ТАШАББУСИ БАЙНАМИЛАЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Ташаббуси нахустини байналмилаии қонунгузорӣ – Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ – дар ҷаласаи 49-уми васеи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ (шаҳри Санкт-Петербург, 19 апрели с.2019) қабул гардид.

Таҳия лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ ҳанӯз соли 2016 ташаббус карда шуда буд, ки он бо қарори Ассамблеяи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ аз 25.10.2016, №8-4 ҷонибдорӣ шуда, ба баррасии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ пешниҳод гардид.

Дар робита ба ин, ҷиҳати такмили лоиҳаи мазкур аз ҳисоби намояндагони вакилони ҷавони парламентҳои давлатҳои ИДМ бо роҳбарии Миралиён Қ. А. гурӯҳи корӣ ташкил шуда, давоми 2,5 соли охир фаъолият намуд, таҷрибаҳо омӯхта шуда, самтҳои фаъолият мушаххас гардонида шуданд. Лоиҳаи мазкур дар чанде аз конференсияҳо ва форумҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, тавсия зимни корҳои таҳиясозӣ ба инобат гирифта шуданд.

Ҳамин тариқ, бо гузаштани тамоми расмиёти омодасозӣ ва мувофиқасозӣ бо парламентҳои давлатҳои ИДМ лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ бо пешбарии Комиссияи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба ҳуқуқи инсон ва Ассамблеяи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ бо қарори ҷаласаи васеи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ қабул гардида, барои истифода ба давлатҳои аъзои ИДМ ирсол гардид.

Лоиҳаи мазкур бо назардошти таҷрибаҳои амалии кишварҳои пешрафта ва рукнҳои илмии сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ҷиҳати таъсис ва рушди парламентҳои ҷавонон дар кишварҳои ИДМ таҳия гардидааст. Лоиҳа аз пешгуфтор, мафҳумҳои асосӣ, муқаррароти умумӣ, вазифаҳои асосии парламенти ҷавонон, тартиби ташкили (таъсиси) парламенти ҷавонон, принсипҳои асосии парламенти ҷавонон, асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолияти парламенти ҷавонон, ташаккулдиҳии парламенти ҷавонон, ваколатҳои парламенти ҷавонон, дастгирии давлатии парламенти ҷавонон ва муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад.

Ин ташаббус механизмеро ташкил медиҳад, ки ба фаъол гардонидани ҷавонон дар шароити рушди ҷомеаи муосир, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, инкишофи институти демкоратия ва василаҳои идоракунии иҷтимоӣ, таҳкими рукнҳои парламентаризм, омодасозии сарвар-ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи амну субот ва арзишҳои миллӣ, ҳамчунин муқовимат ба таҳдидҳои бегона / берунӣ мусоидат менамояд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: