Замимаи 4.
МОДЕЛИ ТАШКИЛИ ЧОРАБИНИҲОИ ИДЕОЛОГӢ
МАҚСАД ВА ПРИНСИПҲОИ ИСТИФОДАИ МОДЕЛ
Мақсад аз роҳандозӣ намудани Модели мазкур ин дарёфти роҳу усули ташаккули система ва ё низоми ташкил ва баргузории чорабини(ҳо)и босифат ва таъсирбахши идеологӣ дар байни ҷавонон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамбуда, ҳамзамон таъмини истифодаи самаранок ва каммасрафи буҷети давлатӣ мебошад.
Модели чорабини(ҳо)и идеологӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- Ба сифати низоми фаъолият истифода бурдани муқаррароти муайяншуда;
- Риоя намудани тамоми қадамҳо ва талаботи муайянгардида, агар дигар талабот аз ҷониби фармоишгар (маблағгузор) муқаррар нагардида бошад;
- Интихоби озод ва асосноки мавзӯъ;
- Сари вақт ба анҷом расонидани қисматҳои амалӣ;
- Мавриди амал қарор додани тавсияҳои муайянгардида;
- Риояи пурраи шакли таҳияи лоиҳа/чорабинӣ, агар дигар шакл аз ҷониби фармоишгар (маблағгузор) муқаррар нагардида бошад.
Модели чорабиниҳои идеологӣ аз якчанд қисм иборат мебошад ва бо мақсади фаҳмо ва дастрас гардидан, он дар поён ба қадамҳо ҷудо карда мешавад.
Қадами 1. Интихоби мавзӯъ
Интихоби мавзӯъ нуқтаи муҳими чорабинӣ буда, номгӯзорӣ, самт ва роҳу усулҳои фаъолиятро барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ муайян месозад. Асосан мавзӯъ аз рӯи масъала ва ё мушкилоти муайян дар шакли абстрактӣ интихоб мегардад.
Ҳангоми интихоби мавзӯъ назари гурӯҳи мақсаднок муҳим мебошад, ичунин мебояд назарияи иқтидорнокӣ ва қобилияти иҷрокунандагон дар робита ба андешидани тадбирҳо оянда ташаккул дода шавад.
Қадами 2. Таҳлили вазъият
Дар асоси мавзӯи интихобгардида барои самаранокии фаъолият ва муайян кардани сарҳадоти чорабинӣ зарур аст, ки вазъияти баамаломада мавриди таҳлили ҳаматарафа ва ё алоқаманд қарор дода шавад.
- Ҷамъоварии маълумот оид ба вазъият
Таҳлили вазъият асосан бо роҳу усулҳо гуногун ташкил мегардад, вале барои чорабинии идеологӣ усули ҷамъоварии маълумот мувофиқ мебошад.
Ҷамъоварии маълумот дар навбати худ ба якчанд усулҳо ҷудо мешавад, аз ҷумла истифодаи манбаҳои мавҷуда (омори расмӣ/соҳавӣ, адабиёт, ВАО/интернет), гузаронидани пурсиш, ташкили сӯҳбатҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ ва ғайра.
Интихоби усули ҷамъоварии маълумот аз мақсади гузошташуда ва натиҷаҳои интизорӣ вобастагӣ дорад, вале истифодаи мунтазамии манбаҳои мавҷуда тавсия дода мешавад.
- Ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ- дарёфти манбаҳои иловагӣ
Пеш аз таҳияи лоиҳа ва ё барнома зарур аст, ки ҷанбаҳои амалии назарияи муайянгаштаи иқтидорнокӣ ва қобилияти иҷрокунандагон баррасӣ карда шаванд. Бахусус таҳкими заминаҳои иқтисодии лоиҳа, яъне ҷалби манбаҳои иловагии маблағгузорӣ ва ё саҳмгузорӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Барои ин зарур аст, ки сараввал манбаи асосии маблағгузорӣ муайян карда шавад. Албатта ҳануз ҳангоми интихоби мавзӯъ ин манбаъ бояд интихоб гардида бошад, вале барои пайдо кардани эътимод зарур мегардад, ки эҳтимоли маблағгузорӣ шудани лоиҳа тақвият бахшида шавад.
Сипас, барои таъмини самаранокии фаъолият, таҳияи лоиҳаи каммасраф, вале таъсирбахш зарур мегардад, ки субъектҳои ҳамкор муайян карда шаванд. Дар ин зинаи фаъолият кифоя аст, ки бо дарназардошти зарурати баамаломада (талаботи лоиҳа) бо теъдоди муайяни субъектҳои саҳмгузор мавзӯъ ва ӯҳдадориҳои ҳамкории оянда дар доираи лоиҳа баррасӣ карда шаванд ва ризоияти хаттии онҳо гирифта шавад.
Қадами 3. Таҳияи лоиҳа
Барои амалӣ намудани дилхоҳ фаъоляит/чорабинӣ зарур аст, ки заминаи назариявию методии он устувор гардонида шуда бошад. Бо ҳамин мақсад дар ҷомеа таҳияи лоиҳа ва барномаҳои амалӣ зарурат пайдо кардааст.
Лоиҳа ва ё барнома асосан шаклҳои гуногун дошта, фарогири сохтор ва ё тартиби амалисозии фаъолияти/чорабинии муайян мебошад. Шакли лоиҳа дар бисёр мавридҳо аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ва ё маблағгузор муайян карда мешавад.
Дар инҷо бошад, барои истифодаи васеъ шаклии умумиқабулшудаи лоиҳа бо фарогирии тартибу сохтори зарурӣ оварда мешавад ва онро имкон дорад, ки дар ҳама ҳолат истифода бурд.
- Нишонӣ
Нишонии лоиҳа аз номгӯй (ки ба мавзӯи интихобшуда алоқамандӣ дошта бошад ва дар бисёр мавридҳо ба сифати ном худи мавзӯъ истифода мешавад), номи ташкилот, номи роҳбари лоиҳа, суроғаи ташкилот, рақами телефон, почтаи электронӣ, маълумоти бонкӣ ва суроғаи он ва дигар маълумоти инъикоскунандаи иттилоотии аввалӣ иборат мебошад.
- Асоснокӣ ва таҳлили вазъият
Асоснокӣ бо фарогирии заминаҳои ҳуқуқӣ (санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор) ва зарурати татбиқи лоиҳа (чорабиниҳои дар назар дошташуда), инчунин интизории умумӣ ва ё таъсирбахшии он оварда мешавад.
Таҳлили вазъият дар асоси маълумоти ҷамъовардашуда дар шакли баҳогузории ҳолати воқеӣ ва хулосаҳои дахлдор (мақсад ва вазифаҳои лоиҳа) таҳия карда мешавад. Ҳамзамон, вобаста ба ҳалли мушкилоти мавҷуда бо истифода аз роҳу усулҳои мувофиқ (мутобиқи лоиҳа), аз ҷумла саҳмгузории ташкилотҳои ҳамкор маълумоти умумӣ оварда мешавад.
Боиси зикр аст, ки аз асоснокӣ ва таҳлили вазъияти лоиҳа дастгирӣ ёфтани минбаъдаи он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, дар ин қисмат мебояд зиёдтар кор намуд.
- Мақсад ва вазифаҳо
Мақсади лоиҳа/чорабинӣ аз мавзӯъи интихобшуда ва хулоса(ҳо)и дар қисмати б) овардашуда манша гирифта, дар як ҷумла, мушаххас, дастрас (бо андоза ва вақти муайян) ва дар замони оянда таҳия карда мешавад.
Вазифаҳо дар навбати худ аз мақсади лоиҳа манша гирифта, мушаххас аз ду ва зиёда ҷумлаҳои рақамгузоришуда иборат буда, бо нишон додани шакли чорабинӣ, вақт, андоза, гурӯҳҳои мақсаднок, ҳамкорон (мавриди зарурат) ва дар замони оянда таҳия карда мешаванд.
- Роҳу усулҳои татбиқи вазифаҳо
Роҳу усулҳои татбиқи вазифаҳо чӣ тавре аз номи он бармеояд, нисбат ба ҳар як вазифа дар алоҳидагӣ ва бо низоми муайянироҳу усулҳои амалисозӣ (давомнокии чорабинӣ, макони баргузорӣ, иштироккунандагон ва ғайра) нишон дода мешаванд. Дар ин қисмат зарур аст, ки саҳмгузории маблағгузори асосӣ, ташкилот ва субъектҳои ҳамкор мушаххас оварда шаванд, зеро он дар оянда ӯҳдадориҳои тарафҳоро муайян месозад. Ҳамчунин, ин қисмат фарогири шакли ҳуқуқии фаъолият буда, он дараҷаи масъулияти субъектҳоро муайян месозад.
- Нақшаи тақвимӣ
Нақшаи тақвимӣ ва ё нақшаи чорабиниҳо ба қисматҳои в) ва г) асос ёфта, дар шакли ҷадвал оварда мешавад. Ҷадвал аз якчанд сутунҳо, аз ҷумла “тартиби рақамгузорӣ”, “номгӯи чорабиниҳо”, “мӯҳлат” (соат, рӯз, моҳ ва ё сол), “иҷрокунандагон”, “мусоидаткунандагон” ва “эзоҳ” иборат буда, мушаххасоти доимоистифодашавандаи лоиҳаро фаро мегирад. Нақша бо тартиби муайян ҳар як вазифаро бо чрабиниҳои алоҳида ва нишондиҳандаҳои хос дар бар мегирад
- Нақшаи мантиқӣ
Нақшаи мантиқӣ ба қисматҳои в) ва д) асос ёфта, дар шакли ҷадвал иборат аз якчанд сутунҳо, аз ҷумла “мақсади асосӣ”, “вазифаҳои асосӣ”, “натиҷа аз рӯи нишондиҳандаҳо”, “натиҷа аз рӯи маҳсулнокӣ”, “мӯҳлат”, “таъсирбахшӣ”, “таваккал” ва “воситаҳои бартарафсозии таваккал” буда, таҳияи он таваҷҷӯҳи хоса ва ҳадди муайянро талаб мекунад.
- Натиҷаҳои ниҳоӣ
Натиҷаи ниҳоӣ одатан дар як шакл – натиҷаи бевосита ва ё наздик оварда мешавад, ки ба самранокии лоиҳа монеа эҷод менамояд, яъне дар ин ҳолат барои маблағгузор натиҷаи таъсирбахшии лоиҳа номуайян боқӣ мемонад. Маҳз нишон надодани мӯҳлати таъсирбахшӣ ва ё натиҷанокии дури (дурнамои) лоиҳа дар айни замон боиси бенатиҷа баҳогузорӣ шудани чорабиниҳои идеологӣ гардидааст.
Аз ин рӯ, дилхоҳ натиҷа аз ду қисмат наздик (бевосита) ва дур (дурнамо) иборат мебошад ва дар бисёр мавридҳо барои ҷамъбаст намудани қисматҳои ташкилии лоиҳа натиҷаҳои наздики он ба инобат гирифта мешванд. Барои дастрасии натиҷаи дур бошад, лоиҳа баъди мӯҳлати муайян баҳогузорӣ карда мешавад, ҳамзамон барои тақвият бахшидани натиҷаҳо дастгирии лоиҳа тамдид дода мешавад. Яъне, дар умум лоиҳа ҳамчун идея баҳогузорӣ гардида, он умри кӯтоҳ надорад, барои расидан ба мақсади гузошташуда зарур мегардад, ки лоиҳа дар якчанд қисмат дастгирӣ карда шавад.
а. Наздик
Натиҷаҳои наздик бо тартиби муайян оварда шуда, бо ба инобат гирифтани сутунҳои “натиҷа аз рӯи нишондиҳандаҳо” ва “натиҷа аз рӯи маҳсулнокӣ”-и қисмати е) дар замони гузашта оварда мешаванд.
б. Дурнамо
Натиҷаҳои дур ва ё дурнамо бо тартиби муайян оварда шуда, бо ба инобат гирифтани сутуни “таъсирбахшӣ”-и қисмати е) дар замони гузашта оварда мешавад. Ҳамзамон, дар инҷо эзоҳ мебояд дод, ки дурнамо дар кадом мӯҳлат ва дар кадом шакл ба даст меояд ва ё зарурати дар ин роҳ татбиқи лоиҳаҳои иловагӣ (тамдиди лоиҳа) мавҷуд аст ва ё не.
- Буҷет
Буҷет қисми таркибии лоиҳа буда, нишондиҳандаҳои маблағгузории лоиҳаро дар таносубнокӣ ба хароҷоти дахлдор ва иҷрои вазифаҳо (дар алоҳидагӣ) муайян месозад. Яъне, дар буҷет хароҷоти ҳар як вазифа дар алоҳидагӣ нархгузорӣ мегардад, ба ҷузъ баъзан қисмҳои умумӣ.
Буҷет дар шакли нақша тартиб дода шуда, аз сутунҳои “тартиби рақамгузорӣ”, “номгӯи хароҷот/фаъолият”, “воҳид”/“воҳиди ченак”, “воҳид”/“воҳиди вақт”, “нархи як воҳид” ва “ҷамъи маблағи умумӣ”, инчунин аз ин “ҷамъи маблағи дархостӣ”, “саҳми ташкилот” ва “саҳми ташкилоти ҳамкор”. Инчунин, буҷет ба якчанд қисмҳо ҷудо мешавад, аз ҷумла “Ҳайати идорӣ”, “Андози иҷтимоӣ”, “Иҷрои вазифаҳо”, “Хароҷоти идорӣ”, “Хизматрасонии бонкӣ” ва “Дигар хароҷот”.
Умуман, буҷет шакли гуногун дорад, вале мақсад ягона аст, муайян кардани ҳаҷми хароҷот ва қимати лоиҳа.
Қадами 4. Маблағгузории лоиҳа
- Дар доираи имконоти худӣ
Ба анҷом расонидани расмиёти маблағгузории лоиҳа ва ҷудо намудани маблағи муайянгардида.
Эзоҳ: Дар ҷумҳурӣ гурӯҳи муайяни ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ лоиҳаҳо ва барномаҳои давлатии миёнамӯҳлатро амалӣ месозанд, ки онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва манбаҳои ғайрибуҷетӣ маблағгузорӣ мегарданд. Дар навбати худ ин қабил барномаҳо дар давраи татбиқ ба даҳҳо ва садҳо лоиҳаҳои хурду калон тақсим мешаванд.
Дар шароити кишварҳои пешрафта бошад, дар баробари мақомоти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун татбиқкунандаи фармоиши давлатӣ лоиҳаҳои калони миёнамӯҳлатро аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ месозанд.
- Аз ҳисоби ташкилотҳои маблағгузор
Тибқи тартиби муқарраргардида, яъне пешниҳоди лоиҳа дар шакли дархост ва ё иштирок дар озмун ва анҷом додани расмиёти маблағгузории лоиҳа.
Ҳамзамон, зарур аст, ки дар ин марҳила тамоми муносибатҳо тариқи баимзорасонии шартномаҳо ҳуқуқӣ кунонида шаванд.
- Ҷалби ҳамкорон барои саҳмгузорӣ
Дар ин қисмат корҳои дар қисми б) қадами 2 оғозгардида идома дода шуда, ҳамкориҳо, аз ҷумла муносибатҳо вобаста ба саҳмгузорӣ ва маблағгузории лоиҳа тариқи баимзорасонии шартномаҳо ҳуқуқӣ кунонида мешаванд.
Қадами 5. Амалигардонии лоиҳа
- Омодагӣ
Чун қоидаи умумиқабулшуда амалигардонии дилхоҳ фаъолият пас аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани муносибатҳо ва ҳамкориҳо дарҳол ибтидо мегирад.
Аз ин рӯ, новобаста аз масъалаҳои камаҳамият пас аз ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ зарур аст, ки омодагӣ барои татбиқи лоиҳа ва ё чорабиниҳои муайяншуда оғоз карда шавад.
а. Омодасозии дастури иттилоотию амалӣ
Асоси фаъолияти пурсамари лоиҳаро иттилоот ва ё маълумотнокии гурӯҳҳои мақсаднок/иҷрокунандагон ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ибтидои татбиқи лоиҳа аз ҷамъварӣ ва таҳияи маводи иттилоотию методӣ оғоз гардад. Барои ин, мебояд гурӯҳи мутахассисонро ҷалб намуда, аз рӯи татбиқи ҳар як вазифаи муайянгардидаи лоиҳа, роҳу усулҳои татбиқи вазифаҳо, нақшаи тақвимӣ, нақшаи мантиқи ва буҷети лоиҳа консепсия ва дастури амалисозии чорабиниҳои лоиҳаро таҳия сохт. Ҳамзамон, тавсия мегардад, ки дар дастур тамоми маводи алоқаманди таҳлилию омӯзишӣ ва айёнӣ, маърӯзаҳо, шакли варқаҳои иттилоотӣ, саволномаҳо, пурсишномаҳо, шакли шартномаҳо ва ҳисоботҳо, сенарияҳо ва ғайра ҷойгир карда шаванд.
Дастури иттилоотию амалиро зарур аст, ки нусхабардорӣ карда ба иҷрокунандагони бевосита ва ҳамкорон дастрас гардонид.
б. Омӯзонидани гурӯҳи корӣ
Пеш аз оғози фаъолияти амалӣ зарур аст, ки гурӯҳи иҷрокунандагон бо ҷалби мутахассисон, тренерон/омӯзгорон ва коршиносони соҳа аз рӯи талаботи лоиҳа омӯзонида шаванд.
Дар сурати зарурат надоштани омӯзиш, яъне дар ҳолате, ки гурӯҳи иҷрокунандагон аллакай омода бошанд, баргузории семинар оид ба такмили дониш ва малакаи корӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро ҳар як лоиҳа талаботи хоси худро дошта, аз иҷрокунандагон фаъолияти муносиб талаб месозад.
- Ба анҷом расонидани корҳои ташкилӣ
Ҳар як лоиҳа аз корҳои зиёди ташкилӣ иборат мебошад, ки бархе дар баробари баргузории чорабиниҳо ва дигар пеш аз оғози чорабиниҳои амалӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Пеш аз оғози чорабиниҳои амалӣ зарур аст, ки корҳои зерини ташкилӣ ба анҷом расонида шаванд:
- омода ва ба имзо расонидани шартнома бо гурӯҳи иҷрокунандагон;
- пардохти хароҷоти алоқаманди гурӯҳи иҷрокунандагон, роҳкиро, сафархарҷии ва ғайра;
- дастрас гардонидани маводи дафтардорӣ, тарғиботӣ, овозӣ ва ғайра;
- ба анҷом расонидани расмиёт марбут ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои амалӣ, вақти онҳо, макони баргузорӣ, иштирокчиён ва ғайра.
- ва дигар корҳои ташкилию ҳуқуқие, ки барои амалисозии лоиҳа зарур мебошанд.
- Баргузории чорабинӣ
а. Ҷалби/иштироки ҳамкорон
Чорабини(ҳо)ро метавон бе иштироки ҳамкорон низ гузаронид, вале иштироки онҳо эътимоди ҳамкориро пурзур мегардонад ва зарур аст, ки ин нишондиҳанда таъмин карда шавад.
б. Ҷалби/иштироки ВАО
Дар шароити ҷомеаи муосир иштироки намояндагони ВАО, аз ҷумла телвизион ва рӯзномаҳо дар ҷараёни амалисозии чорабиниҳо хело муҳим арзёбӣ мегардад. Инчунин, ҳангоми амалӣ сохтани чорабиниҳои оммавӣ хуб мешавад, агар намояндагони ВАО ба ҳайси ҳамкор ҷалб карда шаванд.
Зарур аст, ҷараёни баргузории чорабиниҳои лоиҳа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ таблиғ карда шаванд. Ҳатто, имрӯзҳо барои чорабиниҳои нисбатан калонҳаҷм сомонаҳои махсуси интернетӣ таъсис дода мешаванд, ки он боиси дастгирӣ мебошад.
Барои ҳисоботи оянда аз намояндагони ВАО нусхаҳои маводи пахшгардида ҷамъоварӣ карда шавад.
Қадами 6. Мониторинг
Мониторинг талаботи муосир дар татбиқ ва таъмини самаранокии дилхоҳ фаъолият буда, натиҷаи он дар бисёр ҳолатҳо мавриди корбарӣ қарор дода мешавад. Мақсади мониторинг асосан, назорат ва ҷамъоварии маълумот аз рӯи нишондиҳандаҳои муайян вобаста ба иҷрои умумии вазифаҳои/чорабиниҳои лоиҳа, мушкилоти пешомада, таваккалҳо, фаъолнокии иҷрокунандагон, сатҳи иштироки гурӯҳҳои мақсаднок, иҷрои ӯҳдадориҳои ҳамкорон, амалисозии саривақтии чорабиниҳо, назари гурӯҳҳои мақсаднок, сатҳи иштирок ва назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи маҳал ва ғайра мебошад.
Барои ташкили мониторинги босифат зарур аст, ки чунин қадамҳо ба анҷом расонида шавад:
- ташкили гурӯҳи мустақили мониторингӣ (ҷудо аз гурӯҳи иҷрокунандагон);
- муайян намудани роҳу усулҳои мониторингӣ (пурсиш, сӯҳбат, мунозира ва ғайра)
- ҷалби мутахассисон ва таҳияи нишондиҳандаҳо марбут ба мониторинги лоиҳа;
- таҳияи саволномаҳо ва пурсишномаҳои алоқаманд ба шакли мониторинг (ҷараёни чорабинӣ, баъд аз анҷоми чорабинӣ ва таъсирбахшии чорабинӣ);
- таҳияи нақшаи мониторинги лоиҳа дар асоси қисми е) қадами 3.
- Ҳангоми/ҷараёни чорабинӣ
Мониторинги ҷараёни чорабини(ҳо) асосан аз рӯи нақшаи тақвимӣ ташкил карда мешавад. Аз ин рӯ, мавриди гузаронидани мониторинг зарур аст, ки қисмҳои д) ва е) қадами 3-ро асос гирифт.
Мониторинги чорабинӣ асосан бе огоҳонидани қаблӣ ташкил карда мешавад, вале бо мақсади пайдо кардани маълумоти дахлдор зарур мегардад, ки сатҳи иҷрои саривақтии нақшаи тақвимии лоиҳа пурсида шавад.
Теъдоди сафарҳои мониторингӣ аз мӯҳлати татбиқ ва ҳаҷми лоиҳа вобастагӣ дорад, вале зарур аст, ки ҷараёни ҳар як чорабинӣ мониторинг гузаронида шавад.
Мониторинги ҷараёни чорабини(ҳо) аз рӯи усулҳои қаблан муайянгардида бо ҷалби гурӯҳҳои мақсаднок, иштирокчиён ва ҳамкорон баргузор карда мешавад.
- Баъд аз анҷоми чорабинӣ
Мониторинги хотимавӣ тибқи усулҳои қаблан муайянгардида ва аз рӯи нақшаи мантиқии лоиҳа (қисми е) қадами 3) гузаронида мешавад.
Мониторинги мазкур бо мақсади муайян кардани самаранокии лоиҳа/чорабинӣ дар байни гурӯҳҳои мақсаднок ва иштирокчиёни лоиҳа дар мӯҳлати начандон дур аз вақти хотимаи лоиҳа баргузор карда мешавад.
Теъдоди сафарҳои мониторингӣ аз ҳаҷми лоиҳа вобастагӣ дорад, вале зарур аст, ки натиҷанокии ҳар як чорабинӣ мониторинг гузаронида шавад.
- Таъсирбахшии чорабинӣ
Мониторинг аз натиҷаи таъсирбахшии лоиҳа тибқи усулҳои қаблан муайянгардида ва аз рӯи нақшаи мантиқии лоиҳа (қисми е) қадами 3) гузаронида мешавад.
Мониторинги мазкур бо мақсади муайян кардани таъсирбахшии лоиҳа/чорабинӣ дар байни гурӯҳҳои мақсаднок ва иштирокчиёни лоиҳа пас аз сипарӣ гаршатани сол (ҳо) аз вақти татбиќи лоиҳа баргузор карда мешавад.
Теъдоди сафарҳои мониторингӣ аз андозаи лоиҳа вобастагӣ дорад, вале зарур аст, ки аз натиҷанокии ҳар як чорабинӣ мониторинг гузаронида шавад.
Қадами 7. Баҳодиҳӣ
Баҳодиҳӣ барои чорабиниҳои идеологӣ қадами муҳим буда, он бо мақсади муайян кардани самаранокӣ ва таъсирбахшии лоиҳа/чорабиниҳо дар таносубнокӣ ба натиҷаҳои бадастовардашуда амалӣ гардонида мешавад.
Аз ҷумла таносубнокии зерин баҳогузорӣ карда мешавад:
- Таъсирбахшии лоиҳа нисбат ба вазъияти қаблӣ ва баъдӣ;
- Натиҷанокии лоиҳа аз рӯи нишондиҳандаҳои муайянгардида (аз рӯи нақшаи мантиқӣ);
- Самранокии чорабиниҳои лоиҳа (аз рӯи нақшаи тақвимӣ);
- Самранокии маблағгузории лоиҳа (аз рӯи буҷети лоиҳа);
Баҳодиҳӣ муқоисаи маълумоти дар таҳлили вазъияти лоиҳа (қисми б) қадами 3) ва натиҷаҳои мониторингӣ (қадами 6) овардашударо фаро мегирад ва дар натиҷа сатҳи таъсирбахшии лоиҳа дар таносубнокӣ ба вазъияти қаблӣ ва вазъияти баъдӣ (пеш аз лоиҳа ва пас аз табиқи лоиҳа) баҳогузорӣ мегардад. Ин қисмати баҳодиҳӣ пас аз сипарӣ гаштани сол(ҳо) аз татбиқи лоиҳа амалӣ гардонида мешавад.
Баҳогузории натиҷанокии лоиҳа аз рӯи нақшаи мантиқии лоиҳа (қисми е) қадами 3) ва натиҷаҳои мониторингӣ (қадами 6) баргузор карда мешавад.
Баҳогузории самранокии чорабиниҳои лоиҳа аз рӯи нақшаи тақвимии лоиҳа (қисми д) қадами 3) ва натиҷаҳои мониторингӣ (қадами 6) баргузор карда мешавад.
Баҳогузории самранокии маблағгузории лоиҳа аз рӯи буҷети лоиҳа (қисми з) қадами 3) ва натиҷаҳои мониторингӣ (қадами 6) баргузор карда мешавад.
Барои баҳогузории лоиҳа ҷадвали масъалаҳо тартиб дода шуда, нишондиҳандаҳои дар боло овардашуда қадам ба қадам ва аз рӯи муҳимият татбиқ, риоя ва ё дастёбии онҳо муқоиса карда мешавад.
- Таҳияи гузориш
Дар натиҷаи баҳодиҳӣ бо фарогирии тамоми масъалаҳо ва нишондиҳандаҳои лоиҳа/чорабини(ҳо) дар ду қисмат (аз рӯи натиҷаҳои наздик ва дурнамо) гузориши муфассал таҳия карда мешавад.
- Баррасии гузориш
Бо мақсади таҳким бахшидани маълумотҳо лоиҳаи гузориши омодагардида бо ҷалби субъектҳои/иҷрокунандагони лоиҳа, инчунин гурӯҳҳои мақсадӣ тариқи баргузории мизи мудаввар дар ду давр (аз рӯи натиҷаҳои наздик ва дурнамо) баррасӣ карда мешавад.
- Чопи ва паҳн намудани гузориш
Дар натиҷаи мизҳои мудаввар гузориши татбиқи лоиҳа/чорабини(ҳо) дар ду давр (аз рӯи натиҷаҳои наздик ва дурнамо) чоп ва байни субъектҳо паҳн карда мешавад. Ин бо мақсаде амалӣ гардонида мешавад, ки ҷомеа аз мавҷудият, натиҷанокӣ ва самарабхшии лоиҳа/чорабини(ҳо) бархурдор гардад.
Қадами 8. Ҳисобот
Барои дилхоҳ фаъолият давраи ниҳоӣ ин супоридани ҳисоботҳо мебошад, ки хусусияти дутарафа дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои шартномавӣ ба анҷом расонида мешавад.
Чӣ тавре маълум гардид, фаъолияти лоиҳа бояд камаш аз се қисмати мустақим иборат бошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки вобаста ба ҳар як қисмат дар алоҳидагӣ ҳисоботи алоқаманд омода карда шавад.
- Аз рӯи чорабинӣ
Одатан ҳисоботи чорабинӣ аз рӯи иҷрои нақшаи тақвимӣ, инчунин нақшаи мантиқӣ ва натиҷаҳо (қисмҳои д), е) ва ж) қадами 3) нисбат ба ҳар як чорабинӣ ва бо дарназардошти нишондиҳандаҳои хоси он, аз ҷумла, вақти баргузорӣ, фарогирӣ, иштироки ҳамкорон, ВАО, таваккалҳо, роҳҳои бартарафсозии таваккалҳо, воситаҳои айёнӣ ва ғайра таҳия ва пешниҳод карда мешавад.
Ҳамзамон, ҳолатҳое мавҷуданд, ки ҳисобот тибқи шакли ҳисоботии қаблан аз ҷониби ташкилоти маблағгузор омодагардида, таҳия мегардад.
- Аз рӯи мониторинг
Ҳисобот аз рӯи мониторинг мувофиқи қисмати мониторинги лоиҳа (қадами 6) аз рӯи нишондиҳандаҳои қаблан омодагардида ва нақшаи мониторингӣ омода мегардад.
- Аз рӯи амалиёти молиявӣ
Одатан ҳисоботи молиявӣ тибқи шакл ва талаботи ҳисоботии қаблан аз ҷониби ташкилоти маблағгузор омодагардида, таҳия мегардад.
Вале дар ҳолати мавҷуд набудани чунин шакл ва талабот ҳисоботи молиявӣ аз рӯи буҷети лоиҳа (қисми з) қадами 3) бо дарназардошти талаботи умумиқабулшуда омода гардида, нусхаи он ба ташкилоти маблағгузор пешниҳод карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки баъди қабули ҳисоботи молиявӣ, онро мебояд то 5 сол нигоҳ дошт, зеро масъулияти иҷрокунанда дар назди фармоишгар аз рӯи ин масъала то мӯҳлати муайян боқӣ мемонад.
Қадами 9. Нигаҳдории лоиҳа
- Мӯҳлати омодагӣ
Лоиҳа ва маводҳои он асосан хусусияти доимоистифодашавандагӣ дорад. Гузашта аз ин, яке аз натиҷаҳои лоиҳа, ки таъсирбахшӣ ном дорад, бо гузаштани вақти муайян (сол(ҳо) мавриди баҳогузорӣ қарор дода мешавад. Ҳамчунин, тибқи тартиби муқарраргардида ҳисоботи молиявӣ бояд то 5 сол нигоҳ дошта шавад.
Яъне, якчанд ӯҳдадориҳое мавҷуд мебошанд, ки нигаҳдории маводҳои лоиҳаро тақозо менамояд.
Новобаста аз ин, барои фаъолияти оянда, мунтазам пайдо намудани маълумотҳои гуногун зарур мегардад ва мањз маводҳои лоиҳа метавонад дар бисёр ҳолатҳо ин талаботро қонеъ гардонад.
Барои табодули таҷриба, муаррифии иқтидорнокӣ ва ҷалби ҳамкорон бошад, амалҳои беҳтаринро мебояд нигоҳ дошт.
Ҳамин тариқ, нигоҳ доштани маводҳои лоиҳа дар шакли пурра ба мақсад мувофиқ мебошад.
- Талаботи нигаҳдорӣ
Мебояд таъкид намуд, ки нигаҳдории мавод якчанд талабот дорад, аз ҷумла нигоҳ доштани: маводи электронӣ дар корти хотира ва сейф; ҳисоботи молиявӣ дар сейф (агар зиёд бошад, пас дар архив), дигар маводҳо дар архив. Дар навбати худ архив бояд аз таъсири беруна бехатар нигоҳ дошта шавад.
ХУЛОСА
Чӣ тавре маълум гардид, баргузории дилхоҳ чорабинӣ, бахусус чорабини(ҳо)и хусусияти идеологӣ дошта на аз 1-2 қадам, балки камаш 9 қадами фаъолиятҳоро бо назардошти қисмҳои гуногун дарбар мегирад.
Инчунин, вақти амалисозии лоиҳа ва ё чорабинӣ 3-4 рӯз ва ё 1-2 ҳафта набуда, камаш 2 моҳро (ниг. ба Сохти Модел) фаро мегирад, ки ин талаботро қисми зиёди масъулон эҳсос карда наметавонанд.
Яъне, сабаби асосии камсифат амалӣ шудани чорабиниҳо ва ба ин васила таъсирбахш набудани онҳо, ин иҷро нагардидани талабот ва ё низоми муқаррарӣ аз ҷониби фармоишдиҳандагон/иҷрокунандагон мебошад.
Модели дар боло овардашуда, ки 9 қадами фаъолиятҳоро фаро гирифтааст, яке аз қисмҳои амалии низоми чорабини(ҳо)и идеологӣ буда, барои истифодаи васеи субъектҳои иедологӣ, бахусус мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тавсия дода мешавад.
Новобаста аз ин, дар поён ҳамин Модел дар шакли ҷадвал оварда мешавад, ки онро Сохти Модели чорабини(ҳо)и идеологӣ низ номидан мумкин аст.