МАЪЛУМОТНОМА
ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Л.Н., Оқилзода Н.И. ва Миралиён Қ.А. бо назардошти рисолати аслии қонунгузорӣ, яъне тақвият бахшидани меъёрҳои марбут ба танзими фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, методию амалӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти волонтёрӣ таҳия гардид.
Ин иқдом бо назардошти зарурати дар ҷараёни фаъолияти волонтёрӣ бавуқуъомада пеш гирифта шуд, ва он имкон медиҳад, ки:
-
тамоми фаъолияти волонтёрии шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар ба расмият дароварда шуда, ҳамоҳанг сохта шавад;
-
ба волонтёр ҳамчун шахси фаъоли ҷамъиятӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуда, ҳуқуқҳои ӯ дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ҳимоя карда шавад;
-
фаъолияти волонтёрӣ дар доираи тавсияҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва таҷрибаи амалии кишварҳои пешрафта, инчунин дар самти муқовимат ба падидаҳои номатлуб, ба монанди экстремизм ва терроризм тақвият ёбад;
-
барои ҳавасмандсозии шаҳрвандон ҷиҳати машғул гардидан ба фаъолияти волонтёрӣ шароитҳо фароҳам гардад;
-
саҳми бевоситаи волонтёрон ва ё самаранокии фаъолияти волонтёрӣ дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа таъмин карда шавад.
Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур усулҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо, баррасии масъала бо гуруҳҳои дахлдор ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи амалӣ дар шаклҳои гуногун истифода гардиданд.
Аз ҷумла:
-
Қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти волонтёрӣ, ҳамчунин таҷрибаи амалии кишварҳои пешрафта ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар робита ба аҳамиятнокӣ ва манфиатнокии фаъолияти волонтёрӣ ба ҷамъият ва давлат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд;
-
Бо назардошти муқоисаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ба имконот ва шароити иҷтимоию иқтисодии кишвар, бо намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои машваратӣ баргузор гардиданд.