Маблағи пешбинишуда барои соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва варзиш, ки соҳаҳои афзалиятноки кишвар мебошанд 4,3 млрд. сомонӣ, ки баробар ба 21,9% Буҷети давлатӣ ва ё 7,1% ММД мебошад ва он ҳамасола афзоиш дорад, ки боиси қаноатмандист. Танҳо маблағгузории соҳаи маориф дар 5 соли охир аз 1,1 млрд. сомонӣ ба 3,1 млрд. сомонӣ расонида шудааст, ки ин афзоишёбӣ мутаносибан 182%-ро ташкил медиҳад, яъне ҳудуди ду баробар зиёд гардидааст.
Дар ин соҳаҳо ва дигар соҳаҳои татбиқи Буҷети давлатӣ масъалаи муҳим сатҳу сифат ва рақобатпазирии хизматрасонӣ мебошад, ки атрофи он таваҷҷуҳи ҳозиринро мехостам ҷалб намоям.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки ҷомеаи мо иқтисоди бозоргониро пеша кардааст ва тамоми муносибатҳо бояд хусусияти рақобатпазирӣ ва сифтанокӣ дошта бошад.
Яке аз усулҳои муносиб дар роҳи ташкил ва афзоишдиҳии Буҷети давлатӣ ин сарфа ва амалисозии самараноки он ба ҳисоб меравад, ки дар навбати худ, ин нишондиҳандаҳо бо фароҳам овардани шароитҳои рақобатнок ва ҷалби ҳарчи бештари субъектҳои татбиқкунанда имконпазир мебошад.
Татбиқи Буҷет бо усулҳои рақобатпазирӣ, ҳамзамон имкон медиҳад, ки воҳидҳои корӣ дар хизмати давлатӣ бомаром истифода гарданд ва онҳо бо шароити хуби корӣ, аз ҷумла моҳонаи муносиб таъмин карда шаванд.
Дар ин росто, айни замон дар кишвар механизми хариди мол, кор ва хизматрасонӣ амал мекунад, ки ду қисмати он, яъне хариди мол ва кор рисолати худро иҷро карда истодаанд ва дар натиҷа субъектҳои онҳо, аз қабили ҷамиятҳои саҳомӣ афзоиш доранд (аз 12107 адад дар соли 2010 ба 32201 адад дар соли 2015 зиёд гардидаанд). Дар ин раванд итминон дорем, ки ин ҷамъиятҳо на танҳо татбиқкунандаи Буҷети давлатӣ, балки ҳамчун ҷалбкунандаи маблағ ба иқтисодиёти кишвар тавассути ба роҳ мондани фаъолияти хориҷии худ низ баромад менамоянд.