БА ТАВАҶҶӮҲИ СУБЪЕКТҲОИ САЙЁҲӢ
Ҳадаф аз рӯи чоп баровардани ин мақола дар он аст, ки новобаста ба муқаррароти қонунгузорӣ, тафсирҳои илмӣ ва амалӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ, дар ҷомеа ҳанӯз нисбат ба мафҳумҳои сайёҳӣ, саёҳат, ташриф ва сафар нофаҳмоиҳои зиёд мавҷуд мебошанд. Нигароникунанда он аст, ки дар таҷриба / амалия қисме аз субъектҳо (маъмурияти ташкилоту муассисаҳо) мафҳум ва муқаррароти қонунгузориро оид ба соҳаи сайёҳӣ пурра дарк накардаанд, зимнан, ба хулосаҳо ва амалҳои носаҳеҳ роҳ дода истодаанд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки зимни масъалагузорӣ (муроҷиати субъектҳои сайёҳӣ) оид ба амалисозии саёҳати муташаккилона, бахсус дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қисми муайяни масъулин бар он назаранд, ки: «ташкили саёҳат бо ҷалби субъектҳои касбӣ – ширкатҳои сайёҳӣ хароҷотталаб аст, аз ин рӯ ташкили саёҳат барои мо, мустақиман (бевосита) муфид аст». Яъне, бинобар асли саёҳатро дарк накардан, сайру гашт ва мусофират ба он рабт дода шуда, талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҷорӣ вайрон гардида истодаанд.
Аз ин рӯ, дар мақолаи мазкур мафҳумҳои «сайёҳ (ташрифоваранда, мусофир)», «сайёҳӣ» ва «саёҳат» дар алоҳидагӣ бо дарназардошти муқаррароти қонунгузорӣ, тавсифҳои илмӣ ва амалӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ ва тафсир қарор дода мешаванд.
Тафсири мафҳуми «САЙЁҲ (ташрифоваранда, мусофир)»
Дар муносибатҳо ва ҷараёнҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла зимни истифодаи мафҳуми «сайёҳ», бинобар каммаълумотӣ ба саҳвҳои зиёд роҳ дода мешавад, ки оқибат ба танназули натиҷаҳо ва пайдо гардидани мушкилиҳои хусусияти низомидошта оварда мерасонад. Воқеан ҳам, на ҳамаи фаъолият ва ё амали хусусияти мусофиратдоштаи шахс ӯро ҳамчун сайёҳ муқаррар месозад, яъне ҳар сафар ва ё сайру гашт саёҳат пазируфта намешавад, агар нишондиҳандаҳо ва талаботи заруриро надошта бошад.
Дар ин росто, ҳар як сафари шахсро метавон ба ду гурӯҳ: 1) мусофират ва 2) ташрифоварӣ ҷудо намуд (Тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ-2008).
Мусофир (бо забони русӣ – «путешественник», бо забони англисӣ – «traveler») – шахсест, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат сафар (муосифрат) мекунад. Яъне, мусофир, ин шахси мусофиратдошта (сафаркунанда / дарсафарбуда) аст.
Сафар ва ё мусофирати шахс метавонад ҳаррӯза бошад, метавонад ҳар ҳафта ва ё ҳар моҳ бошад. Нишондиҳандаи асосии мусофират, ин мунтазам (такроран) сафар доштани шахс ба мавзеи муайян дар тули як сол мебошад. Мисол, рафтан ба ҷойи кор (агар аз ҷойи доимии истиқомат берун бошад), меҳмонӣ, машғулияти варзишӣ ва ғайра. Яъне, агар шахс ба ҷойе азми сафар кунад, ки тули як сол ба он ҷой нарафта бошад, пас, ин ташриф ва ё саёҳат арзёбӣ мегардад.
Ташрифоваранда / меҳмон / боздидкунанда (бо забони русӣ – «посетитель» / «гость», бо забони англисӣ – «visitor») – шахсест, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат, ба ҷойе сафар мекунад, ки дар муҳлати то як сол (на кам аз 12 моҳ) ба он ҷой нарафта бошад.
Аз ин ду мафҳум, мафҳуми «ташрифоваранда» ба сайёҳӣ ва ё саёҳати шахс хос мебошад, яъне на мусофир, балки ташрифоваранда ҳамчун сайёҳ муқаррар гардидааст. Зимнан, дар тамоми корбариҳои оморӣ ва таҳлилию тадқиқотӣ мафҳумҳои «ташрифоваранда» ва «сайёҳ» баробарарзиш ва ё баробармақом истифода бурда мешаванд, ки асос ё нишондиҳанда дар ин ҷо ташрифи яккаратаи шахс ба мавзеи муайян дар муҳлати як сол (на кам аз 12 моҳ) як маротиба муқаррар гардидааст.
Ташрифоваранда дар навбати худ, ба ду гурӯҳҳои зерин ҷудо мешавад:
- Сайёҳ – шахсе, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат ташриф меорад ва ҳади аққал як шаб (дар сафар) мемонад. Ин нишондиҳанда ташрифи шабонарӯзии шахс низ арзёбӣ мегардад;
- Ташрифоварандаи ҳаррӯза – шахсе, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат ташриф меорад, аммо дар он ҷой (дар сафар) шаб намемонад. Ин нишондиҳанда ташрифи рӯзонаи (якрӯзаи) шахс низ арзёбӣ мегардад.
Хулоса, сайёҳ шахсест, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат, ба ҷойе сафар мекунад, ки дар муҳлати то як сол (на кам аз 12 моҳ) ба он ҷой нарафта бошад. Сафари шахс, агар ба ин нишондиҳанда ҷавобгӯй набошад, саёҳат ба шумор нарафта, мусофират мебошад.
Тафсири мафҳуми «САЙЁҲӢ»
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» (моддаи 1) «сайёҳии дохилӣ» – ин саёҳати гуногунҷабҳаи шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили хизматрасонии муносиб дар ин соҳа мебошад. Яъне, сайёҳӣ, ин саёҳати муташаккилона бо хизматрасонии дахлдор мебошад, ки баҳри қонеъ гардонидани талаботи сайёҳии шахс равона карда мешавад.
Дар инҷо хизматрасонии муносиб ё сайёҳӣ, ин фаъолияти мақсаднокест, ки дар шакли хизматрасонӣ, кор ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қонеъгардонии дархост, талабот ва манфиатҳои маънавӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии сайёҳон ва ё шаҳрвандони майли сайру саёҳат дошта амалӣ гардонида мешавад. Зимнан, саёҳат дар он сурат муташаккилона арзёбӣ мегардад, ки агар бо хизматрасонии муносиб фаро гирифта шавад; хизматрасонӣ бошад, дар он вақт муносиб ва ё мувофиқ дониста мешавад, ки агар он аз ҷониби (бо ҷалби) субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба роҳ монда шавад.
Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, чи тавре қонунгузорӣ муқаррар намудааст, – шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул мебошанд. Яъне, ҳар нафар наметавонад ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул гардад ва ё мустақилона саёҳати гурӯҳи одамонро ташкил созад.
Қонунгузорӣ муқаррар намудааст, ки барои машғул шудан ба хизматрасонии сайёҳӣ шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ бояд ба талаботи зарурӣ ҷавбгӯ буда, иҷозатномаи ин намуди фаъолиятро дошт ва ё дар Феҳристи баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ (дар соҳаи сайёҳии дохилӣ) худро ба рӯйхат (ба қайд) гузошт.
Ҳамин тариқ хулоса карда мешавад, ки саёҳати ба таври мустақилона ё мустақим (худсарона, бидуни ҷалби субъектҳои (ширкатҳои) дахлдор) ташкилшуда, саёҳати муташаккил арзёбӣ намегардад. Ҳамчунин, ин амал, ки бар хилофи қонунгузорӣ мебошад, оқибатҳои муҷозотиро (ҷавобгариро) пеш меорад.
Тафсири мафҳуми «САЁҲАТ»
Мутобиқи Тавсияҳои байналмилалӣ оид ба омори туризм (2008) саёҳат ба фаъолияти сайёҳон ва ташрифоварандагон алоқаманд мебошад.
Саёҳат – ин ташрифи муташаккил ва мақсадноки шахс бевосита ва ба воситаи субъектҳои сайёҳӣ ба берун аз ҷойи доимии истиқомат, ба ҷойе, ки дар давоми як сол аввалин маротиба аст, мебошад.
Ҳар як ташриф / саёҳат дар он сурат муташаккил ва мақсаднок номида мешавад, агар он дар доираи хатсайри муайяни сайёҳӣ бо истифода аз хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва ё субъектҳои дигари ҳуқуқ ба фаъолияти сайёҳидошта ба роҳ монда шавад.
Хатсайри сайёҳӣ – тибқи қонунгузории ҷорӣ, ҷузъи асосии маҳсулоти сайёҳӣ буда, самти ҷуғрофии ҷойгиршавии сайёҳон ва ташрифи онҳоро ба объекти (мавзеъҳо ва маконҳои) сайёҳӣ муайян менамояд. Хатсайри сайёҳӣ бояд аз маълумоти умумӣ, харита, расмҳо, тарҳ (схема), дараҷаи эҳтимолии обу ҳаво ва дигар иттилооти тавсифдиҳандаи объекти интихобгардида иборат бошад.
Зимнан, хатсайри сайёҳӣ низоми хизматрасонии сайёҳиро дар шароити роҳандозӣ намудани муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии мутақобила байни субъектҳои сайёҳӣ ва контрсубъектҳо (хизматрасонон) ташкил медиҳад, ки он тамоми имкониятҳоро баҳри хизматрасонии роҳатафзо, бехатар, сифатнок ва манфиатовар ба сайёҳ фаро мегирад. Ин шароити хизматрасонӣ ҳамчун хизматрасонии касбии сайёҳӣ низ тавсиф карда мешавад.
Роҳатафзоии саёҳатро он амалҳое фаро мегиранд, ки аз ҷониби шахс амалисозии мустақилонаи онҳо ғайриимкон мебошад, аз ҷумла: таъмини воситаҳои ҳаракат, хизматрасонии нақлиёт ҳангоми сафар / ташриф; таъмини ғизои солим — хӯрок бо интихоби озод ва бо назардошти хоҳиши сайёҳ; таъмини шароити шабистии (меҳмонхонаи) муносиб бо хусусиятҳои хос ва мувофиқ ба талаботу имконияти сайёҳ.
Бехатарии саёҳат: дар давраи саёҳат шахсро зарур мегардад, ки кафолати якчанд амалҳоро (муносибатҳоро) барои бехатарӣ, тандурустӣ ва ғайра ба даст орад, аммо татбиқи ин талабот барои шахс, дар танҳоӣ имконпазир намебошад. Зимнан, дар доираи саёҳати муташаккил таъмин мегарданд: ҳаракати бехатар тавассути нақлиёт; суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва фавқулода; савории бехатар воситаҳои зудҳаракат; ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳо ҳангоми саёҳат ва ғайра.
Сифатнокии саёҳат аз нишондиҳандаҳое иборат аст, ки татбиқи онҳо танҳо ба гурӯҳи касбӣ – субъектҳои сайёҳӣ имконпазир мебошад, аз ҷумла: таъмини маълумот ва иттилооти саҳеҳ оид ба мавзеъҳои (объектҳои) сайёҳӣ (ҷалби шахсони соҳибкасб ба сифати роҳбалад , ки аз лаҳзаҳои оғози саёҳат гурӯҳи сайёҳонро ҳамроҳӣ ва роҳнамоӣ менамояд); таъмини хизматрасонии тарҷумон; дастрасӣ ба маводҳои иттилоотӣ оид ба мавзъҳои (объектҳои) сайёҳӣ, таърихи пайдоиши онҳо, шароитҳо ва имкониятҳои онҳо.
Манфиатоварии саёҳат: дар давраи ташрифоварӣ шахс дар назди худ талаботи муайян мегузорад, ки барои расидан ба онҳо хизматрасонии касбӣ (қобилият, маҳорат, дониш ва маҷмӯи имкониятҳое, ки сайёҳ / шахс онҳоро надорад) зарурат пайдо мекунад, зимнан, ин гурӯҳи талабот аз ҷониби субъектҳои сайёҳӣ қонеъ гардонида мешаванд, аз ҷумла: таъмини иттилооти зарурӣ ва муносиб оид ба мавзеъҳои (объектҳои) сайёҳӣ дар шакли рӯйдодҳои воқеӣ; таъмини иштироки сайёҳ дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатии васеъҳаҷми ҷумҳуриявӣ, умумимиллӣ ва байналмилалӣ; ташкили шароитҳо ҷиҳати шиносоӣ (аз наздик) бо анъанаҳо ва урфу одатҳои миллии минтақаҳои гуногуни кишвар (хӯрокпазӣ, ҳунармандӣ, хониши суруд, рақс, косибӣ ва ғайра); фароҳам овардани вазъияти мусоид барои сайёҳ ҷиҳати дарёфти дӯстони нав, имкониятҳои ташаккулёбӣ, рушди шахсият ва фаъолияти касбӣ; таъмини фурсат ҷиҳати иштирок дар эҳё гардидани имкониятҳо ва дастовардҳои нав ва муосири миллии фарҳангӣ ва ғайра.
Хулоса, саёҳат хусусияти касбӣ ва муташаккилӣ дошта, он танҳо дар сурати ҷалб гардидани ширкатҳои сайёҳӣ ва ё субъектҳои дигари ҳуқуқ ба фаъолияти сайёҳӣ дошта, ки чунин хосиятҳоро (талабот ва имкониятҳоро) доранд, амалишуда ва босамар ба ҳисоб меравад.
ПЕШНИҲОДУ ТАВСИЯҲО
Бо дарназардошти таҳлилҳои боло, муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, талабот ва меъёрҳои байналмилалии сайёҳӣ ва татбиқи масъулияти касбии маъмурӣ амалисозии тадбирҳои зерин тавсия мегарданд:
- Иштироки фаъол ва саҳм гузоштан дар таҷлили бошукӯҳи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;
- Омӯзиш, таҳлил, татбиқ ва амалисозии саривақтии уҳдадориҳо ва масъулиятҳои касбӣ, ки аз қонунгузорӣ, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» бармеоянд;
- Истифодаи дуруст ва бамавриди мафҳумҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла мафҳумҳо ва ифодаҳои болозикр дар фаъолияти касбӣ;
- Ташкили саёҳати муташаккилона ва мақсаднок дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хизматрасонии (ширкатҳои) сайёҳӣ;
- Ҷалби мутахассисон ва фароҳам овардани шароитҳо ҷиҳати рушди рукнҳои соҳаи сайёҳӣ дар маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ ва дар заминаи ташкилоту муассисаҳо.
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ
МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН АБДУСАЛИМЗОДА
One Reply to “ТАФСИРИ МАФҲУМҲОИ САЙЁҲӢ ВА САЁҲАТ: САҲЕҲНОКӢ ВА МАСЪУЛИЯТ АСОСИ РУШДИ МУНОСИБАТҲО”