Марказҳои ҷавонон дар Тоҷикистон: ҳолат ва пешомадҳо

УДК: 329.78.-055
Миралиён, К.А. Молодежные центры в Таджикистане: состояние и перспективы. Вестник «Таджикистан и современный мир». №7 (50) 2015. Душанбе: Эр-граф, 2015. С. 135-144
МАРКАЗҲОИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН:
ҲОЛАТ ВА ПЕШОМАДҲО
Дар мақола масъалаҳои марбут ба фаъолияти марказҳои ҷавонон дар ҳамбастагӣ ба таъмини шуғлнокии алтернативии ҷавонон дар шароити Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Вазъи шуғлнокии ҷавонон ва зарурати таъсиси марказҳои ҷавонон барои паст намудани сатҳи бешуғлӣ, аз ҷумла бекорӣ дар байни ҷавонон марвиди таҳлил қарор дода шудааст. Намудҳои марказҳои ҷавонон ва самтҳои фаъолияти онҳо оварда мешавад. Тадбирҳои алоқаманд барои васеъ гардонидани шабакаи марказҳои ҷавонон ва фарогирии ҷавонон бо маҷмӯи хизматҳои таъминкунандаи инкишофи ҳаматарафаи насли ҷавон пешниҳод карда шудаанд.
Калимаҳои асосӣ: ҷавонон, шахсони ҷавон, маркази ҷавонон, шуғлнокӣ, кишвар, ҷомеаи муосир, таҳлил, бозор, зарурат, рушд, бекорӣ, маърифатнокӣ, қимат, таълим.
МОЛОДЕЖНЫЕ ЦЕНТРЫ В ТАДЖИКИСТАНЕ:
СОСТОЯНИЕ И ПЕРСПЕКТИВЫ
В статье рассматривается вопросы функционирования молодежных центров в разрезе обеспечения альтернативной занятости молодежи в условиях Таджикистана. Проведен анализ ситуаций занятости молодежи и необходимости создания молодежных центров для снижения уровня незанятости, включая безработица среди молодых людей. Определены виды молодежных центров и направления их деятельности. Предложены соответствующие меры по расширению сети молодежных центров и их охват молодежи комплекс услугам, обеспечивающих полноценному развитию молодой поколении.
Ключевые слова: молодежь, молодые люди, молодежный центр, занятость, страна, современная общества, анализ, рынок, необходимость, развитие, безработица, просвещение, стоимость, обучения.
YOUTH CENTERS IN TAJIKISTAN:
SITUATION AND PERSPECTIVE
In the article is considerate the issues of youth centers function in connection ensuring employ for youth in condition of Tajikistan. There is analyzed situation youth employment and necessity of establishment youth centers for decreasing level of unemployment among youth. There are determined the types and directions of youth centers and they activity. Offered appropriate measures for widening of set of youth centers and cover youth in complex services, which would be assisted full development of young generation.
Keywords: youth, young people, youth center, employment, country, modern society, analyze, market, necessity, development unemployment, education, expenditure, training.
Шахс дар ҳаёт доимо дар ҷустуҷӯ аст. Инсон дар рӯи замин баҳри қонеъ гардонидани талаботҳои рӯзмара ва манфиатҳои фардӣ ба амалҳои гуногун машғул мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо дар роҳи бадастории манфиатҳо ба кирдору рафторҳои хуб ва адолатнок ва дар баъзе ҳолатҳои дигар, ба рафторҳои номатлуб, ки ҳаёти осоиштаи ҷамъият ва ё шахсони алоҳидаро халадор менамоянд, даст мезанад. Ин амали табии инсон аст ва ба кадом самте, ки худи фард онро равона созад ва ё ҷомеа ба он боис гардад, ба ҳамон самт меравад. Агар ба самти некӣ равона гардад, пас натиҷаҳои нек ба даст оварда мешаванд, вале агар ба самти бад, пас оқибати нохуб ва ногуворӣ ба бор меояд.
Аз ин рӯ, дар ин мақола маҳз масъалаҳои равона сохтани насли ҷавон ба самтҳои самаранок ва нек дар ҳаёти ҳамарӯза ва бо тақозои ҷомеаи муосир тавассути ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои махсусгардонидашуда баррасӣ мегардад.
Дар шароити ҷомеаи муосир яке аз усулҳои тарбияи комили ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна омилҳои номатлуб, ин шуғлмандии онҳо мебошад. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш қарор дорад, масъалаи машғулияти шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ки аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, мубрам арзёбӣ мегардад.
Мебояд иброз намуд, ки шуғлнокӣ ва ё шуғлмандӣ на танҳо ба фарогирӣ бо меҳнат алоқамандӣ дорад, балки он як ва ё якчанд амалҳои муташаккили шахсро, ба монанди машғулияти варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, таҳсил, хизмати ҳарбӣ, такмили дониш ва малака, сайёҳат, кор, хизматрасонӣ ва ғайра фаро мегирад [1].
Тибқи омори расмӣ 70% аҳолиро шахсони то 30 сола ташкил медиҳанд. Ҷавонон бошад, ки тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ шахсони 14-30 сола буда [2], 35%-и аҳолиро (3,1 млн. нафар) ташкил медиҳанд.
Дар соли 2013 сатҳи шуғлнокии ҷавонон дар кишвар 1,7 млн. нафарро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2012 6,8% афзоиш ёфтааст [3]. Аммо ин рақам аз шумораи умумии ҷавонон ҳамагӣ 81,1%-ро ташкил медиҳад, яъне мақоми шуғлмандии 17,9%-и ҷавонон номуайян боқӣ мемонад, ки ба қатори онҳо ҷавонони бекор (ҳамагӣ 31,7 ҳазор нафар [4]) ва ҷавонони машғули фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ бударо шомил кардан мумкин аст, гарчанде ин рақам бақияи хело зиёдро ҳам ташкил диҳад.
Маҳз ҳамин қишр бештар ба шуғлҳои гуногун ниёз дорад, зеро қувва ва товоноии онҳо бинобар каммашғулиятӣ метавонад ба самтҳои ногувори ҳаётӣ равона гардад, агар мо ин гурӯҳи пурҳаракати ҷомеа-ҷавононро ба самтҳои неки ҳаётӣ равона насозем.
Ҳамин тариқ, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғлмандии насли ҷавон, тарбия ва омода намудани онҳо дар роҳи худташаккулёбӣ, эмин будан аз рафтору кирдорҳои номатлуб ва муқовиматнокӣ ба тазодҳои ҷомеаи муосир таъсис ва рушди марказҳои ҷавонон дар стаҳи тамоми шаҳру ноҳияҳо ба вуқӯъ мепазирад.
Зарурати ташаккул додани марказҳои ҷавонон дар кишвар пеш аз ҳама ба ҷавон будани Тоҷикистон аз нигоҳи аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Чун ҷавонон зиёданд барои онҳо ҷиҳати тарбияи комил ва мусоидат ба худташаккулёбӣ ва худамалигардӣ фароҳам овардани шароити мусоид зарурат пайдо мекунад. Бахусус масъалаи машғул гардонидани ҷавонон ба такмили дониш, малака, касбомӯзӣ, эҷодкорӣ, ташкили фароғат, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғайра мувофиқи мақсад мебошад.
Тибқи таҳлилҳои мавҷуда дар соли 2013 тавассути 11 марказҳои амалкунандаи ҷавонон 130 ҳазор нафар бо хизматрасонӣ фаро гирифта шуданд, ки 9,3%-и ҷавонони бешуғлро ташкил медиҳад. Аз ин ҷо бармеояд, ки як маркази ҷавонон тавоноии дар як сол/рӯз таъмин намудани 11800/32 нафарро бо хизматрасонии алоқоманд дорад [5]. Албатта, дар ҳоле, ки дар як ноҳия даҳҳо ҳазор (дар шаҳру ноҳияҳои калон садҳо ҳазор) ҷавонон зиндагӣ мекунанд, барои як марказ фарогирии 32 нафар дар як рӯз хело кам мебошад, вале бо расидан ба ҳамин нишондиҳанда низ дар сатҳи ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мо метавонем сатҳи шуғлмандии ҷавонони кишварро хело зиёд кунем.
Ҳамин тариқ, аз ин ҷо бармеояд, ки дар сурати зиёд намудани теъдоди марказҳои ҷавонон, аз ҷумла дар ҳолати расонидани шумораи онҳо ба 68 адад (яъне, ба ҳар як ноҳия як адад) сатҳи шуғлмандии ҷавонон то 7 маротиба баланд гардида, мувофиқан сатҳи бешуғлӣ кам мегардад. Инчунин, агар ин тамоюли нек то ба сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рушд дода шуда, ба 427 адад расонида шавад, пас дар як рӯз 13,6 ҳазор ҷавонон бо шуғли гуногун фаро гирифта шуда, аз рафтору кирдорҳои номатлуб эмин мемонанд, гузашта аз ин сатҳи маърифатнокӣ ва малакаҳои ҳаётии онҳо зиёд мегардад, ки ин нишондиҳанда барои кишвари ҷавон ва тозаистиқлоли мо хело муҳим арзёбӣ мегардад.
Тибқи таҷрибаи андухта ва таҳлилҳо тақрибан барои роҳандозӣ намудани чунин як маркази ҷавонон дар Тоҷикистон аз 2 то 15 миллион сомонӣ (0,5-3,5 млн. доллари ИМА) лозим меояд. Аз тарафи дигар, мувофиқи натиҷаҳои татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2014 барои ба шуғл фаро гирифтани як нафар ҷавон, то ин ки ба роҳи бад наравад ва машғули донишандузию маърифатнокӣ ва умуман фаъолияти манфиатбахш бошад, тақрибан 40 сомонӣ (7 доллари ИМА) барои як сол (3,3 сомонӣ/моҳ) лозим мегардад.
Чӣ тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, барои ташкил кардани як ҷойи корӣ ҳадди минималӣ 10 ҳазор доллари ИМА лозим мебошад, вале қиммати ба шуғл (ба ғайр аз ҷойи кори доимӣ) фаро гирифтани ҷавонон дар марказҳои ҷавонон нисбат ба қиммати меҳнат 5900% ё 59 маротиба кам арзёбӣ мегардад.
Барои як ҷой

(бо долл.ИМА)

Барои фарогирии 11,8 ҳазор нафар/сол

(бо долл.ИМА)

Арзиши сохтмони як марказ

(бо долл.ИМА)

Қимати шуғлнокӣ (бемењнат) 7 82600 2 млн.
Қимати шуғли меҳнатӣ (ба ҳисоби минималӣ) 10000

(дар Эстония 5000, дар Қазоқистон 150000) [6]

118000000

(118 млн.)

118 млн.
Таносубнокӣ бо % 1428% 5900%

Яъне, бар ивази таъсиси 11,8 ҳазор ҷойи корӣ, метавон 59 марказ сохтмон намуд ва дар як сол 696,2 ҳазор нафарро бо шуғолнокии бе меҳнат фаро гирифт. Чунки, ба шуғлмандии меҳнатӣ танҳо мутахассисони соҳибихтисос, соҳибкасб ва соҳибтаҷриба ноил мегарданд, вале ба шуғлнокии ғайри меҳнат дилхоҳ шахс, аз ҷумла бекорон, варзишгарон, донишҷӯён, хонандагон, хонашинон ва ғайра.
Аз тарафи дигар, барои қисми зиёди ҷавонон аз меҳнат дида, шуғлмандӣ бартариятнок мебошад, чун онҳо имкони омӯзиш, дастрасӣ, такмили малака ва ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, тандурустӣ ва ғайраро пайдо мекунанд.
Аз ин ҷо бармеояд, ки барои ҷавонон дар шароити имрӯзаи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон таъсиси марказҳои ҷавонон афзалиятноктар мебошад.
Дар пайвастагӣ ба ин ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани насли ҷавон, тарбия ва омода намудани онҳо барои рушду такомулёбӣ дар муқобилият ва муқовиматнокӣ ба тазодҳои ҷомеаи муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва рушди марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар воқеъ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таъмини таълиму маърифати сифатнок ва муассирро барои ҷавонон тақозо менамояд. Дар ҷаҳони муосир бисёр механизмҳое ташаккул ёфтаанд, ки дар ин самт рӯи кор қарор доранд. Бахсус системаи маориф, ки дар як рӯз ҳудудан 3-4 соат бо шахси ҷавон бевосита кор мекунад ва таълим медиҳад. Вале, чун ҷаҳони шахси ҷавон, қобилияти зеҳниву ҷисмонии ӯ серталаб аст, ӯ доимо дар ҷустуҷӯй ва ҳаракат аст. Яъне, машғул гардонидани ӯ дар як рӯз то 3 соат талаботи воқеии ӯро қонеъ намегардонад ва зарур аст, ки ин фосилаи (ҷойи холигии) фарогирӣ ва ё машғулгардонии шахси ҷавон пур карда шавад, то ӯ баро беҳудагардӣ, оворагардӣ ва корҳои ношоям имкон пайдо накунад.
Дар баробари ин, вобаста ба талаботи таҳсилоти муосир ва бозори меҳнат таълимоти мактабӣ, бахусус дар шароити кишвар ба шахси ҷавон кифоягӣ намекунад. Имрӯз дилхоҳ шахси ҷавонро зарур аст, ки ҳануз аз хурдсолӣ малакаи кор бо дастгоҳҳои компютерӣ ва шабакаи интернетро дошта бошад, забони русӣ ва ё ангисиро дониста бошад ва аз ин гузашта, аллакай касб ва ихтисоси худро интихоб карда бошад – ҳамин аст ҷаҳони воқеии шахси ҷавони муосир.
Ҳамчунин, боиси зикр аст, ки фарди ҷавон аз таълим дида, бештар ба фароғат ва даву тоз майлу рағбат дорад. Ин маънои онро надорад, ки ҳаёти ҷавононро рангин ва пур аз фароғат намоем, вале зарур аст, ки тавозуни таълиму тарбия ва мустақилият, аз ҷумла фароғати шахси ҷавон таъмин карда швад, то ӯ камолоти пурра бинад.
Бо дарназардошти таҳлили боло таъмини шуғлонкоии ҷавонон, аз ҷумла бо хизматҳо ва барномаҳои маҷмӯӣ фаро гирифтани онҳо хусусияти афзалиятнок пайдо намудааст, ки дар ин росто нақш ва ё имконоти марказҳои ҷавонон саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҷумҳурӣ 53 марказҳои ҷавонон дар ду шакл, шахси ҳуқуқӣ ва бе мақоми ҳуқуқӣ фаъолият доранд, аз ин 9 марказҳои ҷавонон шахси ҳуқуқӣ буда, дар шакли корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва муассисаҳои давлатӣ, ки пурра мустақил мебошанд, фаъолият карда истодаанд.
Дар баробари ин, марказҳои ҷавонон ба якчанд навъ ҷудо мешаванд. Аз ҷумла, аз шумораи умумӣ 34 марказҳои ҷавонон, 27 марказҳои маърифатию иттилоотии хайрхоҳона ба ҷавонон ва 5 марказҳои ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи ҷавонон. Ҳамчунин, дар тобеияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 Марказҳои тибию машваратии ҷавонон фаъолият доранд, ки мунтазам ҷавононро бо хизматрасонии таббии дастрас фаро мегиранд.
Мутаассифона дар сатҳи маҳалҳо вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҷавонон, бахусус таъсиси марказҳои ҷавонон начандон таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Шаҳодати ин гуфтаҳо он аст, ки теъдоди марказҳо ҳатто ба 10 ҳазор нафар ногувор арзёбӣ гардидааст, ҳол он ки ҳар як Марказ дар як сол иқтидори бо хизматрасонии сифатнок фарогирии ҳамагӣ 2000 ҷавонро дораду халос. Бо назардошти ин меъёр фарогирии марказҳо дар як сол 114000 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба шумораи умумии ҷавонон (14-30 сола) 3,7%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар ВМКБ 3 маркази ҷавонон, Суғд 10 марказ, Хатлон 20 марказ ва НТҶ 19 марказ барои ҷавонон ба хизматрасонӣ машғуланд. Дар шаҳри Душанбе Маркази маҷмӯии ҷавонон, ки дар заминаи собиқ кинотеатри 8 март фаъолият дорад ва ба ҷавонон хизмат мерасонад ва он зерсохтори мақомоти ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб, Ғончӣ, Зафаробод, Қайроққум, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Чкалов, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Норак, Бохтар, Вахш, Қумсангир, Панҷ, Қубодиён, Восеъ, Ховалинг, Шӯрообод, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Фирдавсӣ, Турсунзода, Рӯдакӣ, Тавилдара, Роғун, Файзобод, Сино ва Шоҳмансур бошад, мутаассифона маркази ҷавонон вуҷуд надорад, ки то андозае ин мушкилотро ба афзоишёбии бекорӣ ва омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, ҷудошавӣ, худкушӣ, худсузӣ, экстремизму терроризм ва ғайра рабт додан мумкин аст.
Дар умум марказҳои ҷавонони дар ҳоли ҳозир фаъолиятдошта 37% ҷавононро (ба 10 ҳазор нафар) бо хизматрасонӣ фаро гирифта метавонистанд, вале мутаассифона на ҳамаи онҳо фаъолияти устувор доранд, чун ҳамагӣ 4 марказ дар тавозуни Кумита буда, 82,4% марказҳо моликияти коммуналӣ\мақомоти маҳаллӣ, 11% марказҳо дар тавозуни КВД «Тоҷиккино» мебошанд. Ҳамчунин, бинобар сабаби таъмирталабу ниёзи таҷҳизоти корӣ доштан 35,8% марказҳо камфаъоланд ва ё фаъолият надоранд.
Албатта дар инҷо зарур аст, ки фаъолияти воқеии марказҳои ҷавонони амалдошта низ нишон дода шавад.
Марказҳои ҷавонон сол аз сол ба дастовардҳои зиёд ноил гардида истодаанд. Дар заминаи тамоми марказҳо дар кишвар давраҳои омӯзиши компютерӣ, интернетӣ, забонҳои хориҷӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, соҳибкорӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, семинарҳо, мулоқотҳо, машвартҳои ҳуқуқию психологӣ, хадамоти телефони боварӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Хизматрасонии марказҳо, аз ҷумла давраҳои омӯзишӣ дар ду шакл сурат мегиранд, бемузд ва имтиёзнок. Давраҳои омӯзишии бемузд барои ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва ҷавонони осебпазир, аз қабили маъюбон, оворагардон, бепарасторон ва ғайра ташкил карда мешаванд. Давраҳои имтиёзноки пулакӣ бошад, барои қишрҳои ҷавони дорои имконияти иқтисодӣ бо дарназардошти 30-50% пастар аз нархи дохилӣ нисбат ба шакли хизматрасонии алоқаманд, амалӣ гардонида мешаванд.
Ин намуди хизматрасонии марказҳо оғоз аз соли 2005 амалӣ гардида истодааст ва ҳамасола афзоиш меёбад. Барои мисол, дар соли 2011 давраҳои омӯзишии алоқамандро 1600 нафар бо малакаи забонҳои хориҷӣ, 800 нафар бо малакаи дӯзандагӣ ва 370 нафар бо малакаи соҳибкорӣ хатм намуданд.
Дар баробари ин, доираи соҳибкорӣ низ ҳамасола ҳазорон наврасону ҷавононро бо омӯзиши малакаҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ ва дӯзандагӣ фаро мегиранд. Ба ин қабил хадамоти соҳибкорӣ, марказҳои забономӯзӣ ва компютерии ғайридавлатӣ дохил мешаванд. Теъдоди чунин хадамоти соҳибкорӣ низ ҳамасола афзоиш ёфта истодааст, ки манфиатбахши соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷомеа аст.
Заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти марказҳои ҷавононро бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон то соли 2020, банди 20 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012 №34 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2005 №184 «Оид ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар аз 21 майи соли 2005 баён гардидаанд» ва ғайра ташкил медиҳад.
Дилхоҳ фаъолият барои ба бор овардани самара дар доираи чаҳорчӯбаи муайян роҳандозӣ мегардад. Фаъолияти марказҳои ҷавонон, ки аслан хусусияти иҷтимоӣ дошта, ҳамарӯза ба хазматрасонии маҷмӯӣ ба садҳо ҷавонон нигаронида шудааст, ба чунин навъ чаҳорчӯба ниёз дорад.
Марказҳои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду шакл, шахси ҳуқуқӣ ва бе мақоми ҳуқуқӣ ҷудо мешаванд.
Тибқи қонунгузории ҷорӣ маркази ҷавонон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба чунин шаклҳо ҷудо мешавад:
 корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон»;
 муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон».
Дар шакли бе мақоми ҳуқуқӣ бошад, маркази ҷавонон ба навъҳои зерин ҷудо мешавад:
 маркази ҷавонон;
 маркази маърифатию иттилоотии хайрхоҳона ба ҷавонон;
 маркази тиббию машваратии ҷавонон.
Фаъолияти марказҳои ҷавонон аз самтҳои зерин иборат мебошад:
 баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, маълумотнокӣ ва дониши ҷавонон дар самти ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ, фарҳангдустӣ, ҳувияти миллӣ, ахлоқи ҳамида, таҳаммулпазирӣ, мустақилияти иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ;
 ташкил ва дастгирии фаъолияти эҷодӣ ва ихтироотии ҷавонон, аз ҷумла дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва истеҳсолотӣ;
 фароҳам овардани имконият барои худфаъолияти фарҳангӣ ва фароғатии ҷавонон;
 ташкили давраҳои омӯзишӣ оид ба забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ, малакаҳои дузандагӣ, пазандагӣ, соҳибкорӣ ва дигар малакаҳои ҳаётӣ барои наврасон ва ҷавонон;
 фароҳам овардани шароит, аз ҷумла ташкили омӯзишҳо, таҷрибаомӯзӣ, дастрасии қарзҳои имтиёзнок барои мустақилияти иқтисодӣ, бахусус фаъолияти соҳибкории ҷавонон;
 дастгирии иҷтимоии ҷавонони осебпазир, осебдида, маъюб ва оворагад;
 ҷалб ва дастгирӣ намудани фаъолияти волонтёрии ҷавон дар самти пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз рӯи принсипи «ҳамсол ба ҳамсол» ва ба анҷом расонидани амалҳои иҷтимоии хайрхоҳона;
 ба анҷом расонидани хизматҳои машваратӣ ба ҷавонон оид ба мушкилоти ҳаётӣ;
 ба роҳ мондани машғулиятҳо/тренингҳо барои такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон;
 мунтазам баргузории машғулиятҳо/семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи наврасон ва ҷавонон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ;
 ташкили маҳфилҳои варзишию оммавӣ ва баргузории чорабиниҳои алоқаманд дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим;
 ташкили намоиши барномаҳои театрӣ ва кинофилмҳо.
Бо дарназардошти талаботи воқеии ҷавонон ва ташкилотҳои ҷавонон сохтори ташкилию амалии марказҳои ҷавонон аз хадамоти зерин иборат шуда метавонад:
 толори тамос (маркази робитаҳо) – барои ташкили корҳои идорӣ;
 толори калон – барои баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ (барномаҳои театрӣ ва кинофилмҳо);
 толори хурд (маҷлисгоҳ) – барои баргузории ҷамомадҳои корӣ, тренингҳо, семинарҳо ва ғайра;
 ҳуҷраи эҷодиёт – барои ташкили маҳфилҳои худфаъолияти эҷодӣ ва ихтироотии ҷавонон;
 ҳуҷраи маънавиёт – барои ташкили маҳфилҳои худфаъолияти фарҳангӣ ва фароғатии ҷавонон;
 синфхонаи забономӯзӣ – барои ташкили давраҳои омӯзишӣ оид ба забонҳои хориҷӣ;
 синфхонаи иттилоотӣ — барои ташкили давраҳои омӯзиши кор бо технологияҳои иттилоотӣ/компютерӣ;
 синфхонаи дӯзандагӣ – барои омӯзиши малакаҳои дузандагӣ;
 ҳуҷраи ихтиёриён – барои фаъолияти маҳфилҳои стипендиятҳо ва ихтиёриёни ҷавон;
 ҳуҷраи машваратӣ — барои ташкили хадамоти машваратӣ ба ҷавонон оид ба мушкилоти ҳаётӣ;
 толори варзишӣ – барои ташкили маҳфилҳои варзишӣ-оммавӣ ва баргузории чорабиниҳои алоқаманд дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим.
Дар пайвастагӣ ба таҳлили боло ва бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ташаккули низоми фаъолияти марказҳои ҷавонон ва ба баробар зиёд намудани теъдоди онҳо дар кишвар, аз ҷумла дар сатҳи ҳар як ҷамоат таъсис додани маркази ҷавонон ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар шароити Тоҷикистон дар баробари сохтмони марказҳо истифода бурдани биноҳои бекорхобида низ имконпазир мебошад. Чунин биноҳо ҳамеша дарёфт мегарданд. Барои мисол, дар Ҷумуҳурии халқии Хитой, ки кишвари пешрафта аст, истифодаи биноҳои заводу фабрикаҳои муфлисгардида дар шакли маркази омӯзишу омодасозии ҷавонон ба риштаҳои гуногуни касбу ихтисосмандӣ ташаббус карда шудааст.
Барои ин ва бо дарназардошти шароити иқтисодии ҷумҳурӣ зарур аст, ки мақомоти марказӣ ва маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби доираи васеи соҳибкорон ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ марказҳои гуногуншакли ҷавононро бо хизматрасонии мухталифи муҳим барои ҷавонон ба таври бемузд ва имтиёзнок таъсис бидиҳанд. Зеро дар айни замон шакл ва сохтори ташкилии марказҳо муҳим намебошанд, зарур он аст, ки ҳарчи теъдоди зиёди ҷавонон ба шуғлҳои гуногун ва муносиб фаро гирифта шаванд, то инки сатҳи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии онҳо баланд гардида, ба тазодҳои ҷомеаи муосир муқовимат карда тавонанд.
Адабиёт
1. Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди IV. Душанбе, 2006
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», моддаи 1. Душанбе, 2004
3. Омори сиёсати давлатии ҷавонон. Душанбе, 2014
4. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2013
5. http://miraliev.com/2014/12/09/марказҳои-ҷавонон-дар-тоҷикистон/
6. http://www.ej.ee/rus/novosti/rynok-truda/1192-skolko-stoit-novoje-rabochjeje-mjesto, http://forbes.kz/finances/finance/dorogaya_rabota

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: