Чоп шудааст дар Рӯзномаи «Садои мардум» аз 31.03.2016, №43 (3523). / Тарзи дастрасӣ: http://sadoimardum.tj/ma-lisi-ol/ma-lisi-namoyandagon/i-dome-ki-imkoniyati-avononro-ziyod-menamoyad/
-
НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҷавонон дар арсаи ҷаҳонӣ якчанд даҳсолаи охир аст, ки нақши муҳимро касб намудаанд. Ин таваҷҷуҳнокӣ ба чанде аз сабабу омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии вобаста ба насли ҷавон асоснок мегардад.
Якум, — ҷавонон оянда — идомадиҳанда ва посдорандаи арзишҳои инсонӣ мебошанд, ки бар ин васила рисолати ояндаи ҷомеа аз онҳо вобастагӣ дорад;
Дуюм, — шахси ҷавон қувваи зиёди ҷисмонӣ ва маънавӣ дорад, мувофиқан захираи асосии зеҳнӣ ва меҳнатӣ буда, ба ҳама дигаргуниҳои ҳаётӣ тобовар мебошад;
Сеюм, — зудбоварӣ, зудтағйирёбӣ, ниёзмандӣ, дастнигарӣ, тақлидкорӣ ва дигар услубҳои ангезандаи заифимизоҷии инсон хоси ҷавонон мебошанд.
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади талқини сулҳу дӯстӣ ва таҳамулпазирӣ дар байни ҷавонон соли 1965 (7 декабр) Деклоратсияи Ассамблеяи Генералии СММ “Оиди дар байни ҷавонон паҳн намудани идеалҳои сулҳ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва якдигарфаҳмии байни халқҳо” қабул мегардад, ки дар он гуфта мешавад: “Ҷавонон дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон нақши муҳим доранд ва сарукоргирӣ ба тақдири инсоният сарнавишти онҳо мебошад.”. Ин муносибат таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба ҷавонон, нақш ва рисолати онҳо дар ҳаёти инсонӣ инъикос менамояд, ки дар ҳақиқат шахси ҷавон вориси воқеии гузаштагони худ буда, масъулияти зиёдро ҷиҳати нигоҳ доштан, ҳифз намудан ва инкишоф додани мероси вогузоршуда бар дӯш доранд.
Дар ҳамин асно — Шахсони ҷавон бояд дар маркази нақшаҳои миллии рушд буда, дар таҳияи сиёсат ва барномаҳо иштироки фаъол дошта бошанд. – иброз мекунад, Котиби генералии СММ Пан Ги Мун.
Бо ҳамин, яъне таваҷҷуҳои ногусастании ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷавонон дар арсаи байналмилалӣ саҳифаи нави таърихӣ боз мегардад.
Имрӯз 50% аҳолии рӯи олмаро шахсони то 30 сола ташкил медиҳад. Дар 122 кишварҳои ҷаҳон сиёсати миллии (давлатии) ҷавонон бо дарназардошти низоми махсуси идоракунии давлатӣ (тавассути вазорату идораҳо) татбиқ мегардад. Садҳо декларатсияҳо, барномаҳо (аз ҷумла, Барномаи ҷаҳонии амалҳо барои ҷавонон), стратегияҳо ва нақшаҳои хусусияти байналмилалӣ дошта дар самти рушди сиёсати ҷавонон ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо аз ҷониби СММ ва ташкилотҳои соҳавии ӯ, ЮСАИД, Бонки умумиҷаҳонӣ, Шӯрои Аврупо ва ғайра қабул ва амалӣ гардида истодаанд, ки таваҷҷуҳои хосаи ҷомеаи ҷаҳонро дар ташаккули муносибатҳои байналмилалии ҷавонон инъикос менамояд.
-
ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ-ИҶТИМОИ ҶОМЕА АМРИ ВОҚЕИЯТ
Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайравӣ ба сиёсати байналмилалӣ ва эътирофи рукнҳои миллии демографӣ барои ташаккули заминаҳо ҷиҳати пойдории ояндаи кишвар ва ҷомеа дар симои насли ҷавон тадбирҳои зиёде андешида истодааст.
Имрӯз бинобар 70% шаҳравандонро ташкил додани шахсони ҷавони то 30 сола, мувофиқан ба 25 сол рост омадани синнусоли миёнаи аҳолӣ ва 35 дар сади (1/3 ҳиссаи) аҳолӣ – захираи фаъоли инсониро ташкил намудани ҷавонон, Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз мамлакатҳои ҷавонтарин ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, ҳануз аз рӯзҳои аввали бадастории истиқлолияти давлатӣ бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” (марти 1992) дар Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфтааст.
Таваҷҷуҳи Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ногусастанӣ буда, ба боло гардидани нақши онҳо дар ҷомеа мусоидат намудааст. То имрӯз 6 маротиба мулоқотҳои расмии Президенти мамлакат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ доир гардида, дар натиҷа консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, мақоми ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон ва садҳо инфрасохтори бисёрсоҳавӣ дар самти ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва ба ин васила беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии ҷавонон амалӣ гардонида шудаанд. Дар тақвияти ба ин — Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд — иброз карда буданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти расмӣ бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013.
Бо ин мақсад ва фароҳам овардани шароитҳои муосид барои рушду такомулёбии ҷавонон ва зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеаи муосир, ҳамчун аҷдодони халқу миллати қадимаи тамаддунфоар ва фарҳангдӯст бо азму талошҳои пайвастаи роҳбарияти олӣ, масъулон ва мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд, аз ҷумла:
-
сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян шуд;
-
мақоми ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон бо таъсис ёфтани Шӯроии миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи олӣ бароварда шуд;
-
заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва молиявии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо дар амал қарор дода шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон (аз соли 1999 инҷониб барои ҳар се сол қабул ва амалӣ мегардад, айни замон барои солҳои 2016-2018 татбиқ ёфта истодааст) ташаккул дода шуд;
-
шароитҳо барои зиёд намудани шавқу рағбати ҷавонон, ҳавасманд гардонидан ва қадр намудани фаъолият ва дастовардҳои онҳо дар самти такмили фаъолиятҳои илмӣ-амалӣ ва эҷодӣ бо роҳандозӣ гардидани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника, Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохилшавии гуруҳҳои ниёзманд ба мактабҳои олии касбӣ, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ғайра фароҳам оварда шуданд.
Албатта ин тадбирҳо дар ҳаёти ҷавонон хело муҳим арзёбӣ гардида, боиси фараҳмандӣ ва ифтихор мебошанд, аммо дар шароити ҷомеаи муосир, бахусус дар қиёс ба вазъи иҷтимоӣ-демографии Тоҷикистон, тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ ва хусусияти тақдирсоз ва ҳалкунандаро пайдо кардани нақш ва иштироки насли ҷавон дар ҳаёти ҷомеа, ин қадамҳо кифоя намебошанд. Хело муҳим он нукта арзёбӣ мегардад, ки муносибат ба ҷавонон на ҳамчун шахси заиф, дастнигар, камтаҷриба ва камдониш, балки: ҳамчун фарзанд – оянда ва идомадиҳандаи насл, миллат, халқ ва давлат; ҳамчун ҳамкасб/ҳамкор – баробармақом, донишманд, соҳиблаёқат, қобилиятнок, уҳдабаро, масъулиятнок, боваринок; ва ҳамчун роҳбар – идоракунанда, ҳукмфармо, масъулиятшинос ва иштироккунандаи тамоми равандҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва идории ҷомеа ва давлат ба роҳ монда шавад.
-
ҶАВОНОН САРВАТ ВА САРМОЯИ ВОҚЕИИ ИҚТИСОДӢ
Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти оморӣ захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад, зеро аз 4/5 ҳисса ё 80% аҳолии фаъоли иқтисодӣ ин ҷавонон мебошанд. Аз нисф зиёди шаҳрвандони қобили меҳнат ба ҷавонон рост меояд ва ҳамасола зиёда аз 150 ҳазор нафар, аксарият ҷавонон ба бозори меҳнат мебароянд.
Бинобар ин, ҷавонон сарват ва сармояи воқеии иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, саромгузорӣ ба онҳо кафолати муътадилӣ ва устувории вазъи иқтисодии давлат ва ҷамъиятро таъмин месозад. Сармоягузорӣ ба ҷавонон ин сармоягузорӣ ба оянда аст.
Ҳамзамон, иштироки фаъоли ҷавонон дар таҳия, ташкил ва идоракунии сиёсати иқтисодӣ метавонад заминаҳои муносибро барои таҳким ва рушди иқтисодиёти кишвар фароҳам биёрад.
Ба сармоягузории ҷавонон ҷомеаи байналмилалӣ низ дар роҳи амалисозии барномаҳои башардӯстонаи худ таваҷҷуҳ дорад. Бобати ин мавзуъ роҳбари (Президенти) Гуруҳи бонки Умумиҷаҳонӣ Пол Вулфовитс зимни Гузориши ҷаҳонӣ оид ба рушд “Инкишоф ва насли нав” (2007) чунин иброз кардааст: Ҷавонони муосир – ин коркунони оянда, соҳибкорон, волидон, шахсони соҳиби мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва, албатта сарварони ҷомеа мебошанд. Дар натиҷаи паст кардани сатҳи таваллуд ҷавонони муосир нисбат ба насли волидони худ соҳиби фарзанди кам мегарданд. Ин дар навбати худ, ба суръати тези афзоиши иқтисодиёт аз ҳисоби зиёд кардани ҳиссаи аҳолии коргар ва андӯхти (захираи) пасандози оилавӣ боис мегардад. Кишварҳои сарватманд ва камбизоатро зарур аст, ки аз ин фурсат (имконият) истифода баранд, то ин ки дар натиҷаи пиршавии аҳолӣ он аз даст меравад. Ин имконият медиҳад, ки суръати афозишёбии иқтисодиёт дучанд гардад ва боз бештар пастгардии сатҳи камбизоатӣ таъмин карда шавад.”
Дар ҳақиқат бо истифода аз чунин роҳу усулҳои таҳкимбахши вазъи иқтисодӣ, ки иштирокчиёни асосӣ ҷавонон мебошанд, метавон ба зудӣ ба ҳадафҳои рушду такомулёбии давлат ноил гардад, чунки насли ҷавон дар асл сарвати пурарзиш ва манбаи (боигарии) инсонии давлат аст.
Танзим ва банақшагирии оилаҳои ҷавон бошад, метавонад бомаром ба роҳ монда шавад, агар маърифатнокии иқтисодии шахси ҷавон ҳануз аз хурдсолӣ амалӣ гардида, иштироки васеи ҷавонон дар идоракунии иқтисодиёт таъмин карда шуда бошад, ки ин далелнокӣ дар навбати худ, масъулияти шахсӣ ва шаҳрвандии онҳоро оиди батанзимдарории муносибатҳои иқтисодӣ-ҷамъиятӣ зиёд мегардонад. Ин муносибатро метавон ба таҷрибаи ҳамсоякишвар-Ҷумҳурии Халқии Хитой шабоҳат дод, ки дар роҳи расидан ба ду ҳадафи стратегӣ: рушди иқтисодиёт ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон бисёрфарзандиро (таваллуди зиёда аз як кӯдакро) дар байни аҳолӣ маҳдуд намуд. Дар натиҷаи ин сиёсат ва дигар тадбирҳои стратегӣ Хитой аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷойи дуюмро дар ҷаҳон ишғол менамояд ва динамикаи хуби муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро ба даст меорад.
Дар шароити демографӣ-иҷтимоии Тоҷикистон низ ин механизми муносибатҳо муфид ва саривақтӣ арзёбӣ гардида, метавонад ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ва ташаккули заминаҳои муносиб барои рушди динамикии он мусоидат намояд.
-
Талқини таърих ва фарҳанги миллӣ– масъулияти ояндаи ҷавонон
Халқ ва миллати тоҷик аз қадимулайём ҷамъияти фарҳангу адаб ва тамаддунофар мебошад ва то ба имрӯз фарзандони ин миллат ҳазорҳо офаридаҳо ба ҷаҳониён эҳдо кардаанд, аз ҷумла эҷодиёти адабӣ, тиббӣ ва техникии маъруфгаштаи ҷаҳонии А.Сино, У.Хайём, А.Рӯдакӣ, Ҷ.Румӣ, А.Фирдавсӣ, С.Шерозӣ, З.Розӣ, А.Берунӣ ва ғайраро метавон хотирнишон намуд, ки дар истифодаи васеъ қарор доранд.
Дар ин хусус, фалйасуфи олмонӣ Г.Гегел иброз намудааст, ки: Форсҳо (тоҷикҳо) нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Онҳо иникшофро ба вуҷуд оварданд, табаддулот карданд, ки хусусияти таърихӣ дошт. Дар (сарзамини) Форс бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт. … Шарти инкишоф дар таърихи Форс тантана мекунад, аз ин лиҳоз, рости гап, таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад.
Таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқони олам ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик боис бойю пурғановат ва қадима будани он аст. Таъриху адабиёти миллии аҷдодӣ бо сипари гардидани саддаҳо низ мубрамии худро гум накарда, мавриди таҳқиқу омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.
Ин таърих, тамаддун ва фарҳанги аҷдодӣ мероси абадӣ ва пурифтихори миллӣ ба наслҳои оянда мебошад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки иштироки фаъоли ҷавонон ҳамчун меросдор — ояндаи миллат ва давлат дар пос доштан, ҳифз ва талқин намудани фарҳанг, таърих, тамаддун ва арзишҳои миллию анъанавӣ дар байни имрӯзу ояндаи ҷомеа таъмин карда шавад.
Дар ин росто, тарбияи маънавӣ-фарҳангӣ, ҷалб ва ҳавасманд намудани насли ҷавон бо воситаи иштироки онҳо дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии соҳа, аз ҷумла барномаҳо, стратегияҳо ва ҷараёни идоракунии мақомоти давлатию ҷамъиятии самти фарҳангу адабиёт ба мақсад мувофиқ мебошад.
-
Заминаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии ҷавонон кафили пойдории идораи давлатӣ