӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Душанбе-2020


[1] Омори солонаи ҶТ-2018, с.332-333

[2] ВЫРУЧКА ОПЕРАТОРОВ СВЯЗИ ТАДЖИКИСТАНА В ПЕРВОМ ПОЛУГОДИИ 2019 ГОДА СОКРАТИЛАСЬ НА 6,2% — https://telesputnik.ru/materials/tsifrovoe-televidenie/news/vyruchka-operatorov-svyazi-tadzhikistana-v-pervom-polugodii-2019-goda-sokratilas-na-6-2/

[3] Омори солонаи ҶТ-2018, с.46-50

[4] Отчет «Измерение информационного общества, 2017 год» -https://www.itu.int/ru/mediacentre/Pages/2017-PR60.aspx

[5] Информационно-коммуникационные технологии как агент социализации и инструмент образования современной молодежи — https://riss.ru/demography/demography-science-journal/34450/

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: