Баъзан пандҳо аз таҷрибаи рӯзгор ва ҳаёти бузургон ҳамчун роҳнамои хонандагони сомона манзур мегардад.
ДАР БОБИ ДАСТГИРӢ ВА ПЕШБАРӢ
-
Корҷӯяндаро кор додан рисолати соҳибкор аст, вале ҳиммати хирадманд ӯро кор омӯзонидан ва дарёфти роҳи корро нишон додан аст, зеро роҳёбӣ бартар аз корёбист!
-
Шарти шахси гуруснаи бохирад аз моҳидори хайрпеша на гирифтани моҳӣ, балки омӯхтани ҳунари моҳидорӣ мебошад, зеро хӯрдани моҳӣ ӯро як лаҳза аст, аммо нафъ аз ҳунари моҳидорӣ як умр.
-
Инсон ҳамеша ниёз ба навозиш ва таваҷҷуҳ дорад, вале сарвар /идоракунанда аз он бояд ҳамеша дурӣ ҷӯяд.
-
Мулкро бо навозишу меҳрубонӣ обод нахоҳӣ кард, дар ин роҳ мебояд иродаи қавӣ дошт, қатъӣ, сахтгир ва серталаб буд.
-
Ба болои ҳар донишманде донишманде ҳаст!
-
Инсонро тамоми ҳаёт ниёз ба роҳнамое ҳаст, аммо роҳнамоӣ на ҳар касро хос аст, ба ҷуз хирадмандон.
-
Дар ин дунё ҳама мемиранд, вале кам одамоне ҳастанд, ки дар ҳақиқат зинадгӣ мекунанд.
-
Идоракунӣ ва фармонфармоӣ ҳар касро метавонад бошад, аммо роҳнамоӣ ва пешбарию пешвоӣ танҳо хоси хирадмандон аст.
-
Идоракунӣ на дар фармонбарорию дарбарндӣ ва на дар талаби фармонбардорӣ аст, балки санъати роҳкушоӣ ва дарёфти роҳи фармонравии роҳкушоён аст.
ДАР БОБИ БОВАРӢ ВА САДОҚАТ
-
Боварӣ, эътимод ва садоқат барои инсон манбаи тавлиди орзую умедҳои нек ба оянда мебошад, пояи меҳр ва муҳаббатро устувор мегардонад.
-
Боварӣ асоси зиндагии имрӯзи инсон аст, сазовор набудан ба он баробар ба набудани ҳаёт аст.
-
Ҷамъият барои инсони оқил дар созгории ҳаёт такягоҳ аст, аммо он барои инсони беандеша манбаи ғаму андуҳ ва нокомиҳо.
-
Аҳдшиканӣ, беандешагӣ ва пеш гузоштани нафси ҳаловатовар оқибат ба гумроҳӣ, нопокӣ ва хиёнат, на танҳо ба наздикону дӯстон, балки ба худи инсон оварда мерасонад: — як лаҳзаи садоқат ва эътимоднокию осудагӣ беҳ аз ҳазорон, ҳазорон лаҳзаи ҳаловатовари беҳайёист.
-
Нафси ҳаловатпеша инсонро лаҳзаест, вале оқибати доғдори он як умр.
-
Инсон-зан ҳамеша бояд бордори як боғ бошад, вагарна харобкунандаи ҳамагуна боғ мегардад; имрӯзу охирати худро барбод медиҳад.
-
Касро агар нафси ӯ гумроҳ кард, ҳеҷ роҳи ростро намепазирад, кар мешавад, кӯр мегардад; гӯё худ танҳо ҳақ асту боқӣ ҳама ноҳақ.