Posted on 02.03.201502.03.2015 Автор: miraliyonИнтихоботи парлумонӣ баргузор шуд Барои интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқӣ 87,7% интихобкунандагон райъ доданд ва бо ҳамин интихоботи навбатӣ баргузоршуда эълон гардид. Аз рӯи маълумоти пешакӣ дар ҷараёни интихобот аз шумораи умумии интихобкунандагон, ки 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафаранд, 3 миллиону 791 ҳазору 727 нафар (87,7%) интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 450 ҳазору 275 нафар (11,8%), ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 64 ҳазору 547 нафар (1,7%), ба тарафдории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар нафар (7,6%), ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар (2,3%), ба тарафдории Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 58 ҳазору 28 нафар (1,5%), ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 210 ҳазору 3128 нафар (5,5%), ба тарафдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 18 ҳазору 875 нафар (0,5%) ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 миллиону 472 ҳазору 267 (65,2%) овоз доданд. Ҳамин тариқ ба Парлумони кишвар намояндагони 4 ҳизби сиёсӣ- Ҳизби Аграрии Тоҷикистон–бо 3 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон-бо 2 номзад, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон-бо 1 номзад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-бо 16 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби курсӣ гаштанд. Share this:TwitterFacebookПонравилось это:Нравится Загрузка... Похожее