Вакилони мардумӣ ба рушди туризми дохилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди туризми дохилӣ” баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2015, дар назди Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби (аз ҳисоби) мутахассисони масъули вазорату идораҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, андоз, Академияи илмҳо, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Агентии миллии “Ховар”ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризм гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Ин масъала дар шароити имрӯза яке аз усулҳои муосир ва мувофиқ, бахусус барои кишварҳои рӯ ба таррақӣ чун Тоҷикистон, ин ташаккул ва рушди туризми дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки бо ин роҳ метавон дар муддати кутоҳ ва сарфаи маблағ хадамоти (инфрасохтори) зиёди туристӣ ташкил намуд ва маърифат, маданият ва фарҳанги шаҳрвандонро дар самти хизматрасонии туристӣ баланд гардонид.
Бо ҳамин мақсад якгуруҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия намудани лоиҳаи Қонунро “Дар бораи рушди туризми дохилӣ” тасмим гирифтаанд.
Дар ҷаласаи навбатӣ зимни баррасии Гуруҳи корӣ таҳрири нахустини лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди туризми дохилӣ” қарор дода шуд. Иброз гардид, ки лоиҳа аз 11 боб ва 65 модда иборат буда, тамоми муносибатҳои ҳуқуқии танзимиро дар самти рушди туризми дохилӣ фаро мегирад.
Аъзои Гуруҳи корӣ аз рӯи ҳар як модда назари худро иборз дошта, дар умум лоиҳаро комилгашта баҳогузорӣ намуданд.
Фаъолияти Гуруҳи корӣ идома дорад.